Нусхаи чопи
Душанбе, 14 Январи 2019 11:15

Сайидо ва шукӯҳу таҷаммули забони тоҷикӣ

Муаллиф:

 

  Замони давлатдории Аштархониён (1599-1753), ки ин давлатдорӣ дар таърих ҳамчунин бо номи давлатдории хонадони Ҷониён низ ёд мешавад, аз даврони пурошӯбу пурфоҷиаи мардуми тоҷик ба сифати мардуми асосӣ ва муқими сарзаминҳои тобеи ин давлати хонӣ ба ҳисоб меравад.

  Ҳақиқати ҳол ва воқеияти рӯзгори ин давлатдорӣ дар намунаҳои назму насри ин рӯзгор, ба хусус дар сурудаҳои бузургтарин намояндаи забону адаби ин давра Миробид Сайидои Насафӣ (1618-1707) пеши назар ба ҷилва меояд:

Фалак ба қомати пири хамида мемонад,

Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад.

Зи баски аҳли ҷаҳон хуни якдигар хӯрданд,

Сари сипеҳр ба нори макида мемонад.

Замона оби тароват зи ҷӯйи гулшан бурд,

Замини боғ ба ҷайби дарида мемонад.

Даруни ҷомаи рангини хеш дунёдор,

Ба кирмҳои бирешимтанида мемонад.

  Талошу пархош ва ҷангу хунрезиҳои байнихудии хонону хонзодагони ин хонадон барои тахту тоҷ боиси харобии ин сарзамин ва азобу маҳрумиятҳои фаровони мардуми муқими он гардид:

Дар талоши салтанат афтодаанд аз пой халқ,

Тоҷ агар ин аст, олам сарнагун хоҳад шудан.

  Бисёр тан аз аҳли фазлу адаб, ки дар Варорӯд шамъи анҷуману чароғи маҳфилҳо буданд, аз тангии рӯзор тарки ватан карда, дар сарзамини Ҳинд ва кишварҳои дигари дуру наздик сукунат ихтиёр намуданд. Сайидо ҳамин воқеиятро чунин ба қалам овардааст:

Ҳамраҳон рафтанду ман по дар ватан дорам ҳанӯз,

Такя чун сурат ба девори бадан дорам ҳанӯз…

Шамъҳо рафтанд, аз парвона осоре намонд,

Базм барҳам хӯрду фикри анҷуман дорам ҳанӯз.

    Академик Абдулғанӣ Мирзоев бо истинод ба матолиби «Таърихи Муқимхонӣ»-и Муҳаммадюсуфи Муншӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ин айёми пурошӯб Абулғозихони Хоразмӣ (1628-1648) ҳаждаҳ бор ба Бухоро тохт оварда, бухориёнро ба ҷон расонида буд. Ҳамин ҳукумат карданҳову тохт оварданҳои пайдарпайи қавму қабилаҳои кӯчӣ мардуми бумиро тамоман нодору бенаво кард ва кӯчаю барзан аз гадо пур шуд:

Лабрез шуд зи ҷӯши гадо кӯчаҳои шаҳр,

Чандон ки бар насим талоши гузар намонд.

   Аммо бо вуҷуди ин ҳама нобасомонӣ ва истисмори халқи тоҷик дар он рӯзгор забони тоҷикӣ дар тамоми қаламрави ин давлатдорӣ на танҳо забони идораи давлат, балки забони хосу ом буд ва осори фаровони назму наср ба ин забон ба миён омад. Аз ҷумла, шоири соҳибдевон Қозӣ Лутфуллоҳи Шокир «Ахлоқи Ҷалолӣ»-ро ба назм овард. Хоҷа Самеъ Содот Мирсаид Ошиқӣ илова бар девони ғазал дар ҷавоби «Нузҳат-ул-арвоҳ»-и Мирҳусайни Содот асаре бо номи «Авранги ҳикмат» таълиф кард. Ҳоҷӣ Баҳроми Бухорӣ бар замми девони ғазал ва девони қасоид асари «Шарҳи Шабистони хаёл»-ро дар тафсири «Шабистони хаёл»-и Фаттоҳи Нишопурӣ тасниф намуд. Мулло Турсуни Фароизӣ низ дар тафсири «Шабистони хаёл» асаре навишт бо номи «Шамъи шабистон». Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ дар баробари дигар ашъори тобнокаш маснавии зебои «Толиб ва Матлуб» ё «Козурписар»-ро иншо кард.

  Таълифи осори илмӣ низ ба забони тоҷикӣ дар ин аҳд камобеш ба назар мерасад. Масалан, Муҳаммад ибни Абулқосими Балхӣ ба номи Нодирмуҳаммадхон китобе бо номи «Аҷоиб-ут-табақот» дар кайҳоншиносӣ ва ҷуғрофия тасниф кард. Хони Бухоро Субҳонқулихон, ки ҳамчунин ба илми тиб рағбат дошт, рисолаи тиббие бо номи «Эҳё-ут-тибб ас-Субҳонӣ» таълиф намуд, ки ба шарҳи бемориҳо ва усули табобати онҳо бахшида шудааст.

  Шоир ва мутриби маъруфи ин аҳд Дарвешалии Чангӣ ба номи Имомқулихон «Туҳфат-ус-сурур»-ро таълиф кард, ки дар бобати дувоздаҳ мақом, созҳои мусиқӣ ва шоирону мутрибони маъруф иттилои муфид медиҳад.

  Дар ҳайат ва ҳандасаю риёзиёт низ асарҳои қобили мулоҳиза, аз қабили: «Маҷмӯа дар ҳайат»-и Бобо Ҳоҷии Самарқандӣ, «Рисола дар амали ҳисоб», «Боб дар ҳисоби кусур», «Рисола дар ҳисобукитоб дар ҳандаса», «Шаш амали фароиз» ва «Риёзиёт»-и Латиф ибни Бобокалони Самарқандӣ ва ғ. таълиф гардиданд.

 Дар ин рӯзгор таърихномаҳои «Баҳр-ул-асрор»-и Муҳаммадвалӣ, «Таърихи Саидроқим» ва «Таърихи Муқимхонӣ»-и Муҳаммадюсуфи Муншӣ, «Муҳит-ут-таворих»-и Муҳаммадамини Яроқчӣ, «Убайдуллоҳнома»-и Муҳаммадамини Бухороӣ, «Дастур-ул-мулук»-и Самандархоҷаи Насафӣ ба миён омаданд, ки намунаи возеҳи забони насри адабии он рӯзгоранд.

  Муҳимтар аз ҳама, Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ соли 1691-92 тазкираи маъруфи худ «Музокир-ул-асҳоб»-ро таълиф намуд, ки дар он аз 114 шоири асри XVII, ки дар Варорӯд зиндагонию эҷод кардаанд, аз ҷумла Мулло Мулҳами Бухорӣ, Мулҳами Самарқандӣ, Улфати Бухорӣ, Бисмили Бухорӣ, Салими Бухорӣ, Миробид Сайидои Насафӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Масеҳои Самарқандӣ, Шавкати Бухороӣ, Самандархоҷаи Насафӣ, Ҳоҷӣ Баҳроми Бухорӣ, Ибодуллоҳ Имтиҳони Тошкандӣ, Мулло Маҳҷури Тошкандӣ, Девонағариби Уротеппагӣ, Мулло Ҷомии Ҳисорӣ, Мулло Хоксори Ҳисорӣ, Рифъати Ҳисорӣ, Рабеъи Бадахшонӣ, Ҳусайни Бадахшонӣ, Фикрии Суғдӣ, Музтариби Панҷакантӣ, Муллоҳоҷӣ Мустатеъи Панҷакантӣ ва ғ. ёд кардааст.

   Вале бояд таъкид намуд, ки шукӯҳу таҷаммули забони тоҷикии ин аҳд бо номи шоири маъруф – Сайидои Насафӣ пайванди ногусистанӣ дорад ва забони осори ӯро метавон оинаи ҳақиқатнамои сарвату ғановати забони тоҷикӣ дар аҳди Аштархониён ба шумор овард.

   Бинобар иттилои Абдулғанӣ Мирзоев шоир ва тазкиранигори маъруф Малеҳои Самарқандӣ «борҳо бо Сайидо (махсусан дар вақти ба Хуросон сафар кардани худ ва дар бозгашт аз Хуросон) дар Бухоро, дар ҳуҷраи худи Сайидо ҳамсуҳбат шудааст».

   Натиҷаи ҳамин ҳамнишастанҳост, ки Малеҳо дар тазкираи худ Сайидоро марди «дар сурат наҳиф ва дар сират зариф» тасвир намуда, маҳорату устодии ӯро дар сурудани ғазал, мухаммас, рубоӣ, қасида, маснавӣ, қитъа, мустазод, мувашшаҳ, луғз бо беҳтарин сифатҳо тавсиф  кардааст: «…ғазалҳои ғаррояш суханваронро санад аст ва мухаммасҳои раънояш гули рӯйи сабад аст, шаҳрошӯбаш шӯрҳо дар бозорҳо андохта, рубоияш аркони абётро барпо сохта, қасидааш лангардор, маснавияш соҳибасрор, муқаттаъоташ панд ва мустазоди ӯ дилписанд, мувашшаҳаш муаммо, луғзаш рамзу имо…». Ҳамчунин Малеҳои Самарқандӣ дар ҳошияи муаррифии Сайидо аз ашъори ӯ ду ғазал, аз ҷумла ғазали маъруфи зер ва сӣ байт аз як маснавии шоирро намуна овардааст:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,

Теғи бедори ту аз фарқи аҷал об хӯрад.

Аз ҷаҳон гум шуда расми падару фарзандӣ,

В-арна Рустам зи чи водӣ сари Суҳроб хӯрад.

Қатраи май сари Мансур баровард ба дор,

Войи он кас, ки ҳама умр майи ноб хӯрад.

Ҳар кӣ дар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Сайидо, печиши он зулф бар он рух зи чи рӯст,

Мӯй бар шуълаи оташ чу расад, тоб хӯрад.

  Воқеан содагии баён ва истифодаи фаровон аз ганҷинаи забони гуфтугӯйи мардуми рӯзгори шоир, ки аз ғазали дар зер омада низ аён мегардад, ба шеъри Сайидо зебоию таровати хос бахшида, ӯро дар радифи бузургтарин устодони забону адабиёти тоҷик қарор додаст:

Дар дили мо гар намеоӣ, ба чашми мо биё,

Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё!

Хок бар чашмам занад наззора, ҳамчун гирдбод,

Эй насими пираҳан, аз домани саҳро биё!

Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,

Бар сари сайди худ, эй сайёди бепарво биё.

 Синаро чун лола аз доғат чароғон кардаам,

Дар чаман баҳри тамошо, эй гули раъно биё…

          Академик Абдулғанӣ Мирзоев дар асари илмии бунёдии худ «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» чор хусусияти асосиро таъкид кардааст, ки забони осори ин шоирро ба забони имрӯзи мо мепайвандад:

  1. Тавассути факки изофат ва тағйир додани ҷойи муайяншаванда ва муайянкунанда сохтани сифатҳои мураккаб, сифатҳои феълӣ ва ғ.: бепарвохиром, мунаққашҷома, зарринкамарбанд, бесурмамижгон, бебодарангин, насиҳатношунавгӯш, сафарнокардамардумдида
  2. Истифодаи босамар аз калимаҳои гуфтугӯйии халқӣ. Дар эҷодиёти Сайидо унсурҳои луғавӣ ва таъбирҳое дучор мешаванд, ки имрӯз ҳам ба таври васеъ дар гуфтугӯйи мардум истифода мешаванд: «саргардон кардан» (Сунбули зулфи ту то кардаст саргардон маро…), «бағалкушода» (Бағалкушодаву пӯшида ҷомаи гулранг…), «ошиқи бепул» (Сайидо маъшуқи ман азбаски олиҳиммат аст, Меҳрбонӣ бештар бо ошиқи бепул кунад), «сар додан» (Саманди ҷилваро сар додаиву ман зи дунболат…), «чошнӣ» (…Ин чошнӣ ба чашмаи ҳайвон надодаанд), «қад-қад паридан» (Мепарад қумрӣ зи шодӣ қад-қад аз болои сарв…), «кӯтоҳдастӣ» (Маро кӯтоҳдастӣ чокҳо дар пираҳан созад…) ва ғ.
  3. Дар бархе ғазалҳои Сайидо таъсири сахти лаҳҷаи Бухоро ба назар мерасад:

