Нусхаи чопи
Душанбе, 22 Феврали 2021 08:00

Андешаманде миллӣ дар масири ҳувиятшиносӣ

Муаллиф:

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Ҷамолиддин Саидзода)

     Адабиётшинос ва андешаманди муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал зодрӯз доранд ва ба синни мубораки 69 қадам ниҳоданд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурўъ намуда, устод  Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад.

     Устод Ҷамолиддин Саидзода дар баробари таҳқиқу пажӯҳиш ба тадрису таълими насли наврас машғул шуда, тайи умри азиз шогирдони зиёдеро дар рӯҳияи меҳанпарастию миллатдӯстӣ ва озодандешию хирадбоварӣ тарбият намудааст. Ба сухани дигар, устод он чи ки тайи имтидоду фосилаи замонӣ аз тариқи мутолеаи бардавоми мероси гаронмояи миллию башарӣ шинохта ва маърифат кардааст, ба шогирдону ихлосмандони адабиёту фарҳанги миллӣ бедареғ ҳадя намуда, бад-ин васила ҷаҳони фаҳмишу биниши насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикро рангину мутанаввеъ сохтааст. Гузашта аз ин, устод Саидзода ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ҳосили бардоштҳояшро аз муруру мутолеаи устураву ривоятҳо, достону қиссаҳо, ашъору манзумаҳо ва китобу рисолаҳо дар қолаби мақолоту гузоришоти илмию оммавӣ мунсаҷим сохта, тариқи матбуоти даврӣ нашру пахш карда, аз ин тариқа ба ҳаводорони илму адаб ва фарҳанги миллӣ расонидааст. Ибтикороти устод Ҷамолиддин Саидзода дар заминаи таблиғу муаррифии осори арзишманд ва чеҳраҳои саршиноси адабу фарҳанги аҷдодӣ, ки дар раванди зеҳниятсозии миллӣ аз ҷумлаи тадобири муҳим маҳсуб меёбанд, дар замони соҳибистиқлолӣ вусъат пайдо намуд ва то имрӯз ҳазорон мақолаву матолиби ҷолиби илмӣ, адабӣ ва оммавии ин андешаманди муосири тоҷик дар матбуоти даврии ватанӣ чоп шуда ва мешаванд. Ҳафтае нест, ки як матлаби илмӣ-оммавии устод Саидзода дар матбуоти даврӣ нашр нагардад ва ё ин ки устод бо ҳузури фаъоли худ сари мавзӯъҳои муҳимми адабӣ, фалсафӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ дар экранҳои телевизорҳои ватанӣ пайдо нашавад.

    Нуктаи меҳварии омӯзишу пажӯҳиш, таълиму тадрис, муколимаву гуфтугӯ ва таблиғу ташвиқи устод Ҷамолиддин Саидзода бедории фикрӣ ва тақвияти рӯҳияву ҳувияти миллӣ мебошад, ки дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан арзёбӣ мегардад. Бо итминон метавон арз дошт, ки устод Ҷамолиддин Саидзода сермутолеатарин, фаъолтарин ва сермаҳсултарин шахсияти миллӣ дар муҳити муосири ватанӣ ба шумор меравад.

    Хатти меҳварии осори адабӣ ва таҳқиқии устод Ҷамолиддин Саидзода (аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба китобу рисолаҳои устод: Ҷалолиддин Балхии Румӣ. –Душанбе, 2008. -143 саҳ.; Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ. –Душанбе, 2009. -100 с.; Дар силсилаи Фиғонӣ. –Душанбе, 2010, -100 с.; Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист? - Душанбе: Дониш, 2011. - 108 саҳ.; Нақши Рӯдакӣ дар шеъри замони Сомониён. –Душанбе, 2011. -92с.; Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм. –Душанбе: Ирфон, 2011. -116 саҳ.; Калим – “халлоқулмаонии сонӣ”. –Душанбе: Ирфон, 2012. -100с.; Бозор Собир – тасвиргари моҳир. –Душанбе: Адиб, 2009. -130 саҳ.; Мевае нест беҳ зи озодӣ. –Душанбе, 2012. -100 саҳ.; Ақидаҳои педагогии Соиб. –Душанбе: Ирфон, 2012. -144 с.; Назаре ба шеъри муосири Эрон. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Назаре ба шеър ва мусиқии Афғонистон. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Иқбол дар роҳи бузургони Аҷам. - Душанбе: Бухоро, 2014. –174 с.;  “Шоҳнома” ва ҳувияти миллӣ. Нашри дувум. - Душанбе, 2015. -113 с.; Соиб – шоири халлоқулмазомин. –Душанбе: Адиб, 2015. -168 с.) дар доираи меҳанпарастӣ, мардумсолорӣ, озодманишӣ, адабпарварӣ ва ҳувиятсозии миллӣ чарх мезанад.     

    Мо дар симои устод Ҷамолиддин Саидзода андешаманд ва равшангари миллиро мебинем, ки ба вазъи сиҳатӣ ва мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири дунёмадорӣ, миллатсозӣ ва давлатсолории миллӣ устуворона қадам бармедорад. Маҳз аз тавонмандиҳои  фикрию эҷодӣ ва илмию ихтисосии чунин  равшангарон љомеаи миллӣ  ҳамеша истифода мебарад ва вуљуду ҳузури  ин гуна шахсиятҳо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнӣ ва ифтихороти миллӣ дар минтақа мегардад. Аз фурсат истифода карда, ба устод Ҷамолиддин Саидзода дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудратмандӣ, болидарўҳӣ, љуръату љасорати мудавоми илмию эљодӣ ва иҷтимоию маданиро таманно мекунем.

 

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 20 феврали 2021

 

 

Хондан 1004 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр