JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 02 Апрели 2019 10:45

Вожаи “Устурушан” аз нигоҳи муҳаққиқон

Муаллиф: Партобов Алишер

  Тадқиқотчии рус И. Кастане чунин меорад: Ҳануз пеш аз пайдоиши Хуҷанд Уротеппа бо номи “Зара”(аз калимаи зар-тилло) машҳур буд. Аз байни шаҳр рӯде ҷорӣ мешуд, ки қаъри он қуми тилло омехта дошт. Бинобар ин шаҳрро “Зара” ва баъдтар бо номи Истаравшан ном мебурданд, ки маънияш “ситора рахшон” мебошад.

  Мувофиқи ақидаи дигар, пайдоиши номи шаҳр ба номи духтари шоҳи иронӣ Равшан, ки ӯро тақдир ба мавзеъҳо овардааст, робита дорад. Ин шоҳдухтар аз падараш хоста, ки барои ӯ шаҳре бисозад. Падар хоҳиши духтарашро ба ҷо меорад ва шаҳре бунёд намуда номашро Истаравшан мегузорад. Яъне пеши номи шоҳдухтар вожаи “ист”-ситораро пайваст менамояд. Мувофиқи таҳқиқи бархе аз олимони дигар вожаи “ист” аз “истад” омадааст. Яъне баъд аз бунёди шаҳр шоҳ аз духтараш хостааст, ки инҷо биистад. Мувофиқи ақидаи В.А. Лившитс ҳуҷҷатҳои Муғтеппа назар ба ҳамаи намунаҳои сарчашмаҳои арабии асри XVII номи ба ҳақиқат наздики шаҳр-“истаравн”-ро ошкор месозанд.  Мувофиқи ақидаи Берунӣ, рӯзи ҳаждаҳуми тақвими суғдӣ“рашн” ном дорад. Ин вожа “адолат”,  “хайрхоҳӣ”  ва ё  “фариштаи адл”-ро ифода мекунад. Ю. Ёқубов чунин мепиндорад, ки мумкин аст Рашан нигаҳдорандаи вилоят бошад. А.К. Мирбобоев чунин ақида дорад, ки “Судуйшана”, “Сурушана” аз вожаи авестоии “Суруш” пайдо гаштааст. Суруш номи рӯзи ҳабдаҳуми тақвими иронӣ ва ҳамчунин номи фариштаи авестоиест, ки ҳомии оромии одамон буд. Бо мурури замон  “сурушана” метавонист ба Усрушна ва ё Истаравшан табдил ёфта бошад. Мувофиқи ҳамаи фарзияҳо, “истаравшан” аз ду таркиб  “ист”-ситора, фаришта ва “равшан”- тобон, ҷилонок сохта шудааст.

  Пойтахти давлати Уструшан шаҳри Бунҷикат буд. Ин шаҳр дар таърих бо номҳои Киронол ё Курушкада ва Уретеппа низ маъмулу машҳур буд. Мувофиқи пиндори бархе аз муҳаққиқин Киреххати дар мавзеи ҳозираи Куркат ҷойгир будааст. Дар замони ҳозир аз мавзеи Куркат дар масофаи начандон дур шаҳраки Ширин ҷойгир аст. Дар масофаи начадон дур аз шаҳраки мазкур кӯҳҳои Фарҳод ҷойгир шудаанд. Дар қисмати шимолу шарқии “Уструшан” деҳаи Лангар ҷойгир аст. Дигар деҳае, ки дар шафати рӯди Оқсу қарор дорад, Тағояк ном дорад. Номи ин деҳа ба релефи ҷойгиршавии он алоқаманд буда, “доманаи куҳ”-ро ифода мекунад. Шаҳраки ҳозираи Нов дар сарҳади Хуҷанд ва Уструшан дар соҳили рӯди Ширинсой ҷойгир буд. Баромади вожаи “нов” аз “нова” аст. Испонӣ маркази маъмурии ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қазоқистони имрӯза дар гузашта яке аз мавзеъҳои канории Уструшан ба ҳисоб мерафт. Испонӣ аз вожаи “спанҷ”-и суғдӣ, ки маънои меҳмонхонаро ифода мекунад, пайдо гаштааст.

Партобов Алишер

Магистри Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияии АИҶТ

 
 
Хондан 1522 маротиба