Лаб кушоӣ ба такаллум  зи каломат гардам,

Муждаи васл расонӣ зи паёмат гардам

Даҳан аз бурдани номи ту шуда кони шакар,

Ин чи номи шакарин аст? Зи номат гардам

  1. Барҷастатарин хусусияти забони Сайидо истифодаи васеи ибораҳои рехта дар сурудаҳои ӯст: «бар замин чашм дӯхтан» (Ба замин дӯхтачашмем зи кӯтоҳии даст…), «пушти даст газидан» (Зи ҳасрат пушти дасти худ газиданро чӣ медонӣ), «хоб кардан» (яъне, аз кор мондан) (Рехт ҳамчун сурма аз чашми тарозу сангро, Монд дар зери сару гуфто: дуконам хоб кард), «бо собуни касе ҷома шустан» (Шӯхи собунпаз, ки мегӯянд бошад тундхӯ, Ҷомаи худ борҳо шустем бо собуни ӯ), «теша ба сӯйи худ задан» (Занад ҳар кас ба сӯйи хеш теша…) ва ғ.

   Воқеан, яке аз махсусиятҳои хоси забони осори Сайидо факки (афтодани) изофат, ҳам дар шакли ба истилоҳ «роста» (бедмаҷнун, яъне беди маҷнун; ҷомахоб, яъне ҷомаи хоб, лабхушк, яъне лаби хушк; соҳибхона, яъне соҳиби хона; соҳибҳунар, яъне соҳиби ҳунар...) ва ҳам «чаппа» (мурассаъостин, яъне остини мурассаъ; нозукандом, яъне андоми нозук; мунаққашҷома, яъне ҷомаи мунаққаш; теғзандаст, яъне дасти теғзан; насиҳатношунавгӯш, яъне гӯши насиҳатношунав ва ғ.) ба ҳисоб меравад.

Масалан, «бедмаҷнун»:

                    Бедмаҷнунам сари худ дидаам дар пойи хеш,

                    Гар зананд оташ намеҷунбам чу шамъ аз ҷойи хеш.

          «ҷомахоб»:

                   Чу субҳ аз ҷомахоби ноз бархост,

                   Ҷаҳонро бо зару зевар биёрост.

          «лабхушк»:

                   Обрӯи соғари худ то ба кай резам ба хок,

                   Бурдаам лабхушк аз дарёи фикрат ҷоми хеш.

          «соҳибхона»:

                   Чу мили сурма оҳи синаро дил мекунад равшан,

                   Ғубори хона соҳибхонаро аз тутиё беҳтар.

          «соҳибҳунар»:

                   Сайидо бошад кудурат рӯзии соҳибҳунар,

                   Шохи гул аз пой натвонад кашидан хори хеш.

          «мурассаъостин», «нозукандом», «мунаққашҷома», «заррин-камарбанд»:

                   Мурассаъостин, гулдаргиребон, нозукандоме,

                   Мунаққашҷомае, зарринкамарбанде, кӯлаҳпӯше.

          «мағрурҷаллод», «теғзандаст», «насиҳатношунавгӯш»:

                   Ба худ мағрурҷаллоде, назар бодомсайёде,

                   Баноҳақ теғзандасте, насиҳатношунавгӯше.

  Ин нукта ҳам гуфтанист, ки забоншиноси маъруф Шарофиддини Рустам чунин тарзи вожасозии мураккаби ба истилоҳ «шакли чаппа»-и факки изофатро, ки дар фарҳангҳои пешиниён низ таъйид шудааст, ғалат дониста, факки изофат намешуморад, вале ин масъала аз доираи баҳси ин мақола берун аст.

          Дар забони баёни осори Сайидо ҳамаи қолабҳои маъмули вожасозии мураккаб мавриди истифода қарор гирифтаанд. Масалан, корбасти қолаби двандва (гирудор) дар байти зер ба назар мерасад:

                   Овози гирудори шутур чун баланд шуд,

                   Дарҳол сангпушт биёмад тапон-тапон.

          Қолаби вожасозии амредита (зинда-зинда):

                   Бисёр зинда-зинда туро пӯст кандаанд,

                   Афкандаанд мурдаи ту паҳлуи сагон.

          Қолаби вожасозии татпуруша (кӯчабоғ, роҳовард):

                   Бар кӯчабоғи дидаам, эй гул хуш омадӣ,

                   Ҷӯши баҳори хонаи булбул хуш омадӣ.

          ё:

                   Сайидо бо дардмандони диёри маърифат,

                   Ашки сурху чеҳраи коҳест роҳоварди мо.

          Қолаби вожасозии кармадҳорая (шербачча):

                   Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи ту,

                   Доим пур аст хонаам аз шербаччагон.

          Қолаби вожасозии двигу (душох):

                   Бар гарданат зананд чу дузд айрии душох,

                   Аз коҳдон баранд сӯи дашт каш-кашон.

  Чунонки дар шоҳидҳои дар боло омада низ ба мушоҳида мерасад, аксари қолабҳои вожасозии мураккаб гоҳе якҷо истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар байти аввал ва охири намунаҳои боло қолабҳои двандва (гирудор) ва амредита (тапон-тапон), двигу (душох) ва амредита (каш-кашон) дар як байт ва дар намунаи зер қолабҳои амредита (рафта-рафта), двандва (гуфтугӯй) ва татпуруша (сабукинон) дар як байт корбаст шудаанд:

Аз санг рафта-рафта чу оташ забона зад,

Оғози гуфтугӯй бигуфт: Эй сабукинон.

  Махсусияти вежаи забони осори Сайидо ҳамчунин корбасти вожаҳои мураккаби чандҷузъа (сеҷузъа, чорҷузъа, панҷҷузъа ва шашҷузъа) аст, ки дар осори адибони дигар ба нудрат ба назар мерасад. Масалан, вожагони мураккаби сеҷузъаи гармдоруфурӯш ва гармошночашм дар намунаҳои зер ба мушоҳида мерасанд:

                   Мизоҷи ҳама шуд зи гармӣ ба ҷӯш,

                   Нишаста хиҷил гармдоруфурӯш.

          ё:

                   Нигоҳе васлпайғоме, ба лаб имои дашноме,

                   Гаҳе гармошночашме, гаҳе ошиқфаромӯше.

          Вожаи мураккаби чорҷузъа:

                   Сияҳбесурмамижгоне, лаби бебодарангине,

                   Нигоҳхомӯшгӯёе, забонгӯёи хомӯше.

          Вожаи мураккаби панҷҷузъа:

                   Мусофирпарваре, ороми ҷоне, соҳибидроке,

                   Сафарнокардамардумдидае, савдогари ҳуше.

          Вожаи мураккаби шашҷузъа:

                   Кабобам карда бепарвохироме, чашммайнӯше,

                   Қаландармашрабе, якшаҳрошиқхонабардӯше.

  Дар робита ба ин масъала, академик А.Мирзоев ёдовар мешавад, ки калимаҳои мураккаби чандҷузъа дар сурудаҳои Фирдавсӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Заҳири Форёбӣ низ ба мушоҳида мерасад, вале вожасозиҳое чун «якшаҳрошиқхонабардӯш», «сафарнокардамардум-дида», «гармошночашм»... дар шоирони пеш ва муосири Сайидо ба назар намерасад.

   Корбасти вожаҳои мураккаби чандҷузъа аслан хоси назм буда, эҳтимол ба доман густардани «сабки ҳиндӣ» алоқамандии бештар дорад, ки дар рӯзгори Сайидо ин сабки иншои шеър ба авҷи аъло расида буд.

    Ҷамъбандии калимаҳои шакли ҷамъи арабӣ ба воситаи пасвандҳои  ҷамъбандии тоҷикӣ аз махсусиятҳои дигари забони ин аҳд, аз ҷумла забони осори Сайидост. Масалан, калимаи масоҷидҳо ба маънии масҷидҳо.

 Масоҷидҳои ӯ чун байти маъмур,

       Муаззинхонаҳояш гунбади нур.

  Истифодаи босамари ибораҳои рехта ва вожаҳои хоси гуфтугӯйии тоҷикӣ, ки дар боло низ таъкид гардид, хусусияти асосии забони осори Сайидо талаққӣ мешавад, ки дар «Баҳориёт», «Шаҳрошӯб» ва маснавиҳои шоир бештар ба ҷилва омадааст. Калимаву таркибҳои дилпурсӣ, гургоштӣ, касмаёбу касмахар, гурги борондида, ҷон ба лаб расидан ва ғ. то ба имрӯз дар байни мардуми мо мавриди истифода қарор доранд:       

          «дилпурсӣ»:

                   Чу ин ғавғои ман ёрон шуниданд,

                   Ба дилпурсӣ маро як-як расиданд.

