Нусхаи чопи
Ҷумъа, 10 Феврали 2023 10:05

Шеъри рӯз: Қасидаи “Фирдавсӣ”

Муаллиф: Маликушшуаро Баҳор

Сухан бузург шавад чун дуруст бошаду рост,

Кас ар бузург шуд аз гуфтаи бузург, равост.

Чи ҷид, чи ҳазл, дарояд ба озмоиши каҷ,

Ҳар он сухан, ки напайваст бо маонии рост.

Шунидаӣ, ки ба як байт фитнае биншаст,

Шунидаӣ, ки зи як шеър кинае бархост!

Сухан гар аз дили доно нахост, зебо нест,

Гараш қавофӣ матбӯъу лафзҳо зебост.

Камоли ҳар шеър андар камоли шоири ӯст,

Санеъи доно ангораи дили доност.

Чу мард гашт данӣ, қавлҳои ӯст данӣ,

Чу мард воло шуд, гуфтаҳои ӯ волост.

Саховат орад гуфтори шоире, ки сахист,

Гадоӣ орад ашъори шоире, ки гадост.

Каломи ҳар қавм ангораи сароири ӯст,

Агар фарисаи кибр аст ё шикори риёст.

Нишони сирати шоир зи шеъри шоир ҷӯй,

Ки фазли гулбун дар фазли обу хоку ҳавост.

Дурустшеърӣ фаръи дурустии табъ аст,

Баландрахтӣ фаръи баландии болост.

Бувад нишонаи хубси хатийя гуфтаи ӯ,

Чунонки гуфтаи Ҳассон далели сидқу сафост.

Камоли шайх Мааррӣ зи фикри ӯст падид,

Шаҳомати Мутанаббӣ зи шеъри ӯ пайдост.

Нишони хӯи Дақиқию хӯи Фирдавсист,

Тафовуте ки ба “Шаҳнома”-ҳо бубинӣ рост.

Бале, тафовути “Шаҳнома”-ҳо ба маънию лафз,

Дурусту рост ба ҳинҷори хӯи он ду гувост.

Ҷалолу рафъати гуфторҳои шоҳона,

Нишони ҳиммати Фирдавсияст бе каму кост.

Муҳовароти ҳакимонаву дироятҳош

Гувоҳи шоир дар ақлу ройи ҳикматзост.

Сареҳ гӯяд гуфторҳои ӯ, к-ин мард,

Ба ғайрат аз умарову ба ҳикмат аз ҳукамост.

Куҷо тавонад як тан ду гуна кардан фикр,

Ҷуз он ки гӯйӣ ду руҳ дар тане танҳост.

Ба сад нишон ҳунар андеша карда Фирдавсӣ,

Наъузубиллаҳ! пайғамбар аст агар на Худост!

Даруни саҳнаи бозӣ, яке намоишгар

Агар дугуна намоиш диҳад, басе волост.

Яке ба саҳнаи “Шаҳнома” бин, ки Фирдавсӣ

Ба сад либоси мухолиф ба бозӣ омада рост.

Амири кишваргир асту гурди лашкаркаш,

Вазири равшанрой асту шоири шайдост.

Муколамоти мулуку муҳовароти риҷол,

Ҳама қариҳаи Фирдавсии суханорост.

Буруни парда ҷаҳоне зи ҳикмат асту ҳунар,

Даруни парда яке шоири ситудалиқост.

Ба тахти мулк Фаридун, ба пеши саф Рустам,

Ба эҳтишом Сикандар, ба макрумат Дорост.

Ба гоҳи пӯзиш хоку ба гоҳи кӯшиш об,

Ба вақти ҳайбат оташ, ба вақти лутф ҳавост.

Итобҳо-ш чу сели дамон наҳангавбор,

Хитобҳо-ш чу боди базон ҷаҳонпаймост.

Ба гоҳи риққат чун кӯдаки накардагуноҳ,

Ба вақти хашят чун наррадеви хурдақафост.

Ба вақти рой задан беҳ зи сад ҳазор вазир,

Ки ҳар вазире дорои сад ҳазор даҳост.

Ба базмсозӣ монанди боданӯш надим,

Ба порсоӣ чун марди мустаҷоби дуост.

Ба гоҳи хавф муроқиб, ба гоҳи кин бедор,

Гаҳи субот чу кӯҳу гаҳи ато дарёст.

Ба ҳасби ҳол куҷо бишмарад  ҳикояти хеш,

Ҳадисҳои сареҳаш тиҳӣ зи рӯю риёст.

Бузургворо! Фирдавсиё! Ба ҷои ту ман

Як аз ҳазор наёрист гуфт, аз он чи равост.

Туро сано кунаму бас, к-аз ин дағалмардум

Ҳаме надонам як тан, ки мустаҳиққи саност.

Дареғ, к-аз паси як умр хидмати ватанӣ,

Надид чашмам як ҷузв аз он чи дил мехост.

Зи пухтакории ағёру хомтабъии қавм

Чунон бисӯхт димоғам, ки дуд аз он бархост.

Сано кунем туро, то ки зиндаем ба даҳр,

Ки “Шоҳнома”-ат, эй шуҳрамард, муҳйии мост!

             Маликушшуаро Баҳор 

Таҳияи Беҳрӯзи Забеҳулло

Хондан 1479 маротиба