JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 03 Апрели 2021 07:29

Олими пуркору дақиқназар

Муаллиф: Равашан Раҳмонӣ

  Профессор Абдулҳай Маҳмадаминовро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун айнишиноси маъруфу дақиқор ва пуркор мешиносанд, вале ӯ муаллифи асарҳое оид ба масъалаҳои гуногуни фарҳанги тоҷикон низ аст. Дар навиштаҳои устод масъалаҳои гуногуни назарӣ ва амалии адабиёт, нақди адабӣ, адабиёти муосиру классик, таҳқиқи матн, равобити адабӣ, фолклор, китобдорӣ, луғатнигорӣ, тарҷума, дин, сиёсат мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин мақола мо ба таври мухтасар ба баъзе нуктаҳои ҳаёт ва фаъолияти илмии ин донишманди дақиқназар сухан мегӯем.

  Устод Абдулҳай Маҳмадаминов баъди бо дипломи аъло ба поён расонидани УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ ) аз соли 1973 то имрӯз бо таълим, тарбия ва омӯзонидани таҳқиқи илми адабиёт ба шогирдони филолог машғул аст. Эшон зимни фаъолият таълимӣ ва илмӣ дар солҳои гуногун дар вазифаҳои масъулиятнок – ҷонишини декани шуъбаи тайёрӣ (1984-1992), ҷонишини декан оид ба шубъаи ғоибонаи факултети  филология (1996-1999), раиси Шӯрои илмию методии факултети филология (2009-2017) кор кард. Устод аз солҳои аввали кор то имрӯз дар кафедраи адабиёти советии тоҷик (ҳоло кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ) дар вазифаҳои муллим, муаллими калон, дотсент ва профессор фаъолият намуда, роҳбари маҳфили инфиродии илмии «Нақди адабӣ» низ мебошад. Муаллифи беш аз 30 китоб, барнома, маҷмӯа ва китобҳои гуногун аст. Ҳамчунин дар матбуоти даврӣ, маҷаллаҳо, китобҳо, донишномаҳо чандсад мақолаҳои эшон дар дохил ва хориҷи кишвар ба нашр расидааст.

  Тавре ишорат шуд, ки корҳои бештари илмии А. Маҳмадаминов асосан ба омӯзиш ва пажӯҳиши рӯзгор ва осори донишманди нобиға, устод Айнӣ бахшида шудааст. Дар таҳқиқи эшон ҳам зиндагинома ва ҳам таълифоти гуногуни устод Айнӣ ҷойгоҳи хос дорад. Аз ҷумла ӯ дар бораи тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ мақолаҳои зиёд ва чанд рисолаи илмӣ таълиф намудааст, ки баъзе аз онҳо ба забонҳои хориҷӣ низ тарҷума ва нашр шудаанд. Аз ҷумла дар рисолаҳои илмии эшон «Поик истины» (Ҷустуҷӯи ҳақиқат, 1994), «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддинхоҷаи Айнӣ ва сарнавишти тоҷикон» (2008), «Садриддин Айнӣ – олим» (2010), «Духтарбача ё ки Холида» (2010) ва ғайра ҳаёт ва эҷодиёти устод Айнӣ ба таври дақиқ ва бо диди тозаи илмӣ таҳқиқ шудааст.

  А.Маҳмадаминов ҳамзамон дар бораи шахсиятҳои маъруфи адабиёт ва фарҳанги мо ба монанди устод Абулқосим Лоҳутӣ («Сухан аз корномаи устод Лоҳутӣ», 2007), Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ («Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ. Дафтари сабз», 2004), Ҳоҷӣ Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ («Раҳбари наҷот», 2011), Ҳамид Бақозода («Родмарде аз Самарқанди бостон», 2012) ва дигарон асарҳои арзишманд таълиф намуда, дар онҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабии ин равшанфикрон суханҳои тоза ва нек гуфтааст.

