JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 11 Апрели 2019 10:34

Сохтори сиёсии Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Муаллиф:

  Номи расмӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон. Масоҳат – 357,021км2. мураббаъ, аҳолӣ – 82 800 000. млн нафар (2018). Таркиби миллӣ – олмониҳо (91,5%), туркҳо (2,4%), итолиёвиҳо (0,7%) ва дигарон (асосан зодагони Югославияи собиқ). Забони давлатӣ – олмонӣ. Дин – протестантҳо (38%), католикҳо (34%), мусулмонҳо (1,7%). Пойтахт – шаҳри Берлин. Баъзе аз муассисаҳои давлатӣ ҳанӯз дар шаҳри Бонн қарор доранд.

  Ҳудуди маъмурӣ – 16 сарзамин. Шакли идораи давлат – ҷумҳурии федералӣ. Сарвари давлат – Президенти федералӣ Франк-Валтер Штайнмайер. Садори ҳукумат – Канслери федералӣ Ангела Меркел. пул– евро (то 2002 – маркаи олмонӣ) [1].

Олмон ҳамчун давлати ягона беш аз 100 сол аст, ки арзи вуҷуд дорад. Дар ин муддат се конститутсияи умумиолмонӣ қабул карда шудааст. Қабули ҳар кадоми онҳо дар марҳилаҳои муҳими ин кишвар сурат гирифаанд. Конститутсияи якум 18 январи соли 1871 аз тарафи Вилгелми I қабул карда шуд, ки он иттиҳоди «бо оҳану хун бадастомада»-ро қонунӣ кард. То ин замон дар ҳудуди Олмони имрӯза даҳҳо давлати хурд-хурди мустақил арзи вуҷуд доштанд. Соли 1919 Маҷлиси миллӣ, ки аз тариқи интихоботи умумӣ ташкил шуда ва дорои салоҳияти таъсисдиҳандагӣ гардида буд, конститутсияи дувуми умумиолмониро қабул кард. Он дар таърих бо номи Конститутсияи Веймарк (номи шаҳре, ки ҷаласаи Маҷлиси миллӣ дар он ҷо баргузор гардида буд) машҳур аст. ин яке аз демократитарин конститутсияҳои он замон ба шумор мерафт[2]. Ин Конститутсияро, бо вуҷуди бартариҳои зиёдаш, бебарор меҳисобанд. Салоҳияти аз ҳад зиёди рейхспрезидент бо муҳлати тӯлонӣ (7 сол), вуҷуд надоштани рақиби ҳамвазн дар симои парламент (рейхстаг), ки ҳуқуқҳои он дар конститутсия хеле маҳдуд шуда буд, Ҷумҳурии Веймаркро ба нокомӣ дучор кард, барои ба сари ҳукумат омадани фашистҳо имкони қонунӣ фароҳам овард ва саранҷом онро барбод дод.

Соли 1945 Олмон ба чор минтақаи ишғолшуда тақсим шуд ва ҳукумат ба дасти губернаторҳои ҳарбӣ гузашт. Маъмурияти миллии Олмон аввал дар сатҳи коммуналӣ ва баъдтар дар сатҳи сарзаминҳо ташкил гардид. 

Оғози рӯзафзуни «ҷанги сард» миёни ИҶШС ва давлатҳои Ғарб барқарор гардидани давлати ягонаи олмониро ғайриимкон гардонид.   Давлатҳои Ғарб тасмим гирифтанд барои дар заминаи минтақа ташкил кардани давлати олмонӣ мусоидат намоянд. Соли 1948 ИМА, Британияи Кабир, Франсия, Белгия, Нидерланд, Люксембург, губернаторҳои ҳарбии ИМА, Британияи Кабир, Франсия, ки дар се минтақаи ишғолӣ фаъолият доштанд, дар Лондон чунин нақшаро таҳия намуданд.  Моҳи майи соли 1949 намояндагони сарзаминҳо Қонуни асосӣ қабул намуданд, ки он ташкили Ҷумҳурии Федеративии Олмонро эълон кард. Сабаби ба ҷойи қонуни асосӣ аз он сабаб контститутсия номида нашуд, ки онро то муттаҳид шудани минтақаи чорум муваққатӣ меҳисобиданд ва он барои ҳамроҳ шудани дигар сарзаминҳо кушода буд. 7 октябри соли 1949 минтақаи чорум, ки таҳти ишғоли ИҶШС қарор дошт, конститутсияи худро қабул кард ва Ҷумҳурии Демократии Олмон эълон гардид. 2 октябри соли 1990 ҳарду давлати олмонӣ муттаҳид гардиданд ва Қонуни асосии Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо каме тағйирот Конститусияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон ном гирифт. Бо вуҷуди ин таҳияи конститутсияи нав аз рӯзнома соқит нашудааст, балки ба муддати номаълум мавқуф гузошта шудааст.[3]

Заминаи ҳуқуқии ваҳдати Олмон Шартномаи бисёртарафи байни ҶФО, ҶДО, ИҶШС, ИМА, Британияи Кабир ва Франсия буд. ҶДО ба ҶФО ҳамроҳ нашудааст, балки дар ҳудуди он заминҳо ташкил гардида, ба ҳайати ҶФО ворид шуданд. 

Порлумон аз ду палата иборат аст: Бундестаг ва Бундесрат.

Бундестаг дар ҳайати 656 вакил дар асоси низоми мураккаби интихоботӣ ба муҳлати чор сол интихоб карда мешавад: ниме аз депутатҳо дар округҳо бо аксарияти онро мустақиман интихоб мешаванд, нимаи дигар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ, ки дар ҳар сарзамин гузошта мешаванд, интихоб мегарданд. Дар интихобот барои ҳизбҳо садди 5% аз шумораи умумии интихобкунандагони кишвар вуҷуд дорад. Бо гузаштан аз ин садд ҳизб соҳиби се мандати вакил мешавад. Бундестаг дорои раис, бюрои худ ва фраксияҳо мебошад. Барои ташкили фраксияи намояндагӣ маҳдудият вуҷуд дорад. Бино бар муқаррароти Бундестаг барои ташкили фраксия 5%-и шумораи умумии вакилон, яъне 25 нафар ва дар сурати зиёд шудани вакилон беш аз он зарур аст. Раванди қонунгузорӣ аз Бундестаг оғоз меёбад: ҳар гуна тарҳи қонун, пеш аз он, ки ба қонун табдил ёбад, бояд дар Бендестаг тасвиб гардад. Бундестаг (дар баробари Бундесрат) лоиҳаи буҷет ва ҳамчунин ҳисоботи ҳукумати иҷроияро тасдиқ мекунад. Дар коғаз ҳуқуқи ба истеъфо равон кардани ҳукуматро дорад, аммо дар амал не.[4]  

Бундесрат барои ширкати сарзаминҳо ба қонунгузорӣ ва идоракунии федератсия сохта шудааст, яъне бояд манфиатҳои субъекҳоро ифода кунад. Бундесрат аз аъзоёни ҳукумати сарзаминҳо иборат буда, шумораи онҳо ба шумораи аҳолии ҳар замин вобаста аст (сарзамине, ки камтар аз 2 млн аҳолӣ дорад, се овоз, аз 2 то 6 млн – чор, беш аз 6 млн панҷ овоз дорад). Ба ин тартиб, шумораи ҳайъати Бундесрат (65) аз шумораи намояндагони Бундестаг камтар аст. Фарқи асосии Бундесрат аз Бундестаг дар тарзи овоздиҳии онҳост: ҳама овозҳои аъзои як замин як овоз ҳисоб карда мешавад, ҳукумати замин ба намояндагони худ дастур медиҳад, ки дар мавриди мушаххас чӣ гуна овоз диҳад. Ҳукуматҳои заминҳо ҳақ доранд намояндагони худро аз Бундесрат пас хонанд. Салоҳияти Бундесрат, чун Бундестаг маҳдуд аст. Тибқи Конститутсия қонунҳои марбут ба зиёд кардани хароҷотҳои буҷавӣ танҳо бо ризоияти ҳукумати федералӣ қабул карда мешавад.[5]

Сарвари ҶФО Президенти Федератсия мебошад, ки он ба муҳлати панҷ сол дар Анҷумани Федералӣ, ки махсусан даъват мегардад ва аз намояндагони порлумонҳои сарзаминҳо ва Бундестаг фароҳам меояд, интихоб карда мешавад.   Аксари санадҳои президент контрассигнатсияи Канслери федералӣ ё вазири дахлдорро талаб мекунад, ба ғайр аз пешбарии номзади канслер, таъйини он, қарор дар бораи бозхонди канслер, ба корашон идома додани вазирҳои федералӣ ва ҳамчунин аз мақоми худ даст кашидани президент. Дар қонуни асосӣ дақиқ гуфта шудааст, ки ҳукумати иҷроия аз канслер ва вазирон иборат мебошад. Аз ин ҷост, ки президент сарвари ҳукумат нест ва ҳукуматро асосан канслер идора мекунад. Бинобар ин президент камтар машҳур аст.[6]

Бо вуҷуди ин доираи салоҳияти президент хеле васеъ мебошад. Ӯ метавонад дар ҷаласаҳои ҳукумат ширкат варзад, қонунҳоро барои тасвиб пешниҳод кунад, Бундестагро бо ташаббуси худ ё бо хоҳиши канслер, агар ӯ дар ақаллият монда бошад, пароканда кунад. Нақши президент махсусан баланд аст, дар ҳолате ки дар Бундестаг ҳеҷ як аз ҳизбҳо аксарияти куллиро ба даст наоварда бошанд. Президент бо пешниҳоди ҳукумати федералӣ ва ризояти Бундестаг метавонад вазъияти қонунгузории ногузир эълон кунад, ки дар ин вазъият қонунҳои федералӣ метавонанд бе Бундастаг қабул карда шаванд. Дар ин сурат президент ҷавобгарии сиёсӣ бар дӯш надорад.

Ҳукумати Федералӣ

Ҳукумати федералӣ, ки аз канслер ва вазирҳо иборат аст, дар низоми мақомоти ҳукумати ҶФО ҷойи марказӣ дорад. Ба дӯши ҳукумат роҳабрии мамлакат гузошта шудааст, аммо дар амал он тамоми вазифаҳои давлатиро иҷро мекунад. Канслер аз байни аъзоёни ҳукумат ягона касест, ки бо аксари овозҳо дар Бундестаг интихоб карда мешавад. Номзадии канслерро президент пешбарӣ мекунад, ташаббуси Бундестаг дар ин масъла хеле маҳдуд аст. Канслер танҳо бо роҳи интихоби канслери нав метавонад аз вазифа барканор карда шавад. Канслер дар назди Бундестаг ҳисоботдиҳанда буда, сиёсати дохиливу хориҷии давлатро муайян мекунад. Вазиронро, ки шумораашон дар конститутсия маҳдуд аст, амалан маҳз канслер таъйин ва барканор мекунад. Тасдиқи таъйин ва барканор кардани вазирон салоҳияти президенти федералӣ аст.  Ҳукумати федералӣ ҳақ дорад бо мақсади иҷрои қонунҳои федералӣ ва санадҳои маъмурӣ қарор барорад. Ба ғайр аз ин, он ҳуқуқ дорад ба президенти ҷумҳурӣ дар бораи эълон кардани вазъияти қонунгузории ногузир пешниҳод ироа карда, бо ризоияти Бундесрат Бундестагро аз қабули қонунҳо барканор намояд.[7]

Фаъолияти судӣ. Дар сатҳи федератсия Суди федералии конститутсионӣ, Палатаи суди умумии федералӣ, Суди маъмурии федералӣ, Палатаи молиявии федералӣ, Суди федералӣ оид ба баҳсҳои меҳнатӣ, Суди федералӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолият мекунанд. Довариҳои дигар ба зиммаи судҳои сарзаминҳо гузошта шудааст.[8]

Заминҳои федералӣ конститутсияҳои худро доранд, ки он ба усулҳои асосии Қонуни асосии мамлакат мувофиқ мебошад ва тасдиқи федератсияро талаб намекунад. Ҳамчунин низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ ва додгоҳии худро доранд. Дар интихоботи ландтагҳо садди 5% дар аксари сарзаминҳо вуҷуд дорад, танҳо дар сарзамини Рейнланд-Пфалс он 3,3% аст. Дар шаш сарзамин дар натиҷаи овоздиҳии интихобкунандагон имкони пеш аз муҳлат пароканда кардани порлумон пешбинӣ шудааст. Инҳо Бавария, Баден-Вюртемберг, Берлин, Бремен, Бранденбург, Рейнланд-Пфалст мебошанд. 

Порлумони сарзаминҳо якпалатагӣ мебошанд (танҳо дар Бавария дупалатагист), ки онҳо ҳукумат, сарвазир-сардори ҳукумати иҷроия ва сарвари сарзамин, судяҳои умумии олӣ ва судяҳои мақоми якуму дуввум, судяҳои сарзамин оид ба меҳнат, иҷтимоиёт, молия ва корҳои маъмурӣ ва ҳамчунин суди конститутсиониро ташкил медиҳанд. Танҳо дар сарзамини Шлезвиг-Ҳолштейн вазифаи назорати иҷрои конститутсияи сарзаминро Суди конститутсионии федералӣ анҷом медиҳад. Мақомоти давлатии сарзаминҳо доираи салоҳияти худро доранд. Онҳо буҷети мустақил, ҳуқуқи бастани шартномаҳои давлатӣ байни худ ва бо ризоияти марказ бо давлатҳои хориҷӣ оид ба иқтисодиёт, ва фарҳангро доранд. Ҳамаи сарзаминҳо дар муносибат бо Федератсия баробарҳуқуқанд. Ба Федератсия салоҳияти ҳуқуқии зиёд дода шудааст. Қабули қонунҳо дар бораи сиёсатҳои хориҷӣ, шаҳрвандӣ, мудофеа, муомилоти пулӣ, иттиҳоди гумрук ва савдо танҳо ба салоҳияти Федератсия тааллуқ доранд. Салоҳиятҳои Федератсия ва сарзаминҳоро конститутсия танзим мекунад.[9] Сарзаминҳо асосан салоҳияти қонунгузорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанг, сохтори ҷамъиятӣ, корҳои полис ва ғайраро доранд. Дар соҳаи идоракунӣ, яъне иҷрои қонунҳо, чанд соҳаи маҳудуд ба зиммаи ҳукумати федералӣ аст, аз ҷумла масъалаҳои гумрук, ҳифзи марзҳо ва ғайра.

Ҳамчунин се шаҳр – Ҳамбург, Берлин, Бремен шаҳр – давлат мебошанд.

 Танзими худидора ва идораи маҳаллӣ асосан ба заминҳо тааллуқ дорад. Ҷомеаҳо дар маҳалҳои худ соҳибони мутлақи салоҳияти идоракунӣ мебошанд.  Ҷомеаҳо тибқи конститутсия ба корҳои худ мустақилона маъмурият мекунанд ва ҳамчунин давлат метавонад ба дӯши онҳо вазифаҳо гузорад. Давлат вазифадор аст ҷомеаҳо ва иттиҳодияҳоро бо маблағи зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ё вазифаҳое, ки давлат ба дӯши онҳо гузоштааст, таъмин намояд.

 

Кайхусрави СУБҲОНЗОД

ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

 

 

 

 

 

[1] https://de.wikipedia.org/wiki/Politisches_System_der_Bundesrepublik_Deutschland

[2] https://www.indexmundi.com/de/deutschland/unabhangigkeit.html

[3] http://universal_lexikon.deacademic.com/227537/Deutschland%3A_Politisches_System_der_Bundesrepublik_Deutschland

[4] https://de.wikipedia.org/wiki/Deutscher_Bundestag

[5] https://de.wikipedia.org/wiki/Bundesrat_(Deutschland)

[6] https://comp-pro.ru/prezidenty-koroli-i-imperatory/prezident-germanii.html

[7] https://de.wikipedia.org/wiki/Bundesregierung_(Deutschland)

[8] https://de.wikipedia.org/wiki/Gerichtsverfassungsgesetz

[9] https://www.bundeslaenderdeutschland.de

Хондан 2670 маротиба