Нусхаи чопи
Сешанбе, 26 Июли 2022 05:35

Боварҳои инсонӣ ва кайфияти таъсиргузорӣ

Муаллиф: Исомиддин ШАРИФЗОДА

   Аксар аз муҳаққиқин бар онанд, ки вазъиятҳое, ки дар тули зиндагӣ барои фардҳои муаян пеш меоянд ва ҳалли мушкили зистиро ба вуҷуд оварда танҳо аз роҳи тассалӣ додани хеш ва як навъ муъҷизакорона амал намуда, дар баробари воқеъиёт тасаввуроти зеҳнии худро иброз медоранд ва бад ин восита худро тасаллӣ дода, вазъиятро аз ҳолати даҳшати зеҳнӣ бартараф месозанд,ба як бовар табдил меёбанд. Чунин ба назар мерасад, ки аксар аз боварҳо аз насл ба насл интиқол гардида, ба ҳайси як рафтори рефлекси ғайришартӣ табдил меёбад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аксаран дар нисбати ҳаводису воқеа ба таҷрибаи гузаштагони худ такя мекунанд. вақте як фард ба дунё меояд, табиӣ аст, ки дар ӯ ҳеҷ гуна бовар вуҷуд надорад. Аз аввалин амалҳое, ки як фард анҷом медиҳад, ин тақлид намудан дар баробари амалкардҳои бузургсолон аст. Одатан фардҳо пас аз тавлид аввалин рафторҳои худро дар тақлид ба падару модар ва атрофиён ба роҳ мемонад. Онҳо аксаран амалаҳоеро ки анҷом медиҳанд, онҳоро аз лиҳози сабабу натиҷавӣ ва моҳиятӣ баррасӣ наменамоянд. Танҳо бо анҷом додани он амал гумон меварзанд, ки ҳамин тарзи амалкард, дорои як маъние дар ҷаҳони инсонист. Бахусус, анвои гуногуни боварҳо дар ҳамин замина шакл мегирад. Инсонҳо аввалин рафторҳои боваргунаи хешро дар тақлиди бузургсолон анҷом медиҳанд ва усули тарбиятии хонавода бар зеҳни як фард сахт таъсиргузор аст.

  Дар бомдоди зиндагӣ, ки ҳанӯз ҷаҳонбинии фард пурра ташаккул наёфтааст ва он дар ҳоли ҷустуҷӯ қарор мегирад, чӣ гуна ҷавоб додани волидайн ба суолгузориҳои кӯдак ва чӣ гуна вазъияту воқеъиятро таҳлилу тавсир намудани онҳо ба шаклгирии ҷаҳонбинии ояндаи фард, таъсири амиқи хешро мегузорад. Ҳар қадар агар ҷавобҳо мушаххас, илмӣ ва воқеънигорона бошанд, ҳамон қадар зеҳнияти кӯдак низ дар рӯҳияи солим ва воқеъандешӣ шакл мегирад. Баръакс, иддае аз волидайн ҳангоми тарбияи фарзанд зимни пурсишгарии саволҳое, ки мансуб ба ҷаҳон, ҳастӣ, инсон, табиат ва дар маҷмӯъ падидаҳои олами ҳастианд, ҷавобҳои афсонагун, хаёлманд, ваҳмангез ва бовармандонаву диниро ироа медорад. Ҳамчунин аз ҳама омили таъсиррасон дар зимни пурсишгарӣ  ба ӯ аз тарс додан кор