JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 25 Октябри 2018 14:12

Вожаи «Об» ва баъзе хусусиятҳои забонии он

Муаллиф:

Яке аз забонҳои қудратманду тавоно ва таърихи ҳазорсола доштаи дунё  ин забони ноби тоҷикист, ки таркиби ғанӣ ва устувор дошта, тўли асрҳо  тавонистааст  асолати таърихиашро нигоҳ дорад. Ҳарчанд забони тоҷикӣ муддати 1300 сол зери таъсиру фишори забонҳои аҷнабӣ (арабиву туркӣ) қарор доштан он на ин ки аз байн нарафт, балки худро чун забони пуриқтидору асил бештар муаррифӣ намуд. Ба он қудрату тавоноие, ки забони тоҷикӣ дошту дорад, садҳо асари илмиву бадеӣ ва таърихӣ эҷод шудаанд. Имрўз мо шоҳиди он ҳастем, ки илм дар ҳама самт тараққӣ дорад ва риштаҳои мухталифи илм ба вуҷуд меоянд.

Мақолаи мо масъалаи хусусиятҳои луғавӣ ва маънои калимаи «об», ки як унсури муҳим ҳам дар табиат ва ҳам дар ҷомеа маҳсуб мешавад, бахшида шудааст. Ҳадафи мақола бошад, баррасии лингвистии ин вожа дар забони тоҷикӣ мебоашад.

 Аз маъхазҳои таърихӣ ба мо маълум аст, ки тақрибан 200 млн. сол пеш аксарияти минтақаҳои сайёраи Заминро об зер карда буд, махсусан Осиёи Марказӣ  (Тоҷикистон)  низ дар ҳамин ҳолат қарор дошт.  Дар ин сарзамин  уқёнуси қадимаи Тетис мавҷуд буд ва баъдтар дар натиҷаи ҳаракати пораҳои литосферӣ, протсеси куҳпайдошавӣ ба вуҷуд омада, қисмати ҷанубу шарқии Осиё (Тоҷикистон) ба минтақаҳои куҳӣ табдил ёфт. Ҳоло  Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои оби нўшокӣ дар ҷаҳон ҷойи махсусро ишғол кардааст. Он ҳамчун сарзамини куҳӣ дорои пиряхҳои зиёд аст, ки шумораашонро то 13 ҳазору 500 ва масоҳати майдони яхбастаашон 11000 км2 аст.  Сарчашмаи ҳамаи обҳои нўшокӣ ва кишоварзии  минтақа аз ҳамин пиряхҳо буда, масоҳати умумии он 8%-и ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳад. Инчунин шумораи кўлҳо ва дарёҳо дар ҷумҳурӣ ба 25000 ҳазор расида, дарозии умумиашон 90000 км аст. Мақсад аз овардани хусусиятҳои ҷуғрофиву оморӣ оид ба об хуб дарк намудани вожаи мазкур дар шуури хонанда мебошад.

Вожаи «об» дар китоби диниву ахлоқии Зардуштиён «Авасто» 500 маротиба истифода шудааст ва ҳамчун яке аз муқаддасоти башарӣ шинохта шудааст.  Ин калима дар забонҳои умумиэронӣ ба шаклҳои «ар-об», ҳиндии қадим «ар, ав, ав- «об», тоҷикӣ-форсии миёна ар, ав, тоҷикӣ-форсии классикӣ, тоҷикии  нав  «об»  истеъмол гардидааст.[1]

  Дар забоншиносони тоҷик доир ба вожаи «об»,  корҳои тадқиқотиву рисолаҳои илмӣ ҳам анҷом додаанд, ки дар онҳо хусусияти калимасозиву луғатофарии вожаи «об» таҳқиқу баррасӣ гардидааст.Яке аз он рисолаҳои арзиши баланди илмӣ дошта таълифоти профессор Д. Т.Тоҷиев бо номи «Слово об «воде» в соврменном таджикском языке» мебошад, ки соли 1952 (дар фаслномаи  «Труды  Института языкознания  АН СССР, том 1, Москва) нашр шудааст. Дар таҳқиқоти мазкур доир ба мавқеи вожаи об дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ, нақши ин вожа дар ташаккули воҳидҳои фразеологӣ, қобилияти фаъоли калимасозӣ доштани ин вожа сухан меравад. Инчунин забоншиноси дигари тоҷик Дилмурод  Ҳомидов доир ба ин мавзўъ якчанд таълифоти  арзишманд барои хонандагон пешниҳод кардааст, ки арзиши баланди таҳлиливу таҳқиқиро соҳибанд. 

