Нусхаи чопи
Ҷумъа, 24 Июли 2020 09:14

Андар шеваи дарки маънои шеър

Муаллиф: Шодимуҳаммад Сӯфизода

  Шеър, хоса шеъри ғиноӣ, зодаи хаёлу илҳоми ногаҳонии шоири асилест, ки падидаҳои офаринишро мутобиқи завқи вежаи хеш бозшиносӣ карда, онҳоро дар густараи забон ғолибан ба гунае мавзуну муқаффо рақам мезанад, ки мухотаби ӯ бо хондани он ба дарку бардошти зебоишиносонаи шоир аз падидаҳои ҳастӣ даст меёбад. Муҳаммадтақии Баҳор мегӯяд, ки «шеъре, ки мақсуди мост, шеърест, ки аз димоғи шоире лоиқ ва дар як вақти озод ва ё ба вақти торике дар буҳбуҳаи эҳсосот ва тарокуми авотифи гуногун ва дар як ҳоли ҳаяҷонӣ гуфта шавад»[5, c. 931]. Ҳар андоза диди шоир ҳунармандона бошад ва ҳар андоза ҳусни баёнаш нозук, ба ҳамон андоза шеъраш дар сатҳи писандида, чи аз назари сурат ва чи аз нигоҳи маъно, ба забон меояд ва ба дили мухотабаш менишинад.

  Дар ҳоле, ки шеър ҳаҷман хурд аст, дар худ як ҷаҳон маъноро мегунҷонад. Аммо асари мансур гунае дигар аст: мақсади асосии он расонидани паём аст; ҳадафи шеър бар изофаи расонидани паём таъсири зеҳнию равонӣ ва эҷоди отифаву лаззат дар мухотаб аст. Беҳудае нест, ки андешаманде асари мансурро ба “роҳ гаштан” ва шеърро ба “рақсидан” шабеҳ донистааст. Забони шеър мантиқан хеле дақиқ, полоишёфта, пероставу ороста ва бисёр ҳунарӣ мебошад. Шоир мисли наққошест, ки барои як лаҳзаро тарсим кардан чандин рангро омезиш медиҳад, то ранги мавриди алоқаашро пайдо бикунад: ӯ ҳангоми тасвир мафҳумҳоро тавассути вожаҳо дар ҳам меомезонад, то битавонанд маънои хосеро эҷод намояд. Ӯ вожагонро на танҳо барои баёни маъно, балки аз назари оҳангу лаҳнашон низ дарҳол интихоб мекунад ва аз рӯйи қонуниятҳои зебоишиносии сухан дар бистари шеър мегунҷонад. Чунин амали шоир метавонад огоҳона ё надониста ба шикасти ҳинҷорҳои сарфию наҳвӣ биоварад.

  Чунин шеърро, ки натиҷаи илҳом ва завқи халлоқи як шахс аст,  чи гуна бояд бихонем, ки ба маъное, ки сарояндаи шеър дар назар доштааст, пай бибарем? Дар имтидоди таърих адибону андешмандоне аз Арасту гирифта то Ибни Синову Рашиди Ватвоту Шамси Қайсу Маликушшуаорои Баҳор пеши худ чунин суолҳоеро гузоштаанд.

  Масъалаи шинохти шеър ҳамвора баҳсбарангез будааст. Шеърро ҳама мефаҳмад ва ҳар касе ба таври худ дарк мекунад, ҳатто онҳое ки савод надоранд маърифати хосе аз шеър доранд. Аммо дарки ҳар яки онҳо  гуногун аст. Оё меъёри санҷиши каломи ҳунарӣ  вуҷуд дорад, то дар асоси он хубию зиштии шеърро муайян карда тавонем? Дар асоси кадом меъёрҳову нишонаҳо метавон як шеърро хуб ва дигареро суст шуморем? Чаро баъзе одамон як шеърро шеъри хуб ва шеъри дигареро бо ҳамон мазмун заифу каммоя мешуморанд?  Маъмулан, бо изҳоре аз қабили «бо шунидани ин шеър тамоми баданамро ларза гирифт», «ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд», «мӯйи баданам хест» ва ғайра хонанда назари худро дар бораи шеър баён мекунад. Дар асоси кадом меъёр ӯ дар бораи шеър чунин довариҳо мекунад?

  Маъмулан, вақте хонанда дар бораи шеър чунин ҳукм мекунад, манзураш аз ин доварӣ таъсирест, ки шеър бар ӯ гузоштааст. Дар воқеъ, маҷмӯае аз омилҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ ҳастанд, ки дар замону маконе хос бар хонандаи шеър таъсир мерасонанд ва муносибати ӯро ба шеъри хондааш муайян мекунанд. Хулосабарорию ибрози назар карданҳои фардӣ марбут ба тавоноиҳои шинохтию маърифатии инсон аст ва он аз чаҳорчӯбаҳои худ берун рафта, меъёри ягонаи дарки дурусти шеър шуда наметавонад. Ҳар хонанда он андоза аз шеър бардошт мекунад, ки қобилияти даркашро дорад.

  Маликушшуаро Баҳор ба ин назар аст, ки «шеър натиҷаи отифаву эҳсосоти зарифу нозуки як инсони ҳассоси мутафаккир аст» [5, c. 931]. Шеър бо рӯҳ  ва ҳолоти отифии инсон пайванди мустақим дорад.  Зебоии шеър дар он аст, ки дар як ҳолати ҳаяҷонии шоир гуфта шуда, нохудогоҳ аз маҷмӯи воқеиятҳои айнию зеҳнӣ дар омезиш бо эҳсосот, тахайюл, илҳом, завқи адабӣ ва, муҳимтар аз ҳама, таҷрибаи шоир ба вуҷуд меояд. Ҳарчи завқ, ҳаяҷону эҳсосоти отифии шоир ҳангоми иншои шеър қавитару самимию табиитар бошад, ба ҳамон андоза шеър беҳтар ва хубтар хоҳад буд. И. Кант гуфтааст, ки «шеър намоишгоҳе аз эҳсосот аст, ки ақл онро ба низом медароварад» [10, c. 506]. Г. Флобер дар бораи шеър чунин ибрози назар кардааст: «шеър равиши вежа барои дарки ҷаҳони хориҷ аст, василаи хосест, ки моддаро бозрасӣ карда, онро бидуни тағйир дигаргун мекунад»[10, c. 506]. Аз дидгоҳи андешмандони мазкур бармеояд, ки шеър омезаи эҳсосот, отифа ва ақлу шуур буда, бештари тирагиҳо ва ё розу асрори забон аз ин ҳолат берун меояд.

  Оё мешавад як шеърро, ки ба ҳолати рӯҳии ҳозираи ман мувофиқ аст, хуб ва шеъри дигареро, ки ба ҳолати рӯҳиям наздик нест, нохуб шуморам? Шеър баёнгари ҳолоти шахсе дар як замони муайян аст. Ба гумонам, ба аксарият чунин иттифоқе афтидааст, ки як шеъри хеле сода дар ҳолате, ки шумо дорои ҳиссиёте будаед, ки ба муҳтавои он шеър наздик аст, ба шумо таъсири фавқулода амиқе расонидааст. Вале ҳамон шеър дар дигар мвқеъ, ки мувофиқ ба вазъияти рӯҳии шумо набудааст, дар шумо таъсире накардааст. Кажфаҳмиҳо ва бардоштҳои гуногун дар бораи «шеъри хуб» ва «шеъри суст» аз он сар мезанад, ки чакома сухани отифӣ буда, ҳолати мушаххаси рӯҳиро баён мекунад ва ин вазъият ҳар лаҳза метавонад дигаргун бошад.

  Ба воситаи кашфи маъно чигунагии интиқоли андеша ба забон равшан мешавад. Баррасии забони шеър дарки моро аз андешаҳои аслии шоир фузунӣ мебахшад. Дар ҳама гуна матни адабӣ, аз ҷумла дар шеър, маънои калима комилан дар худи он нест, балки то андозае бо вожагони дигари матн муносибат дорад. Даруни вожа дар шеър пур аз таҷаллии маъност. Вожа дар шеър ҳамвора дар ҳаракат аст, дар рақсу бозист.

  Шеър бо шикастани ҳинҷорҳои забонӣ як сохтори дастурии ғайримаъмулиеро аз ҷумла месозад, ки барои хонанда чи аз нигоҳи шакл ва чи аз ҷиҳати мазмун ноошност.

 Парвиз Нотили Хонларӣ (1914-1990), адиб ва олими номдори қарни гузаштаи Эрон, ба ин назар аст, ки «дар идроки шеър миёни гӯяндаву шунаванда робитаи қавитаре барқарор мешавад. Шунаванда ин ҷо дигар танҳо пазирои паём нест, балки худ дар сохтани паём шарик аст. Барои идроки шеър танҳо ҳамзабонӣ миёни гӯянда ва шунаванда кофӣ нест, балки вуҷуди ҳамдилӣ миён ду тараф зарурат дорад. Ин ҷо зеҳни шунаванда бояд дуруст ҳамон амалро анҷом бидиҳад, ки зеҳни гӯянда анҷом дода аст. Ин ҷо «ҳузури зеҳн» барои шунаванда шарти лозими идрок аст» [15]. 

  Пажӯҳишгарони аврупоӣ низ дар фаҳму дарки шеър қоидаҳои мантиқии дарёфтани маъноро муҳим мешуморанд. Онон низ ба ин назаранд, ки маънои вожа устувор нест ва дар ҳамнишинии бо вожагони дигари мисраъ ё байти шеър вобаста аст. Матни шеърро Томас Элиот, шоири хушноми инглис «даргирии тоқатфарсо бо вожагон ва маонӣ»  меномад. Ҳамин «даргирӣ»-и ҷонкоҳона аст, ки карашмаву ишва ва ҷодӯии вожагонро дучандон мекунад. Терри Иглтон, назарияпардози машҳури адабиёт, шеърро «мақулаи ғайриқобили бозгӯӣ» меномад ва мегӯяд, ки «ба ҳеч забоне ғайр аз забони худ қобили баён нест»[8, c. 66].

  Назарияпардозони мактаби формализми русӣ низ шеърро забоне меҳисобанд, ки аз калимаҳо сохта шудааст, на аз мафҳумҳо [11, c. 86] ва ин вожагон маъонии аслии хешро танҳо дар густараи шеър нишон медиҳанд. Вазифаи хонанда ин аст, ки  маънои аслии вожагони шеърро ошкор кунад. Маънои як вожа дар шеър дар бештари мавридҳо маънои луғавии он набуда, аз корбурди он дар паҳнои забон фароҳам меояд. Робитаи вожа бо маъно дар шеър наздиктар аз робитаест, ки дар забони гуфтории рӯзмарра аст. Маънои вожа дар шеър аз таҷриба кардани он бармеояд. Аз ин рӯ шеър чизест, ки таҳти таъсири эҳсосот ва ҳолати отифӣ дар заминаи андӯхтаҳои маърифтии шоир эҷод мешавад ва ҳангоми рӯи коғаз овардани он заминаҳои мантиқию бурҳонияш сарфи назар карда мешаванд. Аммо, баръакси ҳол, дар фаҳми шеър бояд аз қоидаҳои мантиқу бурҳон кор гирифт. Ба гумони ин ҷониб яке аз сабабҳои пайдоиши сӯитафоҳумҳо дар фаҳму дарки шеър аз ҳамин адами таодули мантиқию бурҳонӣ сар мезанад.

  Нобиғагони  илму адаби форсии тоҷикӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои мухталифи нақши забон дар шеър пайваста андеша кардаанд. Ибни Сино ба ин назар аст, ки «шеър забонест, ки бо доштани вежагиҳои хос мӯҷиби инфиъоли нафсонӣ ва ба дунболи он кайфи нафсонии лаззат мешавад»[15,с. 76-77].  Кунишпазирӣ ва беиродагии нафсонӣ, ки лаззати вежаеро аз хондани шеър бармеангезад ва муҷиби илтизози шодмонии нафс мешавад, ба дараҷаи хаёлпардозии шоир вобаста аст.

  Маънои аслии шеърро аз назари ӯ ба воститаи ақл ва тамассук бояд дарёфт.

  Айнулқузот (1098-1133) дар яке аз номаҳои хеш роҷеъ ба шинохти маонӣ дар шеър мегӯяд: «Ҷавонмардо! Ин шеърҳоро чун оина дон. Охир донӣ, ки оина сурате нест дар худ. Аммо ҳар ки дар ӯ нигаҳ кунад, сурати худ тавонад дид» [4, c. 216]. 

  Мавлоно (1207-1273) дар «Фиҳи мо фиҳи» роҷеъ ба беинтиҳоии маъно дар шеър баёни хеле омӯзандае дорад: «...ҳар ки воқиф аст, аз андаке бисёр фаҳм кунад ва аз чизе чизҳо ва аз сатре дафтарҳо...ва ин танҳо дар олами маънӣ ва улуми ҳикмат нест. Дар ҳама чиз чунин аст, дар молҳову зарҳо ва конҳо ҷумла беҳаду поён аст, аммо бар қадри фаҳм фуруд ояд» [14, c. 189-190]. Мавлоно забонро нигоҳдорандаи розу асрори инсон мешуморад. Ҳастии инсон дар забони ӯ таҷассум меёбад. Бо кашфи рози сухан инсон ба моҳияти офариниш даст меёбад:

Одамӣ махфист дар зери забон,

Ин забон парда-ст бар даргоҳи ҷон.

Чунки боде пардаро дарҳам кашид,

Сирри саҳни хона шуд дар мо падид [13, c.49].

Ӯ бо таассуф аз шинохти нодурусти мардум аз асрори ҳастӣ изҳор медорад, ки:

Кошкӣ, ҳастӣ забоне доштӣ,

То зи ҳаст, ин пардаҳо бардоштӣ [12, c. 274].

  Бояд мутазаккир шуд, ки андешаҳои Мавлоно дар бораи моҳияти забон ва матн бо назарияҳои муосири ғарбӣ монандиҳои зиёд дорад.

  Дидгоҳи Мавлоно дар бораи фалсафаи забон бо назария Людвиг Витгейнштейн (1889-1951), файласуфи пуровозаи қарни бистум, ки пайваста дар бораи фалсафаи забон, фалсафаи андеша ва шеваҳои корбурди вожагон жарфу дақиқ меандешид, монандиҳои шигифтангезе дорад. Ба ақидаи ӯ, андеша дар забон аз тариқи кор дар рӯи матн муяссар мешавад ва тафаккури соҳиби матн, ки бо мо дар фосилаи дури замоние қарор дорад, аз забони матни ӯ бояд дарёфта шавад. Витгейнштейн ҳамчун Мавлоно забонро либоси андеша меномад. Ба ақидаи ӯ, ин либос барои ҳадафҳои дигар истифода мешавад, на барои он ки битавон ба воситаи он сурати ҷисмро шинохт.  Баръакс, либос, яъне вожа, пӯшишест бар рӯи маъно, то мо онро дарнаёрем ба асолати маъно даст нахоҳем ёфт [6, c. 18].

  Яке аз назарияҳои шинохти дурусти матн, ки аз ҷониби бештари шеършиносон эътироф гардида, мавриди истифода қарор гирифтааст, ба Айвер Армстронг Ричардз (1893-1979) ва Чарлз Кей Огден (1889-1957)[1] таалуқ дорад. Онҳо дар китоби хеш «Маънои маъно» [2] қаламрави забонро аз чаҳор чашмандоз муайян мекунанд:

  1. Идрок (sense) – иборат аст аз ҳамон чизе, ки мо дар бораи он сухан мегӯем, масалан «ман дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) қарор дорам».
  2. Эҳсос (feeling) - мавқеияти гӯянда нисбат ба мавзӯъ, яъне эҳсоси гӯянда нисбат ба «ман дар маҷлисгоҳи АМИТ қарор дорам».
  3. Лаҳн ва оҳанги гуфтор (tone) – ҳолати ё вазъи гӯянда нисбат ба шунаванда ва мухотаб. Дараҷаҳои он бениҳоятанд. Масалан, ман бо таъкид мегӯям: «ман дар маҷлисгоҳи АИ ҶТ қарор дорам».
  4. Қасд ва ният (intention) –и гӯянда нисбат ба мавзӯъ ва мухотаб.

  Тамоми ин чашмандозҳои чаҳоргона дар муайян кардани маъно таъсири бевосита мегузоранд.

  Дар натиҷаи муайян кардани моҳияти отифии вожа дар асоси чаҳор тавзеҳи мазкур  Ричардз ва Огден калимаҳову иборагони забонро ба ду гурӯҳ тақсим кардаанд: а) вожагони отифӣ, ки эҳсосотро баён мекунанд; б) вожагони ишоратӣ. Бо шинохти навъи вожагони шеър ин назарияпардозон таъкид меварзанд, ки вақте кас мефаҳмад, ки дар ҳар забоне ду гурӯҳе аз вожагон вуҷуд дорад «ва дар ҳар гурӯҳе «маъно» мафҳуми ҷудогонае дорад, он гоҳ дармеёбад, ки дар баъзе аз ибораҳо маъно тағйирёбанда аст ва дар мавридҳои дигар маъно барои ҳама яксон аст.

 Дар шеър, мусиқӣ ва ҳамаи ҳунарҳои зебо мо бештар бо ҷанбаи ҳунарии забон сару кор дорем. Забони шеър дар аксари мавридҳо забони отифӣ аст. Вақте забони шеър забони ирҷоъӣ мешавад, вай забони ҳунарӣ нест, забони иборат аст.

  Забони отифӣ калимаҳое ҳастанд, ки маънои онҳо тағйирёбанда ва «шиновар» аст ва барои ҳар касе дар ҳар ҳолате зеҳниятеро ба вуҷуд меоварад, ки аз зеҳниятҳои дигарон фарқ мекунад. Масалан «Аналҳақ»-и Ҳаллоҷ ва «Субҳонӣ мо аъзама шонӣ»-и Боязид маъноҳои бешумор доранд ва дар таърихи фарҳанги форсӣ шарҳу таъбирҳои фаровоне бар онҳо шудаанд. Ба ҳамин далел, ин қабил вожагон ҳамеша дар «ҳаракат»-анд. Забони шеъри классики форсии тоҷикӣ аз ҳамон гурӯҳи вожагони шиновар сохта шудааст, ки хонанда пайваста аз онҳо маъноҳои нав кашф мекунад. Ба ҳамин далел аст, ки адабиёти классик ҳеҷ вақт кӯҳна намешавад.

  Аз назари Ричардз ва Огден муҳол аст, ки як лаҳзаи отифию зеҳнӣ бо тамоми вежагиҳояш ҷуз дар зеҳни як тан зуҳуру буруз дошта бошад. Ҳатто муътақид аст, ки ҳамон таҷрибаи шахси ҳунарманд дар лаҳзаи офариниш бо таҷрибаи ӯ пас аз офариниш, вақте ки дар ҷойгоҳи хонанда меистад, замин то осмон бо ҳам тафовут дорад. Зеро ҳар лаҳзае аз лаҳзаҳо бо ҳолатҳои рӯҳиию равонию асабӣ пайванд доранд, ки ба ҳеч ваҷҳ қобили такрор нестанд [2, C. 86].

  Ба ҳамин далел аст, ки дар баробари хондани як байте аз Ҳофиз ё Мавлоно ё дигар шоирони классик ҳар кас вобаста ба тавоноиҳои ботинӣ ва сатҳи донишу идрок ва ҳолати хеш маъноеро кашф мекунад ва агар даҳҳо маротиба ин байтро мутолеъа кунад, ҳар дафъа вобаста ба ҳолати хеш аз он маънои дигаре дармеёбад. Аз ин рӯ, забони шеъри асил забони отифӣ аст.

  Забони отифӣ маъмулан тавсифӣ аст. Маъноеро, ки ба як падидаи воқеъӣ иртибот дорад, ба падидаи хаёлӣ интиқол медиҳад. Бинобар ин, дар ин амр фароянди рамзгунагӣ, тасвирсозӣ ва истифода аз шаклҳои мухталифи санъатҳои бадеӣ ҳамчун ташбеҳ, истиора, тамсил ва киноя аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Дар ин сурат танҳо бо роҳи кашфи маъноҳои мармузи ин санъатҳои бадеӣ  метавон ҳолат ва дарёфтаҳои отифиро, ки баённопазир ё душворбаёнанд, дуруст шинохт.

