Нусхаи чопи
Сешанбе, 21 Июни 2022 04:07

БНМО-бемории норасоии масунияти бадан (СПИД) ва роҳҳои сироятёби ба ин беморӣ  ва таърихи пайдоиши он

Муаллиф: Алиев Ҳусейн

  БНМБ  (бемории норасоии масъунияти бадан) яке аз бемориҳои хафнок ва марговар барои одамият ба ҳисоб меравад. Ин беморӣ аввалин маротиба соли 1981 дар ИМА ёфта шудааст. Аммо мувофиқи ақидаҳои баъзе олимон аввалин маротиба ин беморӣ соли 1960- ум дар Африқо ба қайд гирифта шуда, баъдтар дар дигар мамлакатҳо паҳн шудааст. Мувофиқи нишондоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки дар назди Созмони Миллали Муттаҳид амал мекунад, бемории норасоии масунияти бадан дар 177 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. БНМБ (бемории норасоии масъунияти бадан) як навъ бемории шадиди сироятӣ буда ангезандааш ретровирусҳои махсус буда, ба системаи масуният (имунитет) ва асабҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Дар натиҷа организми бемор ба таъсири дигар касалиҳои сироятӣ хеле ҳассос мегардад.  

  БНМБ (бемории норасоии масунияти бадан)  яке аз хавфноктарин беморӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки онро ВНМО (ВИЧ) ба вуҷуд меорад. Тибқи маълумотҳо ҳангоми гирифтор шудан ба БНМО дар соли аввал 40-65% баъди ду сол 80% ва баъди се сол 100% одамони бемор ба ҳалокат мерасанд. Аз лаҳзаи сироятёби ба вирус то лаҳзаи гирифтор шудан ба БНМО муддати тӯлони мегузарад. Олимон то ҳол сабаби дар муддатҳои гуногун гирифтор шудани инсонҳо ба БНМБ баъди сироятёби ба ВНМО дақиқ накардаанд, яъне чаро баъзе инсонҳо баъди як сол ба БНМО гирифтор мешаванду ва баъзеи дигарашон баъби 20 соли сироятёбӣ.Ба ҳисоби миёна баъди 10-12 соли сироят ёфтан ба ин вирус инсон ба БНМО гирифтор мешавад.  Ангезандаи БНМБ-ро соли 1983 бехабар аз ҳамдигар олими фаронсавӣ Л. Монтенйе ва тадқиқотчии америкоӣ Р.Галло кашф карданд. 

 Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттахиди СММ оид ба мубориза алайҳи БНМБ хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони аз 14 то 20 сола ташкип медиханд.  

  Ба БНМО занҳо, мардҳо ва кудакон гирифтор шуда метавонанд. Ба ВНМО синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Одамоне, ки ба вируси БНМБ дучор шуданд дар давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд.  Аз сироятшави то пайдо шудани аломат ва нишонаҳои клиники аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст.

  Асосан се роҳи гирифторшавии вирус вучуд дорад:                                 

  1. Ҳангоми алоқаи ҷинси бо шахсоне, ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд. Сироят метавонад ҳам аз мард ва ҳам аз зан гузарад.                                                                        
  2. Ҳангоми хунгузарони бо воситаи хуне, ки дар таркибаш вируси БНМО вуҷуд дорад. Ҳангоми истифодаи сузандоруҳои тамиз нашуда, бо ин рох бештар нашъамандон гирифтор мешаванд. Азбаски онҳо бо як сузандору ба якчанд нафар шахсон моддаҳои нашъаоварро мегузаронанд.        
  3. Аз модари дорандаи ин вирус ба кудак ҳангоми ҳомила, таваллуд ва макконидани навзод.

  Одамоне мавҷуданд, ки хатари сирояти ВНМО ба онҳо бештар аст. Ин гуна ашхос ба гурӯҳи хавфнокпазир мансуб дониста мешаванд. Масалан, нашъамандон, ҳамҷинсгароён, фоҳишаҳо, одамони гирифтори бемории гемофилия, кӯдакони мӯҳтоҷ ба хунгузаронӣ мебошанд.                                                                                                                     

  Вируси БНМО бо чунин роҳҳо паҳн намешавад: неш задани ҳашарот, газидани хомӯшаку кӯрпашша, фишурдани дасти одами гирифтори БНМО, зарраҳои оби даҳон ( яъне атса задану сурфидан), асбобу анҷоми рӯзгор, парастории бемор, истифодаи ҳоҷатхонаи умумӣ, либоси таг ва кӯрпаю болишт, пули қағазин ва танга.          

  ВНМО бе ягон нишонаи клиникӣ буда, вирус дар дохили хун ҷой дорад. Агар бемор сари вақт ба табиб муроҷиат накунад ва аз дору истифода набарад, ин вирус дар хун инкишоф меёбад. Истифодаи дору ва риояи дастури табиб ба вируси ВНМО ҷараёни инкишофро дар организм қатъ мекунад. Шахс метавонад ҳамчун фарди солим бимонад. Аммо, дар вақти муайяншуда реҷаи ташхис ва истифодаи доруҳоро вайрон накунад. Гирифторони БНМБ - ро ҳам бо истифода аз доруҳои махсус метавон чанд соли дигар ҳаёт бахшид. Ҳоло дар ҷаҳон роҳҳои табобати ин беморӣ ёфт нашудааст, аммо ҳар як навигарии тиббие, ки оид ба табобат ва ташхиси он кашф мешавад, дар Тоҷикистон ҳам дастрас аст. Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистонро бо маводи дору ва барномаҳои пешгирӣ аз ВНМО таъмин мекунад. Муҳимтарин василаи эминӣ инсонҳоянд, ки бояд аз роҳҳои сирояти он огоҳ бошанд. Аз соли 1987 дар тамоми дунё 1 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳамасола таҷлил менамояд. Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. Ин вирус танҳо дар моеъҳои биологии инсон (хун, нутфа, шири модар) метавонад зинда монад. ВНМО бо роҳи даст фишурдан, дар як табақ хӯрок хӯрдан, ба оғӯш гирифтан, бӯсидан, атса задан, сулфидан, оббозӣ кардан дар ҳаммом ё ҳавз, газидани ҳашарот ва муошират намегузарад.  Агар модари гирифтори ВНМО дар ҳомиладориаш таҳти назорати духтурон қарор гирад ва зери назорати онҳо таваллуд кунад, кӯдак солим ба дунё меояд».

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 бемории ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО фаъолият дорад. Ҳар як шахс метавонад ба ин марказҳо муроҷиат намояд ва маълумоти заруриро доир ба ин беморӣ дастрас кунад. Амалиёти гузаронидани санҷиш аз се давра- машваратдиҳӣ пеш аз гузаронидани санҷиш, гирифтани хун барои санҷиш, машварат пас аз гузаштан аз санҷиш иборат аст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хазинаи ҷаҳонӣ дорувориҳои зиддивирусӣ ба таври ройгон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд. Ин мавод ба нафароне, ки хоҳиши табобатро доранд, ройгон тақсим мешаванд. Ҳар нафаре, ки гирифтори бемории ВНМО аст, метавонад аз ин хизматрасонӣ истифода барад.                                                                             

  Роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ: роҳи иффат ва покдоманӣ пеша кардан, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, руй овардан ба бунёди хишти асосии ҷомеа- оилаи солим мебошад.

 

Алиев Ҳусейн Баҳромович

омӯзгори фанни биологияи муассисаи давлатии

таълимии литсейи № 2 барои хонандагони

болаёқати шаҳри Душанбе

 

Хондан 2939 маротиба