JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 26 Июли 2018 05:31

Таърих ва инкишофи илмҳои табиатшиносӣ

Муаллиф:

  Маърифати илмӣ аз қадимтарин ҷанбаҳои фаъолияти эҷодии одамон буда, дар китоби таърихи маданияти ҷаҳонӣ як фасли алоҳидаро фаро мегирад, ки ба он ҳар соҳибхирад аз диди худ баҳои сазовор медиҳад. Дар Энсиклопедияи советии тоҷик оварда шудааст, ки: «Илм калимаи арабӣ буда, маънои донишро дорад, як шакли шуури ҷамъиятии инсон, як соҳаи махсуси фаъолияти одамист, ки ба вуҷуд овардан ва аз ҷиҳати назариявӣ мураттаб сохтани донишҳои аёнӣ (объективӣ) - ро дар бораи воқеият вазифаи худ медонад».

  Илм ҳамчун шакли шуури ҷамъиятии инсон ва инъикоси воқеии табиат ягона аст. Дар давраҳои қадим олимону мутафаккирон илмро ягона ва умумӣ мешумориданд. Дар замони муосир бошад, донишҳои фарогирифтаи илмӣ васеъ гардида, зарурати ба соҳаҳои гуногун тақсим шудани илму олимон ба миён омадааст. Зеро дар ҷаҳони муосир шахси алоҳида имкон надорад, ки ҳама донишҳои замшудаи илмиро фаро гирифта тавонад, чун ки илми имрӯза зиёда 15 000 фанҳои алоҳидаро дарбар мегирад. Аз рӯи хусусият илм ва соҳаҳои таҳқиқии онро ба ду гурӯҳ: табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҷудо менамоянд. Ба ҷумлаи илмҳои башарӣ - ҷомеашиносӣ фалсафа, таърих, ҳуқуқ, адабиёт, санъат, этика, эстетика, педагогика ва ғайра дохил мешаванд. Илмҳои табаиатшиносӣ: физика, астрономия, химия, биология, тиб, геология, география ва ҳоказо. Масалан, фақат ба илмҳои табиатшиносӣ мансуб донистани математика ё информатика чандон саҳеҳ нест. Чунки натиҷаҳои ин илмҳо дар тадқиқи рӯйдодҳои ҷамъиятӣ низ торафт васеъ татбиқ мешаванд.

   Ҳар як илм таърихи бавуҷудоӣ ва инкишофи худро дорад. Роҷеъ ба давраҳои инкишофёбии илм ақидаи ягона нест, чун ки дар ҳар сарчашма маълумотҳо ба таври мухталиф нишон дода шудаанд. Бинобар ин, ҳангоми омӯзиши таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва қонунияти умумии табиат, донистани хронология - марҳилаҳои таърихии илм ба мақсад мувофиқ аст. Хронологияи илмии таърихӣ нишон медиҳад, ки дар байни илмҳои табиатшиносӣ аз ҳама пештар нуҷум (астрономия) инкишоф ёфтааст. Ин вобаста ба он мебошад, ки одамон дар аввал ба Офтоб, Моҳтоб, сайёраву ситораҳо мароқи зиёд зоҳир намуда, роҳҳои сайругаштро дар баҳр ва хушкӣ аз рӯи онҳо муайян мекарданд. Дар баробари астрономия, инчунин математика хеле барвақт инкишоф ёфтааст, ки таърихи пайдоиши онро риёзидони бузурги шӯравӣ А.Н. Колмагоров (1903-1987) ба чор давра тақсим менамояд: 1) пайдоиши математика; 2) математикаи элементарӣ; 3) ба вуҷуд омадани математикаи бузургиҳои тағйирёбанда ва 4) математикаи ҳозиразамон. Баъд аз пайдоиши математика илмҳои дигари табиатшиносӣ - физика, геометрия, география, геодезия, тригонометрия ва ғайра ба вуҷуд омада, рӯ ба тараққӣ ниҳоданд.

  Дар инкишофи илм нақши асосиро донишгоҳҳо (университетҳо) мебозанд, ки дар ин раванд нахустин муассисаи таълимию динии олам ал - Азҳари Қоҳира (Миср) ба ҳисоб меравад ва он дар соли 989 таъсис шудааст. Вале, ин муассисаи таълимию динӣ университет набуд. Бояд қайд намуд, ки мафҳуми «университет» аз истилоҳи лотинии «universitas» гирифта шуда, маънои «маҷмуъ» - ро дорад ва дар забони муосири тоҷикӣ бо вожаи «донишгоҳ» ифода карда мешавад. Дар асрҳои миёна дар Аврупо зери мафҳуми университет «иттиҳодияи шаҳрии устоҳо ва косибон» - ро мефаҳмиданд. Каме баътар ин иттиҳодия ба иттиҳодияи муаллимон ва иттиҳодияи донишҷӯён мубаддал гардида, намунаҳои аввалини донишгоҳҳоро ба вуҷуд овард. Ҳамин тавр, аввалин университет дар шаҳрҳои Болон (Италия) соли 1119, Париж (Фаронса) соли 1150, Оксфорд (Англия) соли 1222, Прага (Чехия) соли 1348, Краков (Чехия) соли 1364, Вена (Австрия) соли 1365, Базел (Швейтсария) соли 1459 ва Братислава (Словакия) соли 1467 кушода шуданд. Лекин инкишофи илм дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX ба авҷи тараққиёти худ расида, ба пешрафти он тамоми кишварҳои дунё мароқи зоҳир намуданд. Натиҷаҳои тадқиқоти илмиро бошад, ҳамаи инсоният истифода мебарад, зеро илм барои ҳама як мебошад. Яъне барои нафароне, ки новобаста аз мансубияти этникӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, миллӣ ва нажодиашон бевосита ба илм сару кор доранд, тааллуқ дорад.

  Дар замони муосир барои пешбурди соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмии якҷояву муштарак сарпараст ва созмонҳои гуногун таъсис дода шудаанд. Фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ, ба монанди ЮНЭСКО (идораи СММ оид ба рушди маориф, илм ва фарҳанг), Корнеги, Сорос, Карана, Рокфеллер ва ғайра бевосита ба инкишофу татбиқи амалии тадқиқоти илмӣ равона карда шудаанд. Инчунин, барои мукофотонидан ва ҳавасмандгардонии тадқиқоти илмии олимон мукофотҳои дараҷаи байналхалқӣ, минтақавӣ ва давлатӣ низ таъсис дода шудаанд. Дар байни онҳо бонуфузтарин мукофоти илмии олам - Ҷоизаи байналхалқии Нобелӣ мебошад, ки ба шарафи химики бузурги шведӣ Алфред Нобел (1833 - 1896) таъсис дода шуда, ба мутахассисони соҳаҳои физика, химия, физиология, адабиёт, сулҳ ва иқтисод эҳдо мегардад. Ин мукофот 27 ноябри соли 1895 дар клуби шведӣ - норвегии шаҳри Париж таъсис ёфта, бори аввал 10 декабри соли 1901 тақдим карда шудааст:

дар соҳаи физика - Вилгелм Рентген (1845-1923)

дар соҳаи химия - Якоб Вант-Гофф (1852-1911)

дар соҳаи физиология - Эмил Адолф фон Беринг (1854-1917)

дар соҳаи адабиёт - Рене Сюлли-Прюдом (1839-1907)

дар соҳаи сулҳ - Жан Анри Дюнан (1828-1910)

дар соҳаи иқтисод аз соли 1969 - Рагнар Фриш (1895-1973)

ва Ян Тинберген (1903-1994)

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба соҳаҳои илму техника санаи 2 марти соли 1967 Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва барои олимони ҷавон бошад, санаи 20 марти соли 1998 Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст.

Дар байни илмҳои табиатшиносӣ нақши пешбарандаро физика мебозад, бинобар ин аз ҳама бештар ба таърих ва инкишофи он истода мегузарем. Инкишофи физикаро аз замони пайдоиши мафҳуми «физика» то ба имрӯз асосан ба се давра тақсим менамоянд:

 
  1. Давраи аввали инкишофи физика аз замони қадим то асри XVII ё худ аз замони Арасту то замони Нютонро дарбар мегирад.
  2. Давраи физикаи классикӣ аз охири асри XVII то соли 1905 ва ё аз замони Нютон то давраи Эйнштейнро фаро мегирад.
  3. Давраи физикаи муосир аз соли 1905 то замони муосир ё аз давраи Эйнштейн то физикаи имрӯзро дарбар мегирад.

Давраи инкишофи физикаи муосир бошад, дар навбати худ боз се марҳалаи асосии тараққиётиро аз сар гузаронидааст:

  1. Солҳои 1905-1931 давраи инкишофи механикаи квантӣ.
  2. Солҳои 1932-1954 давраи инкишофи физикаи атом.
  3. Солҳои 1955 - то ҳол давраи инкишофи физикаи ядроӣ, зарраҳои бунёдӣ (элементарӣ) ва зарраҳои суббунёдӣ (субэлементарӣ).

Дар давраи аввали инкишофи физика доир ба ҳодисаҳои гуногуни табиат донишҳо ҷамъ гардида, таълимотҳои илмию фалсафӣ ба вуҷуд омадаанд. Вале, физика ҳамчун илм дар давраи аз Галилей то Нютон барқарор гашта, ба он таҷриба ва формула ҳамроҳ карда шуд. Маҳз дар асри XVII олими барҷастаи итолиёвӣ Галилео Галилей (1564-1642) ва донишманди англис Исаак Нютон (1643-1727) илми физикаро инкишоф дода, манзараи физикӣ (механикӣ) - и оламро ба таври таҷрибавӣ исбот намуданд.

Доир ба таърихи инкишофи илмҳои дигари табиатшиносӣ ба таври мухтасар гуфтан мумкин аст, ки таъсиси аввалин атласи географӣ соли 1595, омӯзиши гадиши хуни инсон соли 1550, барқароршавии химия ҳамчун илм соли 1650, инкишофи таҳлили математикӣ соли 1710, ташаккули гидродинамика соли 1750, кашфи қонуни бақои масса соли 1755, инкишофи физиология соли 1760, кашфи қонуни доимияти таркиб соли 1801, ташаккули биология ҳамчун илм соли 1802, лоиҳаи Мошинаи ҳисоббарори аналитикӣ соли 1830, назарияи ҳуҷайра соли 1835, инкишофи бактериология соли 1845, инкишофи палеонтология соли 1855, бавуҷудоии эволютсияи Дарвин бо роҳи интихоби табиӣ соли 1856, пайдоиши назарияи сохти химиявӣ соли 1861, қонунҳои асосии ирсият соли 1860 ва ҳоказо пешниҳоди ҷаҳониён гардиданд. Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки таърихи инкишофи илмҳои табиатшиносӣ ба таърихи ташаккули ҷамъият робитаи зич дорад, чун ки сатҳи тараққиёту пешрафти ҷамъият ба рушди улуми табиатшиносӣ таъсири бағоят калон мерасонад.

Қурбонов Н.Б.

Хондан 21164 маротиба