Нусхаи чопи
Душанбе, 21 Ноябри 2022 05:31

Афтиши метеорити Челябинск ба Замин

Муаллиф: Сафаров Сангин

 

  Метеороидҳо ин ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ буда, андозаашон аз 10-3 см калонтар ва аз астероид хурдтар мебошад. Онҳо ба Замин бо суръати аз 11 то 72 км/сон вомехуранд. Метеор дар натиҷаи ба Замин дохил шудани метеороидҳо ба атмосфераи Замин буғ шуда, ҳодисаи ситораи паррон дида мешавад, ки онро дар астрономия ҳодисаи метеорӣ ё метеор мегуянд. Агар массаи метеор калон бошаду суръаташ камтар он гоҳ як қисми вай ба Замин меафтад, ки онро метеорит меноманд. Агар дурахшони ё қадри ситорагии метеор аз қадри ситорагии сайёраи Зӯҳро (-4m) калон ё баробар бошад, онро болид меноманд. Калимаи метеор - аз калимаи юнонӣ «метеорос» - ҳодиса дар боло гирифта шудааст.

Расми 1. Метеори дурахшон, атрофаш бо гази ионизатсияшуда пушонида шудааст

  Афтиши метеорити Челябинск субҳи 15 – феврали соли  2013  тақрибан соати 920 бо вақти маҳалӣ ба вуқуъ пайваст. Ин ҷисми метеоритӣ дар атрофи Челябинск дар баландии 15-25 км таркиши азимеро ба вуҷуд овард. Аз ҳисоби зарардидагон (1613 нафар), ин метеорит дар таърихи ҳуҷатгузори ҷаҳон ҳамшабеҳи худро надорад. Аммо дар манбаъҳои хитойӣ гоҳ-гоҳ аз фавти одамон вобаста ба афтиши метеоритҳо дарак дода мешавад. Мувофиқи ҳисоби НАСА метеорит ба диаметри 17 м ва массаи 10 000 тон ба атмосфераи Замин бо суръати 18 км/сон дохил шудааст. Давомнокии парвози атмосфери онро ба назар гирифта гуфтан мумкин аст, ки вай таҳти кунҷи ниҳоят тез афтидааст, 32,5 сония пас аз дохил шудан ба атмосфера ин ҷисми ҳавоӣ таркид. Таркиш мавҷҳои бузурги зарбавиро ба вуҷуд овард. Миқдори умумии энергияи ҷудошуда мувофиқи ҳисоби НАСА тақрибан 500 килотонн бо экваленти протонӣ ташкил дод. Аммо Академияи Илмҳои Руссия онро ба 100 – 200 килотон баробар медонанд. Мувофиқи ҳисоби НАСА ин аз ҳама ҷисми калонтарини ҳавоие мебошад, ки пас аз афтидани метеорити Тунгус, ба Замин афтодаст ва ҳодисаи дар 100 сол як бор рухдиҳандаро пеши назар меорад. Бо сабаби траекторияи номуайян доштанаш қисми ками энергияи таркиш ба минтақаҳои аҳолинишин расида тавонист. Аз таъсири зарбаи мавҷ 613 нафар (одамон) зарар диданд. Ин ҳам бошад аз ҳисоби шикастапораҳо, 112 нафар ба беморхона интиқол дода шудаст ҳамагӣ 2 нафарашон дар ҳолати вазнин буданд. Зарбаи мавҷ биноҳоро низ зарар дод, зарари расонидашударо мутахасисон ба як миллиард рубл баробар медиҳанд. Дар Красноармейск, Каркинск, Увелек ҳолати фавқуллода эълон шуд.

Ҷисми ҳовоӣ то дохил шуданаш ба атмосфера мушоҳида карда нашудааст. Пораҳои авалини он дар шакли метеоритҳои хурд якчанд рӯз пас ёфт гардиданд.

 

          

Расми 3. Авалин пораҳои ёфтшуда

   Мутахасиси хадамоти кайҳонии Европа Хейнер Клинкард қайд намуд, ки дохилшавии ин ҷисм ба атмосфера но вобаста аз андозаи бузургиаш аз назар пинҳон монд зеро, ки телескопҳои ҳозиразамон барои ҷустуҷуи астероидҳои андозаи диаметрашон зиёда аз 100 м муқарар гардидааст. (Андозаи метеорити Челябинск 17 м). То ҳол ҳамагӣ як бор ба олимон имкон даст додаст, ки бархурди ҷисми ҳавои ба Заминро пешгуӣ кунанд, ки ин астероиди 2008 ТС3 буд. Пол Чодас мушоҳида кардаст, ки ин метеорит ба Замин дар якчанд даҳсолаи охир умуман наздик нашудаст. Аз ҳамин сабаб дар тасвирҳои пеш гирифташудаи Замин аз сабаби рушноии камаш умуман дида намешавад.

 Масири Метеорит.

    Мувофиқи маълумотҳои Академияи Илмҳои Руссия ин ҷисми кайҳониест, ки бо суръати 30 км/с бо траекторияи паст дар Замин афтодаст. Мутахасиси шӯъбаи Ҷамъияти Географи Руссия Сергей Захаров гуфтаст, ки ин ҷисм аз ҷануб ба шарқ ба шимолу ғарб парвоз кардаст. Траекторияи парвоз бошад ба азимути қариб 2900 ба хати Еманжелинск Миасс ба вуқуъ омадаст. Траекторияи метеорит, ки баъд аз афтиш аз тарафи астрономҳои Колумбия тартиб дода шуд, асосашро омузиши сабти ду навори мушоҳидавӣ ташкил медиҳад, ки якеаш дар майдони Револютсия дар маркази Челябинск дигараш дар Каркино ҷойгир шуда будаад. Метеорит ба гуруҳи Аполонҳо тааллуқ дорад. Аниқии пешгуӣ тавасути як нишондоди номуайяни озод муайян карда мешавад: Масофаи байни майдони Револютсия ва нуқта дар болои Замин, ки дар он ҷо таркиш ба вуқуъ пайваст. Мувофиқи маълумотҳои астрономҳои Чехия оид ба траекторияи метеорит ҷисм ба атмосфера дар баландии 92 км бо суръати 17,5 км/сония дар координатаҳои 54,508° тӯли шимолӣ  ва 64,266° азимути шарқӣ ворид шудаст. Аз ҳама равшании баландтарин дар нуқтаи бо координатаҳои 54,836° тӯли шимоли ва 61,4550 азимути шарқи, дар баландии 32 км дар ҷое, ки порашавии он оғоз гардид, рух дод. Дар баландии 26 км сустшави суръати ҷисм оғоз шуд, ки дар баланди 15 км алакай 4,3 км/с кам гардид. Мавҷи зарбавӣ бошад дар баланди  26 – 30 км  ба вуҷуд омад. Олими дигар Питер Бравн траекторияи метеоритро дар асоси 400 видеоролик таҳлил намуда ба хулосае омад, ки ҳисоби астрономҳои Чехия дуруст аст.

 Мушоҳидаҳои атмосферӣ.

   Парвози ҷисми метеори аз лаҳзаи дохил шуданаш ба атмосфера то ба вуқуъ омадани таркиш 32,5 сонияро ташкил дод. Аввалин ҳаракти ин ҷирмро дар ҳаво дар соати 715 ба вақти Москва сокинони Вилоятҳои Костенайск ва Актюбинский Қазоқистон диданд. Аз ин ҷо то Челябинск масофа 750 км – ро ташкил медиҳад.