          «гургоштӣ»:

                   Гаҳ сулҳ мекунӣ ту ба чӯпону гоҳ ҷанг,

                   Гургоштист кори ту пайваста бо шубон.

          «касмаёбу касмахар»:

                   Дар дукон дорам матои касмаёбу касмахар,

                   Рӯзгоре шуд хиҷолат дорам аз колои хеш.

          «гурги борондида»:

                   Гургӣ, валек қатраи борон надидаӣ,

                   Нашнидааст гӯши ту овозаи сагон.

          «ҷон ба лаб расидан»:

                   Шуда сахт чун мум дилҳои нарм,

                   Расида ба лаб шамъро ҷони гарм.

  Сайидо дар «Баҳориёт» бо овардани муҳовараи ҳаждаҳ ҷонвар (муш, гурба, саг, гӯсфанд, гург, гов, уштур, сангпушт, хорпушт, рӯбоҳ, харгӯш, маймун, оҳу, паланг, фил, карк, шер, мӯрча) метавон гуфт муносибати табақаҳои гуногуни ҷомеаи рӯзгори худро бо забони гуфтугӯйи мардум дар либоси танз тасвир кардааст.

   «Шаҳрошӯб»-и Сайидо низ, ки ба шеваи зарофат ва ғолибан бо истифодаи босамар аз санъати душворбаёни «иҳом» суруда шудааст, манбаи саршор аз вожагони касбу ҳунари рӯзгори шоир аст ва ногуфта намонад, ки худи шоир низ мансуб ба ҳамин табақа буда, аз пешаи бофандагӣ касби маош мекард:

                   Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,

                   Хона, ҳамчун дорбоз, аз ресмон бошад маро.

   Сайидо дар ин асари манзум  бештар аз дусад номгӯйи касбу ҳунарро, ки дар он рӯзгор дар Бухоро мавҷуд будааст, зикр мекунад.

   Ёдоварӣ мебояд, ки муҳаққиқи соҳибназар Сафаргул Ҳалимова дар бобати вожаю истилоҳоти касбу ҳунар дар осори Сайидо, ба хусус дар «Шаҳрошӯб» рисолаи арзишманд таълиф кардааст.

   Аксари вожаю истилоҳоти марбут ба касбу ҳунар, ки дар ганҷинаи  «Шаҳрошӯб» фароҳам омадааст, шевою гӯшнавоз буда, бо риояи қатъии қоидаҳои вожасозии тоҷикӣ сохта шудааст, аз ҷумла: ангиштсӯз, арзанкор, бандбоф, барбанд, бирёнгар, боғбон, булбулбоз, гандумкор, гилемфурӯш, гулқанд, гулхантоб, гулфурӯш, дарвозабон, дасторбоф, дорбоз, дуктарош, дурудгар, заволатоб, заргар, заршӯй, зеҳтоб, зингар, испандсӯз, кабобӣ, каландгар, каллапаз, калобакор, камонгар, канабтоб, кафгир, кафшдӯз, кисадӯз, киштибон, кордгар, куштингир, куҳнадӯз, қабзабанд, қимакӯб, қиссахон, қолибтарош, қулфгар, майфурӯш, мактабдор, масҳидӯз, махмалфурӯш, машкоб, машксоз, мехчагар, мисгар, морбоз, моҳигир, моҳипаз, мошкор, мӯзадӯз, муҳркан, найнавоз, намадмол, нонво, нонкаш, нонпаз, нонфурӯш, обрез, ордбез, осиёбон, оташгар, оташков, оҳангар, ошпаз, пардозгар, пахтафурӯш, подабон, пӯстиндӯз, пӯсттахта, равғангар, решорофурӯш (нишоллофурӯш), рехтагар, руфӯгар, савдогар, саллоххона, санбӯсапаз, саро(й)бон, сарпӯш, сартарош, собунпаз, собунфурӯш, сӯзангар, тамокуфурӯш, тарозудор, тасмагар, таштгар, тимбон, тоқидӯз, тӯқумдӯз, уттикаш (дарзмолгар), хаймадӯз, хамиргир, хиштпаз, хиштрез, хумдон, хӯрдафурӯш, хӯшачин, ҳалвогар, ҳезумфурӯш, чалпакпаз, чармгар, чарчинфурӯш, читгар, ҷигаркабобпаз, ҷомабоф, ҷомафурӯш, ҷуғротфурӯш, шамшергар, шамърез, шарбатгар,  шишагар, шоликор, шустагар, яхфурӯш ва диг. Баъзе аз ин истилоҳотро шоир дар либоси назм чунин ба ҷилва овардааст:

          «гилемфурӯш»:

                   Маҳи гилемфурӯшам палоспӯш омад,

                   Намад ба дӯш рақибам гилемгӯш омад.

          «гулхантоб»:

                   Шӯхи гулхантоби ман дорад ҷамоли оташин,

                   Ошиқонро суҳбати ӯ карда хокистарнишин.

          «дарвозабон»:

                   Аз пайи он дилбари дарвозабон, эй дӯстон,

                   Рафта-рафта ошиқонро ром шуд дарвозабон.

          «заргар»:

                   Ҳар ки як дам ҳамдами он дилбари заргар шавад,

                   Санг гирад – лаъл гардад, хок гирад – зар шавад.

          «куштингир»:

                   Шӯхи куштингир бошад дар фани худ устод,

                   Хонаи худ бурдам ӯрову ба зӯри худ фитод.

          «мактабдор»:

                   Шӯхи мактабдор пеш омад маро вақти саҳар,

                   Кард мактабхонаро аз дасти ман зеру забар.

          «махмалфурӯш»:

                   Дилбари махмалфурӯши ман маро бетоб кард,

                   Хонаи ман омаду дар рӯйи махмал хоб кард.

          «рехтагар»:

                   Нигори рехтагар ҷонам об карду гурехт,

                   Қафои ӯ чу давидам ба қолаби худ рехт.

          «савдогар»:

                   Дид ҳайрон шӯхи савдогар мани дарвешро,

                   Хонаи ман омаду во кард рахти хешро.

          «санбӯсапаз»:

                   Дилбари санбӯсапаз кардам дуконаш руфтурӯб,

                   Нарм кардам устухонҳояш ба зарби қимакӯб.

          «сартарош»:

                   Теғ бар каф сартарошам қасди куштан кардааст,

                   Ошиқонро фӯтаи зорӣ ба гардан кардааст.

          «собунфурӯш»:

                   Дилбари собунфурӯш аз ман дили ғамнок бурд,

                   Хонаи ман омаду собуни худро пок бурд.

          «читгар»:

                   Он нигори читгар омад шабе бар сар маро,

                   Нест дигар орзуи болишу бистар маро.

          «ҷуғротфурӯш»:

                   Ҷуғротфурӯш он ки бувад доғи харидор,

                   Чун хумраи ҷуғрот кунад хоб ба бозор.

  Ин нукта ҳам гуфтанист, ки имрӯз аксари касбу ҳунарҳои мардумии дар «Шаҳрошӯб»-и Сайидо ёдшуда аз хотирҳо фаромӯш шудаанд ва бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 метавонад барои дубора эҳё шудани баъзе аз ин ҳунарҳои мардумӣ бо номи аслии худ заминаи мусоид фароҳам оварад.

    Чунонки дар боло ҳам гуфта омад, дар ашъори Сайидо таъсири лаҳҷаи Бухоро, ки шоир аксари умри бобаракати худро дар ин шаҳр сипарӣ кардааст, зиёд ба мушоҳида мерасад:

                   Мавҷи ҷавҳар шавам аз теғи забонат гардам,

                   Чун хати пушти лаб аз гирди даҳонат гардам

                   Гар нишинӣ ба замин пойи туро бӯса занам,

                   В-ар хиромӣ, зи сари сарви равонат гардам.

