Нусхаи чопи
Душанбе, 06 Марти 2023 18:04

Адабиёт ва ифтихороти миллӣ

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

(Дар ҳошияи мақолаи профессор Саймумин Ятимов “Тавоно бувад ҳар ки доно бувад”

  Адабиёти ҳар миллате дар тарбияи руҳию равонии афроди он нақши асосӣ иҷро мекунад. Муҳимтарин рукни адабиёти миллиро рӯҳияи миллӣ ташкил медиҳад. Руҳияи миллӣ ҷонмояи асари адабӣ ба шумор меравад. Ҳар асари бадеӣ дорои мавзуву муҳтаво ва сужаву сохтори хоси худ мебошад. Аммо дар паҳлуи ин вижагиҳо руҳи миллӣ низ бояд дар ҷараён бошад. Гарчанде руҳи миллӣ монанди санъатҳои бадеӣ ҷузви меъёру вижагиҳои таҳлили асари бадеӣ маҳсуб намешавад, аммо шарики ғайрирасмии ҳар мавзуву масъалаи адабӣ бояд бошад. Аз ҳамин ҷиҳат муҳаққиқон бо таваҷҷуҳ ба таъсири ҳолати руҳию равонии нависандаи асар бар хонанда, асарҳои адабиро ба чор гурӯҳ: ҳамосӣ, таълимӣ, ғиноӣ ва намоишӣ тақсимбандӣ кардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки адабиёти миллии мо маҳз дар даврони салтанати давлатҳои миллӣ ташаккул ёфтааст. Намунаи равшани он метавонад адабиёти давраи Сомониён ва осори Рӯдакию ҳамасрони ӯ бошад. Адабиёти ин давра аз ҳар ҷиҳат барои тарбияву парвариши насли даврони истиқлол намунаи ибрат мебошад. Баъд аз суқути давлати Сомониён андешаи миллӣ низ дар адабиёт батадриҷ рӯ ба таназзул овард.

  Аз он баъд ҳар адибе талош мекард, ки асари худро бо идеологияи ҳоким созгор намояд. Баъди Сомониён агарчи фарҳанги форсии тоҷикӣ дар минтақа мусаллат буд, аммо ба сабаби надоштани пуштивонаи сиёсӣ ва камбуди идеяи миллӣ, адабиёт ба самти мактабҳои тахайюлӣ ва таваҳҳумӣ гароиш пайдо карда, дар манҷлоби ин афкор ғарқ гардид. Хулоса, ҷисми тоҷик дар замин буду фикраш дар осмон, аммо аз ин фикри гардунсайр барои наҷоти ҷисми ҳақираш истифодае намекард. Ин дугонагӣ боиси боиси муаллақ мондани ӯ дар байни замину осмон шуда буд, зеро аз дасти тани беруҳ ва руҳи бетан ҳеҷ коре барнамеояд. Дар ин робита андешаҳои профессор С. Ятимов гӯёи ҳақиқати инкорнопазир, ки : “Бузургтарин фоҷеаҳое, ки дар тӯли асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд. Одамон тақдири имрӯза ва фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур, балки ба он тахминҳо ва ҷаҳонбиниҳое ҳавола мекунанд, ки аз доираи мавҷудоти моддӣ берунанд”(С. Ятимов. Тавоно бувад ҳар ки доно бувад. Адабиёт ва санъат, 02.02 2023, №5(2184) саҳ 2). Ин таҷриба собит мекунад, ки рушди адабиёти миллӣ ба пуштивонаи сиёсӣ шадидан ниёз дорад. “Натиҷабардорӣ ва хулоса он аст, ки руҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ натиҷаи ҳолати ғуломӣ, адами пуштибони аслӣ – ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тӯли ҳазор сол аст” ”(С. Ятимов. Тавоно бувад ҳар ки доно бувад. Адабиёт ва санъат, 02.02 2023, №5 (2184) саҳ 2). Ин таҷрибаи талх роҳи дурударозеро тай намуд, то ин ки дар ибтидои асри ХХ ва таҳаввулоти наве, ки пас аз вуқӯи Инқилоби Октябр дар Русия ва минтақаи Осиёи Миёна рух дод, фурсати ислоҳу бозсозии андешаи миллиро дубора фароҳам намуд. Руҳ ва андешаи миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик тавассути аллома Аҳмади Дониш дамида шуд ва бо талошҳои хастанопазири устод Садриддин Айнӣ амалан вориди арсаи адабиёт гардид. Ин нидои устод Айнӣ ҳанӯз ҳам дар гӯши мо бовиқор садо медиҳад, ки:

Эй ситамдидагон, эй асирон!

Вақти озодии мо расид.

Муждагонӣ диҳед, эй фақирон,

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид!

Дар беш аз сад соли охир хитобае аз ин ширинтару боиззаттарро ба ёд надорам. Бонги дилошӯбе, ки зангулаи бедории миллатро дубора ба садо даровард, ҳамин шеър аст. Шеъри мазкур таърихи бозгашти дубораи руҳ ва андешаи миллӣ ба адабиёти муосири тоҷик аст. Баъди он ҳама чиз дар сарнавишти мо дигаргуна ва нав гардид. Тоҷик ҳамчуни миллат вориди саҳнаи ҳаёт шуд. Ҷаҳон дубора бо ин вожаи азёдрафта ошно шуд. “Марши ҳуррият” оғозгари марҳилаи нав дар адабиёти тоҷик аст, марҳилае, ки шабоҳати наздике бо адабиёти даврони Сомониён дорад. Адибе, ки саропои вуҷуд, истеъдод ва осори хешро барои сарбаландии як қавми куҳан ва фаромӯшшудаи таърих бахшид. Адибе, ки фармуд: “Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як маводи ҳаётӣ фароҳам омадаанд.. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷик ва Тоҷикистон аст, дар бораи кишвари кӯҳистонии ман, ки ба воситаи қуллаҳои сарбарфалаки Помир бар фарози ҷаҳон қомат афрохтааст, дар бораи сарзамини модарии ман, ки дар гузашта тавассути анбӯҳе аз фотеҳон тороҷ гардидааст, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳашт ба худ номи «тоҷик» — ро гирифт”. Адибе, ки ба фармудаи шогирди бовафояш Мирзо Турсунзода:

Адиб аз нав таваллуд шуд, ҷавон шуд,

Адиби дӯстдори тоҷикон шуд...

Ватан аз ҷаҳлу торикӣ шуд озод,

Ба Айнӣ шаъну шуҳратҳо фиристод.

Худи устод машъал шуд, алав шуд,

Чароғи мардуми дунёи нав шуд.

Бо шарофату баракати устод Айнӣ адабиёте, ки ҳудуди ҳазор сол тафаккури пессимистӣ, дунёбезорӣ, дунёгурезӣ, тақдирпарастӣ, фармонбардорӣ, таслимгароӣ, таваҳҳумгароӣ, ормонгароӣ, пучгароӣ (нигилизм), сарафкандагӣ, беэътиноӣ, вобастагӣ, нармхӯйӣ, ҷабргароӣ, таваккулгароӣ, тахайюлгароӣ ва ифроту тафритро талқин мекард, акнун ба зиндагӣ рӯ овард ва адабиёти зиндагисоз шуд.

Тоҷик дар ибтидои асри ХХ аз асорати афкори зиндагисӯз озод гардид ва адиби тоҷик—устод Айнӣ дар бораи ватани худ бо ҷасорат мегуфт:

Ин бешаи шерони қавишаъни далер аст,

Ин ҷо набувад ҷой  ба ҷуз  шери жаёнро.

Ин хонаи инсонияту шафқату мардист,

Дар хонаи инсон набувад роҳ харонро.

Ин давлати пуршавкату ин миллати озод,

Асло надиҳад раҳ ба Ватан роҳзанонро.

Бар зидди адӯ яктану якҷон шуда, оре,

Кас ҳеҷ зи ҳам дур надида тану ҷонро …

Роҳ ёфтани андеша ва руҳи миллӣ ба адабиёт мардумро аз чоҳи сардаргумӣ наҷот дода, чашми онҳоро ба зиндагӣ дубора боз кард. Новобаста аз хоҳиши мо адабиёт талқингари як навъи ҷаҳонбинӣ аст. Адабиёт бо он балоғату фасоҳату латофате, ки дорад ба осонӣ ва хеле зуд дар қалби мардум ҷой мегирад. Аз ин ҷиҳат ислоҳи адабиёт ба маънии ислоҳи фарҳангу маънавиёт ва ахлоқи мардум аст. Аз ин рӯ, Муҳаммадтақии Баҳор (1884-1951) маъруф ба Маликушшуаро Баҳор, ки ҳамзамону ҳамасри устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) буд, аз назари фикрӣ бо устод Айнӣ шабоҳати наздике дорад. Баҳор дар Эрон ва устод Айнӣ дар Осиёи Миёна барои навсозии тафаккури миллӣ хидматҳои шоёне анҷом додаанд. Ин ҳар ду тарафдори наҳзати навгароӣ дар тамоми арсаҳои ҳаёт, аз ҷумла адабиёт буданд ва барои амалӣ шудани андешаҳои хеш дар ду хиттаи як тамаддуни фарҳангӣ хидмат кардаанд. Танҳо фарқи қобили мулоҳизаи ин ду шахсияти миллӣ дар он буд, ки аксари орзуву ормонҳои устод Айнӣ дар замони ҳаёташ ҷомаи амал пӯшид, аммо афкору орзуҳои Баҳори муборизу озодихоҳ (машрутахоҳ) чандон иҷро нашуд.

Бо ин ҳол, Маликушшуаро Баҳор вуҷуди руҳ ва андешаи миллӣ дар адабиётро бисёр муҳим медонист ва барои исботи афкори хеш кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Андешаҳои Баҳор дар бораи рисолати адибу адабиёт дар қасидаи “Фирдвасӣ”-и шоир ба хубӣ инъикос пайдо кардааст. Дар ибтидои қасидаи мазкур Маликушшуаро Баҳор ба нақши зиндагисози сухан ва ё адабиёт дар ҳайёти иҷтимоии башар ишора карда мегӯяд:

Сухан бузург шавад чун дуруст бошаду рост,

Кас ар бузург шуд аз гуфтаи бузург, равост.

Шунидаӣ, ки ба як байт фитнае биншаст,

Шунидаӣ, ки зи як шеър кинае бархост!

Аз дидгоҳи Баҳор ҷаҳонбинии худи адиб муҳимтарин масъала ҳангоми эҷоди асари бадеӣ ба шумор меравад. Агар ҷаҳонбинии адиб солим бошад, адабиёти солим пешкаши аҳли ҷомеа мегардад. Бино бар ин ҳар адибе, ки қасди эҷоди асари бадеӣ дошта бошад, қабл аз он бояд ҷаҳонбинии худро тармим намояд, то ки ба аҳли ҷомеа офат нарасонад.

Нуктаи дувуме, ки дар эҷоди асари барҷаста таъсиргузор аст, шахсият ва тавоноии худи эҷодкор мебошад. Яъне ҳар қадаре ки шахсияти фардию адабии эҷодкор мукаммалу барҷаста бошад, ба ҳамон андоза асари адабии ӯ ба камолот наздиктар аст:

Камоли ҳар шеър андар камоли шоири ӯст,

Санеъи доно ангораи дили доност.

Чу мард гашт данӣ, қавлҳои ӯст данӣ,

Чу мард воло шуд, гуфтаҳои ӯ волост.

Саховат орад гуфтори шоире, ки сахист,

Гадоӣ орад ашъори шоире, ки гадост.

 Аз ин ҷо бармеояд, ки табъи шоир ё адиб ва шахсияти ӯ дар офариниши асари бадеӣ бисёр таъсиргузор аст. Чун ҳар асаре бозтоби руҳия, афкор ва хӯю хислати равонии ҳамон нависанда аст. Аз ин рӯ аст, ки Баҳор дар идомаи қасидаи “Фирдавсӣ” чунин таъкид медорад:

Нишони сирати шоир зи шеъри шоир ҷӯй,

Ки фазли гулбун дар фазли обу хоку ҳавост.

Ӯ барои исботи ин назарияи худ дар идома чанд мисол меорад ва ба муқоисаи шаҳномаҳо мепардозад. Ҳамон гуна, ки маълум аст мо дар таърихи адабиёти классик чанд намунаи шаҳнома ба назму наср дорем, ки аз миёни онҳо танҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мақому мартабаи ҷаҳониро ба даст оварду мондагор шуд. Баҳор муътақид аст, ки шаҳомату бузургии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз руҳу равон ва хую хислати шахсияти Фирдавсӣ маншаъ гирифтааст:

Нишони хӯи Дақиқию хӯи Фирдавсист,

Тафовуте ки ба “Шаҳнома”-ҳо бубини рост.

Бале, тафовути “Шаҳнома”-ҳо ба маънию лафз,

Дурусту рост ба ҳинҷори хӯи он ду гувост.

 Ин мисолҳо гувоҳи он ҳастанд, ки ҳар асари адабӣ аз шахсияти офарандаи худ таъсирпазир аст. Ҳар қадар ки шахсият ва ҷаҳонбинии адиб васеъу қавӣ бошад ба ҳамон андоза асари адабӣ низ аз назари мавзуъу муҳтаво ғанию мумтоз мегардад. Бо ҳамин қиёс М. Баҳор “Шоҳнома”-ро бозтоби руҳи қавӣ ва андешаи баланди Фирдавсӣ медонад:

Ҷалолу рафъати гуфторҳои шоҳона,

Нишони ҳиммати Фирдавсияст бе каму кост.

Муҳовароти ҳакимонаву дироятҳош

Гувоҳи шоир дар ақлу ройи ҳикматзост.

 М. Баҳор сипас таваҷҷуҳи хонандаро ба ривояту устура, қиссаву афсона ва достонҳои пурмоҷарои “Шоҳнома” ҷалб намуда, таъкид менамояд, ки таърих, шиддати воқеаҳову фоҷеаҳои инъикосёфта дар ин асар, манзараҳои даҳшатноку ғурурофарин, масъалаи ҷангу сулҳ, шавкати шоҳону шукӯҳи кишварҳо, шуҷоату мардонагӣ ва...ҳар он чи дар ин асари калонтарини ҳамосии ҷаҳон мушоҳида мешавад, бархоста аз истеъдоди фитрӣ ва қудрати эҷодии Фирдавсӣ будааст. Ӯ Фирдавсиро намунаи комили як шахсияти миллӣ медонад:

Яке ба саҳнаи “Шаҳнома” бин, ки Фирдавсӣ

Ба сад либоси мухолиф ба бозӣ омада рост.

Амири кишваргир асту гурди лашкаркаш,

Вазири равшанрой асту шоири шайдост.

Муколамоти мулуку муҳовароти риҷол,

Ҳама қариҳаи Фирдавсии суханорост.

  Дар интиҳои қасидаи “Фирдавсӣ” М. Баҳор аз заъфи андеша ва камбуди руҳияи миллӣ дар тафаккури ҳамзамонони хеш гила карда, афсӯс мехурад, ки бо вуҷуди “Шоҳнома” миллати Эрон чигуна дар ибтидои асри ХХ дар вартаи табоҳӣ қарор гирифтааст?

Дареғ, к-аз паси як умр хидмати ватанӣ,

Надид чашмам як ҷузв аз он чи дил мехост.

Зи пухтакории ағёру хомтабъии қавм

Чунон бисӯхт димоғам, ки дуд аз он бархост.

  Посухи ин нуктаи муҳим дар мақолаи “Тавоно бувад ҳар ки доно бувад” ба таври возеҳ инъикос пайдо кардааст: “Агар мардум, аъзои ҷомеа дар муқобили эҳсосот ва андешаҳои бегонапарастӣ, хурофотзадагӣ ҳувияти миллӣ пайдо накунад, ба таърихи гузаштаи хеш, эътиқод ва эҳтироми фавқулода нагузорад, маҳз бар давлатдории миллӣ афзалият набахшад, оқибат бозичаи дасти бегонагон хоҳад гашт” (С. Ятимов. Тавоно бувад ҳар ки доно бувад. Адабиёт ва санъат, 02.02 2023, №5(2184) саҳ 5).

Дар ибтидои асри ХХ авзои сиёсию иҷтимоии Эрон ва Осиёи Миёна бисёр ба якдигар шабоҳат доштанд ва шахсиятҳои барҷастае ба монанди устод Айнӣ ва Маликушшуаро Баҳор роҳи наҷот аз он ақибмондагии таърихиро дар эҳёи андешаи миллӣ медиданд. Аз ин рӯ, аз назари руҳия ва талқини афкор ашъори ин ду шоири ба чашм дур, аммо ба дил наздик бо ҳамдигар шабоҳати наздике дорад. Баҳор дар он гӯша аз тамаддун заъфу нотавонии миллиро ин гуна мазаммат мекард:

Ҷаҳон сар ба сар ҷои зӯр асту бас,

Мукофоти безӯр гӯр асту бас!

Ва устод Айнӣ дар Осиёи Миёна ҳастиро дар донишу савод ва шуҷоати миллӣ хулоса мекард:

Ба номи накӯ кушта гаштан ба ҷанг

Беҳ аз зиндагонии боайбу нанг.

Муханнас набошему нокас наем,

Гар аз марг тарсем мо, кас наем!

Чу кардем якчанд душман ҳалок,

Пас, он гоҳ аз кушта гаштан чӣ бок?...

Ки ин маргамон умри сонӣ диҳад,

Ҳаёти  нави  ҷовидонӣ  диҳад.

  Мутаассифона, имрӯз чунин андешаҳои зиндагисоз ва ҷаҳонбинии ҷаҳонсоз ҳам дар адабиёти Эрон ва ҳам дар адабиёти даврони истиқлоли Тоҷикистон камранг шудааст. Саҳнаи адабиёт ва фазои идеологии ҷомеа бо лафзҳои хушку холӣ ва беруҳ, навмедию афсурдагии руҳию равонӣ дар ҳоли пур шудан аст. Тақлид бар танқид ғалаба карда, масъалаи таҳқиқи адабӣ дар гӯшаи узлат нишеман гузидааст.

  Акнун адибони ҷавонро зарур аст, ки тобеи чунин фазои олуда нагарданд ва ба сарчашмаҳои аслии адабиёти пурғановати тоҷик муроҷиат намуда, осори шоирону адибони давраи Сомониён, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Умари Хайём, Ибни Сино, Хоқонии Шервонӣ, Шамсиддини Шоҳин, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро сармашқи фаъолияти эҷодии худ қарор диҳанд.

 

Беҳрӯзи Забеҳулло

Мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти

забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Рӯзномаи “Минбари халқ”, 01.03.2023, №9 (1406), саҳ 7.

Хондан 1776 маротиба