JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар таърихи ташаккули илми биология оид ба пайдоиши ҳаёт ва табиати зиндаю ғайризинда бисёр андешаҳои мухталиф баён шудаанд. Масалан, одамони ибтидоӣ чунин ақида доштанд, ки тамоми мавҷудот дорои ҷонанд ва ин ақидаро дар илми муосир анимизм (аз лотинии «onimo» - ҷон) меноманд. Сарчашмаи дигари ақидаҳои қадимаро инчунин, гилезоизм (аз юнонии «gilеo» - модда, шайъ) ном мебаранд, ки мувофиқи ин ақоид ҳаёт моддӣ мебошад. Ба гуфтаи Арасту асосгузори мактаби милетӣ Фалес онҳанрабо (магнит) - ро маҳз ба хотир оҳанро ҷазбиданаш чандир номидааст. Пайравони ин ақида тамоми ҷисмҳои рӯи Заминро зинда ҳисобида, бо ҳамин тафовути ҳаёт ва ҳастиро аз байн бурдаанд. Файласуфи нидерландӣ Бенедикт Спиноза (1632-1677) чунин меҳисобид, ки тамоми сангҳо дорои фикр ва кулли ашёи табиат дорои ҷон мебошад.
Илм - яке аз соҳаҳои фаъолияти маънавии инсон буда, вазифаи муҳимтарини он ба вуҷуд овардан ва мураттаб сохтани донишҳо роҷеъ ба табиат, ҷамъият, инсон ва тафаккури вай мебошад. Илм чунин фаъолияти инсонро тақозо менамояд, ки дар ҷараёни он доир ба ин ё он тарафи олам дониш ҳосил карда шавад. Ва ҳамаи шаклҳои фаъолияти бошууронаи инсоният ба ҳамдигар сахт алоқаи зич доранд. Илмҳои табиатшиносӣ ҳамчун як шакли фаъолияти инсон ба шаклҳои дигари фаъолияти ҷамъиятӣ, бо иқтисоду истеҳсолот, фарҳангу сиёсат, адабиёту санъат, дину ахлоқ ва ғайра робитаи ногусастанӣ доранд. Пешрафти иқтисодиёти ҷомеа пеш аз ҳама ба дараҷаи пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва иқтисодӣ таъин мешавад. Дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва воситаҳои истеҳсолот бошад, ба пешрафти илмӣ - техникии ҷомеа вобаста буда, асоси ин пешрафтро дастоварду ихтирооти илмҳои табиатшиносӣ ташкил медиҳад. Дар замони муосир на танҳо иқтисоду истеҳсолот, балки ҳаёти одамонро бе истифодаи нерӯи барқ, ки дар заминаи кашфи илқои (индуксияи) электромагнитӣ ва назарияи электродинамикӣ амалӣ шудааст, тасаввур намудан амри маҳол аст.
Маърифати илмӣ аз қадимтарин ҷанбаҳои фаъолияти эҷодии одамон буда, дар китоби таърихи маданияти ҷаҳонӣ як фасли алоҳидаро фаро мегирад, ки ба он ҳар соҳибхирад аз диди худ баҳои сазовор медиҳад. Дар Энсиклопедияи советии тоҷик оварда шудааст, ки: «Илм калимаи арабӣ буда, маънои донишро дорад, як шакли шуури ҷамъиятии инсон, як соҳаи махсуси фаъолияти одамист, ки ба вуҷуд овардан ва аз ҷиҳати назариявӣ мураттаб сохтани донишҳои аёнӣ (объективӣ) - ро дар бораи воқеият вазифаи худ медонад».
Саҳифа аз 1 то 4