Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 16 Майи 2019 09:45

Таҳаммул ва ё таомул

Муаллиф:

 (Мулоҳизаҳо дар ҳошияи мақолаи Зафар Суфӣ перомуни нигоштаҳои Ҳафиз Бобоёров «Таҳрифи таърих ба хотири машруияти исломи сиёсӣ»)

Салом ҳамватани таҳаммулгароям Зафар Суфӣ!

То ҷое, ки ба эҷодиёти Шумо ошноӣ доштам Шуморо ҳамчун шахсияти фарҳангӣ бо мавқеи шаҳрвандии нисбатан мустақил мепиндоштам. Зимни эҷодиётатон ҳарчанд духурагиҳо зиёд ба назар мерасид, аммо андешаҳои равшанфикрона ҷой доштанд.

  Шумо медонед, ки тули таърихи маълуми мавҷудияти инсоният ба таври анъана мардум ба бахши равшанфикри ҷомеъа ҳамчун ҷонибдорони ақидаи ноб ва чароғи раҳнамо ба суи рушноӣ муносибат мекунанд. Мардуми мо ҳам аз ин раванд дар канор набуданд ва нестанд. Бинобар равандҳои пуртазоди таърихи навини миллат, давраҳои фоҷиабори ибтидои истиқлолияти миллӣ, талошҳои худшиносӣ ва таъмини рушди адолати иҷтиомӣ, муборизаҳои сиёсӣ, гунаҳкоркуниҳо ва бегуноҳтарошиҳо дар воқеъ айни замон мардуми мо ҳам ба мақсади пешгирӣ аз лағжишҳои тундрав ба чапу рост, таъмини тавозун дар ҷомеа ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои воло ба андешаи нобе, ба довариҳои бетараф, ба қувваҳои иловагии инсиҷонкунанда ва ташвиқгари ваҳдати миллӣ ҳануз ҳам ниёз доранд.

  Бародари таҳаммулгаро! Замони мутолиаи навиштаи ахири Шумо дар «Озодӣ», ки ба нерӯи созанда набудани нафрат таъкид менамояд, гумон кардам, ки ана акнун нишонаҳои хостаи мардум дар бораи андешаи ноб оид ба роҳҳои дастрасӣ ба «… осоиш, оромиш, озодӣ, ободӣ, рушди собит ва ваҳдати миллӣ…» ҳувайдоанд. Шахсан ман ҳам бар ҳамин ақидаам, ки «агар воқеан дилсузи миллатем ва иддаои ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва мардумсолориамон фақат барои пинҳон кардани ҳадафҳову ғаразҳои шахсиамон набошад, пас боя ба ҳамдигар аз дидгоҳи муҳаббат ва меҳр бингарем». Ман метавонам бо боварии комил дар зери таъкидатон оид ба гуфтани «… иштибоҳҳои ҳамдигар бо лаҳни беғараз, дӯстона ва ба хотири ислоҳ…» имзо гузорам. Дуруст аст, ки «ҳеҷ кадом аз мо ҷовидон нест ва ҳеҷ мансабу мақом арзиши болотар аз муҳаббат ва эҳтиром ба ҳамтаборон ва дар кул ба инсонҳоро надошту надорад».  Ва ҳамин тартиб, аз ин гуфтаҳоятон бар меояд, Шумо медонед, ки ин дунёи гузарон ҳеҷ арзиши доғдор намудани табиати инсонӣ, халалдор намудани муҳаббат на танҳо ба ҳамтаборон балки умуман ба инсониятро нахоҳад дошт. Чуноне медонед, тулии таърихи ҳазорсолаи миллат гунаҳкорон ҳам гузаштанду, бегуноҳон ҳам аз ин дунёи фонӣ рахти сафар бастанд. Дар ин миён танҳо миллат аст, ки пойдор мондааст ва боз ҳам пойдор хоҳад монд. Маҳз бо назардошти ин воқеият ба ин боварам, ки талоши қувваҳои созанда пеш аз ҳама ба хотири устувор нигоҳ доштани анна ҳамин андешаи милли бояд бошад.

