JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 03 Майи 2018 11:01

Устод Бозор Собир - маънои шеъри тоҷик

Муаллиф:

  Шеър, қабл аз ҳама, ба ангезиш додани зеҳн, эҳсосу авотиф, такон додани ҷомеа ва бад-ин васила бедор кардани равони хоболуди инсонӣ сари кор мегирад. Шоир ҳама умр талош мекунад, ки ба воситаи шеър ҷомеаро бедору ҳушёр намояд ва ба роҳи худҷӯшӣ ва худсозӣ ҳидоят кунад. Дар ин масири мушкилписанд шоир чашми худро мебандад, то чашми дигарон боз шавад.

Ба ин маънӣ аллома Иқбол фармудааст:

                        Ай басо, шоир, ки баъд аз марг зод,

                        Чашми худ барбасту чашми мо кушод.

  Ҳамин рисолатро дар адабиёти муосири тоҷикӣ устод Бозор анҷом дод. Аз замони марги шоир ва мутафаккири миллӣ устод Бозор Собир чанд рӯз мегузарад, вале ҳеҷ боварамон намеояд, ки ин ойинаи тамомнамои шеър ва адаби муосири тоҷикӣ абадан ҷаҳонро тарк намудааст. Ин шоири бедор ҳамеша зангулаи ҳушёрӣ дар даст барои бедор кардани зеҳну ҳуши ҷомеа саъю талош кардааст ва то охири умр аз тариқи сухан ва забон дар майдони шеъру фарҳанги миллӣ ҷавлон намудааст.

  Устод Бозор аз зумраи шоирону адибонест, ки аз нимаи дуюми солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, ба мавзӯоти ҳассоси замон – худогоҳию худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ватандорӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ, гиромидошти мероси бузурги гузашта, мубориза алайҳи истеъмор таваҷҷуҳ намуда, ба масоили иҷтимоӣ ва сиёсии давр бо диди нав бархӯрд намуд. Ҳеҷ гоҳ ба хотири шуҳрат, нуфуз ва ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба касе ё гурӯҳе муросо накардааст ва андешаҳои интиқодиашро барои «радди маърака» нашудан пинҳон надоштааст. Дар мавриди баҳогузорӣ ба воқеият ҳатто ба худ созиш намекард. Баъдан, дар ҳеҷ маврид назари худро мутлақ ва меҳварӣ унвон накардааст.    

  Муҳимтарин вижагии шахсияти устод Бозор, ки ӯро ба сифати як қаламкаш ва мутафаккири миллӣ дар арсаи фарҳангу тамаддуни ватанию минтақавӣ муаррифӣ мекунад, таҷдиди назар ба арзишҳо ва интиқоди мунсифонаи бовару эътиқодоти чандинасра мебошад, ки бар мабнои ҷаҳолату хурофот рӯйи кор омадаанд. Аз таърих медонем, ки на ҳар адиб, шоир, нависанда, муҳаққиқ ва донишманд ҷуръати рӯйирост фош кардани қолабҳои карахтшуда ё ба истилоҳ, стереотипҳоро дорад ва дар баробари сели хурофоту таассуби динию дунявӣ ҷасоратмандона қад алам мекунад. Устод Бозор дидаву дониста ба ин маҷро ворид гардид ва бо хурофоту таассуб дар ҳар шакле муборизаи беамон бурд. Бо қудрату тавони эҷодӣ, фикрӣ, илмӣ, маданӣ, маънавӣ ва завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ дар баробари қувва ва неруи аҳриманӣ, ки дар артиши бузурги хурофотиёну мутаассибони динӣ-мазҳабӣ инсиҷом ёфтаанд, муқовимат ва мубориза кард. Аз биниши фалсафӣ ва ҷаҳоншиносии илмӣ дифоъ кард. Ин аст ирода, тавонмандӣ ва ҷасорати як шоир, адиб ва мутафаккири миллӣ, ки фаротар аз давру замон қадам ниҳода, бидуни худситоию риёкорӣ мардона зиндагӣ кардааст. Ҷасорату матонат чунин бояд!  

  Воқеан, устод Бозор маънои адабиёт ва шеъри тоҷикӣ дар асри бисту як аст. Инро, бемуҳобо, метавон изҳор дошт. Бо даргузашти устод Бозор на танҳо адабиёти тоҷик, балки қишри равшанфикрӣ ва озодандешии ватанӣ талафоти ҷиддӣ дид. Ҷойи устод дар арсаи адабиёту фарҳанг ҳамеша холӣ хоҳад монд. Ба наздикону пайвандон, алоқамандону ихлосмандон ва аҳли шеъру адабу фарҳанги миллӣ бинобар даргузашти шоири тавоно ва андешаманди миллӣ устод Бозор Собир самимона арзи таслият менамоем.

    Ба умеди рӯйидани Бозорҳою Лоиқҳои дигар,

    аъзои маҳфили «Ҷаҳони андеша»

     3 майи соли 2018

Хондан 2543 маротиба