Нусхаи чопи
Ҷумъа, 30 Марти 2018 08:03

Забон ва андешаи миллӣ

Муаллиф:

Туро гар хирад бошад андар забон,

Ба бедорӣ кӯшӣ, на хоби гарон.
Фирдавсӣ

  Вақте ки перомуни забон ҳамчун унсури муҳими ҳастӣ, огоҳӣ ва бедории тафаккури инсонӣ андеша мекунем, бидуни тардид, ба минтақаи фалсафа ва биниши фалсафӣ ворид мегардем. Забон василаи фикру андеша буда, бо тафаккур пайванди азалӣ ва абадӣ дорад.
Ба масъалаи нақши забони тоҷикӣ дар ташаккули бедории фикрӣ таваҷҷуҳ намуда, муҳтавои матлаби хешро дар ин чанд нукта ҷамъбаст мекунем:
Забони форсии дарии  тоҷикӣ дар таърихи фарҳанги эронитаборон ба сифати забони илму тамаддун шинохта шуда, дар бедории фикрии ақвоми эрониасли қуруни мутамодӣ нақши муассир доштааст. Забони форсии тоҷикӣ дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авесто» китобат шудааст. «Авесто» китобест, ки беш ва пеш аз ҳама, ба самти огоҳӣ ва бедории фикрию иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