мегиранд, ки ин ҳолат метавонад тамоми умр дар ҷаҳонбинии фард таъсиргузор шавад ва ӯ ҳамеша аз пурсиш кардан дар баробари вазъияту воқеъиятҳо худдорӣ намояду ҳатто дар шакк кардан ба онҳо як тарси даруние ӯро ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, то дар баробари воқеъият пурсишгарӣ кунад. Аз тарафи дигар тарбияти хонаводагӣ ва муҳити атроф фардро мутмаин месозад, ки он чи ки волидайн ва гузаштагон тасвиру таҷассум намудаанд, онҳо айни ҳақиқати ҷаҳонанд ва шубҳа намудан дар онҳо метавонад, носипосӣ дар баробари гузаштагон бошад. Чунин носипосиро дар аксар аз боварҳову динҳо “табу” ё “муҳаррамот” ташкил медиҳад, ки инсонҳо ҳангоми шубҳа кардан чунин гумон ва боваре дар онҳо ба вуҷуд меояд, ки гӯё гуноҳи сахтеро дар баробари муқаддасот анҷом дода бошанд ва ин амалкард дар пайи худ метавонад ҷазои сахтеро барои ӯ ва барои қавмаш ба миён орад. Махсусан, тавзеҳоте, ки дар тарбияи фард аз тарафи падару модар дар баробари муқаддасот арзёбӣ мешавад, дигар дар тамоми умр ба зеҳнияти ӯ таъсиргузор хоҳад буд. Чунин тарзи таҳлил нишон медиҳад, ки яке аз унсурҳои таъсиргузор дар навъ, шакл ва чигунагии бовармандӣ ин тарбияти хонавода ва муҳити иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Таҷриба нишон додааст, ки афроди гуногун вобаста аз муҳити тарбиявӣ дараҷаи бовармандиашон фарқ мекунад. Аз ҷониби дигар он аносире, ки то замони ба балоғат расидани фард дар зеҳнияти ӯ шаклгирӣ менамоянд, қариб дигар то ба охири умр бетағйир мемонанд ва метавон гуфт барномарезӣ шуда низ ҳастанд. Ин ҷо метавон ду ҳолатро зикр намуд. Ҳолати аввал ин аст, ки нафароне пас аз тавзеҳоти волидайн  дар бобати чигунагии офаридгору ҷаҳону худ, онро ба ҳайси ҳақиқат қабул мекунанд ва махсусан пас аз он даста аз муҳаррамот, ки андешаи дигарро дар баробари навъи бовар, офаридгор, муқаддасот ва амсоли ин намепазиранд ё пазируфтани онро маҳкум ба ҷазо ва нобудиву даҳшатҳои пешбининашаванда мекунанд, дигар фард тамоми умр аз суолгузорӣ ва чигунагиву шубҳаандешӣ дар нисбати ин муқаддасот, ҳеҷ гоҳ он тартибу низом ва он чорчӯбаро вайрон намекунад. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин ҳолат ӯ ба як робот ё компютери барномаи муаян насб карда табдил меёбад, ки ҳеҷ гоҳ дигар ин низомро бояд дигар насозад.

  Дастаи дуюм нафаронеанд, ки аз лиҳози равонӣ инсонҳои дербоваранд ва онҳо дар давоми зиндагонии худ вобаста аз вазъиятҳои гуногун рух дод, ҳолат ва сабабу натиҷаи онро таҳлилҳои илмӣ мекуунанд ва ором-ором аз он дидгоҳҳои тавсияшудаи падару модар берун мешаванд ва диди дигареро аз лиҳози улуми физикӣ, биологӣ ва иҷтимоию инсоншиносӣ дар баробари воқеъияту падидаҳо ҳосил мекунанд. Албатта дар ин маврид барои ин даста таҳаввулоти андеша дар бовармандӣ сурат мегирад ва агарчи баъзе аз аносири боварҳои расмиро дар шакли динҳои расмӣ бипазиранд ҳам, вале дар онҳо диди нав, яъне диди фардиву шахсӣ дар баробари падидаю воқеаҳо ҳосил мешавад. Одатан, ҳамин гуна нафаронанд, ки дар ҷаҳону ҷомеаи инсонӣ ба ҳайси шахсият ва рушангару пешбари ҷомеа дар таҳаввули тамаддуни башар саҳм мегузоранд.

  Иддае аз равоншиносон мутмаинанд, ки баъзе аз афрод дар зеҳни худ аз боварҳо мавҷуди хаёлию  зебоеро месозанд, ки ба онҳо ба мисли як инсони дилдодаву шайдо муносибат мекунанд. Ҳамин аст, ки онҳо на воқеъиятҳои дар китобҳои муқаддас таҷассумшударо дар боби чигунагӣ сифатҳои офаридгор, балки тасаввуроти зеҳнии хешро, ки он пур аз сифатҳои олитарини худи инсонӣ аст, таҷассум месозанд. Инсонҳо гоҳо анҷом додани ин ё он амале, ки аз қудрату ирода ва имконаш берун аст, онҳоро илқо ба як мавҷуди фаробашарӣ месозад ва ҳамин тавр, ҳамин образ ё намунаи сохтаи худро  дӯст медорад. Ин аст, ки ин идда аз равоншиносон мутмаинанд, ки инсон ҷиҳати рафъ кардани танҳоии худ ва маҷмӯи нокомию нотавониҳо, ҳамеша эҳтиёҷ ба як мунис, як дасти тавоно ва як қудрати баровардакунандаи ҳамаи ниёзҳо дорад, ки агарчӣ он дар воқеъияти олами ҳастӣ ҷойгоҳе ҳам надошта бошад, вале инсон онро дар хаёлоташ месозад. Чун ин сохтаи инсон дар зеҳнияташ орӣ аз ҳама гуна сифатҳои манфӣ аст, ӯ ҳеҷ гоҳ қабул надорад, касе ё чизе дар бораи ин сохтаи зеҳнӣ кадомин як сифати манфиро иртибот диҳад. Баъзе аз муққиқони равоншинос ин ҳолатро айнан ба ҳолати шефташавӣ ё маҷзубияти як мард ё зан монанд мекунанд, ки зимни дӯстдоштани тарафи муқобил тамоми сифатҳои мусбиеро, ки дар ҷинси мухолиф вуҷуд дошта бошанд, дар шакли олию беҳтарин ба маҳбубаи худ нисбат медиҳад. Ҳарчанд фарди воқеӣ бо бофтаҳои хаёлӣ ҳарду баробар набошанд ва тафовути онҳо хеле зиёд ҳам ба назар расад, вале шахси шайдошуда наметавонад онро пазирад, ки нафари мадҳшудаи дар зеҳнаш офарида, дорои нуқс ва камбӯдҳо низ ҳаст. Аз ҷониби дигар, ӯ ҳамин тасаввуроти зеҳнии сохтаи худро ба ҳайси як маънии асосии зиндагӣ умед, ормон ва омоли худ қабул менамояд. Ба тарзи дигар, инсонҳо одатан ба бофтаҳои зеҳнию хаёлии худ ишқ меварзанд ва онҳоро ниҳоятан дар сифатҳои олитарини вуҷуд тасаввур мекунанд. пайравони ин назария муътақиданд, ки образи Худо ё Офаридгор дар зеҳни як инсон ҳамин гуна ба вуҷуд омада, шакл гирифтааст. Яъне ба ин мазмун, ки инсон ҳар боре эҳсоси хатару нотавониро дар баробари ин ё он падида эҳсос кардааст, дар зеҳни худ як махлуқи тавонотареро, ки бо нерӯи азиме  тавонад тамоми вазъиятҳоро дар дасти худ дошта, ба ҳама ин нотавониҳояш ҷавоб гӯяд, дар мағзи худ онро тасаввур карда, ба он низ умед бастааст. Ҳамин тавр, ҳар гоҳе дар баробари қудратҳои сиёсию иҷтимоӣ ба ноадолатиҳо агар дучор афтодааст, ё  натавонистааст дар баробари сиёсатҳои вақт таъсиргузор бошад, ӯ мафҳуму  сифати адлро дар як мавҷуди фаротара аз худ тасаввур намудааст, ки дорои тавонмандиест, дар лаҳзаву вазъи зарурӣ ин ҳолатро яъне, адолатро ба низом медарорад.