 Дар« Фарҳанги забони тоҷикӣ», ин калима ба тариқи зайл шарҳ шудааст: «Об калимаи тоҷикӣ буда, ба маънии моеи машҳур,ки аз омезиши обзо ва туршизо ба вуҷуд омадааст».[2] Наздик ба 80 дарсади масоҳати сайёраи заминро об ишғол кардааст, аммо на он обе ки ба мо зарур аст, балки оби шўри зараровар.

 

ВОЖАИ «ОБ»  ДАР КАЛИМАСОЗИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

 

 Аз лиҳози фонетикӣ, «об» вожаи сода асту ҳамагӣ аз дуовоз сохта шудааст, дар луғату фарҳангҳо ҳамчун калимаи тоҷикӣ чунин шарҳ ёфтааст: «об-дарё, чизи моеи шаффоф ё  ба маънои моеи маъруф, ки аз омезиши обзо ва туршизо  иборат аст, мебошад. Инчунин ин вожаи серистеъмол ба маънии дарё, рўд (Фақат дар таркибҳои изофӣ, ки номи дарё зикр мешавад) низ далолат мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки вожаи «об», яке аз вожаҳои маъруф ва сервазифаву серистеъмоли забони тоҷикӣ буда, онро дар  тамоми навъи калимаҳо  (сода, сохта, мураккаб ва таркибӣ) дарёфт  намудан осон аст. Аз ҷумла, об худаш аз лиҳози сохторӣ сода аст ва дар сохтани калимаҳои: обзор, обила, обӣ, обчӣ, оббоз, обдон, обҳо, беоб ва монанди инҳо фаъол мебошад. Калимаҳои обкаш, обанбор, гирдоб, обдон, обдор, обгир, қурутоб, шакароб, сероб, обмон  аз лиҳози сохт мураккаб буда, реша вожаи об мебошад. Ҳамчунин вожаи «об» дар ибораву таркибҳо низ ба фаровон истифода мегардад: оби Норак, обҳои Тоҷикистон, обу гил, обҳои шифобахш ва монанди инҳо.

Вожаи «об» дар сохтани ибораҳои устувори забон ё фразеологизмҳо низ фаъол мебошад. Фразеологизмҳои зерин андешаи мо далел шуда метавонанд: об шудан, оби ҳаёт нўшидан, об бастан, об хўрдан, об задан, об дар даҳон гирифтан, обрў рехтан, оби ҳасрат хўрдан, обу адо шудан ва монанди инҳо. Дар баробари ҳамаи ин вожаи «об» дар тўли таърих ба ҳадде суфтаву равон гардидааст, ки дар сохтани бархе аз калимаҳои мансуб ба шахс  низ корбаст шудааст: Туроб, Суҳроб, Судоба ва ғ.

 Дар қисмати баъдии мақола мавқеъ ва ҷойгоҳи вожаи «об» дар сохтани номҳои ҷуғрофӣ  мавриди таҳлили баррасӣ қарор дода мешавад.

 

ВОЖАИ «ОБ» ДАР ШАКЛГИРИИ НОМВОЖАҲОИ  ҶУҒРОФӢ

 

Инсоният аз замонҳои қадим мекўшад, то аз худ чизе боқӣ гузорад. Одамон барои шинохти худ ба ҳамдигар ном мондаанд ва ашёҳову масолеҳҳо ва ҷойҳои  буду боши хешро ном гузоштаанд.

Тоҷикон, ки аз миллати қадима ва бумии Осиёи Миёна (Мовароуннаҳру Хуросон) мебошанд, дар ташаккули номҳои ҷуғрофии  ин минтақа саҳми зиёд доранд.  Чунонки дар боло зикр намудем дар ин қисмати мақола ба мавқеъ ва нақши калимаи «об» дар таркиби номвожаҳои  таваҷҷух мекунем. Вожаи «об», ки дар луғату фарҳангҳо ба маънои васеъ шарҳ ёфтааст ва маънои  рўд ва дарёро низ дорад. Ба ҳамин хотир дар шаклгирии  бисёр номҳои ҷуғрофӣ калимаҳои дарё, рўд, наҳр чун муродифи «об»  корбаст шудааст: Мовароуннаҳр, Сирдарё, Сурхандарё, Амударё, Ҳафтрўд, Кешрўд, Ҷағонрўд, Қашқадарё ва монанд инҳо.

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он номҳои зиёди ҷуғрофии мавҷуданд, ки бо ҷузъи  «об» ташкил ёфтаанд. Дар сохтори ин номҳои ҷуғрофӣ вожаи «об» чун анҷомаи топонимсоз хизмат намудааст: Варзоб, Кўлоб, Лучоб, Панҷоб, Андароб, Хуталоб, Анзоб, Сайроб, Сиёҳоб, Сантоб,Лойоб, Кифти об.

Ба ғайр аз инҳо боз номҳои ҷуғрофие, мавҷуданд ки дар таркибашон ҷузъи «об» дида мешавад.  «Об»  дар шакли «ов» чун анҷомаи топонимсоз корбаст шудааст. Дар шакли «ов»  ифода ёфтани ҷузъи «об» чун анҷомаи топонимсоз дар натиҷаи таъсири забони гуфтугўии лаҳҷаи маҳалҳо ба вуқуъ омадааст: Шугнов, Сурхов, Мурғоб, Камаров, Сафедов ва ғайра.

 Барои бештар инъикос намудани масъалаи мазкур таҳлили якчанд топоними ба вожаи «об» сохташуда зарур ва муҳим мебошад. Мисолҳое, ки мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд, аксаран  усусияти умумиистеъмолӣ доранд: 

Кўлоб-номи шаҳр, минтақа ва пештар вилоят дар қисмати ҷануби Тоҷикистон аст, ки аз ду ҷузъ «Кул» ва «об»-и тоҷикӣ ба маънои мавзеи дар назди дарё ҷойгирифта мебошад. Ба ақидаи  Ҷумъахон  Алимӣ номи қадимии дарё «Хуталоб» будааст ва баъдан «Хулоб» ва «Кўлоб» шуда, ба номи шаҳр гузаштааст. Яъне  Хуталоб – Хулоб – Кўлоб.[3]

Мурғоб- калонтарин ноҳия аз ҷиҳати масоҳат, ки 30 дар сади  сарзамини Тоҷикистонро ишғол кардааст. Ин топоним аз ҷузъҳои мурғ// марғ- чаман, сабза, алаф.[4]ва об- рўд, дарё таркиб ёфтааст ва ба маънои сабзазоре, ки дар соҳили дарё воқеъ гардидааст, далолат мекунад.

Қаратов- номи куҳ дар ноҳияи Фархор, байни ноҳияҳои Панҷу Фархор ва Вахш қарор дорад.  Топоними мазкур сирф тоҷикӣ - форсӣ буда, аз калимаҳои умумиэронии  (Gara,qara (гара, ғара) – кўҳ ва об (ов) ба вуҷуд омадааст. Баъдтар дар натиҷаи таъсири забони ўзбекӣ ба забони тоҷикӣ он « г», «ғ», бо «қ» -и ўзбекӣ иваз шуда, вожаи «қара»- ро ташкил дод.

Варзоб-номи дара, дарё, ноҳия дар қисмати шимолӣ- ғарбии шаҳри Душанбе. Ин топоними мураккаб буда, аз Варз - суғдӣба маънои  замини баланд ва об- дарё таркиб ёфта, маънояш дарёе, ки аз боло ё баландӣ  ҷорӣ мегардад, мебошад.

