Нусхаи чопи
Сешанбе, 31 Январи 2023 17:50

Шеъри рӯз: Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ

Муаллиф: Аскар Ҳаким

СУРУДИ ҶАШНИ САДА

 Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,

Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.

Бо Каюмарсу Ҳушангу бо Фаридун

Оташ афрӯзем то айвони гардун.

Шуълаи Ҳурмузд дорад оташи мо,

Озарафрӯз аст қалби беғаши мо.

Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,

Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.

Фарри яздонӣ, шукӯҳи паҳлавонӣ,

Мояи тоҷик шуд дар зиндагонӣ.

Меравад панҷоҳ рӯзу шаб зи сармо,

Мерасад наврӯзии гулҳо ба гармо.

Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,

Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.

Эй Сада, моро ба фарвардин расонӣ,

К-оташи ту борад оби зиндагонӣ.

Оташу обат кунад зулматзудоӣ,

То ҷаҳонро нури яздонӣ физоӣ.

Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,

Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.

Аскар Ҳаким

Хондан 2154 маротиба