   Бо ақидаи номзади илмҳои география Сергей Захаров парвози ин ҷисми метеорӣ дар болои Челябинск се таркиши ба қуваҳои гуногунро дар бар мегирифт. Ин таркишҳо равшании баландро доро буда, то 5 сония давомнокӣ доштанд. Ҳарорати таркиш зиёда аз 2500° – ро ташкил медод. Баландии таркиш бошад дар болои Замин дар баландии 30 -70 км қарор дошта қувватнокиаш ба 0,1 ба 10 килотон мерасид. Эписентри таркиш дар ҷанубтари Челябинск дар ноҳияи Еманжелинск - Южноуралск қарор дошт. Дар ҳолати таркиши ҷисм Сейесмологҳои америкоӣ  заминларзаи ба қувваи 4 балро дар ҷанубу ғарбии Челябинск ба қайд гирифтанд. Эписентри Заминларза дар координатаҳои 55,150 а.ш, 61,410 т.ш воқеъ гардида буд. Баъд аз чанд рӯзи афтиши метеорити Челябинск маълумотҳо оид ба вуҷудҳои абрҳои нуқрагин пайдо шудаанд.

Мушоҳидаҳо аз кайҳон.

  То дохил шудан ба атмосфера ин ҷисми осмонӣ ба сабаби хурд будани андозааш аз тарафи ягон марказҳои мушоҳидавӣ ва телескопҳо ба қайд гирифта нашудаст спутникҳои Мeteasat 9 ва Мeteasat 10 тавонистанд, ки изи ғуборолуди баъд аз парвози метеорит боқимондаро сурат гиранд. Мувофиқи маълумотҳои спутники Ҷопони МТSАТ – 2 изи стратосферии метеорит дар осмон тӯли 9 соат боқӣ монд ва ҳарорати изи метеорит ба – 310 баробар буда аз ҳарорати газҳои атроф якчанд карат афзалият дошт (-1080).

Ҷои афтиш ва ҷӯстуҷуи он.

  15 – феврал се ҷои афтиши пораҳои метеорит пайдо гардид; ду то дар райони Чебаркули Челябинск ва як то дар Златаустовск. Баъд аз 5 – соат ҷои аниқи афтиши метеорит маълум гардид – кӯлли Чебаркул 1 – км дуртар аз шаҳри Чебаркул. Мувофиқи гуфтаи шоҳидон ҳангоми афтиши метеорит оби кул ба андозаи 3-4 м баланди лапиш хурд. Дар ноҳияи Якутск мувофиқи маълумотҳо борони метеорит ба амал омад аз ҳама пораи калонтарини метеорит ба андозаи 1 кг рӯзи 25 – феврал дар деҳаи Тровник ёфт гардид.

Тадқиқотҳо

Мувофиқи маълумотҳои Профессор Михаил Назаров метеорит ба гуруҳи махсуси хондритҳои муқарари LL5 мансуб мебошанд. Мувофиқи гуфтаҳои Эрик Галимов моддаи асосии метеорит 4,5 млд сол пеш ба вуҷуд омадааст қариб 300 милион сол пеш ин метеорит аз ҷисми мадораш канда шуда ва якчанд ҳазор сол пеш аз сабаби бархурд ба ҷисми сеюм дар он тарқишҳо пайдо шуданд. Ташхиси ренгенофлуорестсенти имкон дод, ки ҳиссаи массаи элементҳои кимиёви таркиби он муайян карда шавад ва он чунин аст. Si=18,3, Ti=0,053, Al=1,12, Cr=0,40, Fe=19,8, Mn=0,26, Ca=1,43, Na=0,74, K=0,11, P=0,10, Ni=1,06, Co=0,046, S=1,7.

Таркиби минерали метеорит.

Оид ба таркиби кимиёви метеорит аввалин маълумотҳоро академик Виктор Гроховский пешниҳод намуд. Вай гуфтааст, ки ин хондрити муқарари буда таркибаш аз метали оҳан, оливин, мисс ва сулфитҳо иборат аст. Таркиби минерали ин метеорит ба дигар хондритҳои гӯруҳи LL5 монанди дорад. Илменит, ки дар дигар хондритҳо ёфт нашуда буд дар ин метеорит ба шумораи кам мавҷуд аст. Дар қишри он модаҳо аз қабили пентландит (Fe,Ni)9S8, годлевскит (Ni,Fe)9S8, аваруит Ni2Fe-Ni3Fe, осмий, иридий, платина, хиббингит Fe22+(OH)3Cl ва магнетит Fe2+Fe23+O4 ёфт гардиданд. Дар ин метеорит пентландит захираи асосии мисс ба ҳисоб меравад. Хондритҳо андозаи 1 мм хурд ва таркиби гуногун доранд.

 

 Номгуи модаҳои асл ва омехтаи метеорит

Минерал

Формула

Нишондиҳанда

Оливин

(Mg,Fe)2SiO4

Асос

Ортопироксен

(Mg,Fe)2Si2O6

Асос

Троилит

FeS

Омехта

Хизлевудит

(Ni,Fe)3S2

Омехта

Камасит

альфа-(Fe,Ni)

Омехта

Тэнит

гамма-(Fe,Ni)

Омехта

Хромит

(Fe,Mg)Cr2O4

Омехта

Диопсид

CaMgSi2O6

Омехта

Плагиоклаз

(Ca,Na)Al2Si2O8

Омехта

Таркиби шишагии метеорит

 

Омехта

Ильменит

FeTiO3

 

Хлорапатит

Ca5(PO4)3Cl

 

Мерриллит

Ca9NaMg(PO4)7

 

 

  Мувофиқи тадқиқотҳои кормандони иниститути минирелоги Академияи Илмҳои Руссия пораи метеорити аз деҳаи Депутатский ёфташуда чунин таркиб дорад; моддаҳои шишагин 35%, форстерити оҳан 37%, гиперстент 11%, албит 8%, троилит 4%, хулаи никелу оҳан 3%, хромит 1%, ва дигар моддаҳо иборат аст.

  Мутахасисони соҳаи геологияи Сибир якҷоя бо олимони соҳаи геология ва минерологияи Академияи Илмҳои Руссия ташхиси боқимондаҳои метеоридро ба роҳ монданд. Чи хеле, ки дар боло қайд намудем минералҳои асоси таркиби метеорит оливин ва ортопироксен мебошанд. Олимон ба он назаранд, ки метеорит аз ҳамон моддаҳое таркиб ёфтааст, ки аз онҳо саёраҳо ба вуҷуд омаданд. Барои ҳамин ҳам омузиши ин ҷисми кайҳони метавонад маълумоти мушахасеро оид ба механизми пайдошави Системаи Офтобӣ ба илм ворид кунад.

Зарарҳое, ки аз афтиши метеорит ба мардум расид.

 Соати 2100 бо вақти Маскав маълумотҳое ба даст омад, ки оид ба зарардидагон аз пораҳои метеорит дарак медод. Шумораи умумии одамони зарардида ба 1142 нафар мерасид, ки 48 – нафари онҳо дар беморхона бистари шуданд ва аз онҳо 13 – нафарашонро кӯдакон ташкил медод. Дар маълумотҳое, ки баъдтар ба даст омадааст шумораи умумии шахсони зарардида дар рӯзҳои минбаъда, ки ба осебҳои гуногун ба беморхонаҳои Челябинск муроҷиат намуданд ба 1613 – нафар расид, ки шумораи умуми кӯдакон аз 324 – нафар иборат буд. Гуфта мешавад, ки дар Челябинск қариб 3000 хонаҳои истиқомати зарар диданд қариб 24 000 одамон барои бартараф кардани харобиҳо сафарбар шуданд, тақрибан 7320 адад биноҳои маданӣ зарар диданд. То 11 – апрел ҳамаи харобиҳо бартараф гардиданд, зарари асоси ба 6 – нуқтаҳои аҳолинишини вилояти Челябинск расид; Инҳо шаҳрҳои Эманжелинск, Копеск, Коркино, Южна Уралек, Челябинск ва деҳоти Эткул ҳастанд. Бар асари мавҷҳои зарбави бом ва деворҳои захирагоҳи заводи коркарди рӯҳи Челябинск осеб дид. Ягон гуна  хатари экологӣ барои шаҳр ба бор наовард, кормандони завод зарар надиданд ва корро идома доданд. Вобаста ба воқеаи ба амал омада дар биржаи Лондон нархи рӯҳ афзуда саҳмияҳои завод 1,9% коҳиш ёфт. Бар асари бориши метеори қасри яхини чароғаки Урал ва майдони хокейбозии трактор осеби ҷидди дида миқдори зарари расонидашуда 125 милион рубл арзёби мегардад миқдори умуми зарари моляви бар асари ин офати таби расонидашуда ба 400 милион рубл баробар ҳисобида мешавад. Дар навбати аввал барои барқарор кардани харобиҳо аз буҷаи вилоят 9 милион рубл ҷудо гардид. Бо сабаби эълон гардидани ҳолатҳои фавқулода дар якчан шаҳрҳои вилояти Челябинск мудати ду рӯз таътил манъ карда шуд. Қарор дар бораи аз ҳолати фавқулода баромадани вилоят 5 – март ба тазкиб расид, 19 – феврали соли 2013 аз тарафи кумитаи тадқиқоти метеори Академияи Илмҳои Руссия ба тамоми шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъияти умуман ҳамаи ононе, ки ба ин ҳодиса бетераф нестанд муроҷиатнома ирсол карда шуд. Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки «аз тамоми шаҳсоне, ки оид ба ин масъала ягон маълумот ё дарёфте доранд ба мо муроҷиат намоянд», аз ин бар меояд, ки барои омузиши ҳодисаи мазкур тамоми қувваҳо сафарбар гардиданд. Аз тарафи ҳукумат барои бартарафсози харобиҳо ҷаҳду талош дорад, онҳо 7171 биноҳои маъмурию мадани ва фарҳангию истеҳсоли, ки 98% - и биноҳои зарардидаро ташкил медиҳанд барқарор сохтанд ва ҳамаги дар 150 бинои нисбатан вазнин зарардида кор давом дорад.

 

Муносибати сокинони мамлакат ва ҷаҳон оид ба ин фоҷиа.

Афтиши метеорит яке аз мавҷҳои асосии васоити ахбори ома дар тӯли тамоми ҳафта ба ҳисоб мерафт. Дар муддати 15 – соат наворе, ки дар ин афтиши метеорит сабт гардидааст зиёда аз 7,7 милион маротиба тамошо намудаанд 72 – соат баъд аз лаҳзаи таркиш қариб 400 сабти видеои пайдо шуд, ки онро зиёда аз 100 милион маротиба дар шабакаи Руссия Тудей тамошо намудаанд. Аз шабакаҳои телевизионии Руссия ва дигар давлатҳо низ ин руйдодро пахш намудаанд. Ҳамаи қувваҳои ноҳиявии марказҳои ҳолатҳои фавқулодаи Руссия барои бартараф кардани оқибатҳои офат сафарбар шудаанд. Шумораи онҳо ба 2000 – нафар мерасид се то дасгоҳи муайянкунандаи таркиби ҳавои атмосфери бе ист кор мекарданд. Дар баробари ин манитаринги радиатсиони ва химики гузаронида шуд ҷоноишини сарвазири Руссия ва ИМА бояд системаи муҳофизатиеро бисозанд, ки сайёраи моро дар оянда аз ин гуна офатҳо ҳифз намояд 18 – феврали соли 2013 дар ҷаласаи махсус оид ба ин масъалаи ҳиссаи Руссия дар ҳифзи сайёра аз хатарҳои кайҳони хело бузург арзёби гардид; Харҷе, ки Руссия бояд дар ин самт дар 10 соли оянда кунад ба 58 миллиард рубл баробар донистаанд. Мувофиқи пешниҳодҳо дар оянда Роскосмос ва Академияи Илмҳои Руссия бояд барномаеро ба тавсиб расонанд, ки маълумоти бештареро оид ба хатари кайҳони пешниҳод созад.

           Ҳодисаи  дигари афтиши метеорҳо, ки ба наздики рух доданд ва вобастаги байни онҳо.

Дар миёнаҳои моҳи феврал миқдори зиёди афтиши метеории андозаашон ниҳояд хурд, ки аз худ изҳои нисбатан борики метеорит монданд ба қайд гирифта шудааст. Далели ин гуфтаҳо мушоҳидаи ҳодисаҳои зерин ба ҳисоб меравад:

-Якчанд рӯз пеш, 11 – феврал дар Урал, дар ҳудуди Бошқиристон, ҳамин гуна як метеори калон парвоз намуда буд.

-Як шабонарӯз пеш аз Челябинск 14 – феврал ҳамин гуна ҷисм дар болои Япония мушоҳида намуданд, ки як чанд пораҳои хурди он ёфт гардид: Ду соат пеш аз афтиши метеорити Челябинск дар атмосфераи куба изи ғафси сузиши метеорит, ки ҳангоми парвозаш ба вуҷуд омад, мушоҳида карда шуд ва аз пораҳои он як чанд биноҳо зарар диданд. 20 – феврал метеорит ба гулогоҳи Русский афтод. Ҳамаи инҳо аз сабаби ниҳоят хурд буданашон ба гуруҳи ҳодисаҳои муқаррари дохил карда шудаанд, аммо ҳодисаи афтиши метеорити Челябинск ба андозаи бузург ва хисороти овардааш мавриди тадқиқи олимони ҷаҳон қарор гирифтааст.

Хулоса

  Мутахасисони соҳаи геологияи Сибир якҷоя бо олимони соҳаи геология ва минерологияи Академияи Илмҳои Руссия ташхиси боқимондаҳои метеоридро ба роҳ монданд. Чи хеле, ки дар боло қайд намудем минералҳои асосии таркиби метеорит оливин ва ортопироксен мебошанд. Олимон ба он назаранд, ки метеорит аз ҳамон моддаҳое таркиб ёфтааст, ки аз онҳо сайёраҳо ба вуҷуд омаданд. Барои ҳамин ҳам омузиши ин ҷисми кайҳони метавонад маълумоти мушаххасеро оид ба механизми пайдошавии Системи офтобӣ ба илм ворид кунад.

  Саравал олимон ҳисобиданд, ки ҳодисаи мазкур дар натиҷаи афтиши пораҳои астероиди 2012 DА 14 дар масофаи наздик ба Замин 16 – феврал мушоҳидашуда ба амал омадааст. Аммо то охири рӯз ин фикр ба кулли ғалат ҳисобида шуд зеро, ки ташхисҳои гузаронидашуда исбот карданд, ки ин мавҷи метеорити ногаҳон пайдо шуда аст ва самти мутлақо муқобил. Агентии «Башинформ» мегуяд, ки сокинони Башқирия ин метеоритро алакай 11 – феврал мушоҳида карданд.

  Дар Челябинск харобаҳои зиёде аз ин афтиши метеорит боқимонда ба назар мерасад. Аз порҷаҳои метеорит шишаи тирезаҳои хонаҳои истиқомати ба тамом рехтанд. Мавҷи зарбави қисми зиёди яке аз сехҳои заводи Рӯҳбарории Челябинскро хароб сохтааст. Аз сокинон зиёда аз 1200 нафар одамон зарарҳои вазнини ҷисмони гирифтанд. Тадқиқот нишон медиҳад, ки зарари моли зиёда аз 1,5 миллиард рублро ташкил мекунад.

 Сафаров С.Н.

 Ходими хурди илмии

Институти астрофизикаи АМИТ

 

Адабиётҳо

  1. http://lenta.ru/news/2013/02/15/damage/
  2. http://www.bashinform.ru/news/531051/
  3. http://tassural.ru/lentanews/na_urale_s_neba_padayut_goryashchie_obekty_proiskhozhdenie_kotorykh_utochnyaetsya_mchs.html
  4. http://tassural.ru/lentanews/v_chelyabinske_v_rezultate_vzryvnoy_volnoy_vybilo_okna_v_tselom_ryade_domov_kolichestvo_postradavshi.html
Хондан 623 маротиба