  Банда, устод Абдулҳай Маҳмадаминовро, ки зодаи деҳаи Муллокони ноҳияи Сари Хосори вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) аст, 48 сол аст, мешиносам. Замоне ки соли 1972-1973 ин ҷониб дар курси аввали факултети филологияи тоҷики ҳоло ДМТ таҳсил мекардам, ӯ дар яке аз гурӯҳҳои мо (соли 1973) дарс мегуфт. Устод дар дарси аввал, баъди ҳозир ғоиб, порчаеро аз як асари Айнӣ (шояд аз «Дохунда») азёд, мисли шеър замзама мекунад. Баъди дарс дар байни донишҷӯён овоза паҳн шуд, ки як муаллими ҷавони лоғраандоми пурдон асарҳои устод Айниро пора-пора мисли шеър бо ҳаяҷон азёд мехонад.

  То он замон донишҷӯёни 17-18 сола (курси аввал), ки тоза аз мактаб ба донишгоҳ омодаанд, азёд кардан ва хондани шеърро медонистанд, вале аксарият (ба ҷузъ баъзеҳо) намедонистанд, ки порчаҳои насриро низ ҳифз карда, бо маҳорат хондан мумкин аст. Баъди шунидани чанд порчаи насрӣ аз гуфтори А.Маҳмадаминов, ки ба донишҷӯён таъсир карда буд, онҳо хуб дарк намуданд, ки осори насрии нависандагонро низ ҳифз карда, бо садои баланд бо эҳсосу таъсирбахш метавон хонд. Он солҳо, донишҷӯён фаҳмиданд, ки порчаҳои насрӣ низ ба монанди осори манзум барои шунидан ҳаловат мебахшад. Баъдҳо таҳти таъсири эшон, дар байни донишҷӯён касоне пайдо шуданд, ки порчаҳои дилнишини насриро аз осори нависандагон азёд карда, дар маҳфилҳо бо садои баланди пуртаъсир мехонданд ва баъзеҳо кӯшиш мекарданд, ки порчаҳои ҳифзнамудаи худро аз тариқи радио ба шунавандагон расонанд.

  Медонам, ки аз он солҳо то имрӯз донишҷӯёни зиёд аз устод А.Маҳмадаминов чун устоди пурдон ва дар айни замон сахтгир ёд менамоянд. Сахтгирии устод шогирдро ба роҳи дуруст ва комёбии илмӣ равон сохта, ӯ аз ин тариқ маҷубур мешавад, ки осори зиёдро биомӯзаду худ сазовори ситоиш қарор гирад.

  Баъди як соли хатми донишгоҳ банда низ дар кафедари фолклор ва адабиёти халқҳои СССР (аз соли 1978) ҳамчун мудири кабинети забон ва адбиёт ба кор оғоз карда, то кунун дар мавридҳое бо устод А.Маҳмадаминов ҳамсуҳбат шуда, аз гуфтаҳои пурмуҳтавои эшон баҳраманд мешавам.

  Яке фаъолиятҳои устод ин аст, ки ӯ виросторӣ беҳтарин ва бодиққат аст. Ҳар матнеро, ки мехонад дар ҳар саҳифаи он ҳатман нуқсонҳои имлоӣ ва услубӣ пайдо менамояд. Бо ин амали неки худ ба муаллифи асар ёрӣ мерсасонад, то вай ин нуқсонҳоро бартараф созад. Ҳамин дақиқназарӣ аст, ки устод солҳои зиёд (аз соли 1973 то имрӯз) бо нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и ДМТ ҳамкорӣ дорад. Ёдам аст, ки як муддат ҳамсарашон муаллимаи гиромӣ Иззатмоҳ Афғонова сармуҳаррири ин нашрия (1978-1994) буданд. Устод А.Маҳмадаминов ба таври мунтазам ба эшон дар таҳрири маводи нашрия ёрӣ мерасонид. Дар ҳамон солҳо ҳар донишҷӯ, аспирант, омӯзгор чизе нависад, асосан аз зери таҳрири устод А.Маҳмадаминов мегузашт.

