JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Имрӯзҳо муассисаҳои таълимии муосир дар интихоби тамоми касбу ихтисос имконияти зиёд фароҳам овардаанд. Аксари ҷавонон баъди хатми мактаби миёна ихтисосҳоеро, ки мӯд мешаванд, ё даромади иқтисодии хуб меоранд, интихоб менамоянд. Масалан, аввалҳои солҳои 2000-ум хатмкунандагон кӯшиш мекарданд, ки ҳуқуқшинос ва менеҷер шаванд, сипас ихтисосҳои журналистика, барномасоз, дизайнер ва ғайраҳоро интихоб карданд. Довталабони ихтисосҳои физик, астрофизик, геолог ва кимиёшинос то андозае кам шуданд. Баъзе ихтисосҳо миёни ҷавонони муосир ҳатто маъруфияташонро гум кардаанд. Барои чӣ? Дар ин бора метавон соатҳо баҳс кард, вале ҷавоби дурустро ёфтан мушкил. Ба андешаи банда, шояд аз он сабаб, ки ҷавонони муосир аз макони бароҳати худ дур шудан намехоҳанд. Кӣ омода аст ба хотири амалӣ шудани орзуҳо, ё кунҷковӣ ҳаёти муқаррарии худро тағйир диҳад? Кӣ мехоҳад дар синни 25 тавассути телескоп осмони пурситораро бинад ва омӯзад? Ё ин ки ба қаъри кону нақб, ҷое, ки торик асту интернети 4G надорад, фарояд? Ё ҳамчун қаҳрамони имрӯзаи мо мунтазам ба масофаи мушкилу душворгузару маргбор ва мавзеъҳои тоқатфарсо, ки ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ каму зиёд аст, сафар кунад?
Ҳамасола дар саросари ҷаҳон миқдори зиёди офатҳои табиӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки ба солимии аҳолӣ ва соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ таъсироти манфӣ расонида, рушди иқтисодиёту иҷтимоиётро коҳиш медиҳанд ва ҳолати системаҳои экологиро хароб мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда [1] ҳар соле тарқибан 200 млн нафар аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд ва таҳлилҳои ин офатҳо дар тамоми сатҳи Замин нишон медиҳад, ки бо пешрафти илму техника, ҳифзи одамон ва техносфера аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта ҳанӯз ҳам ногузир аст. Далелҳо собит менамоянд, ки шумораи аз ин ҳодисаҳо фавтидагон дар ҷаҳон солҳои охир 4,3% ва миқдори зарардидагон 8,6% афзуда, хисороти иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар як сол 6% зиёд шудааст. Дар айни замон, маълум аст, ки офатҳои табиӣ - ин мушкилоти глобалӣ буда, сарчашмаи асосии бадбахтии башарият ва яке аз омилҳои муҳими муайянкунандаи рушди устувори иқтисодӣ ба шумор мераванд.
Мусаллам аст, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома оид ба қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро қабул намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ташаббуси чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Эълон гардидани даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ташаббус ва пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати «дарҳои боз» ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд.