Нусхаи чопи
Душанбе, 17 Августи 2020 10:53

Муайянкунии муаллифи асарҳои таърихию сиёсӣ бо воситаи униграммаҳои рамзӣ

Муаллиф: Қосимов А.А., Қаюмов А.А

 Муқаррар карда шуд, ки басомади вохӯрии униграммаҳои забони тоҷикӣ дар асарҳои таърихӣ - сиёсӣ ин муайянкунандаи муаллиф аст. Барои муайянкунии муаллифи матн бо басомади вохӯрии ҳарфҳои униграмма ва имконияти истифодабарии таснифгари Усмонов З.Ҷ. таҳқиқот гузаронида шуд. Роҳҳо, мақсад ва имкониятҳои таснифгари Усмонов З.Ҷ. оварда мешаванд.  Симои рақамӣ ва фазои ченаки асарҳои таърихӣ-сиёсӣ сохта шудаанд. Бо мақсади ягонагии эҷодиёти муаллиф, қимати ченаки муқоисакунанда муқаррар карда мешаванд, ки дар асоси он ягонагии синфҳои асарҳо муайян мешаванд. γ-таснифгари бузургии тасодуфии фосиладор, ки самаранокии баландро дар муайян кардани муаллифи асарҳои шоирону нависандагони форсу тоҷик нишон дода буданд, барои муайян кардани муаллифи асарҳои таърихӣ-сиёсӣ тафтиш карда мешаванд.

  Натиҷаҳое, ки олимон дар ин ҷо ба даст оварданд, фақат барои асарҳои бадеӣ ва иқтисодӣ буданд. Аз ҳамин нуқтаи назар дар ин мақола маълумот оид ба таҳқиқоти муайян кардани муаллифи асарҳои таърихӣ-сиёсӣ бо воситаи басомади вохӯрии униграммаҳои рамзӣ оварда мешавад. Масъалаи шинохти матн, дар асл, аз он рӯзе, ки хат пайдо шуд, ба миён омадааст. Дар муддати тӯлони, он танҳо бо яке аз “рӯя”-ҳои худ, ки дар он зарурати муайян кардани иҷрокунандаи асари навишташуда ифода меёфт, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешуд. Минбаъд, пас аз лаҳзаи ихтироъ шудани “китобчопкунӣ”, дар ин масъала, рӯяи нави муҳими дигари он – зарурати муайян кардани муаллифи маводи чопӣ ба миён омад. Дар марҳилаи кунунӣ маҳз ҳамин “рӯя”-и дуюм, мазмуни мундариҷаи асосии ин масъаларо ташкил медиҳад.

  Дар кори зерин ба сифати инструменти таҳқиқотшаванда таснифгари Усмонов З.Ҷ. санҷида мешавад, [3-5].

  Маълумот оид ба коллексияи матнҳо. Асарҳои муаллифҳои зерин гирифта шуданд ва дар дохили қафс шакли кӯтоҳ карда шудаи онҳо, ки барои ҷойгиркунии ҷадвалҳои 1 ва 2-и поёни лозим буд, оварда шудаанд: А. Дюма (АД) “Граф монте кристо 1” (ГМК1) ва “ Граф монте кристо 2” (ГМК2) [6, 7], А. Хуш (АХ) “Шӯриши Усмон 1” (ШУ1) ва “ Шӯриши Усмон 2” (ШУ2) [8-10], М. Шакурӣ (МШ) “Садри Бухоро” (СБ) ва “Хуросон аст инҷо” (Х) [11, 12], С. Айни (СА) “Ёддоштҳо 1” (Ё1) ва “ Ёддоштҳо 2” (Ё2) [13, 14], Ҷ. Икромӣ (ҶИ) “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” (ДБ) ва “Он чи аз сар гузашт” (О) [15, 16]. Ба омӯзиши ин масъала ҳамагӣ 5-муаллиф ва 10-асар гирифта шуд.

  Таснифгари матнҳо. Ба сифати тавсири рақамии асарҳои таърихӣ-сиёсӣ басомади вохӯрии униграммаҳои рамзӣ дида баромада мешавад. Барои муайянкунии муаллиф як метод – таснифгари матнии Усмонов З.Ҷ. истифода бурда шуд. Моҳияти тавсифи ин метод дар татбиқ ба масъалаҳои илми забоншиносӣ дода мешавад, [3].

Барои муфассалтар хондани мақолаи мазкур метавонед бо худ гиред  (pdf):  Муайянкунии муаллифи асарҳои таърихию-сиёсӣ бо воситаи униграммаҳои рамзӣ
Хондан 858 маротиба