Нусхаи чопи
Сешанбе, 09 Июни 2020 08:28

Шеъри рӯз: Биёед, «Шаҳнома»-хонӣ кунем (3)

Муаллиф: Нуриддин Амирӣ

85. Бирафт он замон меҳру шафқат зи ёд,

Диле пур зи кина, саре пур зи бод.

  Сипас он ду як машварат сохтанд,

Яке нақшаро тарҳ андохтанд.

          Ки меҳмон кунанд Эраҷи паҳлавон,

          Ниҳанд он гаҳе теғи кин дар миён.

          Ба наздики Эраҷ яке номабар,

          Равона бикарданд нома ба бар.

          Чу бигрифт Эраҷ нома ба даст,

Бихонд, он гаҳе тунд аз ҷо биҷаст.

 

90. Ба наздики онон чунон бошитоб,

          Равона бишуд мисли селоби об.

          Ба манзил чу омад вай аз роҳи дур,

          Пазира шудандаш ҳамон Салму Тӯр.

          Ба пояш ҳаме гавҳар афшонданд,

          Дуруду сано бар рухаш хонданд.

          Ба рӯяш яке ҷашн оростанд,

          Маю нуқлу ҳам мутрибон хостанд.

          Ба шодию шавқу ба суру тараб,      

Бибурданд он рӯзи некӯ ба шаб.

 

95. Чу фориғ шуданд аз шаробу кабоб,

          Ба ҳангоми шаб рафт Эраҷ ба хоб, 

          Сабук ҷаста аз ҷои худ Салму Тӯр.

          Бикуштанд ӯро ба сад заҷру зӯр.

          Бародаркушӣ дар ҷаҳон расм шуд,

                    Бародар махонаш, гар ӯ хасм шуд.            

          Яке қисса созам зи Искандарат,

          Ки шояд наояд ба он боварат.

Ба гуфти бузургони таърихшинос,

Ки бодо бар онон ҳазорон сипос.

 

100. Сикандар агар зодаи Ғарб буд,

Ба Машриқиён аз пайи ҳарб буд.

          Сикандар, бидон, сию шаш шоҳ кушт,

Басе мардум аз моҳӣ то моҳ кушт.

Зи рашку ҳасад ӯ Мадоин бисӯхт,

Ҳама халқро дину ойин бисӯхт.

Зи бас бехирад буду бедодгар,

Палиду ситамгораву бадгуҳар.

Ситоиш кунанд арчи ӯро басе,

Валекин ба асл ӯ будӣ нокасе.

 

105. Хирадномаҳо вақфи ӯ кардаанд,

Сухан нек баҳри вай овардаанд.

Зи ҷоми булӯрин чандин ҳазор,

Зи  асбоби заррин бас бешумор.

Ба Юнон зи Эронзамин бурд вай,

Ҳама ганҷ бар хок биспурд вай.

Ба ҳирсу тамаъ ҳеҷ ҳамто надошт,

Ҷавонмардию адл асло надошт.

Ба Эрон ба мисли ҳаромӣ бизад,

Ба монанди деву дади бехирад.

 

 110. Яке қисса бишнав зи Гурдофарид,

          Чунин гурдбону куҷо кас бидид?

          Ялонро куҷо заҳраи разми ӯ,

На ҷуръат касе дошт дар базми ӯ.

Ту донӣ, ки маънии “Шаҳнома ” чист?

Саропо далерию мардонагист.

Ҳама ҳикматаш меҳри Меҳан бувад,

Ватан мисли ҷонест бар тан бувал.

Яке пурсиш овард аз аҳли Шом,

Забон гум чаро кардӣ, эй некном?

 

115. Забони ту дар асл будӣ дигар,

Зи ёдаш чаро бурдӣ, эй хирасар?

Ҷавобаш чунин дод он ҳушманд,

“Сухан бошадат дар даҳон ҳамчу қанд!

Агар доштӣ мардуми Мисру Шом,

Бузурге чу Фирдавсии некном.

Ҳароина эмин забон доштӣ,

Масунияте дар ҷаҳон доштӣ.

Ки Фирдавсию низ “Шаҳнома”-аш,

Сухан гуфтану гардиши хомааш.

 

120. Ба лафзи дарӣ дод умри абад,

Паямбар агар хонияш месазад”.

Ба мантиқ куҷо беҳтар аз ин сухан,

Ки гуфтаст Фирдавсӣ дар анҷуман:

«Ҷаҳонпаҳлавон он яли арҷманд,

Ба теғу ба ханҷар, ба гурзу каманд

Буриду дариду шикасту бубаст,

Ялонро сару синаву пову даст».

Бидонем агар қадри “Шаҳнома”-ро,

Гиромӣ кунем ар шаҳи номаро.

 

125. Бисозем аъмоли худро дуруст,

Гузорем иқдом бебоку чуст.

Ба кори ватансозӣ рӯ оварем,

Ба азми накӯ гӯи сабқат барем.

Шавад “Шоҳнома” ба мо раҳнамо,

Напӯем ҳаргиз ба роҳи хато.

Ниҳем ар қадам дар раҳи ростӣ,

Набинем мо каммию костӣ.

Гузорем агар мо қадамҳо дуруст,

Шавем ар батадбиру чолоку чуст.

 

130. Биёбем пирӯзӣ андар ҷаҳон,

Сарафроз гардем назди меҳон.

Амирӣ бикард ин суханҳо баён,

Ба даврони Раҳмони Олинишон.

Бимонад аз ӯ ин сухан ёдгор,

Хатое агар рафт, маъзур дор.

 

Биёед, «Шаҳнома»-хонӣ кунем. Қисми 1

Биёед, «Шаҳнома»-хонӣ кунем. Қисми 2

Нуриддин Амирӣ

Хондан 1135 маротиба