Нусхаи чопи
Чоршанбе, 12 Январи 2022 05:09

Болоравии мақоми зан дар замони истиқлолияти Тоҷикистон

Муаллиф: Исматзода Шоиста

  Дар ҳама иқдом  ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.

Эмомалӣ Раҳмон

  Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту  пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.

  Зеро зан  олиҳаест, ки дар садафи ӯ қимматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қоил гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд.

  Сиёсати созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан  ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар  самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани  ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон  рӯз аз рӯз  такмил, ёфта, равиши тоза гирифта истодааст.

  Бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои зикргардида ва тақвияти бештари омилҳои мавҷуда таъқиди як иқтибоси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин фурсати муносибу арзанда хеле ба мавриду саривақтӣ мешуморем: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори  шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».[1]

  Мутафаккир, ҳикматдони машҳур Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ   чунин қайд карда буд, ки «зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст» ва Ҳеродот қайд карда буд, ки «зан паҳлавонест, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад».

 Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди занону бонувон рисолати пурмасъулияти  ватандорию  ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳими таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд. Боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол  ба маърифати занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир када мешавад.

  Воқеан ҳам  дар ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва бар пояи ахлоқу маънавиёти баланд, қонун ва фармон бунёдёфта ба зан - модар эҳтирому арҷгузории шоиста  вуҷуд дошта, яке аз дастовардҳои бузург маҳсуб меёбад.

  Ба туфайли Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  соли 2010 зери унвони «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи деморатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

  Занони Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд.

  Маълум, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеаи фаъол мебошанд.  

Таърихи башар собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми  бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи   созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.

Ин аст, ки таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати зан, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, устувор сохтани иниститути оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбати дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ бештар аст. Умуман барои ояндаи дурахшони оилаву тарбияи насли наврас ва ободии ҷомеа зани тоҷик ҳамеша омода аст.

Занони соҳибфазлу соҳибмаърифат ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа ба чашми хирад менигаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони занҳои фаъоли мамлакат 11 марти соли 2020 бахшида ба “Рӯзи Модарон” чунин иброз дошта буданд: « Бузургии зан –модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чаро ғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи   фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад».[2]

Дар  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақши бонувону занон низ дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ махсус зикр гардид. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони  тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Пешвои миллат қайд карданд, ки “занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд”. [3]

Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

 Сарвари давлат дар Паёми охири хеш ба Маҷлиси Олии  мамлакат вазифа гузоштанд, ки “бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад”. [4] Мо итминони комил дорем, ки пиёда намудани ин барнома мавқеи занонро дар ҷомеа боз ҳам баланд мебардорад.

 Дар Паёми Пешвои миллат масъалаи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат низ баррасӣ шуд. Қайд шуд, ки “дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.[5]  

Умуман, мо занони кишвар, дар ҳамаи паёмҳо, суханрониҳо ва мулоқотҳо таваҷҷӯҳи Пешвои миллатро ба масъалаи занону духтарон пайваста эҳсос менамоем. Боварӣ дорем, ки чунин сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли мо мусоидат хоҳад кард.

Умедворем, занони тоҷик бо нангу номуси баланди миллӣ дар таҳкиму тақвияти давлатдорӣ, рушду нумӯи ватани азизамон, тарбияи насли солиму ояндасози миллат саҳмгузор мешаванд.  

Исматзода Шоиста

Ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва

мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ 

Пайнавишт:

  1. Раҳмон Э. Хизмати модарон барои башарият беҳудуд аст. /Суханронии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо занони мамлакат.  // Минбари  халқ.-  
  2. Раҳмон Э. Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад //Ҳақиқати Су ғд. - №114. – 2021.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» //http://www.president.tj/node/27417.
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» //http://www.president.tj/node/27417.
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» //http://www.president.tj/node/27417.
  6. Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. https://parlament.tj/news/770-na-shi-zanonu-bonuvon-dar-ta-kimi-isti-loliyati-davlat-
Хондан 1565 маротиба