Нусхаи чопи
Душанбе, 30 Августи 2021 06:56

Афғонистон дар дуроҳаи интихоб

Муаллиф: Меҳр Собириён

 (гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили “Гуфтугӯйи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмон бо ҳузури шоир, сиёсатмадор ва равшанфикри миллии минтақа, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон устод Латифи Пидром)   

     Рӯзи 28-уми август маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” баргузор гардид. Гузоришгари маҳфил шоир ва сиёсатмадори Афғонистон Латифи Пидром зимни суҳбати ҷолиби ихтисосӣ дар бораи буҳронҳои сиёсию мафкуравӣ, таркибҳои иҷтимоӣ ва ихтилофоти қабилаӣ, омилҳои суқути манотиқ, тасаллути  Толибон бар мамлакат, таъсири авомили хориҷӣ дар рӯйи кор омадани режими ифротӣ, кайфияти равандҳои сиёсӣ, ҳалли мусолиматомези қазоёи минтақаӣ ва ояндаи ҳукуматдории толибонӣ сухан гуфт. Вай буҳрони кунунии кишварашро ба фасод ва фошизми ҳукумати Ашраф Ғанӣ рабт дод. Устод Пидром дар ин замина таъкид кард, ки ҳукумати фасодзадаи Ашраф Ғанӣ артиши ин кишварро заиф карда, дар баробари ҳаракати Толибон нотавон сохт. Илова бар ин, халъи силоҳи гурӯҳҳои мардумӣ барои пешравии сареи Толибон роҳ кушод. Дар натиҷа, Толибон тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ бештари қаламрави Афғонистонро бо шумули Кобул тасарруф кунанд.

        Латиф Пидром, ҳамчунин дар бараи мавқеи фарқкунандаи мардуми вилояти Панҷшер сухан гуфта, бар он ишора кард, ки мавқеъгирии онҳо дар баробари зӯргӯйӣ, худшефтагӣ ва тафохури нобаҷойи толибонӣ дуруст аст. Мардуми дараи Паншер барои ташкили як ҳукумати фарогир талош карда истодаанд. Эътирози онҳо бар зидди як ҳукумати такқавмии диктаторӣ аст. Ин мавқеи панҷшериён ба усулу принсипҳои раванди гуфтушунидҳои сулҳи Доҳа созгор аст. Дар раванди гуфтушунидҳо қарор набуд дар Афғонистон Аморати исломӣ ташкил шавад. Ҳадаф як ҳукумати ҳамагири демократӣ буд, ки аз ҷониби Толибон нодида гирифта шуда истодааст. Устод Пидром Панҷшерро намоди муқовимати тоҷикони Афғонистон унвон кард ва дар рафти маҳфил борҳо ин нуқтаназарро бо шеваҳои гуногун ироа дошт.

      Дурустии мавқеъгирии раҳбарияти олии Тоҷикистонро дар баробари буҳрони кунунии Афғонистон тасдиқ карда, Латифи Пидром изҳор дошт, ки мавқеи давлати Тоҷикистон мувофиқ ба конвенсиони байналмилалӣ аст. Талаби Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати ворид кардани намояндагони ҳама қавму миллатҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон, ки 46 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил мекунанд, ба ҳукумат дар оянда на танҳо мувофиқ ба ахлоқу инсоф аст, балки бар асоси қонуну қоидаҳои байналмилалӣ низ мебошад. Ин сиёсатмадори афғонистонӣ аз мавқеи Тоҷикистон хеле хуб истиқбол кард. Дар зимн, изҳор дошт, ки набояд ҳаққу ҳуқуқи 60 дарсад аҳолии ғайрипаштуни ин кишвар нодида гирифта шавад.

       Латифи Пидром суқути ҳукумати Ашраф Ғаниро, қатъи назар аз мушкилоти ҷиддии бавуҷудомада, барои мардуми Афғонистон то дараҷае манфиатовар унвон кард. Вай изҳор дошт, ки Ашраф Ғанӣ як сиёсати зидди ақвоми ғайрипаштуро пеш гирифта буд, ки ба зарару зиёни давлати Афғонистон буд. Вай ҳатто тоҷиконро ба 51 қавм тақсим кардан мехост. Ин сиёсат бо иловаи фасоди ҳамагир давлати Афғонистонро ба шикаст мувоҷеҳ кард. Суқути ҳукумати Ғанӣ бештар ба сиёсат ва мудирияти Ғанӣ ва дастгоҳи идориаш бастагӣ дорад. Чунки бо пӯшишҳои қонунӣ он метавонист вазъияти мардумро аз ин ҳам бадтар кунад. Маҳз ҳамин сиёсати ғалат буд, ки ҳаракати Толибон дар қабатҳои иҷтимоӣ ҷонибдор пайдо карданд ва ахиран бидуни муқовимат остону вулусволиҳо, шаҳристону шаҳракҳо ва марказу вилоёт пайи ҳам дар ихтиёри Толибон қарор гирифтанд.

        Авзои сиёсию геосиёсии минтақаро дунбол карда, Латифи Пидром аз ҷумла тазаккур дод, ки ба ояндаи Афғонистон назари нек дорад ва хушбин аст. Акнун мардум ва равшанфикрони Афғонистон дар баробари танҳо як душман қарор доранд. Мубориза холо осонтар шудааст. Бо талошу ҳақталабиҳои қишрҳои фаъоли ҷомеа имкони ташкили як давлати федеролии демократӣ бо ҳифзи ҳуқуқи намояндагони ҳама қавмҳои Афғонистон вуҷуд дорад. Як давлати мутамаркази якқавмӣ қабул нест ва чунин давлат дар Афғонистон ҳеҷ вақт муваффақ нахоҳад шуд.

      Дар маҳфили мазкур олимону рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ва ҳаводорони тоҷикони Афғонистон иштирок доштанд ва баъди ироаи гузориши муфассали чиҳилуҷаҳордақиқагии устод Латифи Пидром қисмати пурсишу посух ва музокирот дар арофи масоили мавриди назар  шурӯъ шуд. Табиист, ки баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ дар заминаи масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ, амниятӣ, равонӣ, ахлоқӣ сиёсӣ ва амсоли инҳо сурат гирифт. Дар ҷараёни пурсишу посух ва музокирот паҳлуҳои гуногуни вазъи сиёсию интизомӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақа равшан шуд.

      Ба ин тартиб, аз ин маҳфил метавон хулоса кард, ки Афғонистони аз ҷангҳои  дурудароз хасташуда, акнун дар дуроҳаи интихоб қарор дорад -- ё як давлати федеролии демократиро ташкил карда, бо таъмини ҳуқуқу озодиҳои тамоми мардумаш роҳ ба сӯи сулҳу шукуфоии устуворро ҳамвор месозад ва ё ин ки гурӯҳҳои манфиатталаб як давлати мутамаркази якқавмиро дар шакли Аморати исломӣ ташкил карда, мусибати мардуми Афғонистонро барои чанд даҳсолаи дигар идома медиҳанд. Хуб мешуд, агар аввалӣ интихоб шавад. Латифи Пидром изҳор дошт, ки Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон барои як чунин давлати фарогир консепсияи мушаххас ва барномаи амалро омода кардааст. Бошад, ки ақли солим пирӯз гардад ва Афғонистони ҳамсоя бо интихоби роҳи дуруст аз ин бадбахтиҳо раҳо шавад.

Меҳр Собириён

Хондан 812 маротиба