JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 29 Августи 2017 10:48

Будизм ва пайванди фарҳанги тоҷикию ҳиндӣ (гузориш аз конфронс)

Муаллиф:

Рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 70-солагии Истиқлолияти давлатии Ҳиндустон баргузор гашт. Конфронс дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор шуда, академик Юсуфшоҳ Яқубшоҳ дар мавзӯи “Панҳшавии дини будоӣ аз Ҳиндзамин ба Тоҷикзамин” маърӯза кард.

  Гузоришгар дар асоси санадҳои торихӣ густариши дини будоиро дар тоҷикзамин баррасӣ карда, хулоса мекунад, ки он ба воситаи тоҷирони ҳиндӣ ба минтақа ворид ва ибодатгоҳҳои будоӣ ҳам аз ҷониби ҳамон тоҷирон сохта шудаанд. Мардуми бумӣ, амалан будоӣ набуданд. Ин ҳамон тоҷирони ҳиндӣ буданд, ки моҳҳо ва ҳатто солҳо дар ин минтақа тиҷорат ва аз ибодатгоҳҳо истифода мекарданд.

  Он чи ки ин хулосаи гузоришгарро зери шубҳа мебарад, ин аст, ки тарошидану сохтани муҷасаммаҳои Будо дар Бомиён ва Аҷинатеппа вақти зиёд ва маблағи зиёдро талаб мекард ва тоҷирони ҳиндӣ наметавонистанд бо ҳузури муваққатии худ ин муҷасаммаҳоро созанд ва ҳоҷат ҳам надоштанд. Худи муаллиф қайд мекунад, ки гурӯҳи калони бостоншиносони Шӯравӣ аз Санк-Петербург омада, шонздаҳ сол болои ҳафриётҳои ёфташуда аз Аҷинатеппа кор карданд ва махсусан, муҷасаммаи бузурги Будоро аз намаку чанг покиза карданд. Аз ин бармеояд, ки вақте бо технологияи асри бист барои тоза кардани ин муҷасамма чандин сол лозим омада бошад, пас бо технологияи асрҳои қадим аз ин хеле зиёд вақт лозим меомад, ки онро созанд. Дар сохтани муҷасаммаҳои Будо дар Бомиён  боз ҳам вақту маблағи бештар сарф шудааст. Ҳамаи ин метавонанд баёнгари он бошад, ки дини Будоӣ, агар чи ба воситаи тоҷирон омада бошад, аммо баъдтар миёни мардум густариши васеъ доштааст. Чун танҳо онҳо ва сарварони онҳо вақту маблағ ва зиёда аз ин, хоҳиши сохтани ин объектҳои фарҳангиро дар ин сарзамин доштанд.

  Ба саволи “Тоҷикзамин кадом минтақаро дар бар мегирифт”, ки аз ҷониби журналисти шинохта Раҳматкарими Давлат пешкаш шуд, гузоришгар ҷавоб дод, ки дар давраи густари дини будоӣ дар ин минтақа танҳо тоҷикон мезистанд ва ӯ Тоҷикзамин гуфта Осиёи Миёнаро дар назар дорад.

  Дар мавриди фарқияти дини будоӣ аз бутпарастӣ, гузоришгар гуфт, ки дини будоӣ бутпарастӣ нест ва пайравони онро наметавон бутпараст номид. Онҳо буддопараст ҳастанд, ки калимаи “Буд” ба маънои равшанӣ ва огоҳӣ аст. Мувофиқи таълимоти Будо ҳар инсон метавонад бо роҳи пок кардани рӯҳу ҷисми худ ба дараҷаи фаришта ва худоӣ расад. Ҳарчанд баъзе аз торихшиносон хато карда, онҳоро бутпараст номидаанд.

  Дар қисмати охири конфронс иштиокчиён дар мавриди зарурати омӯхтани решаҳои пайвандҳои фарҳангии Ҳиндустону Тоҷикистон сухан гуфта, фарҳанги будоӣ ва таъсири он ба рушди фарҳангии минтақаҳои тоҷикнишинро баррасӣ карданд. Мероси фарҳангии Будоӣ ҳам як риштаи пайвандгари ин ду миллати қадимӣ шинохта мешавад ва расонидани ин воқеият ба мардуми ҳар ду кишвар вазифаи донишмандон аст.

Меҳр Собирён

Хондан 1821 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Свадебные обряды у Рушанцев ГБАО »