JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 13 Сентябри 2018 07:34

Таносухи имон дар тобишҳои нав

Муаллиф:

  Расонаӣ шудани боз як созмони наве аз ҷониби ба ном «Мухолифони тоҷик»-ТЭТ ҲНИ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷумбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо бо унвони «Паймони миллии тоҷикон» дар ш. Варшава санаи 09.09.2018 бори дигар собит сохт, ки агар инсон ба хотири ғаразҳои шахсӣ ба хизмати хоҷагони бегона қарор гирифта, ба мазҳабу ватанфурӯшӣ ва хиёнат ба миллати хеш одат карда бошад, барои вай на танҳо Ватану Миллат, ҳатто падару модар ва аҳли байти худ дигар ягон арзише надорад. Оғои Муҳиддин Кабирӣ ва дигар раҳбарону баъзе аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба ҷои он ки аз кардаашон пушаймон шуда, чун дигарон дар ватан дар паҳлӯи падару модар ва аҳли байти худ осудаҳолона зиндагӣ карда, ба меҳнати ҳалолу созандагӣ машғул шаванд, вале ба хотири адои «қарзи фарзандхондагӣ»-и хеш дар назди «падарандарҳо»-и аҷнабиашон пайгирона бо усулҳои гуногун хиёнатро дар ҳаққи Ватану Миллат ва аҳли байту руҳу арвоҳи онҳо идома бахшида, акнун эъломияеро барои таъсиси кадом як созмони «нав» бо номи «Паймони миллии тоҷикон» эълон додаанд.

  Аммо мардуми аз хиёнату қатли оми ТЭТ ҲНИ, ки дар нисбати Ватану мардуми Тоҷикистон содир кардаанд, бохабар буда, хуб медонанд, ки ин созмон асосан як унвони нави ТЭТ ҲНИ мебошад, ки то кунун бо усули «Таносухи имон» аз як мазҳаб ба мазҳаби дигар сурат мегирифт. Имрӯз бошад, ба шакли «таносухи имон» ба  беимонӣ, яъне озодандешӣ ҷилва мегардад. Зеро то имрӯз интихоби мазҳабҳои ваҳҳобияю шиаи имомияи дар тирагии сиёсати хумайниӣ тобиш ёфта, дигар ба дарди аз хиёнат пухта расидаи ТЭТ ҲНИ нахӯрд. Бисёр тааҷубовар ва хандаовар аст, ки имрӯз дар фаъолияти ТЭТ ҲНИ «имондорӣ» бо «озодандешӣ»   тавъам омадаанд. Бубинед, манфиатҳои ғаразнок, хиёнат ба Ватану Миллат инсонро то ба куҷо мебарад. Худи ҳамин далел то ба чӣ андоза мазҳабу имонфурӯш будани ТЭТ ҲНИ-ро ошкор месозад. Боварӣ дорам, ки «Ҷумбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо» низ унвонҳои дигари нави ТЭТ ҲНИ мебошанд, ки яке аз узви ин ассотсиатсияи муҳоҷирон худи М. Кабирӣ мебошад. ТЭТ ҲНИ як вақтҳо ҳаракати Ансоруллоҳро низ ҳамчун як шӯъбаи худ таъсис дода буд, вале имрӯз аз он зоҳиран канорагирӣ менамояд.

  Албатта, хоҷагони бурунмарзии ТЭТ ҲНИ низ ин «писархонд»-и угаяшонро ором намегузоранд. Дар урфият мегӯянд: «нонамро хӯрдӣ, ғозашро бидеҳ». Охир сарварони ТЭТ ҲНИ дар тӯли мавҷудияташон даҳҳо миллион доллари хоҷагони хориҷиашонро аз худ карда сарватманд шуданд, вале «орзуҳо»-и онҳоро барои пиёда сохтани нақшаҳои геосиёсиашон амалӣ карда натавониста, гирифтори ғазаби онҳо гардиданд ва бояд гуноҳашонро ҷуброн намоянд. Ин қонуни олами ҷиноят аст. Бинобарон, ҳолати рӯҳии ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳоро низ фаҳмидан мумкин аст. Ин бечорагон дар байни обу оташанд. Ҳаёташон аз ҷониби хоҷагони бурунмарзиашон дар зери хатар қарор дорад. Кӯшиши  ТЭТ ҲНИ ва хоҷагонаш бадном сохтани сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳадафаш дар ягоншакли нав эҳё кардани ТЭТ ҲНИ ва бо дасти он амалисозии нақшаҳои геосиёсии хоҷагонаш мебошад.

  Аз ин рӯ, роҳи ягонаи наҷоти М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз карда пушаймон шудан, аз мардуми Тоҷикистон узр пурсида ба Ватан баргашта, ба меҳнати ҳалол шуғл варзидан мебошад. Мардуми Тоҷикистон то ба имрӯз аз хиёнату нағмаҳои ТЭТ ҲНИ чунон дилгир ва зираку ҳушёр шудаанд, ки агар ТЭТ ҲНИ садҳо бори дигар худро дар пӯсти бузу гӯсфандҳои гуногунранг ҷилва созад ҳам, кӣ будани онро мефаҳманд ва ниёз ба ягон хел «Паймон»-и хиёнаткори ватанфурӯш надоранд. Ҳеҷ гоҳ «паймон»-и чанд нафар хиёнаткори Ватану Миллат наметавонад паймони миллии нӯҳ миллион шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

 Коршинос Қамар Нурулҳақов

Хондан 1165 маротиба