Анзоб- номи мавзеъ ва дарё дар ноҳияи Айнӣ. Ин топоним аз ҷузъҳои  anzp – nzp –ба маънои сарду зулол, тоза ва ҷузъи об таркиб ёфтааст, ки маънояш дарёе, ки обаш тозаву сард аст, мебошад. Ҷузъи anzp – анз ба забони суғдӣ тааллуқ  дошта, дар забони яғнобӣ (суғдии нав) ба маънои  сард истифода мешавад.

Китоб- Ин топоним аз ҷузъҳои  кит//кат// каш – деҳа, шаҳр, канор ва об – дарё таркиб ёфтааст ва маънояш дарёе, ки аз оғўши кўҳҷорӣ мегардад. Маънои дигараш деҳае, ки дар канори дарёст. Ин топоним мутааллиқи забони тоҷикист ва аз нигоҳи сохт мураккаб мебошад.[5]

Шугнов- номи мавзеъ дар минтақаи Кўлоб дар сарҳади ноҳияҳои Ховалингу Дарвоз ҷойгир аст. Он аз ду ҷузъ: шугн ва об (ов) ташкил шудааст. Шугн дар фарҳанг ба маънои фоли нек, муборакии чизе, чизеро аломати хушбахтӣ шумурданомадааст[6] .Пас, маънои калимаи Шугноб- дарёе, ки барои фоли нек ҷорист, мебошад.

Сафедов- номи гидроним дар минтақаи Кўлоб.  Маънояш дарёе, ки обаш соф аст, мебошад. Ин калимаи мураккаби тоҷикист.

Шўроб-номи мавзеъҳо дар Кўлоб, Исфара ва ноҳияи деҳқонободи Ўзбекистон. Топоними мазкур аз ҷузъҳои шўр: 1) ҳаяҷон, изтироб, ғулғула, фарёд, фиғон ва 2) намакин, намакдор, сернамак (6, 609) ва ҷузъи об – дарё таркиб ёфтааст.

Яғноб-номи мавзеъ, дара ва шохобаи дарёи Зарафшон дар н. Айнӣ. Калимаи мазкур мураккаб буда, аз ҷузъҳои яғд- и суғдӣ  васеъ ва нов- дарё таркиб ёфтааст, ки ба маънои дараи васеъ далолат мекунад.[7]

Аз таҳлилу баррасӣ ва мулоҳизаҳои боло метавовон хулоса намуд, ки вожаи «об» ҳамчун ифодагари як унсури пурқимат ва дорои арзиши бемисл дар калимасозӣ ва маъниофарии забони тоҷикӣ мақоми махсус дорад. Он ҳамчун калимаи сермаъно дар забон шинохта шуда, аксарияти калимаҳои дигарро ба худ тобеъ месозад ва дар ҳамаи қисматҳои забон фаъолона иштирок мекунад.  Калима «об» дар шаклгирии топонимҳо ҷузъи об (ов) чун анҷомаи топонимсоз низ нақши калон гузоштааст ва ҳамчун номвожаи тоҷикӣ сохтори худро дар бисёр номҳои ҷуғрофӣ мустаҳкам нигоҳ доштааст, ки мисолҳои дар боло овардашуда, далели ин гуфтаҳоянд.

 

Ёраҳматзода Ш.Р.

аспиранти Институти забон  ва

адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ

Раҷабалиев Х.Х.

ходими илмии Институти омўзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва

Аврупои АИ ҶТ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (11), 2018

[1]Алимӣ Ҷ. Ташаккул ва таҳаввули топонимияи минтақаи Кӯлоб – Душанбе, 1995. -198 с.

[2] Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.1.-М.С.Э., 1969.-808с.

[3] Алимӣ Ҷ. Ташаккул ва таҳаввули топонимияи минтақаи Кӯлоб – Душанбе, 1995 -198 с.

[4] Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.1.-М.С.Э., 1969.-808с.

[5] Забон  - рукни тоат (маҷмӯи мақолаҳо., китоби 3-юм). Душанбе, 2007.-156с.

[6] Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.1.-М.С.Э., 1969.-808с.

[7] Забон  - рукни тоат (маҷмӯи маќолаҳо., китоби 3-юм). Душанбе, 2007.-156 с.

 

Хондан 1678 маротиба