   Забони тоҷикии аҳди Аштархониён бо ҳама зебу фари худ ҳамчунин дар мухаммасҳое, ки Сайидо худаш суруда ва ё ба ғазалҳои шоирони дигари рӯзгори худ, ба хусус Мирзо Соиб (1603-1677) бастааст ва ғолибан изҳори норизоию шикоят аз давру замони шоир аст, намудор мегардад. Намунае аз мухаммаси худи Сайидо:

                    Меҳрбониҳо намудам дӯстони хешро,

                   Ёр бо мадҳу сано кардам забони хешро,

                   Чун қалам гӯям ман акнун достони хешро,

                   Хоки пойи ҳар як аз ҳамсуҳбатони хешро,

                   Солҳо дар дидаи худ тӯтиё кардам нашуд…

 

                   Маҷлиси ағёр равшан кардааст он майпараст,

                   Эй мусулмонон, чи бояд кард бо он шӯхи маст,

                   Дар фироқи зулфи кофаркеш мехӯрдам шикаст,

                   Обрӯи рафтаро мехостам орам ба даст,

                   Дар ҳарими Каъба чандоне дуо кардам нашуд.

                  

                   Сайидо, дорам дили чун ғунчаи гул пур зи хун,

                   Кавкаби бахтам дар об афтода толеъ шуд забун,

                   Меравам, занҷир дар по, дар биёбони ҷунун,

                   Баски ноком аз дили офоқ афтодам бурун,

                   Қимати худро ба нархи хоки по кардам нашуд.

          Порчае аз мухаммаси Сайидо ба ғазали Соиб:

                   Арбоби ҷудро кафи гавҳарфишон намонд,

                   Дасти кушодае ба муҳиту ба кон намонд,

                   Дар рӯзгори мо зи мурувват нишон намонд,

                   «Аз ҳиммати баланд acap дар ҷаҳон намонд.

                   Як сарв дар саросари ин бӯстон намонд».

                  

                   Тo чуғзтинатон ба фазои чаман шуданд,

                   Чун сабза сояпарвари сарви суман шуданд,

                   Гулҳо зи баски ҳамдами зоғу заған шуданд,

                   «Мурғони нағмасанҷ ҷилон ватан шуданд,

                   Ҷуз байзаи шикаста дар ин ошён намонд».

 

                   Аз аҳли дил намонд дар ин хокдон нишон,

                   Бастанд обу оина рахти худ аз миён,

                   Хуршед гуфт вақти видоаш ба осмон:

                   «Равшандилон чу барқ гузаштанд аз ҷаҳон,

                   Хокистаре ба ҷой аз ин корвон намонд».

          Бархе сурудаҳои пандомез ва ибратомӯзи Сайидо дар байни мардум масал гардида, аз рӯзгори шоир то ба имрӯз ба шакли катбию шифоҳӣ истифода  мешаванд:

                   Ҳар сари маҳ бо қади хамгашта мегӯяд ҳилол,

                   Гардиши айём моро дар ҷавонӣ пир кард.

          ё:

                   Дил чун мутеъ гашт, чароғи назар шавад,

                   Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.

                   Нахле, ки бар надод, шавад боғбон кабоб,

                   Хун мехӯрад падар, чу писар беҳунар шавад.

          ё ки:

                   Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,

                   Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд…

                   Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,

                   Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.

          ё ин ки:

                   Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

                   Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

                   Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,

                   Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.

   Дар маҷмӯъ, ширинию шевоӣ ва пухтагию расоии забони тоҷикии аҳди Аштархониён дар ойинаи баёни осори мондагори Сайидо мунъакис мегардад ва чанд байти як ғазали шоир, ки аз шоҳкорҳои забону адаби мо маҳсуб шуда, ҳамчунин ба ганҷинаи дурдонаҳои «Шашмақом» ворид гаштааст, шоҳиди гӯёи ин ҳақиқат аст:

                   Ин чи рангу рухсор аст, гулшани ҷамол аст ин,

                   Ин чи қадду рафтор аст, ғояти камол аст ин.

                   Пеши рӯйи тобонат ҷилваи таҷаллӣ чист?

                   - Офтобу моҳ аст он, партави ҳилол аст ин.

                   Бо даҳони майнӯшат нест ғунчаро нисбат,

                   Чашмаи ҳаёт аст он, соғари сафол аст ин.

                   Мекунӣ гаҳ истиғно, мекунӣ гаҳе дашном,

                   Шишаи шароб аст он, шарбати висол аст ин…

                   Аз замин чи меҷӯйӣ, в-аз фалак чи мехоҳӣ?

                   - Гунбази тилисм аст он, чодари хаёл аст ин…

                    

                                                                                       Ҳасани Султон,

                                                узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хондан 2636 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр