Нусхаи чопи
Душанбе, 20 Сентябри 2021 10:50

Созмони ҳамкории Шанхай - Масири рӯшд ва тақвияти ҳамкорӣ

Муаллиф: Нусратуллои НАЗАРИЁН

  Истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҳодисаи таърихи ва фаромӯшнашаванда дар соли равон ба шумор меравад. Маҳз бо шарофати истиқлолият, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти як қатор созмонҳои бонӯфузи Байналмилалӣ шомил гашта, ташабусҳои роҳбари давлат аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳони хуб пазирои гашта иқдомҳои наҷибу созандаи он ҷонибдори гаштаанд.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи як қатор ҳадафҳои стратегӣ, инчунин баҳри таъмини суботӣ сиёсии минтақа ва ҷаҳон, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, ҳифзи истиқлолияти давлати, таҳкими давлатдории миллӣ, ташакулли ҷомеаи демократи ва ҳуқуқбунёд, тақвияти ҳамкори миёни давлатҳо ва пешбурди манфиатҳои миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориро бо як қатор созмон ва давлатҳои ҷаҳон аз замони ба  даст овардани истиқлолият ба роҳ мондааст. Дар ин масир нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва ташакулли Созмони Ҳамкории Шанхай иқдоми таърихи ва ояндасоз баҳри рӯшди иқтисод ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва  бисёрҷониба дар минтақа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони таъсисёбии  Созмони Ҳамкории Шанхай узви фаъоли ин созмон ба ҳисоб рафта мавқеъи худро дар доираи ҳамкории ин созмон мустаҳкам намуда, баҳри ҳалли мушкилотҳои мубрами минтақа пешниҳодҳо намудааст. СҲШ дар давоми фаъолияти худ нишон дод, ки ҳамчун ниҳоди бонуфуз ва байналмилалӣ дар минтақа баҳри ҳаллу фасли мушкилотҳо нақши созгор дошта метавонад.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи хеш 20 соли СҲШ. ҳамкори баҳри субот ва шукуфоӣ , ки дар сомонаи АМИТ Ховар нашр шуд, чунин таъкид менамоянд. Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав,ба сохтори нодири минтақавӣ мубаддал гашт, ки борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳои қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошад.

  Созмони Ҳамкории Шанхай созмони минтақавӣ буда дар таъсис ёфтани он Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши созанда дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пеш гирифтани сиёсатӣ дарҳои кӯшод, тавонист ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва сиёсати ҳасанаро дар самтҳои мухталиф бо давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад. Натиҷаи ҳамин сиёсати башардӯстона аст, ки дар баробари истиқболи ҷашни бузурги миллӣ яъне Истиқлолияти давлати нишасти сарони давлатҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мизбони чунин як чорабинии сатҳи баланд будан, дар фазои ҷашни ва сулҳу субот ҳодисаи муҳими сиёси ба шумор меравад. СҲШ дар тӯли таърихи фаъолияти худ тавонистааст якчанд давлатҳои минтақаро ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои муштарак муттаҳид намояд. Ҳадафҳои асосии СҲШ аз таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар соҳаи маориф, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист ва таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа мебошад.

  Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, пайдоиши падидаҳои номатлуби аср аз қабили терроризм ва экстремизми байналмилалӣ давлатҳои ҷаҳонро водор сохт, ки баҳри ҳалли чунин мушкилотҳои глобалӣ дар фазои муттаҳиди мубориза баранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳарвақта дида бештар ба мушкилотҳои умумибашари таваҷҷуҳ зоҳир намуда ҷиҳати ҳалли ҳама ҷонибаи он ҳамоҳангсозии мафкуравии давлатҳоро дар ин самт ба роҳ монда аст. Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташабускорони фаъол дар самти мубориза бо ин падидаҳои ғайри инсони буда пайваста баҳри ҳифзи суботи минтақа ва ҷаҳон иқдом менамояд. Дар рафти ҳамкори бо давлатҳои аъзои ин созмон Тоҷикистон баҳри муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ муосир иқдоми устувор пеша намуда, ба рӯшди сиёсати дарҳои кӯшод густариш бахшид. Таҳавулотҳои сиёсии ҷаҳонӣ имрӯза ва вазъ дар Афғонистони ҳамсоя моро водор месозад, ки дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлати тадбирҳои амиқу дақиқ андешем. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти навбатии сарони кишварҳо масъалаи ҳалли бӯҳрони Афғонистонро ба миён гузошт. Тоҷикистон ҳамчун як қисмати ҷомеаи ҷаҳони нисбат ба таҳавулотҳои сиёсии минтақа бетафовут набуда, мекӯшад СҲШ ро ҳамчун созмони неруманди минтақа баҳри бартараф намудани ин мушкилотҳо моил намояд. Зеро дар тӯли фаъолияти ин созмон ҳамеша баҳри ҳифзи суботи минтақа кӯшиш намуда аст.

  Натиҷаи фаъолияти ин созмон нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз солҳои таъсиси он ва оғози ҳамкори мавқеъи стратеги ва геополитикии худро мустаҳкам намуда, дар ин масир ҷиҳати тақвият додани муносибатҳои дӯстона миёни давлатҳои аъзо нақши калиди дошта аст. Дар ин замина комёб гаштани Тоҷикистон ва пиёда намудани як қатор барномаҳои давлати, ноил гаштан   ба дастовардҳо ҷиҳати рӯшди иқтисоди миллӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон аҳмияти хосса доранд.

Нусратуллои НАЗАРИЁН

Хондан 1406 маротиба