  Имрӯзҳо, дар сатҳи байналмилалӣ, аз тариқи воситаҳои техникӣ забт (запись) кардани матнҳои фолклорӣ арзиши бештар пайдо намудааст, ки барои амалӣ намудани ин кор заҳмат ва вақти зиёд лозим аст. Пажӯҳанда матнро сабт мекунад, баъд онро бо ҳамон тарзи баёни гӯянда бознависӣ менамояд. Ҳангоми бознависӣ мисраҳо ё ҷумлаҳоро такрор ба такрор борҳо мешунавад то иштибоҳе рух надиҳад; пасон луғатҳои лаҳҷавиро шарҳ ва баъзе нуктаҳои муҳимро тавзеҳ менамояд. Дар натиҷа матни комилан илмӣ ба даст меояд, ки баъдан онро пажӯҳандагони фолклоршинос, забоншинос, адабиётшинос, мардумшинос ва ҳамчунин ҷомеашиносу равоншинос мавриди истифода қарор медиҳанд.

  Фаъоляти ин донишманди пуркор – А.Маҳмадаминов ин қадар густурда аст, ки кас намедонад роҷеъ ба кадом бахши он суҳбат намояд. Як бахши муҳими корҳои илмии эшон гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиш адабиёти гуфторӣ (фолклор) мебошад. Ин ҷониб қариб 30 сол аст, ки бо устод, дар як кафедра, ҳамкор ҳастам. Гоҳе дар раванди ҳамоишҳои илмӣ, нашри мақолаҳо ва рисолаҳо ба ҳамдигар машварат медиҳем. Эшон як хислати аҷибе дорад, ки кӯшиш мекунад ҳар сарчашмаи илмиро ҷустуҷӯ карда, онро бо чашм худ бинад. Ин корро фақат пажӯҳандаи дақиқназар анҷом медиҳад. Тахминан 20 сол пеш боре А.Маҳмадаминов аз ман дар бораи равиши сабти матнҳои фолклорӣ, афсонашиносии кишварҳои аврупоӣ пурсон шуда, баъдан худ ба китобхонаҳо рафта, бо корҳои илмии фолклоршинсони хориҷӣ ошно гашт.

  Дар натиҷа ба гирдоварии матнҳои фолклорӣ даст зад. Натиҷаи он чунин шуд, ки ӯ зимни корҳои зиёди дигари илмии хеш, аз гӯяндаи моҳири боистеъдод Сайид Муҳаммадӣ (1927-2009) матнҳои зиёди фолклориро сабт намуда, чанд намунаи онро айнан бо равиши илми фолклоршиносӣ ба нашр расонид. Яке аз он китбочаи хурде аст, ки онро профессор А.Маҳмадаминов ба воситаи магнитофон забт карда, сипас айнан бо равиши илмӣ бознависӣ намудааст, ки кори заҳматталаб аст. Ин матни илмӣ зери унвони «Қиссаи ҳазрати Шоҳ Аҳтам» (Матни илмӣ, 2002) нашр шуд. Қиссаи мазкур таърихӣ ва динӣ буда, гӯяндаи он Сайид Муҳаммадӣ  аст, ки ӯ онро дар маъракаҳо бо маҳорати баланд баён мекардааст.

  Бояд ёдовар шуд, ки жанри қисса аслан динию мазҳабӣ буда, то имрӯз дар байни мардум роиҷ аст. Вале бо таассуф фолклоршиносон ин жанрро аз байни мардум хеле кам гирдоварӣ, нашр ва таҳқиқ намудаанд. Матни «Қиссаи ҳазрати Шоҳ Аҳтам» яке аз аввалин матнҳои динӣ (жанри қисса) мебошад, ки аз гуфтори як ровӣ сабт шуда, А.Маҳмадаминов дар ҳар саҳифаи матн калимаҳои лаҳҷавиро шарҳ додааст.

  Соли 2016 китоби дигари А.Маҳмадаминов зери унвони “Маликаи Зебоҳусн. Афсонаҳои Сайид Маҳмадӣ дар сабти Абдулҳай Маҳмадаминов” ба воситаи магнитофон забт гардида, баъдан чоп шуд. Ин китоб комилан бо равиши илмӣ ба нашр расида, онро устоди гиромӣ дар тӯли чандин сол бо заҳмат сабту забт кардааст. Китоб афсонаҳои ҳамон гӯяндаи боистеъдод – Сайид Маҳмадиро дар бар гирифтааст. Профессор А.Маҳмадаминов дар аввали китоб зери унвони “Афсонагӯи беназир” ба таври муфассал роҷеъ ба зиндагии ин марди донандаи адабиёти гуфторӣ иттилоъ медиҳад, ки барои хонанда дарси зиндагист. Сипас муаллиф матнҳои афсонаҳои “Маликаи Зебоҳусн”, “Ойиму ориф”, “Шоҳзода Доробшоҳи Зарринкамар”, “Дузди Соҳибқирон”-ро бо ҳамон тарзи баёни гуворои маҳаллии ровӣ меорад. Дар поварақи ҳар саҳифа вожаҳои гуфториро шарҳ медиҳад. Ин пажӯҳандаи дақиқназар барои дарки бештари матн дар охири китоб “Феҳрасти номҳои Аллоҳ Таъоло”, “Феҳрасти номҳои ҳазрати Муҳаммад (с)”, “Феҳрасти номи Қуръони азиму-ш-шаън”, “Феҳрасти номи сураҳо”, “Феҳрасти сарчашмаҳои истифодашуда”, “Феҳрасти асарҳои зикршуда”, “Феҳрасти рӯзнома ва маҷаллаҳо”, “Феҳрасти номҳои шахсӣ”, “Феҳрасти номи ҳайвонот”, “Феҳрасти номҳои ҷуғрофӣ”, “Феҳрасти номи ҷирмҳои осмонӣ”-ро низ овардааст. Ҳақиқат ин аст, ки ба воситаи забти овоз, ба ин равиши илмӣ ба чоп омода намудани матн дар кишвари мо хеле кам сурат гирифтааст. Ин асари илмӣ барои пажӯҳишандагони бахшҳои гуногуни илми филология ва улуми иҷтимоӣ, ба вижа таҳқиқи жанри афсона, хеле арзишманд аст.

  Профессор А.Маҳмадаминов ҳангоми суханронӣ дар ҳамоишҳо, баррасии рисолаҳои илмӣ, маҳфилҳо, ҳатто зодрӯзи ҳамкорон ва дӯстон вобаста ба ҳамон муҳит нуктаҳои ҷолибе мегӯяд. Агар гуфторҳои ӯ дар ҳамон замон аз тариқи диктофон забт шуда, баъдан бознависӣ шавад, ҳар кадоме як мақолаи пурмуҳтаво аст.

  Тавре ки ишора шуд, таълифоти профессор А.Маҳмадаминов серсоҳа буда, оид ба ҳар бахши он метавон ба таври муфассал дар мақолаҳои ҷудогона изҳори назар намуд, ки ин кори оянда аст.

  Ин донишманди пуркор аз даврони хурдсолӣ то имрӯз роҳи пурпечутобро аз сар гузаронида, ба гуфти Саъдии бузургвор аз илм камол ёфтааст, на аз «ҳашамату ҷоҳу молу манол», ки дар оянда бояд рӯзгор ва осори ӯ ба таври муфассал мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирад:

 

Бани одам аз илм ёбад камол,

На аз ҳашамату ҷоҳу молу манол.

 

  Инак, устоди гиромӣ профессор А.Маҳмадаминов ба синни 70 расидааст. Ӯро бо ин санаи муборак табрик гуфта, пеш аз ҳама барояш тандурустӣ орзумандем ва баъдан умедворем, ки дар оянда низ бо асарҳои гуногуну пурмуҳтавои худ барои рушди илму фарҳанги миллии тоҷикон хидмати бештар менамояд.

 

Равашан Раҳмонӣ

Профессор ДМТ

Хондан 50 маротиба