  Аммо мутаассифона, дар сатрҳои баъдӣ маълумам гашт, ки Шумо ҳам бо вуҷуди ташвиқи арзишҳои волои инсонӣ чун ҳама дигар бани одам аз иштибоҳои маъмулии инсонӣ орӣ набудадаед. Чун дар ин навиштаи пурэҳсосатон дарёфтам, ки Шумо ҳам дониста ва ё надониста миллатеро ба ду табақаи нобаробар тақсим мекунед ва аз миёни он танҳо бахши кучакеро арзандаи таҳаммул медонед ва бахши дигари аксарро боз ноодилона муттаҳам мехонед, латтаам дар об зад. Наход ин мавқеи шаҳрвандии Зафари Суфӣ бошад. Маълум мешавад, ки Шум обо тамоми ҳасти мардуми Тоҷикистонро ба таҳаммулгароии дар баробари фақат ҲНИ ва Кабирӣ даъват мекардаед.

  Шумо он иддаи мардумамонро, ки дар қаламрави Ватани худ шарафмандона ба зиндагӣ ва созандагиҳои хеш идома медиҳад таҳқир намудаед ва онҳоро ба фарқ аз иддаи кӯчаке, ки миллату кишварро мунтазам ба ифлосиҳо ҷулида месозад, арзандаи таҳаммул надонистаед. Шумо аз он мардум мехоҳед, ки дар ростои ҲНИ ва Кабирӣ таҳаммулгаро бошанд ва ҳеҷ дар саратон намеояд, ки мардуми Тоҷикистон низ арзишеро дорад, ки нисбаташ эҳтиром сурат гирад.

  Дӯсти таҳаммулгароям! Бисёр маро мебахшед, ман ҳам зиёд мехоҳам таҳаммулгаро бошам. Аммо бо ин андешаи тангу пойбанд ба ҳизбу ҳаракати машкук бас аст, дигар ин аз худ шахсияти равшанфикр ва мустақил тарошиданҳо. Зафар Суфӣ низ аз афташ бо вуҷуди талошҳояш наметавонад аз ҳамон ақидаҳои ифротие, ки аз кадом тариқе ба ӯ печкорӣ шудааст, ва аз баландгӯяки ҲНИ ва худи Кабирӣ будан раҳоӣ ёбад. Барои ба сатҳи миллат ва давлат андеша рондан ҳаркас қодир нест. Ҳафиз Бобоёров, ки аз ӯ дар мақолаатон эрод гирифтаед, бо вуҷуди назарҳои зиду накизаш аз Зафар Суфӣ борҳо озодандештар менамояд. Метавонед шубҳа накунед.

  Аммо ин ҳам онқадар муҳим нест. Муҳим чизи дигар аст. Шумо, ки барои исботи муттаҳам будани зерҳимояҳоятон «далел»­у «мадрак» мехоҳед бар асоси кадом далел ва мадрак эътиқодманди он ҳастед, ки ҲНИ ва Кабирӣ маҳз ҳамон ҷонибҳое ҳастанд, ки тавонанд ояндаи дурахшони миллат ва давлати Тоҷикро таъмин кунанд. Барои Шумо дигар кадом далелу мадрак лозим дар сурате, ки маҳз бо дасисаҳои он ҳизб ва пайравонаш ба мақсади расидан ба ҳадаф (ба ҳар арзише) дар кишвари тозаистиқлоли мо ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва бештар аз садҳо ҳазор нафар кушта шуд. Ҳар қадар ҳам инкор кунед, аммо офтобро бо доман пушонида намешавад. Мардум инро медонад. Шумо метавонед тарафи дигарро ҳам гунаҳкор кунед, аммо бояд бидонед, ки ҳар амал дар баробари худ боис ба аксуламал мегардад. Барои Шумок адом «далел» кадом «мадрак»­и дигар метавонад кофӣ бошад. Аз ду сар Шумо ҳеҷ мадраке ва ҳеҷ далелеро қабул надоред. Ҳар нафаре бароято далеле, мадраке барои исбот биёрад, тамғаи ҷосусияш мезанед. Фаромуш накунед, ки агар он мақоларо мақолаи ҷосусона медонед ин ба он маъност, ки тамоми маълумоти манфии он дар робита ба фаъолиятҳои манфии ҳукумат низ дуруғанд. Ин аз рӯи мантиқ аст. Ё Шумо дигар фикр доред.