  Дар тӯли таърихи инсонӣ на ҳамаи забонҳо тавони таъмини бедории иҷтимоӣ ва фикриро доштаанд, вале аз оғоз забони форсӣ - тоҷикӣ ба бедории андеша мутамоил буд ва дар ин росто ташаккул ва инкишоф ёфтааст. «Авесто» ҳамчун хирадномаи миллӣ дар таҳаввули бедории фикрӣ ва андешаи фалсафии на танҳо эронитаборон, балки насли башарӣ нақши созанда доштааст. Дар Ясна, ҳоти 31, бандҳои 17 ва 19 вазифаи марди доно ва гушодазабон дар бедорӣ ва огоҳӣ бахшидани ҷомеа муайян ва мушаххас шудааст. Муаллифи «Готҳо» - и «Авесто» Зардушт нақши забонро дар бедории андеша сахт саҳим донистааст (Ясна, ҳоти 34, банди 10).
Ҷавҳари фарҳанги бостонии моро аслҳое чун гушодазабонӣ, андеша-мандӣ, нуктапардозӣ ташкил додаанд, ки дар маҷмӯъ, ба бедории фикрӣ иртибот доранд. Инсон дар фарҳанги мо сухан ва забонро, пеш аз ҳама, ба як ҳадафи асосӣ – огаҳ сохтан ва бедор намудани ҷомеа корбаст мекардааст. Ин нуктаро донишманди шаҳири аврупоӣ Вилл Дуронт дар китоби бисёрҷилдааш  «Таърихи тамаддун»  муқаррар таъкид доштааст. Суннати андешамандӣ ва нуктапардозӣ минбаъд ба туфайли сиёсати хашини аҷнабиёни худкома  ва мустабидони дохилӣ тадриҷан барҳам дода шуд ва ин сиёсат фазои илмию фарҳангиро заҳролуд  карда, барои ба вуҷуд овардани падидаҳое чун кӯтоҳназарӣ, таассубофарӣ, хурофотпарастӣ ва заъфандешӣ шароити мусоид фаро-ҳам овард.
Муссалам аст, ки забон яке аз нишонаҳои  асосии  миллат маҳсуб шуда, ба василаи он сарнавишти таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат тайи таърихи зиндагии миллӣ матраҳ мегардад. Давраи нави ташаккулу таҳаввули забони миллӣ ба замони давлатдории Сомониён иртибот мегирад. Замони салтанати Сомониён забони миллӣ таҳкиму густариш ёфта, амирони  хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқа, дар бедории фикрию сиёсии ҷомеа саҳми бориз мегузоштанд. Дар он давра доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину диёнат ва илму фарҳанг маҳсуб мешуд, ҳадафмандона маҳдуд  гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нӯҳи Сомонӣ (961 - 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони миллӣ тарҷума гардид. Зубдаи аҳли илм ва тақвои замони Сомониён бар мабнои ривоёти шаръӣ собит намуданд, ки «забони биҳиштиён форсӣ аст… ва забонест, ки барои нахустин бор бо он забон  бо Парвардигор сухан гуфта шудааст». Ин ҷуръат ва ҷасорати арзанда дар бедории фикрии ҷомеаи асри Х хеле муассир буда, раванди таҳаввули андеша ва забони миллиро таҳким бахшидааст. Шоирону адибони барҷастаи аср Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва Фирдавсӣ бо андешаи барозандаи иҷтимоӣ ва фалсафӣ дар бедории иҷтимоӣ ва фикрии  ҷомеа саҳми  муносиб  гирифтанд. Дар раъси ҳавзаи бедорандешии миллӣ Ҳаким Фирдавсӣ қарор дошт ва ҳақиқати амр ин аст, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамзабон то имрӯз мақоми Фирдавсӣ дар ташаккули андешаи миллӣ ва бедории фикрӣ ҳамчунон побарҷост. Вақте ки ӯ нидои «Забони гушода чу омад падид,  Шуд он бандҳоро саросар калид»  дардод, мардуми ҳавзаи форсизабононро мухотаб қарор дода, аз ҳамватанон тавассути забони буррою  гиро ҳал намудани мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фикрии ҷомеаро хостор буд. Воқеан, забони миллӣ дар замони Сомониён гушода (бурою гиро) буд ва боиси ба вуҷуд омадани мероси гаронмояи илмӣ ва фарҳангӣ гардид. 
Баъди аз сари султа берун кардани Сомониён ҷараёни бедории иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ сусту заиф шуда, дар соҳати Хуросону Мовароуннаҳр як навъ халои фарҳангӣ ҳукмфармо мегардад. Ин хало боиси ба вуҷуд омадани хурофоту таассуб гардида, нақши забони миллиро дар таҳкиму густариши андешаи миллӣ ва бедорандешӣ камранг сохт. Ҳарчанд талошҳои Носири Хусрав барин абармардон ва фидоиёни роҳи дониш як дараҷа вазъро беҳтар намуда буд, вале куллан вазъи бедории фикрию  иҷтимоӣ хеле нигаронкунанда буд.
Дар асри ХIX ва ибтидои асри XX рисолати бедорсозӣ ва таҳаввули андеша тавассути забони гирою буррои тоҷикӣ (форсӣ) бар уҳдаи Аҳмади Дониш ва Айнӣ вогузор гардид. Айнӣ, ки аз охири асри 19 шурӯъ карда, то охири умр дар ҷодаи танвири фикрӣ ва бедории иҷтимоӣ қадамҳои устувор ниҳод, дар покизагии забони миллӣ саҳми назаррас гузошт. Ӯ дар китоби гаронарзишаш «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» заъфи динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аморатро ҷиддӣ баррасӣ намуда, роҳи наҷоти ҷомеаро аз ин вартаи муҳлик ва ҷаҳолати маргбор дар танвири фикрӣ ва бедории иҷтимоӣ медиду халос.  
Баҳсҳои тезутунде, ки дар солҳои бистуму сиюми садаи бистум байни фарҳангиёну сиёсатмадорони  минтақа дар масоили доираи истеъмол ва тавсеа, масири рушд, имконоти иҷтимоию сиёсӣ ва дар маҷмӯъ, мушаххасоти забони миллӣ сурат гирифт, баёнгари таваҷҷуҳи саросарии ниҳодҳои сиёсию фарҳангӣ ба масъалаи забон буд. Ҷараёни баҳсу мунозираҳои илмӣ ва сиёсӣ дар атрофи забони миллӣ дар замони шӯравӣ низ камокон идома ёфт ва нимаи дуюми солҳои ҳафтод ва имтидоди ҳаштодум раванди бедории иҷтимоию фикрӣ бар мабнои забони миллӣ тавассути аҳли илму адаб – Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Акбар Турсон, Тоҳири Абдуҷҷабор ва дигарон таҳкиму тақвият ёфт.
  Забони миллӣ механизми зинда аст, он бояд доимо дар ҷараёни зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва  фарҳангӣ фаъол бошад. Фаъолнокии забон дар ҷараёни  муоширати  саросарӣ  ба  иттиҳоди миллии қишру ниҳодҳои иҷтимоӣ ва бавижа, фарҳангӣ сахт бастагӣ дорад. Дар сурати камфаъол будани неруҳои зеҳнӣ ва ниҳодҳои иҷтимоию фарҳангӣ (ин вазъ дар Тоҷикистони кунунӣ боиси нигаронист), рушд, таҳаввул ва тавсеаи андешаи миллӣ ва бедории фикрӣ дар гумон аст. Дар замоне ки  боди даҳшатноки хурофоту таассуб ва афкори ғаразноки аҷнабӣ тавассути сиёсати тамаддунӣ ва глобалӣ фазои моро печондааст, зарурати баҳамоӣ ва иттиҳоди неруҳои ақлонию фарҳангӣ пеш омадааст. 
  Раванди  ҷаҳонишавӣ, дар баробари манфиат, зарари ҷиддӣ низ ба бор меорад. Он фарҳангҳои камзарфиятро, ки дар асоси забони миллӣ тайи асрҳои тӯлонӣ сохта шудаанд, тадриҷан аз байн мебарад ва империяи фарҳанги нерумандро иҷборан таҳмил менамояд. «Зулми фарҳангӣ» (таъбири Франс Фанон) - и империяи сиёсӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст, бинобар ин илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ бояд дарёфт, то минбаъд дер нашавад.  Илоҷи воқеа, ба назари мо, иттиҳоди неруҳои зеҳнӣ ва қишрҳои  фарҳангӣ - маърифатӣ мебошад (неруҳои зеҳнӣ ва маърифатии мо, ба  сабаби  ҷӯр  наомадани манофеъ ва мафкураву ақоид бо ҳам созгор нестанд, дар ҳоле  ки ниҳодҳои илмии мамолики пешрафта манофеи миллиро на дар ақидаю нуқтаи назар, балки дар иттиҳоди забонӣ ва муҳимтар аз ин, дар маърифати миллӣ - мардумӣ мебинанд, ки ин таҷриба барои мо сахт омӯхтанист), ки нигаҳдорандаи забони миллӣ дар маҳдудаи мушаххаси забонию маконӣ маҳсуб меёбанд.
Ҷаҳони имрӯз ҷаҳони иттилооти беҳудуд ва фанноварию нерумандии техникист. Дар ин фазою муҳити иртибототӣ забон ва миллиятҳое устувору побарҷо мемонанд, ки дар масири иттилооту фанноварии муосир қарор дошта бошанд, аз пешравию тараққиёти илмҳои  иҷтимоӣ – инсоншиносӣ ва умуман, улуми  мутадовил  басароҳат  огоҳ бошанд, комёбию муваффақиятҳои улумро дар ҳамаи сатҳҳои иҷтимоӣ ба забони миллӣ ва давлатӣ тавсеа, густариш ва интишор диҳанд ва ба сатҳи огоҳии иҷтимоӣ расонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин,  Ҳукумат ва тамоми ниҳодҳои фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеаи моро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд ва забони миллиро ба сатҳи забони сиёсат, илм, ахлоқ ва билохира фарҳанги миллӣ бардоранд.
Таҷрибаи талхи таърихро дар робита бо шикасту ноҷӯриҳои миллӣ аз  ёд  набояд  баровард. Забони миллӣ дар тӯли таърих таҷрибаи зиёд андӯхта, феълан имкони мутаваққиф  кардани таҳоҷуми идеологӣ ва фарҳангии бегонаро дорад. Дар ин замина, рӯшанфикрону зиёиёни муосир бо истифода аз имконоти зеҳнӣ, забони муқаввои миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ, метавонанд ҷараёни бедории фикрии ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳким бахшида, ба ин восита забон ва миллатро аз газанди рӯзгор ва таҳмилоти фарҳанги ғаразноки берунӣ эмин доранд.


Нозим НУРОВ,
ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши 
равандҳои муосир ва оянданигарии илмии 
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз "Ҷумҳурият", 23.10.2014, №: 206  http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=16344

Хондан 1844 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр