JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 04 Апрели 2018 08:57

Сездаҳбадар – рамзи ҳамоҳангӣ бо табиат

Муаллиф:

  Дар миёни маросимоти Наврӯзӣ Сездаҳбадар ба унвони расми ҷамъбастӣ ё ба истилоҳ, кулминатсионии ин ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ шинохта мешавад.  Расми «Сездаҳбадар», қабл аз ҳама, бо зиндагии рӯзмарра ва ҳаёти воқеии мардумӣ бастагӣ дорад ва барои танзими муносибатҳои мутавозини иҷтимоӣ созмон ёфтааст.  Он маҷмӯаи маросимоти Наврӯзиро ҷамъбаст мекунад ва омодагиро ба ҷараёни минбаъдаи зиндагӣ ба мардум илқо менамояд. Ин аст, ки тибқи одоти маросимӣ, мардум ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ дастҷамъона берун аз шаҳр мераванд ва дар муҳити кӯҳсору саҳро бо хушию хушҳолӣ ва саргармиҳо бо табиат ҳамоғуш мешаванд.

  Аз силсилаи саргармиҳои ҷашнӣ, ки ба Сездаҳбадар тааллуқ дорад, расми гиреҳ задани сабзаҳо аз ҷониби духтарон (ба хотири бахткушоӣ ва ёфтани ҷуфти муносиб) то имрӯз роиҷ аст ва ба унвони расмиёти ҷашнӣ дар баъзе манотиқи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон иҷро мегардад. Пораи маъмули назмӣ аз тадовуми ин расми аҷдодӣ дар миёни мардум дарак медиҳад:

Сездаҳ ба дар,

Чордаҳ ба ту,

Соли дигар,

Хунай шавҳар.

 Ба дунболи ин, мардум, бо баромадан аз шаҳр худро ба муҳити бози табиат, ки инсон ҷузъи ҷудонопазири он маҳсуб меёбад, мезананд ва як навъ гармония ва тавозунро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд меоваранд. Дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ тобишҳое аз ин маросим ба исми «Сайри Гули Лола» ва «Сайри Ширбадан» тасвир шудааст ва ишороти фавқ баёнгари онанд, ки дар муҳити тоҷикӣ маросимоти ҷашнҳои миллӣ на танҳо дар ҳофизаи таърихӣ, балки дар зиндагии хусусӣ ва ҷамъӣ низ ҳифз шудаанд. Нуктаи муҳим дар ин замина ин аст, ки Наврӯз ба сифати ҷашни миллӣ ва фаромиллӣ маҳз бо Замин – яке аз чаҳор унсури ҳастӣ иртибот дорад ва Замин (Хок-Гил) дар баробари аносири дигари табиӣ -- Обу Боду Оташ дар вуҷуду ҳузури Ҳастӣ даст доранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада бо ҷавҳару аносири табиат пайвастагӣ доранд. Ҳадафи тавлиду таҷлилу тарғиби ин ҷашнҳо, ки аз хамираи ҳувиятии мардум офарида шуда, савобиқи тӯлонии таърихӣ доранд, шинохти табиат, арҷгузории ҷавҳар ва аносири табиӣ, воқеияти ҳастӣ ва билохира ҳамоғушӣ бо табиат мебошад. Аз ин ҷост, ки мардум аз қадим то имрӯз ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба иҷрои маросимоти Наврӯзӣ, Тиргонӣ, Меҳргонӣ, Ялдоӣ ва Садаӣ пардохта, ҳалқаи васли наслҳои пешину пасинро таъмин намудаанд.  Аз як давра ба давраи дигар, аз як марҳила ба марҳилаи дигари таърихӣ ва аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол ёфтани силсилаи маросимоти Наврӯзӣ ва соири ҷашнҳои миллӣ гувоҳи он аст, ки фарҳанги ҷашнӣ ва маросимии мо маҳдуду локалӣ набуда, характери тавсеавӣ ва глобалӣ дорад. Дар доираи фарҳангу маросимоти ҷашнии мо арзишҳои умумимиллӣ ва умумиинсонӣ инсиҷом ёфтаанд, ки ин хасоиси арзишмеҳвар боиси фарогирии намояндагони нажоду миллият ва халқияту диниятҳои гуногун дар ҳалқаҳои идона мегарданд. Ба ин манзур, эҳё ва ба таври боистаю шоиста тарғиб намудани маросимоти ҷашнҳои миллию  мардумӣ  сатҳи буҳрони ҳувиятиро, ки ҳамакнун ҷомеаҳои моро таҳдид мекунад, пойин мебарад ва роҳро барои расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ – ташаккули биниши илмӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти низоми дунявӣ ва сохтмони давлати ояндадори миллӣ ҳамвор месозад.   

 Имсол, дақиқтараш, 2 апрел бо ибтикори донишманд Исфандиёри Одина расми «Сездаҳбадар», ки одатан санаи 13-уми моҳи фарвардин баргузор мегардад, дар ҳалқаи маҳдуди дӯстону ҳамватанон мавриди таҷлил қарор гирифт. Вай қаблан эълони таҷлили ин маросимро бо ҳузури васеи мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда буд, вале ба сабабҳои узрнок ва ё беиттилоӣ қисмати зиёди ихлосмандони чорабиниҳои Наврӯзӣ ширкат варзида натавонистанд. Ба ин тариқ, нимаи дуюми  рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ як гурӯҳ, ки аз фарҳангиёну зиёиёни муқими шаҳри Душанбе иборат буданд, бо мақсади таҷлили Сездаҳбадар аз шаҳр берун – талтеппаҳои болои Боғи Ғалаба, ки дар ин фасли сол хеле зебову музайян гаштаанд, баромад. Дар гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ – муҳассилини муассисоти таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе низ шомил буданд.

 Сайругашти идона бо суҳбатҳои ҷолибу шуниданӣ дар робита бо ҷашнҳои миллӣ, маросимоти наврӯзӣ, таърихи миллӣ, фарҳанги инсонсозӣ, мароҳили худогоҳию худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои умумиллӣ ва ҷаҳонӣ, ба ҳукми анъана даровардани иҷрои маросимоти миллӣ бо мақсади беҳбуд бахшидани фазои сайёҳию гардишгарӣ дар кишвар сурат гирифт. Аз як тараф, иҷрои расмиёти наврӯзӣ (манзур маросими Сездаҳбадар), аз ҷониби дигар, суҳбату мунозираҳои самимонаю беғаразонаи ширкаткунандагони сайри Наврӯзӣ, ки ҳамагӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба фарҳанги ойинию маросимӣ, мероси гаронмояи аҷдодӣ, тадовум ёфтану амри суннатӣ гирифтани ҷашнҳои мардумӣ анҷом дода шуд, хотирмон буд.

 Муҳити кӯҳсор -- тамошои талу теппаҳо, хамгаштҳо, сабзаю дарахтҳо, фазои атрогини баҳорӣ ва наврӯзӣ ҷисму рӯҳи моро навозиш кард. Ростӣ, ширкат дар маросими Сездаҳбадар як навъ дарси омӯзандае буд, ки тавассути донишманд ва ҳамватани гиромӣ Исфандиёри Одина ташкил шуд ва бегумон, моро ба сӯйи татбиқи арзишҳои фарҳангӣ дар сатҳи иҷтимоӣ таҳрик дод. Дарсе, ки дар домани сабзаю гулҳо, дар муҳити дӯстону ҳамдиёрони фозил, дар ҳамоғушӣ бо табиати зебои диёр иттифоқ афтод, воқеан, дарси зебоипарастӣ,табиатшиносӣ, инсонгаройӣ ва арзишписандист. Барои ин лаҳзаҳо ва ба вуҷуд овардани муҳити ҷашнию фарҳангӣ ва ҳамшарикӣ ба Исфандиёр арзи сипос менамоем. Бошад, ки ин гуна маросимоти миллию мардумӣ байни  ҷомеа густариш ёбанд ва сол ба сол зеботару хотирмонтар ҷараён бигиранд.  

 Имрӯз замоне расидааст, ки маросими фаромӯшшудаи миллӣ ва мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати қаблӣ эҳё шаванд. Масъулияти фардӣ ва рисолати иҷтимоии мо тақозо мекунад, ки дар раванди зинда ва мавриди таҷлил қарор додани маросимоти Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада саҳми муносиб бигирем. Зимнан, ҳар яки мо бо амалкардҳои муфиди инфиродӣ ва дастҷамъӣ метавонем ҷашнҳои бузурги миллиро дар якҷоягӣ бо маросимоташон ба сатҳи иҷтимоӣ ва мардумӣ бирасонем ва умри онҳоро барои садсолаҳо тамдид  кунем.

                     Нозим Нурзода

Хондан 282 маротиба