  Худро фирефта насозед, дӯстам. Амрҷаъҳое, ки Шумо барои худ интихоб намудаед ба ҳеҷ ваҷҳ ҳатто хостаҳои шахсии Шуморо беохир бароварда нахоҳанд сохт. Хуб мебуд, агар Шумо ва Шумо бар инҳо аз пайи ҷустуҷӯи такягоҳи воқеитар ва шоистатар барои шукуфоии ватану миллат мебудед.

   Дӯсти таҳаммулгаро! Шум обо кадом далел ва мадрак кафолат медиҳед, ки ҲНИ ва Кабирӣ ҳангоми омадан ба қудрат аз ҳукумати феъли дида чизе беҳтар  барои мардуми Тоҷикистон карда метавонанд ва мекунанд. Мулоҳизарониҳои Шумо оид ба маънои донистани забони англисӣ, пойбанди ба арзишҳои либералӣ ва дигар, бисёр маро мебахшед, ба «пунба хоидан» ва «сурма кашидан ба чашмони кур» мемонад. Ман аз он ҳайронам, ки ҳикмати мардумии «Кур асояшро як бор гум мекунад»­ро Шумо ва ҳаммартабагоннатон фаромуш мекунед ва ё шояд риоя намекунед. Таҷрибаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст. Ман пайвасти нерӯҳои демократии кишварро ба ин Иттиҳод дар назар дорам. Шумо хаёл мекунед, ки аз роҳи пайваст ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ҳадди аққал машкук арзишҳои демокартӣ ва ё мардумиро дар ҷомеа ҷорӣ хоҳед кард. Хобатонро ба об гӯед. Чунин таҷрибаро таърих ёд надорад. Таҷрибаи кишвари дӯсту бародари мо Эрон бароямон дарс бояд бошад. Он ҷо ҳам дар соли 1979 гумон доштанд, ки аз роҳи омадани ҳаракати нав хостаҳои худро бароварда месозанд. Он ҷо ҳам озодии фаъолияти ҳизбҳои мухталифро барои чанд рӯзе эълон намуда буданд. Чуноне баъдан маълум гардид, ҳадаф аз ин иқдом ошкор намудани қувваҳои асосии ҷомеа ва саркуб кардани онҳо будааст.

   Ва ниҳоят Шумо, ки мегӯед «… ба бебокии Ҳафиз Бобоёров, ба зеҳни пӯёи ӯ ва ба якравии олимонааш самимона эҳтиром …» қоилед ва «… ӯро як тоики пажуҳишгар, худшинос ва огоҳ …» мешиносед ва ин амр эҳтироматонро ба ӯ меафзояд, боз ҳам аз мақолаҳои танқидиаш, ки ба сӯи ҳукумати кишвар нигаронида шудаанд, ҷонибдори мекунед ва аммо мақолаи шояд ягонаашро дар робита ба як ҳаракати ҳадди ақал машкук, ки ҳанӯз дар тамоми давраи фаъолияти ошкор ва пушидааш аз худ як иқдоми мусбат ба намоиш нагузоштааст, ба сари найзаҳо мекашед ва худатонро сурху сафед карда миён барои пуштибонии онҳо мебандед. Амон…

    Худатонро ин қадар афсурда накунед, дӯсти таҳаммулгароям. Арзиши онро надоранд. Касоне, ки дар он низомҳо ба сар бурдаанд ва мебаранд, воқеиятҳои онҳоро беҳтар медонад. Агар Шумо худатонро равшанфикр медонед, пайравони ақидаҳо ва арзишҳои демократӣ мехонед, ва агар тақдири миллат ва бахусус арзишҳои миллӣ бароятон бегона нест, роҳи худро пайдо кунед. Таърих гувоҳ аст ва чунин иштибоҳҳоро намебахшад.

  

М.Вазирова

 

 

Хондан 1201 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр