Нусхаи чопи
Ҷумъа, 10 Июли 2020 05:07

25 сол дар раҳи ҳифзи саломатии мардум (ёде аз табиби ҳозиқ Ватаншо Раҷабов)

Муаллиф: Насриддин Искандарзода

   Дар ин матлаб аз кору пайкори шахсе маълумот медиҳем, ки хотираи некаш дар ёдҳо абадӣ мемонад. Ин инсони шариф, марди хоксор ва табиби ҳозиқу наҷотбахши ҷони ҳазорон дардмандон Раҷабов Ватаншо Шоҳевич мебошад.

  Фаъолияти меҳнатии Ватаншо Раҷабов, ҷонбозиҳои ӯ барои наҷоти ҷони дигарон ва сифатҳои шахсии инсониаш ибратомӯз мебошанд. Ба ин хотир, лозим аст, ки дар бораи кору пайкор ва ҷаҳду талошҳои ин табиби ҳозиқ ва ҷонбахши беморон дигарон бояд бештар донанд. Бояд ҳамагон дониста бошанд, ки модар тоҷик фарзандоне дорад, ки аз баҳри ҷони хеш гузашта, ба дигарон ҷон мебахшанд ва дарди беморонро чун дарди худ қабул карда, тамоми донишу маҳорат ва малкаю кордонии хешро баҳри саломатии мардум равона менамоянд. Ва он, ки дар бораи Раҷабов В.Ш. дар ин мисраъҳо ироа менамоем, на таърифу тавсиф, балки қисме аз заҳматҳо ва ҷонбозиҳои ин табиби асил мебошад. Илова бар ин, чунин навиштаҳо на афкору андешаи шахсии муаллиф, балки изҳору сипоси ҳамаи он корафтодагонест, ки онҳоро тақдир ба назди ин табиби мушфиқу ғамхор ва инсондӯсту меҳанпараст овардааст.

  Ватаншо зодаи яке аз минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон – ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон мебошад. Ӯ ҳанӯз аз овони кӯдакию наврасӣ ба ҳаводису равандҳои муҳити атроф диққати махсус зоҳир мекард. Ҳамин диққат доданҳо ба чунин ҳаводис буд, ки  ба омӯзиши илмҳои биология ва химия дил баст. Бо ҳамин азму иродаи қавӣ дабистони зодгоҳашро ба поён расонда, барои васеъ намудани дониши худ, огоҳ гардидан аз суолҳое, ки дар зеҳнаш мечархиданд, донистани бузургтарин ҳастии табиат – инсон ва инчунин, хизмат ба халқу ватан озими маркази ҷумҳурӣ – Душанбешаҳр гардид.

  Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супорида, сазовори номи донишҷӯ гардид. Ба вазъияти мураккаби сиёсӣ ва мушкилоти рӯзгори он солҳо нигоҳ накарда, пайваста ҷаҳду талош мекард, то аз донишҳои пешаи интихобнамудааш баҳравар гардад. Ҳамин аст, ки боргоҳи илму маърифат ва бонуфузтарин донишгоҳи тиббии минтақаро бо муваффақият хатм намуд.

  Чун ба андешаи Шайхурраис Ибни Сино, ки «тиб на илм, балки амал аст», Ватаншо дар солҳои донишҷӯӣ дар дарсҳои амалӣ иштироки фаъол дошт. Дониши хуби соҳавӣ ва маҳорати баланди ӯро ба инобат гирифта, пас аз хатми донишгоҳ барои идомаи фаъолият ва хизмат ба халқу Ватан Ватаншоро барои кор ба Беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе равона карданд.

  Раҷабов Ватаншо дар беморхонаи мазкур корро ба ҳайси уролог шурӯъ намуд. Қобилияти баланди кордонӣ ва муомилаи хуб бо беморон ва сифатҳои ҳамидаи инсонӣ буд, ки Ватаншоро ба вазифаи мудири бахши Беморхонаи ёрии таъҷилӣ таъин намуданд. Вале, корафтодагону дармондагон ӯро на ҳамчун мудири бахш, балки ҳамчун табиби ҳозиқу меҳрубон нисбати беморон, меҳандӯсту ростқавл ва хоксору одӣ мешиносанд.

  Раҷабов В.Ш. 25 соли умри худро сарфи хизмат ба мардум ва ҳифзи саломатии халқи шарифи Тоҷикистон карда, то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт дар пайи хизмат ба халқу Ватан қарор дошт. Мавсуф ҳамеша ба хотири оромию осудагии Меҳан ва беҳбудии саломатии беморон ба кор ҳозир мешуд.

  Вале, чи илоҷу чора? Ба андешаи академик Ойзерман то вақте инсон вуҷуд дорад, масъалаи инсон замонавӣ ва доғи рӯз аст. Ҷамъият ҳам аз беморию ҳар гуна омилҳои дигаре, ки боиси таназзули он мегарданд, орӣ нест. Ҳамин орӣ набуданҳо аз нуқсу камбудиҳо ва беморию дигар гирифториҳо ҳастанд, ки чеҳраи аслии инсонҳоро дар ҷомеа ифшо мекунанд. Зеро дар урфият мегӯянд, ки «дӯстро дар рӯзи сахтию пастӣ мешиносӣ». Яке аз чунин рӯзҳои воқеан ҳам сахт ва мураккабу мушкил барои кулли башарият паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мебошад, ки ин пандемия то ҳанӯз идома дорад.

  Ногуфта намонад, ки паҳншавии бемории COVID-19 иқтисоди кулли кишварҳои олам ва ҳатто, абарқудратҳои ҷаҳониро ба зону зад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амвоҷи он дар канор намонд ва бар асари сирояти ин бемории мудҳиш чандин шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҷон бохтанд, ки дар миёни онҳо табибон ҳам буданд. Маҳз дар чунин вазъияти басо мушкил ва мураккаб тамоми кишварҳои ҷаҳон самти фаъолияти худро ба сӯи як масъала – бартараф намудани бемории COVID-19 равон карданд. Дар кишвари мо бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мубориза барои бартарафномии ин беморӣ пурзур карда шуд. Табибони тоҷик ҳам дар сафи пеши мубориза бо коронавирус қарор гирифта, ҷонфидоёна одамонро наҷот доданд. Дар байни ин табибони ҷонфидо Раҷабов Ватаншо ҳам буд, ки наҳаросида бар ивази ҷони худ одамони дигарро наҷот дод. 

  Мо бояд фаромуш накунем, ки дар ин шароити мушкил табибони ҳозиқу кордон, тамоми дониш, малакаю маҳорати хешро барои табобати беморон равона карда, чи тавре ки мушоҳида мегардад, муваффақ ҳам гардидаанд. Маҳз ҳамин муваффақият ва ғалабаи эшон аст, ки беш аз 71%-и гирифторони бемории COVID-19 дар кишвари мо алакай комилан шифо ёфтаанд. Ва албатта, ҳеҷ як ғалаба ва муваффақият бе қурбонӣ ва аз худ гузаштанҳо намешавад. Хуш ба ҳоли он нафаре, ки ин нуктаро дуруст дарк намояду баҳри хизмати табибони дар ин роҳ ва умуман, барои ҳар нафаре, ки баҳри оромию осудагии кишвар ва ҳифзи солимии халқи кишвар ҷони худро қурбонкарда сари таъзим фурӯд ва ҷонбозиҳои эшонро қадр намоянд.

  Ман ҳамчун бародари маҳрум Ватаншо Раҷабов, ки ҳамеша дар хизмати мардум буд, медонам, ки  вай қаҳрамонона дар роҳи наҷоти ҳаммеҳанонаш зимни мубориза барои наҷоти одамон ҳалок гардид. Ватаншо Раҷабов шахсияте буд, ки дар роҳи ҳифзи саломатии мардуми сарбаланди Тоҷикистон дунёи равшанро тарк намуд. Оилаи мо, ки яке аз оилаҳои соҳибэҳтирому соҳибикроми яке аз гӯшаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон мебошаду фарзандонашро ҳамеша дар рӯҳияи ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ ба воя расонидааст, марги бародари худро воқеан ҳам қаҳрамонӣ дар роҳи наҷоти миллат меномем. Зеро бародари зиндаёди мо барои садди роҳ шудан ва пешгирӣ кардан аз хатаре ҷон бохт, ки ин хатар кулли миллатро таҳдид месозад.

  Бародари мо Ватаншо Раҷабов нафаре буд, ки ҳеҷ гоҳ ғамгин набуд ва ҳамеша умед ба фардои неки меҳан ва оромию осудагии мардум дошт ва моро ҳамеша рӯҳбаланд мекард, ки ҳеҷ гоҳ дилмонда ва дилсард нашавем. Балки бо кушишу ғайрати тамом фаъолият намуда, дар хизмати Ватан бошем.  Вай мегуфт, ки агар имрӯз касе аз фаъолияти шумо қадр накард, фардо он ҳатман қадр хоҳад шуд, албатта агар аз самими қалб ва барои беҳбудии халқ нигаронида шуда бошад. Ва аз худ мисол меовард, ки худаш дар тӯли 25 соли фаъолияти кориаш, пайваста барои халқу мардум хизмат кардааст.  Вай ҳузури зиндагиро дар хизмат ба халқу Ватан медид.

  Дар баробар ин, ӯ дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ пайваста ширкат меварзид. Яъне, ҳамеша ҳамқадами мардум ва дар паҳлуи мардум буд. Чунки бо сарҷамъӣ, иттифоқӣ ва дар фазои орому осуда дӯстонаю бародарона гузаронидани чорабиниҳоро аз тарафи мардуми манотиқи мухталифи Тоҷикистон самараи ҳамдилию ваҳдат ва сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар медонист.

  Ҳарчанд, имрӯз табиби ҳозиқ, бародари ба ҷон баробарамон ҷисман аз байни мо рафтааст, вале кору пайкор ва хизматҳои ба халқу Ватан анҷомдодааш абадан дар қалби ҳар як мо боқӣ хоҳанд монд. Ба қавли шоир, «Ҳар ки накуном зист зиндаву ҷовид монд!».

 

Насриддин Искандарзода

Хондан 766 маротиба