Нусхаи чопи
Душанбе, 07 Феврали 2022 09:58

30 - соли  дȳстии безаволи Тоҷикистону Чин

Муаллиф: Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович

  4  январи  соли  2022  дар  таърихи  робитаҳои  дуҷонибаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин,  ҳодисаи  муҳимме  ба  вуқуъ  пайваст. Маҳз  ҳамин  рȳз   ба  барқарор  ва  минбаъд  ривоҷу  равнақ  ёфтани   муносибатҳои  дуҷониба  байни  давлатҳоямон  30  сол  пурра  шуд. Дар   давоми  ин  муддат  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  аз  як  ҳамсоякишвари  оддӣ,  ба  яке аз  шарикони  стратегии  муҳимми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  табдил  ёфт. Имрȳз заминаи  меъёрӣ – ҳуқуқии  робитаҳои  дуҷонибаро  беш  аз  300  санадҳои  байниҳукуматии  дар  солҳои  гуногун  имзошуда,  ташкил  медиҳанд,  ки  онҳо  тамоми  соҳаҳоро  дарбар  мегиранд. 

  Дар  марҳилаи  кунунӣ   байни  кишварҳоямон  ҳусни  тафоҳум  дар  тамоми  самтҳои  зиндагӣ   барқарору  устувор  гардидааст.  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  яке  аз  сармоягузорони  асосӣ ва бонуфузи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  ҳисоб  меравад. Робитаҳои  байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин барои дигарон як  намунаи   хуби  дȳстӣ   ва  ҳамкориҳои  давлатҳоямонро  нишон  медиҳад. Ин  барои  ҳамагон  бори   дигар  собит  месозад, ки  кишварҳо  новобаста  аз  бузург ё  хурд, сарватманд  ё  камсарват, бо  дину  оини  мухталиф  буданашон,  баҳри  манфиатҳои  миллии  худ  метавонанд  дȳстӣ  ва   ҳамкории  ногусастанӣ  дошта  бошанд.            

Бояд  қайд  кард, Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  баъд  аз  фурȳпошии  Иттиҳоди Шȳравӣ  ба  вазъияти  номуътадили  кишварҳои  пасошȳравӣ, аз  ҷумла  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  нигоҳ  накарда, яке  аз  аввалинҳо  шуда  соҳибистиқлолиятии давлатамонро  эътироф  намуд  ва  онро  ба  расмият   шинохт.

  Дар ин муддат  ҳамкориҳои  дуҷониба,  инчунин,  бисёрҷониба байни кишварҳоямон  дар ҳайати созмонҳои байналмилалӣ  ва минтақавӣ  ба  монанди: Созмони  Милали  Муттаҳид (СММ),  Созмони  Ҳамкории  Шанхай  (СҲШ), Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат  ва  ғайра,  дар  соҳаҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ,  фарҳангиву  маърифатӣ,  ба   авҷи  аълои  худ  расиданд.

Дар  марҳилаи  ҳозира  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  дар  қатори панҷ  кишвари дигар, яъне Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон  ва Ҷумҳурии  Белорус, шарики  асосии  стратегии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  ҳисоб  рафта,  дар  сохтмон  ва  эъмори  иншооти   муҳими  иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиёту  инфрасохторҳои  дигар   саҳми  муҳим  дорад.

Тавре  маълум аст, ба  муносибати  ин  санаи  муҳим  роҳбарони  ҳарду  кишвар  якдигарро  табрик  намуданд. Чунончи, дар барқияи Пешвои  миллат – Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  унвонии  Раиси Ҷумҳурии  Мардумии  Чин Си  Ҷинпин чунин  омадааст:

 «Мояи фараҳмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дȳстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн масири рушди бемайлон касб карда, ба сатҳи баланди  шарикии  стратегии  ҳамаҷониба  расидаанд.

 Мо аз ҳолати имрȳзаи муносибатҳои мутаносибан судманд миёни кишварҳоямон, ки бар пояи усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар, ҳамдастӣ ва робитаҳои байнидавлатии сифатан нав асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, нисбат ба дурнамои дарозмуддати онҳо дидгоҳи нек дорем. 

  Итминони комил дорам, ки ҳамкории ду кишвари дȳст ва ҳамсояи наздик бо такя ба таҷрибаи созандаи то имрȳз андȳхта, минбаъд низ густариш ёфта, ба манфиатҳои аслии  мардумони мо хизмат хоҳанд кард. 

Бо таъкиди манфиатдории доимии ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди самарабахши ин раванд омодагии хешро ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бо мазмуну муҳтавои нав изҳор  менамоям»[1].

Мутақобилан дар барқияи табрикии худ Раиси  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин Си Ҷинпин  робита  ва  ҳамкориҳои  дуҷонибаи  судманди  байни кишварҳоямонро  ба  таври  зерин  тавсиф  кардаанд:

«Тайи 30 соли гузашта муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон ба рушди босуръат ва  сатҳи  баландтарини  худ дар тȳли таърих  ноил  гардидаанд.

  Бахусус, солҳои охир мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди Ҷомеаи рушд ва Ҷомеаи амният, ки ҷиҳати ташкили Ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният намуна будаанд, гом гузоштем.

 Мунтазам эътимоди стратегӣ густариш ёфта, аз ҳамдигар оид ба масъалаҳои мавриди манфиати тарафҳо қотеъона дастгирӣ сурат мегирад, ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун босуръат рушд меёбад, натиҷаҳои пурсамар оид ба бунёди баландсифати муштарак дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” дастрас  мегарданд.

  Баъд аз паҳншавии бемории ҳамагири КОВИД-19 мардумони ду кишвар якдилона ва ба ҳамдигар кумак намуда, ҳама мушкилӣ ва андȳҳро паси сар менамоянд ва бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд»[1].

Бояд  тазаккур  намуд,  ки   солҳои  охир  вазъи  иқтисоди  ҷаҳонӣ  дар  ҳолати  вазнин  қарор  дорад. Аксарияти  кишварҳо  бо  сабаби  бȳҳронҳои  гуногун  ба  мушкилиҳои  зиёд  мувоҷеҳ  гардидаанд.  Вале,  чунин вазъ  дар  Ҷумҳурии Мардумии  Чин  хеле  мȳътадил  арзёбӣ  мешавад. Ин  кишвар  яке  аз  муҳаррикони   рушди  иқтисоди  ҷаҳонӣ  гардидааст.  Кам  кишваре  пайдо  мешавад, ки  аз кȳмаки  иқтисодии  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  маҳрум  бошад.

Дар ин  ҷо  метавон  бо собиқ Сафири  Ҷумҳурии   Мардумии  Чин  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Юе  Бин  розӣ  шуд, ки  дар  яке  аз  мусоҳибаҳои  худ  оид  ба  сатҳи  робитаҳои  дуҷонибаи  Тоҷикистону  Чин  чунин  қайд  кардааст: «Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  мисли  собиқ сиёсати  иқтисодии   кушодаро  ба  инобат гирифта,  ба  таври  қотеъона  системаи  бисёрҷонибаи  иқтисодиии  глобалиро   тарафдорӣ  менамояд  ва  барои  бунёди  иқтисоди  ҷаҳонии  кушода  мусоидат  мекунад.  Солҳои   зиёд аст, ки Чин дар  тамоми  ҷанбаҳои  фаъолияти  Созмони  Ҷаҳонии  Тиҷорат (СҶТ)   ҳамаҷониба  ширкат кард.  Давлати  мо  «Лоиҳаро  оид  ба  ҳамроҳ  гардидани  кишварҳои  камрушд  ба  СҶТ»  ва  Бунёди   мусоидати  ҳамкориҳои  «Ҷануб - Ҷануб» - ро  тасдиқ  кард.

  Ҳамкории  Чин  бо  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  асоси  ташаббуси  «Як  камарбанд, як  роҳ»  идома  дорад. Тоҷикистон  аввалин  кишварест, ки  бо  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  «Меморандуми   ҳамкорӣ  оид  ба  таъсиси  камарбанди  иқтисодии Роҳи  абрешим» - ро  ба  имзо  расонидааст. Ҳарду  кишвар  Кумитаи  ҳамкориро  дар  соҳаи  сохтмони  муштарак таъсис  дода, «Нақшаи  ҳамкориҳо  байни  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  -  ро   имзо  кардаанд,  ки  дар  асоси  он  ба натиҷаҳои  хуб  ноил   гардидаанд.   

  Роҳбарони  давлатҳоямон  ба  мувофиқа  расиданд, ки  ташаббуси  «Як  камарбанд, як  роҳ»  соҳаи  асосии   ҳамкории  Чин ва  Тоҷикистонро   ташкил  медиҳад.  Ҳамаи  ин  ба  тавсеаи ҳамкориҳо  байни  кишварҳоямон  такони  ҷиддӣ  бахшид»[2].

Яке  аз  самти  муҳимми  ҳамкориҳои  бисёрҷониба  байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Мардумии  Чинро - узвият ва иштирок  дар  доираи  Созмони  Ҳамкории  Шанхай  ташкил  медиҳад. Дар робита  ба  ин  қайд  кардан  ҷоиз  аст, ки  таҷлили  ҷашни  20  солагии  таъсисёбии   Созмони  Ҳамкории  Шанхай, маҳз ба давраи раёсати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар СҲШ  мутобиқ  омад  ва  он  14  сентябри  соли  2021  дар  шаҳри  Душанбе   бо  шукуҳу   шаҳомати  хосе   гузаронида  шуд.

Ба ақидаи  профессор  Н.М. Мирзоев «Созмони Ҳамкории Шанхай бонуфузтарин ниҳоди байналмиллалии минтақавӣ аст, ки Тоҷикистон дар қатори Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон кишвари муассиси он буда, дар фаъолияти ин созмон нақши муассир мебозад. СҲШ  имрȳз дар таҳкими субот ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, дар татбиқи барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, таъмини раванди густариши равобити байни халқҳо ва кишварҳо, мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, қочоқи маводи  мухаддир  нақши  созанда  мебозад»[3].

  Таҳлили  раванди  ташаккул  ва  таҳкими  муносибатҳои  дуҷонибаи   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  Ҷумҳурии Мардумии  Чин бори дигар нишон  медиҳад, ки  он  тамоми  ҷанбаҳои  зиндагии  халқҳоямонро   фаро  гирифтааст. Дар доираи лоиҳаи  «Як камарбанд, як  роҳ»,  инчунин,  санадҳои  меъёрӣ  - ҳуқуқии  дуҷонибаю  бисёрҷониба,  аз  тарафи  Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооту  инфрасохторҳои  саноативу агросаноатӣ,  энергетикиву  нақлиётӣ   бунёд  гардидаанд. Мисоли равшани он  шоҳроҳҳои  Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Ҷирғатол,  Душанбе – Панҷи  Поён,  Душанбе – Турсунзода,  хатти  500  киловаттаи  барқии  Душанбе – Хуҷанд,  маркази  обгармкунии  Душанбе  ва  ғайра  мебошанд.  Бо  кȳмаки  молиявии Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  дар  шаҳри  Душанбе  як  қатор  биноҳои  маъмуриву  идорӣ (биноҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Парламенти  кишвар  ва  ғайра)  дар  ҳоли бунёд  қарор  доранд. Дар чорчȳбаи  робитаҳои  илму  маърифати  дар  ҷумҳурӣ   як  қатор  марказҳои  омȳзиши  забони  хитоӣ  ба  номи  Конфутсий  фаъолият  доранд. Ҷавонони  тоҷик  саъю  талош  мекунанд, ки  забони  хитоиро  омȳхта,  соҳиби  ҷойи кор  дар  сохтмону  иншооти  дутарафа  бунёдшаванда  гарданд  ва  ё  барои  такмили  сатҳи  забондонии  худ  ба Ҷумҳурии  Мардумии Чин  барои  таҳсил  сафар  кунанд. 

  Ҳамин  тариқ  метавон  гуфт,  ки  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин   дар   дурнамо  низ  ҳамчун  шарики  боэътимоди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  татбиқи  ҳадафҳои  стратегии  кишвар, хусусан  ҳадафи  чоруми он  саноатикунонии  босуръати  кишвар,    боқӣ  хоҳад  монд.

 
Хоҷаев  Ҳикматулло Ҳимматович
ходими илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Бознашр: https://ifppanrt.tj/tj/ilm-va-navidho/andeshai-muhakkikon/item/1222-30-soli-d-stii-bezavoli-to-ikistonu-chin.html 
 
 
 
АДАБИЁТИ  ИСТИФОДАШУДА:
1.Мубодилаи барқияҳои табрикӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин // Захираи электронӣ/Реҷаи дастрасӣ/http://president.tj/node/27454/ санаи муроҷиат: 04.01.2022/.    
2. Отношения между Китаем и Таджикистаном – образец дружбы и сотрудничества// Захираи электронӣ/ Реҷаи дастрасӣ/ http://narodnaya.tj/index.php?option =com_content&view =article&id=7459:2018-09-13-04-34%2022&catid=49:politika&Itemid=27/ Санаи  муроҷиат: 03.02.2022/.
3. Мирзоев Н.М. Нақши Тоҷикистон дар  ташаккул ва таҳаввули  Созмони Ҳамкории  Шанхай// Захираи  электронӣ/ Реҷаи  дастрасӣ/
https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/1038-na-shi-to-ikiston-dar-tashakkul-va-ta-avvuli-sozmoni-amkorii-shankhaj/ Санаи  муроҷиат: 04.02.2022/.
 
Хондан 821 маротиба