JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шинохти истилоҳи «фитониринг» дар шароити муосир пайваста бештар мешавад ва мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҳам донишмандони соҳаи фармакология ва фармакогнозия, ҳам мутахассисони соҳаи пизишкии амалӣ қарор мегирад. Маълум аст, ки таҷрибаи истифодаи гиёҳҳои шифобахш ва ғизоӣ барои дармони бисёре аз бемориҳо дорои таърихи чандҳазорсола аст. Даҳҳо асар аз давраҳои куҳан то ба асри мо расидааст, ки дар бораи истифодаи маҳсулоти дорувории табиӣ иттилоъ дода, бахши асосии онҳоро гиёҳҳои шифобахш ташкил медиҳанд. Дар Ховарзамин ва саросари ҷаҳон дар баробари осори Ҳиппократ, Диоскорид ва бисёре дигар аз донишмандони аҳди бостон, дар муддати садсолаҳо аз осор ва рисолаҳои камназир ва пурарзиши хамватанони шухратманди мо – Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ ва бисёре дигарон истифода шудааст [1,2].
Мубориза бо офатҳои табиии марбут ба обро одамон ҳанўз аз замонҳои қадим медонистанд. Дар Мисри Қадим ва Месопотамия қисми зиёди обро аз марказҳои асосӣ ба пастхамиҳо равона мекарданд, ки минбаъд обанборҳо пайдо мешуданд. Нахустин дарғот панҷ ҳазор сол пеш дар Сурия, дар дарёи Оронт сохта шуда буд. Ҳамин тавр, дамбаҳо ба вуҷуд омаданд, ки ба воситаи онҳо майдонҳои кишту боғу роғ аз обхезӣ эмин ёфтанд. Таҷрибаи хуби мубориза бо обхезӣ асосан аз Шарқ оғоз ёфта, он аз Мисру Чин ба Аврупо гузашт.
23 декабри соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) маҷлиси солонаи Шуъбаи илмҳои биология баргузор гадид. Дар соли 2021 фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Шуъба тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар ҷумҳурӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, тақвият бахшидани ҳаҷми маблағгузорӣ барои таҳқиқот аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷавӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои созишномаҳо дар соҳаи ҳамкориҳои илмӣ, рушди минбаъдаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология равона гардида буд.
Саҳифа аз 1 то 10