 Терри Иглтон ҳангоми баррасии дидгоҳҳои зебоишиносонаи Томас Эллиот, шоири шаҳири инглис, фармудааст, ки «маъно луқмаест, ки ба хонанда дода мешавад, то дар ҳоле ки шоир дуздона ба шеваҳое моддитар ва ноогоҳонатар рӯйи ӯ кор мекунад, дар сардаргумӣ боқӣ бимонад» [9, c. 64].

  Шеър беш аз ҳар гуфтмони дигар бо бозии вожагон, ки бар тафовутҳои ҷузъию зарифи маъноӣ бино шудааст, сарукор дорад. Масъалаи фарноиш (истидлол)-ҳои мантиқӣ ё тасвири дақиқи рӯйдод дар шеър муҳим нест. Мақсад аз сурудани шеър дар бештари ҳолот – баёни назокату латофати сухан ё баёни маъноҳои тоза аст. Дар баъзе мавридҳо маънои шеър метавонад хилофи воқеъият бошад, зеро барои шоир чи гуна гуфтан аз чи гуфтан муҳиммтар аст.

  Бояд дар назар дошт, ки як шеъри хуб мисли уқёнус аст ва ҳар кас ба андозаи зарфе, ки дар даст дорад, метавонад аз он об бардорад.

  Шеъри хуб маҳсули робитае байни хонандаву шоир аст, ки дар асоси матни шеър шакл мегирад. Дар натиҷаи муносибат бо олами атроф вокунише дар зеҳни шоир пайдо мешавад ва он таассуротро ӯ дар қолиби вожагоне баён мекунад ва ба ин тартиб шеър ба вуҷуд меояд.

  Дар шинохти шеър сохтори забонии он бисёр муҳимм аст. Гоҳе паҳлӯи ҳам қарор доштани вожагони як шеър, зарбу оҳанги онҳо ба мо аз бузургии он шеър далолат мекунанд. Масалан, дар ғазали машҳури Саъдӣ бо матлаи «Эй сорбон, оҳиста рон, ороми ҷонам меравад ...»  «андеша ва тасвир чунон ба ҳам омехта, ки аз ин ҳикоят мо ба хубӣ дар зеҳни худ метавонем тасвире аз ин корвону сорбон, ки ёри саркашро мебаранд ва ҳолати ошиқи ранҷуру бечораро дар зеҳни хеш эҳё намоем» [3].  Воқеъан дар ин шеър вожагон гуё тасодуфан паҳлӯи ҳам омадаанд, аммо тасодуфан дар ҳамон ҷое уфтодаанд, ки бояд падид меомаданд. Агар вожаеро аз ҷояш беҷо кунем ё ҷояшро тағйир диҳем, таъсири шеър камранг мешавад ё тамоман аз байн меравад.

  Дар ҳама давру замонҳо шеъри форсии тоҷикӣ  амре воқеӣ ва кунунӣ шинохта мешавад. Шеъри ҳазору анд сол қабл сурудаи Рӯдакӣ ё Манучеҳрӣ ҳанӯз тоза аст ва хонандаи муосир гумон намекунад, ки фосилаи беш аз ҳазорсола байни ӯ ва шоир вуҷуд дорад. Ба қасидаи машҳури Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯйи мӯлиён» таваҷҷуҳ кунед:

 Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омўву дурушти роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир наздат шодмон ояд ҳаме [7, с. 64].

  Дар ин намунаи шеърӣ дар нигоҳи нахуст ягон санъати фавқулодае ё баёне зарифу латифи шоирона дида намешавад. Аммо ин шеър тӯли садсолаҳо дар соҳати шеъру адаби порсии тоҷикӣ зинда буда, мавриди истиқбол ва татаббуъу пайравии шумори зиёде аз шоирони баъд аз Рӯдакӣ қарор гирифтааст. Ба гумони ин ҷониб сохтори низомманди мисроъ ва хуштанинии вожаҳо  фазои хотирабарангез ва ҳиссиёти дилангезеро дар бораи Бухоро тавассути қофияи «ояд ҳаме» дар зеҳни шунаванда ба вуҷуд меоварад ва ба ин восита гармонияи ягонаи дилгармкунандаеро дар тамоми шеър эҷод мекунад.  Машҳуру мондагор шудани ин шеър ва ашъори мутааддиди шоирони гузаштаи мо ҳамон ҳисси  тавоноии ҳунариест, ки дар пушти вожагони шеър нуҳуфтааст ва ба он кудрати зистан, ҳатто баъд аз ҳаёти муаллифи он медиҳад.

  Хонанда бояд маънои шеърро кашф кунад. Муҳиммтарин шеваи шинохти маънои шеър хондани эҳсосоти ғание нуҳуфта дар пасманзари вожагони он аст. Маҳз ҳамон эҳсосоте, ки сабаби ба вуҷуд омадани ин шеър шудаанд. Хонанда бояд мисли як бостоншинос ба қабатҳои жарфи вожагон дарравад, то он эҳсосоти аслии шоирро дарёбад, ки дарунмоя, ё ба ибораи дигар, моҳияти шеърро ташкил мекунанд. Ҳамин фурӯравӣ дар жарфои вожа онро зинда мекунад ва ҳисси лаззатбахшу отифиеро дар хонанда эҷод мекунад. Аз ин рӯ, қалами шоир кори асои Мӯсоро анҷом медиҳад: сеҳрнок ва ҷодугар аст, зеро бо «исонафасӣ»-и хеш ба вожагон умри  дигаре мебахшад. Аз ин рӯ, марзи шеъри асил ва шеъри зӯракӣ ҳамин ҷодуии вожагон аст, ки онро яке аз бунёдгузорони мактаби формалистии русӣ Виктор Шкловский (1893-1984) «растохези каламот» номидааст [17, c. 33].

  Яке аз пажӯҳишгарони сохторгаро  Клинт Брукс (Cleanth Brooks)  чунин мегӯяд: «Хонанда бояд бо тамоми вуҷуди хеш вориди шеър шавад, бояд ҷузъе аз шеър ё ҳатто ҷузъе аз нохудогоҳи шоир шавад. Агар мехоҳем воқеъан аз шеър лаззат бибарем, бояд бо тамоми ҳастиямон ба тамоми ҳастии шоир ва паёми ӯ посух диҳем.  Бояд даруни шеър бошем, на беруни он. Агар берун аз шеър бошем ногузир дар бораи чигунагии будани шеър суҳбат мекунем, на дар бораи шеър он гуна ки ҳаст» [1, с. 300].

  Дар такмили назарияи Брукс бояд ба ин нукта ишора кард, ки ҳар хонандае меъёрҳои таҷрибаи шахсии худашро дорад, ки бо онон бузург шудааст ва шеъре барои ӯ лаззатбахш мешавад, ки бо он меъёрҳо наздик бошад. Агар бо шеъри ирфонӣ ошнотар бошад аз ашъори Мавлоно бештар лаззат мебарад, то аз ашъори воқеъгароёнаи Манучеҳрии Дамғонӣ. Пас ҳамон гуна, ки шеър баёни таҷрубаи шахсии шоир аст, шинохти хонанда ҳам шинохти шахсии ӯ буда, дар заминаи таъсиргузории шеър бар олами ботинаш ба вуҷуд омадааст.

 Хулоса, шеър дар тамоми тамаддунҳову фарҳангҳои башарӣ таърифи ҳамгун, шакли ҳамсон, қоидаҳои муташобеҳ дорад ва вобаста ба дарунмояи фарҳанги ҳар халқу кишваре дорои вежагиҳои хоси хеш аст. Аммо дар дарку фаҳми шеър, чунонки аз пажӯҳиши мазкур маълум шуд, қоидаи ягонае барои ҳамаи ақвому милали дунё дар фаҳму дарки шеър вуҷуд дорад: хонандаи шеър ҳамвора бояд ба ду гурӯҳ тақсим шудани вожагони забонро дар ҳама мавридҳо дар назар дошта бошад. Гумон накунад, ки шатҳиёти Мансури Ҳаллоҷ аз навъи ибораҳои ирҷоӣ ҳаст.

 

Шодимуҳаммад Сӯфизода

Доктори илмҳои филологӣ.

// Адабиёт ва санъат. - 2020

АДАБИЁТ

  1. Brooks, Cleanth. The Well Wrought Urn [Text]: Studies in the Structure of Poetry. – New York : Harcourt, Brace & World, Inc., 1975. – 300
  2. Richards, I. A.  The Meaning of Meaning [Text] /  A. Richards, C. K. Ogden. – Mariner Books. – 1989. –396 с. – (А Harvest / HBJ Book).
  3. Абдулло, С. Таҳлили зебоишинохтии ду ғазали Саъдӣ [Манобеи электронӣ] / Абдулло Сафар. – низоми дастрасӣ: URL: http: // www.fars-encyclopedia.com/ modules.php?name=Content&pa=showpage&pid=266
  4. Айнулқуззоти Ҳамадонӣ. Номаҳои Айнулқуззоти Ҳамадонӣ  [Матн] / Ба эҳтимоми Алинақии Мунзавӣ ва Афифи Асирон. – Чопи дувум. –Теҳрон: Китобфурӯшии Манучеҳрӣ ва Заввор, 1362. – Ҷ. – 480 с.
  5. Баҳор, Муҳаммадтақӣ Малик уш-шуаро. Шеъри хубро чи гуна бишиносем [Матн] / Малик уш-шуаро Баҳор Муҳаммадтақӣ // Баҳор ва адаби форсӣ. – Чопи 3-юм. – Теҳрон: «Ширкати саҳомии китобҳои ҷайбӣ», 1371 (1993). – 933 с.
  6. Витгенштейн, Л. Логико-философский трактат [Текст] / Л. Витгенштейн // Витгенштейн Л. Философские работы: в 2-х ч. / пер. с нем. – М.: Гнозис, 1994. – Ч. 1. – 74 с.
  7. Девони Рӯдакӣ [Матн] / Таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. – Душанбе: Бухоро,  –  334 c.
  8. Иглтон, Терри. Пешдаромаде бар назарияи нақди адабӣ. Верости дувум. [Матн] / Терри Иглтон; Тарҷумаи Аббоси Мухбир. – Теҳрон: «Нашри марказ», 1380. – 368 с.
  9. Иглтон, Терри. Теория литературы [Текст] / Терри Иглтон; Введение и перевод Елены Бучкиной; Под редакцией Михаила Маяцкого и Дмитрия Субботина. – М.: Издательский дом «Территория будущего», 2010. – 296 с. (Серия «Университетская библиотека Александра Погорельского).
  10. Кожевников, А.Ю. Мудрость веков. Запад [Текст] / А. Ю. Кожевников, Г.Б. Линдберг. – СПб: Издательский дом «Нева», 2006 –  539 с. –  ( ОЛМА Медиа Групп).
  11. Лотман, Ю.М. Анализ поэтического текста: структура стиха [Текст] / Ю.М. Лотман. – Л.: Просвещение, 1972. – 272 с.
  12. Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ. «Маснавии маънавӣ»  [Матн]  /  Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ.  – Душанбе, 2011. – Дафтари 3-юм. – 279 с.
  13. Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ. «Маснавии маънавӣ» [Матн]  /  Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ.  – Душанбе, 2011. – Дафтари 2-юм. – 227 с.
  14. Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ. Фиҳӣ мо фиҳӣ [Матн] /  Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ. – Душанбе: 2018. –  192 c.
  15. Сулаймонӣ, Фотима Дарабоғӣ. Шеър аз нигоҳи Ибни Сино ва нақши он дар фарҳангсозӣ  [Матн]  / Фотима Сулаймонии Дарабоғӣ // Ду фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии ҳикмати синавӣ (Машкут ун-нур). – Соли 19-ум, пойиз ва зимистони – С. 61-78.
  16. Хонларӣ, Парвиз Нотил. Забони шеър [Манбаи электронӣ] / Парвиз Нотил Хонларӣ. – низоми дастрасӣ: URL: https://article.tebyan.net/74869/نحو-شعر
  17. Шкловский, В. Б. Гамбургский счёт: Статьи – воспоминания – эссе (1914-1933) [Текст]  / В.Б. Шкловский. – М.: Советский писатель, 1990. – 544 с.

 [1] Ин назарияпардозони адабиёт таъсири  амиқе бар назарияҳои муосири адабии дунё,  аз ҷумла, ба адабиётшиносии форсии тоҷикӣ гузоштаанд.

 

Хондан 4721 маротиба