Нусхаи чопи
Сешанбе, 25 Апрели 2023 06:05

Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат

Муаллиф: Эмомализода Навруз Эмомалӣ

  Имрӯзҳо сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст. Ҳукумати мамлакат маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.

  Дарвоқеъ ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошад. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҶТ ба ҳисоб меравад. Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар зарурати иштироки фаъоли занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа талаб менамояд, аз ин рӯ, таъмини баробарии гендерӣ ва фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа ба рушди устувори мамлакат мусоидат менамояд.

Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти надошта бошанд. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, 27 фоизи кормандони илм, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Рақамҳои мазкур шаҳодати ошкорои фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Бояд қайд кард, ки дар бистсолаи охир ҳуқуқи байналмиллалӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ нақш ва мавқеи хосса пайдо карда, он дар тамоми қишри ҷомеа, аз он ҷумла дар қишри осебпазири ҷомеа – занон низ бетаъсир намондааст. 

Доир ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар сатҳи байналмиллалӣ, ҳанӯз дар асри 19 чораҳое мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки ба барҳамдиҳии ғуломдорӣ, баланд бардоштани шароити меҳнат, беҳбуд бахшидан ба вазъияти захмдорону беморон дар вақти ҷанг равона шудаанд. Сипас амалан дар соли 1919 Созмони байналмиллалии меҳнат бо мақсади беҳгардонии шароитҳои коргарон таъсис ёфт, ки он ба табъизи нисбат ба занон низ дахл кардааст.

Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати пуштибонии сулҳ ва адолатро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дарк карда, ба ҷустуҷӯи усулҳои тақвият додани ҳамкориҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла бо мақсади ҳимояи шахсият ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, аз он ҷумла занон водор сохт.

Қобили зикр аст, ки ана ҳамон заҳмату талошҳои аҳли башар буд, ки дар таърихи 26 июни соли 1945 бо қабул шудани Низомномаи СММ дар Сан-Франсиско, пояҳои тартиботи ҳуқуқии байналмиллалӣ дар самти тақвият додани ҳамкориҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла бо мақсади ҳимояи шахсият ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, аз он ҷумла занон гузошта шуданд, ки онҳо бар баъзе мақсадҳову принсипҳои бунёдӣ асос ёфтанд. Аз ҷумла дар дебочаи Низомнома аввалан эълон мешавад, ки қарори «аз нав бовар доштан ба ҳуқуқҳои асосии инсон, ба шарофат ва арзиши шахсияти инсон, баробарии мардон ва занон ва баробарии миллатҳои бузург ва кӯчак тасдиқ карда шавад».

Пас аз оне, ки Асамблеяи генералии (Маҷмааи умумии) СММ санаи 10 декабри соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кард, истилоҳотҳои то андозае мухтасар дар Низомнома оид ба «ҳуқуқ, манфиат  ва озодиҳои бунёдии инсон» ба худ тафсирот ва тавзеҳоти зиёд гирифтанд.

Мутобиқи моддаи 3 Паймони (пакти) байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, ки барои мардон ва занон ҳуқуқи баробари истифода аз ҳамаи ҳуқуқи шаҳрванди ва сиёсии дар ҳамин Паймон пешбинигардидаро таъмин мекунанд.

Тибқи моддаи 3 Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон уҳдадор мешаванд, ки ҳаққи истифодаи баробарро аз ҳамаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангии дар ҳамин Паймон пешбинишуда барои мардон ва занон таъмин намоянд.

Сипас барои боз ҳам мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои субъектони осебпазир бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ №34/180 аз 18 декабри соли 1979 Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон қабул гардида, он то имрӯз барои имзо, тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ боз аст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 июни соли 1993, №831 №14\93, М-318 аз ҷониби Шурои Олии ҶТ тасдиқ гардидааст. Дар доираи Конвенсияи номбурда, Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон  аз 6 октябри соли 1999 қабул гардида, он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони  МО ҶТ санаи 24 апрели соли 2014 №1485 тасдиқ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки тиқби моддаи 1 Конвенсияи мазкур, "табъиз нисбати занон" ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ ё маҳдудсозӣ бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардони ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асоси дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ё ҳама гуна соҳаи дигар аз ҷониби занон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст.

Мувофиқи моддаҳои 7-16 қисмҳои 2-3 Конвенсия, давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро ҷиҳати барҳам додани табъиз нисбати занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар, ҳуқуқҳои баробар бо мардонро дар соҳаи маориф, дар соҳаи шуғлу меҳнат ва кафолатҳои он барои ин қишри ҷомеа, соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба ақди никоҳ ва муносибатҳои оилавӣ андешида, ба занон шароити баробар бо мардонро дар масъалаҳои мазкур таъмин менамоянд. Дар асоси Конвенсия, барои баррасии ҷараёни татбиқи ин Конвенсия Кумита оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон  таъсис дода шудааст. Ҷиҳати татбиқи Конвенсия ва вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон дар Тоҷикистон барои якчандсола Нақшаи миллии амалҳо қабул ва тасдиқ карда шудааст.

Заминаи ҳуқуқи байналмилалӣ вобаста ба мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини баробарҳуқуқии мардон ва занон дар мамлакат дар сатҳи олӣ, дар қисми 2, моддаи 17 ва қисми 4, моддаи 35 Конститутсияи ҶТ танзими худро ёфтаанд. Мувофиқи он мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ки айни замон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2021, №167 қарор “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҶТ барои солҳои 2021-2030”, қабул гардидааст, ки тибқи он стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҶТ барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 тасдиқ карда шудааст. Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 аз 27 банд иборат буда, иҷрокунандаи онҳо бошад дар маҷмуъ, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иљтимоӣ, меҳнат, муҳољират ва шуғли аҳолӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ (бавосита), Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.

Банди 6 нақшаи мазкур, зиёд намудани пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ дар сатҳи қабули қарорҳоро пешбинӣ намудааст.

Дар Паёмашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021 таъкид доштаанд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Инчунин дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2022 таъкид доштаанд, ки “Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд. Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.

Дар маҷмуъ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат метавонад, барои боз ҳам баланд бардоштани нақши ин қишри ҷомеа ва мустаҳкам намудани мавқеъ ва нақши онҳо дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мусоидат намуда, ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ такони ҷиддӣ диҳад.

 

Эмомализода Навруз Эмомалӣ

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Хондан 2022 маротиба