JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 08 Январи 2020 08:21

Усулҳои нави мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Дар замони муосир таъсири антропогенӣ ба муҳити зисти инсон ба дараҷае расид, ки устувории биосфера зери таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифт. Проблемаҳои маҳаллию минтақавӣ ба мушкилотҳои ҳалталаби ҷаҳонӣ табдил ёфта, тағйирёбии глобалии иқлимро тезониданд. Сабаби асосии ин, афзоиши босуръати аҳолӣ, якбора камшавии майдони системаҳои экологии вайроннашудаи табиӣ, коҳиш ёфтани гуногуншаклии биологӣ, аз байн рафтани барқароршавии захираҳои барқароршавандаи табиӣ (оби нӯшокӣ, гумуси замин ва биомасса), истихроҷи бағоят зиёди газҳои гулхонаӣ ва ифлос гардидани муҳит бо партовҳои истифоданашуда мебошад.

 Иқлими сайёра сол то сол тағйир ёфта, дар бархе аз манотиқи ҷаҳон гармшавии глобалӣ мушоҳида мегардад, ки он боиси обшавии пиряхҳо ва ба амал омадани офатҳои табиии марбут ба об, аз қабили обхезиҳои шадид, хушкшавию шӯразании заминҳои кишт, шусташавии хок ва фавти даҳҳо ҳазор одамон гардида, ба иқтисоди кишварҳо хисороти калон ворид месозад. Тибқи нишондодҳои оморӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 200 млн. нафар аҳолии сайёра аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд. Аз ин рӯ, ҳамкории давлатҳою созмонҳои байналмилалӣ дар масоили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим ва идораи офатҳои табиии марбут ба об тақвият дода шуда, оид ба таҳкими потенсиали созмонҳои миллию минтақавӣ дар мабориза ин масъалаҳои хатарзои умумибашарӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ба амал омадани офатҳои табиӣ, босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои фалокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои энергетикӣ, солимии аҳолӣ ва ғайра расонида истодааст. Айни ҳол хатароти экологӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим, ифлосшавии атмосфера, аз меъёр зиёд партофтани аэрозолҳо, харобшавии қабати озонӣ, коҳишёбии пиряхҳо, мушкилоти демографӣ ва норасоии оби нӯшокӣ хусусияти глобалӣ касб карда, таъсироти манфии онҳо дар тамоми гӯшаю канори сайёра ба назар мерасад. Ҳарчанд як қатор кишварҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Тоҷикистон дар ифлос кардани атмосфера ва аз меъёр зиёд партофтани газҳои гулхонаӣ саҳми зиёд надоранд, вале таъсири манфии ин хатарҳо дар ҳудуди онҳо бармало мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон чун кишвари аз ҷиҳати географӣ кӯҳсор, аз нигоҳи ҷойгиршавии захираҳои глятсиологию гидроэнергетикӣ бой ва аз нуқтаи назари таъсироти хатарҳои экологӣ осебпазир наметавонад аз ин мушкилот дар канор бошад. Зеро ҳудуди Тоҷикистон релефи зинамонанд ва водиҳои тангу чуқур дошта, 93%-и қаламрави онро кӯҳҳо ишғол мекунанд ва 80%-и марзи кишвар дар минтақаҳои осебпазир воқеъ гардидааст. Тоҷикистон аз нигоҳи ифлоскунии атмосфера ва истихроҷи газҳои гулхонаӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи 135-ум қарор дошта, бинобар сабаби релефи мураккаб доштану дар минтақаи баландкӯҳ воқеъ гардидан, аз ҷиҳати осебпазирӣ ҳангоми таъсири хатарҳои мухталифи иқлимӣ дар байни кишварҳои ИДМ, соҳили Балтика ва Аврупои Марказию Шарқӣ мақоми аввалро мегирад.

Тавре маълум аст, тағйирёбии иқлим, яке аз муҳимтарин масъалаҳои кураи арз ба шумор меравад ва ҷанбаҳои комплексӣ дошта, фарогири масоили экологӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оид ба таъмини рушди устувори ҳама мамолики олам, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, олимони соҳаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла физика, химия, агрономия, биология, география, метеорология ва экологияро зарур аст, ки оид ба тағйирёбии иқлим, тадбирҳои паст кардани таъсироти антропогенӣ ба иқлим, зиёд кардани ҷангалзорҳо, беҳдошти саломатии ҷомеа ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро ҳамаҷониба андеша намоянд. Чунки пайомадҳои манфию хатарбори тағйирёбии иқлим дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ба таври гуворо мушоҳида шуда истодаанд. Яке аз соҳаҳои осебпазири ин кишвар соҳаи кишоварзӣ буда, ҳамасола дар натиҷаи хушкшавӣ, ботлоқшавӣ, эрозия ва таназзулёбии замин, сар задани офатҳои табиӣ, ярч, аз ҳад зиёд чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, истифодаи нодурусти заҳрхимикатҳо, нуриҳои минералӣ ва паҳншавии касалиҳои зараровар ва ҳашаротҳои зараррасон қисми заминҳои корам ва чарогоҳҳо аз истифода мебароянд.

Барои паст намудани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва мутобиқ сохтани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз қабили кишоварзӣ, саноат, энергетика, иқтисод, тандурустӣ ва гендерӣ ба тағйирёбии иқлим дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин лоиҳаҳои мухталиф амал менамоянд, ки ҳар яки онҳо ойиннома ва мақсаду ҳадафҳои муайяни худро доранд. Лоиҳаҳое, ки ба мутобиқсозии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар бахшида шудаанд, ҳадафи ягонаи онҳо таҳким бахшидани рушди устувор дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар қатори дигар лоиҳаҳои  амалишаванда, яке аз лоиҳаҳои тобоваркунанда ва мутобиқсози соҳаҳои гуногун ба тағйирёбии иқлим, пасткунандаи оқибатҳои манфии он ва дастгирикунандаи шарҳвандони ҷумҳурӣ дар раванди мазкур воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон (КЛИМАДАПТ) мебошад.

Воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне лоиҳаи КЛИМАДАПТ аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) маблағгузорӣ шуда, комилан ба сармоягузории беҳтарсозӣ ва мутобиқнамоии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба тағйирёбии иқлим равона гардидааст. Лоиҳаи мазкур бо мақсади бештар тобовар намудани сектори хусусии ҷумҳурӣ, ба монанди кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва манзили зистро нигаронида шудааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамарӯзаю ҳамасола дучори таъсироти манфию хатарбори тағйирёбии иқлим мешаванд, соҳаи фаъолияти худро бо ёрии лоиҳаи КЛИМАДАПТ метавонанд ба ин тағйирот тобовар созанд ва ҳамзамон, онро рушду инкишоф диҳанд. Зеро лоиҳаи зикргардида дорои имкониятҳои хеле зиёд буда, на танҳо дар мутобиқ намудани самти фаъолияти корафтодагон кӯмак менамояд, балки ба дархосткунандагони қарзҳои фоизашон паст пешниҳод месозад ва дар андешидани чораҳои зарурӣ ба онҳо омӯзиш медиҳад. Яъне, шаҳрвандонеро, ки мехоҳанд, самти фаъолият ва хоҷагии худро ба тағйирёбии иқлим мутобиқ созанд ва инчунин, таъсироти манфии антропогениро ба муҳит кам кунанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки лоиҳаи КЛИМАДАПТ соли 2016 таъсис ёфта, барои дастгирии татбиқи технологияҳои ба тағйирёбии иқлим устувор ба корхонаҳои хурд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хонаводаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ин лоиҳа ба кишоварзон барои такмили идоракунии замин ва истифодааи самараноки обу энергия, барои истифодабарандагону истеҳсолкунандагони технологияҳое, ки ба самаранокии истифодаи обу энергия ва инчунин, идоракунии беҳтарин замин мусоидат мекунанд ва дар бахши беҳсозии манзили зист барои истифодаи босамари обу энергия ва системаҳои гармикунии биноҳо қарзҳои дастрас ва бо фоизҳои пастро пешниҳод менамояд. Бузургтар аз он, лоиҳа пешбарии баробарии гендериро барои ҳалли сабабҳои асосии осебпазирии иқлим бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор эътироф мекунад. Зеро муносиботи гендерӣ, махсусан дар ҷомеаҳои суннатии шарқӣ хеле ҳассос буда, аз таъсири тағйирёбии иқлим ба осебпазирии занон шаҳодат медиҳад. Осебпазирии гуногуни занон дар робита ба мардон ба таври ассиметрӣ инъикос ёфта, дар дастрас набудани дороию хизматрасониҳо ба бонувон инъикос меёбад.

Воқеан, сабаби асосии тағйирёбии иқлим фаъолияти худи инсон дар сайёра буда, ба ифлосшавии атмосфера боис гардидааст ва болоравии ҳарорати ҳаво ба миқдори 2-3°С деградатсияи (коҳишёбии) пиряхҳоро пурзӯр намуда, боиси ба амал омадани ҳодисаҳои фавқулода мегардад. Дар ин ҳолат аввалан сатҳи оби дарёҳои ҷудогона баланд шуда, коҳиши оби дарёҳои дигарро ҷуброн менамояд, вале баъдан дар бисёр дарёҳо камшавии фоҷеаомези серобӣ оғоз мешавад. Маҳз ҳамин ҳолатро ба инобат гирифта, лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар ҳар се бахш - кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва манзили зист ба истифодаи самараноки об ва энергия аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Чунки истифодаи самараноки об ва энергия аз ҳама ҷиҳат манфиатнок буда, ин ду навъи захира дар тамоми соҳаҳои фаъолият аҳамияти бузург доранд. Бинобар ин, лоиҳаи мазкур дар мутобиқнамоии соҳаи кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, якчанд усулҳои ҷадиди истифодаи босамари об, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, насби системаҳои ҷамъоварии оби борон ва системаҳои нигоҳдории обро маблағгузорӣ ва амалӣ мекунад, ки ин усулҳо дар мелиоратсия қариб нав мебошанд.

Мушоҳидаҳои бисёрсоли обуҳавошиносӣ нишон медиҳанд, ки дар давоми 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то 1°С баланд шуда, шумораи рӯзҳои боришоти сел афзудааст ва офатҳои табиии марбут ба об, ки хисороти иқтисодии онҳо дар навбати худ имкониятҳои кишварро барои ноил шудан ба рушди устувор коҳиш медиҳад, зиёд гардидаанд. Аз ин рӯ, устувор сохтан ва тобовар намудани тамоми соҳаҳои фаъолияти аҳолӣ дар Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим басо зарур буда, дар рушду инкишофи ҳамаҷонибаи ҷумҳурӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Барои мутобиқ гардондани бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 «Нақшаи миллӣ - амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро таҳия ва тасдиқ кард, ки он дар робита ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим афзалиятҳои асосиро муайян менамояд. Мақсади ниҳоии лоиҳаи КЛИМАДАПТ ба нақшаи миллӣ - амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқгардонии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба тағйирёбии иқлим комилан мувофиқ буда, амалишавии нақшаи мазкурро метезонад. Бояд гуфт, ки лоиҳаи зикргардида, яке аз воситаҳои амаликунандаи ҳадафҳои нақшаи фавқузикр ба шумор меравад.

Дар Тоҷикистон марҳилаи кунунии стратегияи мутобиқсозӣ, асосан муайян намудани тадбирҳои аввалияи мутобиқсозии имконпазиреро дар бар мегирад, ки бояд бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мусоидат ба рушди устувори кишвар татбиқ ва амалӣ гарданд. Дар марҳилаҳои минбаъдаи таҳияи стратегияи васеъ кардан, санҷиш ва муайян кардани ҷузъиёти чорабиниҳои мутобиқсозӣ пешбинӣ мешавад. Яке аз имкониятҳои бузурге, ки амалишавии стратегияи мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлимро дар Тоҷикистон метезонад, лоиҳаи КЛИМАДАПТ мебошад. Зеро лоиҳаи мазкур на танҳо дар манотиқи мухталифи кишвар барои мутобиқсозии бахшҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва манзили зист корҳои амалие анҷом додааст, балки як қатор шаҳрвандони ҷумҳуриро оид ба масъалаи мазкур омӯзиш дода, сатҳи дониши онҳоро баланд бардоштааст. Тавассути семинару курсҳои омӯзишӣ ва корҳои амалии худ ин лоиҳа илмро ба истеҳсолот пайваст менамояд.

Лоиҳаи КЛИМАДАПТ бо назардошти маблағгузорӣ ва дастрас намудани таҷҳизотҳо барои обёрии заминҳо, насб ё барқароркунии қубурҳои обкаш, насби дегҳои бухории системаҳои гармидиҳӣ, насби панелҳои офтобӣ, нигоҳдории ҳароратии биноҳо ва ҳоказо дар ҳама шаҳру навоҳии дархосткунанда бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ тавассути семинар-омӯзишҳо, буклетҳо, брошюраҳо оид ба пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд. Воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон (КЛИМАДАПТ) барои сармоягузорӣ ба технологияҳои мавҷуда ва озмоишӣ, ки тавассути таъмингарон ва насбгарони тавсияшуда метавонанд дастрас гарданд ва барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва энергия ва паст кардани бодлесшавии (эрозияи) хок равона шудаанд, дастгирӣ пешкаш менамояд. Дар аксарияти минтақаҳои кӯҳистон, ки бинобар сабаби надонистани муносибатҳои дуруст нисбати истифода ва идоракунии замин мавзеъҳои асосии кишоварзию зироаткории худро таҳти фарсоиш карор додаанд, пастшавии ҳосилнокии заминҳо ва даромаднокии соҳа ду сабаб дорад: якум, паст будани сатҳи дониш ва малакаи аҳолӣ дар самти роҳбарӣ ва идораи заминҳои кишт ва дуюм, имконияти молиявӣ барои маблағгузорӣ ва нигоҳдории инфрасохтори заминҳои кишоварзӣ мебошад. Маҳз барои бартараф намудани ҳамин мушкилотҳо лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар як қатор шаҳру навоҳии атрофи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд чандин кишоварзону соҳибкоронро дастгирӣ ва раҳнамоӣ кардааст, ки мисоли онро дар шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Хуросон, Бохтар, А.Ҷомӣ, Ҷ.Расулов, дида метавонем.

Ин лоиҳа барои соҳибкории бахши хусусӣ, аз ҷумла кишоварзон, соҳибкорон ва хонаводаҳо тавассути муассисаҳои молиявии шарики худ - бонки Эсхата ва ташкилотҳои амонатии хурди Имон Интернешнл, Ҳумо ва Арванд бо фоизҳои нисбатан паст қарзҳо пешниҳод менамояд. Қарзҳои КЛИМАДАПТ дар ин соҳаҳо бо асъори миллӣ (сомонӣ) барои технологияҳои пешкаши тасдиқшуда ва соҳибмулкон баробар ба 500 то 300 000 доллари ИМА ва барои технологияҳои тасдиқшудаи дар марҳилаи коркард қарордошта, ки бояд аз арзёбии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим гузаранд ва гурӯҳи соҳибмулкону шахсони ҳуқуқӣ баробар ба 1000 то 1000 000 доллари ИМА пешниҳод карда мешаванд.

Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки лоиҳаи КЛИМАДАПТ дар тӯли беш аз як сол фаъолият тавонист ба пешравиҳои назаррас ноил гардад, яъне он дар як муддати кӯтоҳ ба рушди устувор расида, маблағгузории соҳаҳоро бо дастгирии донорҳои байналмилалӣ осонтар намуд. Ҳамин аст, ки дар ин муддат бо ёрии лоиҳа зиёда аз 2000 қарзгирандагон - хонавода, деҳқонон ва корхонаҳои хурду миёна барои технологияи нави ба тағйирёбии иқлим тобовар, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, гармхона, тирезаҳои гармнигоҳдор, системаи ҷамъоварии оби борон, системаҳои нигоҳдории об, панелҳои офтобӣ ва дигар таҷҳизотҳо қарз гирифтанд. Аз шумори умумии қарзгирандагон, қариб 29%-и онҳоро занон ташкил медиҳанд ва аз ин 59%-ашон дар деҳот умр ба сар мебаранд. Далелҳо собит месозанд, ки бонувон асосан қарзро барои маблағгузории хона истифода мебаранд ва мардон ба самтҳои гуногун маблағ мегузоранд. Аз ин, бармеояд, ки баробарии гендерӣ яке аз мақсадҳо ва ҳадафҳои асосии КЛИМАДАПТ буда, лоиҳа барои баланд бардоштани устувории занон ба тағйирёбии иқлим тавассути бартараф сохтани камбудиҳои гендерӣ ва дастгирии маблағгузорӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, лоиҳаи КЛИМАДАПТ барои дастгирии кишоварзон, соҳибкорон ва хонаводаҳо, ки барои мутобиқсозии фаъолият ё манзили зист ба тағйирёбии иқлим кӯшиш менамоянд, дастгирӣ пешкаш мекунад ва ҳадафҳои лоиҳаро дар самти мутобиқсозии соҳаҳои зикргардида ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

  1. ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти тағйирёбии иқлим;
  2. омӯзиши истифодаи оқилонаи манъбаҳои алтернативии энергия;
  3. истифодаи васеи технологияҳои аз нигоҳи экологӣ безарар;
  4. истифодаи таҷҳизот ва дастгоҳҳои каммасрафи энергетикӣ;
  5. истифодаи оқилонаи захираҳо ва коркарди ҷадиди партовҳо;
  6. обёрии қатрагӣ ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида. 

Номвар ҚУРБОН

табиатшинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

Хондан 2752 маротиба