  Аксар бар ин боваранд, ки инсонҳо вобаста аз вазъу тасаввури худ ва хислату андозагириашон ба офаридгор муносибат мекунанд ва ҳамин боис гардидааст, ки дар худошиносии қавмҳои гуногун вобаста аз хислату характерашон, тарзи зист, мавқеи ҷуғрофиоӣ ва бароварда кардани ниёзҳои моддиашон ба офаридагор муносибат намуда, онро дорои ҳамон сифатҳое қарор додаанд, ки мансуб ба чигунагии қавми онҳо ва рӯхияашон будааст. Далелҳои зиёдеро метавон аз фарҳангҳои гуногун пайдо намуд ва ҳамчунин анвои гуногуни динҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ дар таҷассуми сифатҳои илоҳӣ аз ҳамон хислатҳои бумии мардумашон истифода намудаанд. Дар таърих ба қавмҳое дучор меоем, ки чун ҳамеша дар вазъиятҳои ҷангӣ қарор доштаанд, сифатҳои худояшон низ қаҳору ҷаббор аст ва онҳо ҳангоми ҷанг низ бо қавмҳои дигар мутмаинанд, ки худояшон ба онҳо аз ҳамин ду хислати бунёдӣ зимни ҷангҳо кӯмак мекунад ва онҳо низ ҳамчун таҷассумгари сифатҳои илоҳӣ ҳамин гуна амалкардро зимни ҷанг ба қабилае ё қавми дигаре раво мебинанд. Масалан, дар қавмҳои ҳиндӣ мебинем, ки дар онҳо вобаста аз тарзи зиндагӣ садоқат, самимият, муҳаббат, покӣ, зебоӣ, Худо ё олиҳаҳое бо сифатҳои болотарин чи дар шакли буту олиҳаҳо ва чи дар шакли худоёни фарозаминӣ тасаввур шудааст. Ҳамчунин дар динҳои сомӣ ва динҳои ориёӣ низ вобаста аз хислат, вазъу тарзи бароварда кардани ниёзҳои моддиву маънавӣ ва тарзи зист, сифатҳои гуногуни инсонӣ дар шакли болотарину олотарин дар симои холиқ ё офаридагорашон таҷассум ёфтааст. Аз баррасии нуқтаҳои боло ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки инсонҳо ба воситаи сохтаҳои зеҳнӣ тасаввурот, боварҳо, ишқварзиданҳо ҳамеша кӯшидаанд то ҳолати танҳоӣ, яъс ва ноумедии хешро ҷуброн созанд. Дар баробари нотавонӣ дасти тавоное бисозанд. Зимни ноадолатӣ, адолатвареро таҷассум намоянд. Дар баробари маргу нобудӣ дар зеҳни хеш дунёи дигари абадӣ, ҷовидона ва бо тамоми адолату саодатро офаридаанд. Яъне ба ибораи дигар, онҳо хешро дар баробари даҳшати маргу нобудӣ бо як тасаввуроти зеҳнии абадият ва дунёи дигар хешро таскин бахшидаанд. Ҳама аз омилҳои номбурда боиси он мешаванд, ки инсонҳо кӯдаквор динҳоро ба мисли асбоббозиҳои худ ё қанду ширинӣ дӯст медоранд. Барои иддае аз онҳо сахт мушкил аст, ки воқеъиятро он тавре, ки ҳаст қабул намоянд ва ҷаҳонро ба диди илмиву мантиқӣ бипазиранд. Гоҳе ҳам агар ба онҳо дар бобати воқеъиятҳои илмиву мантиқӣ сӯҳбат намоӣ танг мешаванд, исён мекунанд ва мегурезанд. Яъне, ҳеҷ гоҳ намехоҳанд аз тасаввуроти хаёлии зебои сохтаи худ, ки дар асл ба воқеъияту ҷаҳону ҳастӣ ҳеҷ иртиботе надоранд, даст кашанд ва гоҳе ҳам дар тасаввурашон чунин аст, ки даст кашидан аз ҳамин сохтаҳои зеҳнӣ барояшон нобудкунандаву бемаънӣ хоҳад буд. Воқеят ҳам чунин аст, ки аксар аз онҳое,  ки диду ҷаҳонбиниашон танҳо дар чорчӯбаҳои бовармандӣ шакл гирифтааст, чунин ба назар мерасад, ки дунёи онҳоро ҳамин боварҳои сохтаи зеҳнӣ маънӣ бахшидаанд. Ҳар гоҳ, ки ин боварҳоро инкор намоӣ онҳо эҳсоси пучӣ, холигӣ ва бемаъногӣ менамоянд. Чун аслан маънои зиндагиро ҳам дар ҳамин хаёлоту боварҳо пайдо намудаанд.

  Дар баробари ин як нуқтаи дигар қобили зикр аст, ки бовар бояд дар ҷаҳони имрӯз кори фард бошад. Зеро миллатҳо, қавмҳо ва халқиятҳои гуногуни ҷаҳон танҳо аз роҳи дарки дурусти воқеъият бо роҳи таҷрибаву озмоиш, ошкор кардани қонунмандии ҳаводису падидаҳо тавонистаанд, фанновариҳои навинро ба миён оваранд, ҷомеаи худро аз ин роҳ ниёзҳояшро ба осонӣ бароварда сохта, истеҳсолотро дар дараҷаи баланд ба роҳ монанд ва миллату давлати хешро қудратманд созанд. Вобаста ба ин агарчӣ боварҳо то андозае барои инсонҳо оромбахшу таскиндиҳандаанд, шодиоваранд, вале ҳеҷ як мушкилро ба тарзи бунёдӣ ҳал карда наметавонанд. Аз ин рӯ, мебояд дар шуури иҷтимоӣ ва пешбурди аъмоли иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, илм дониш ва фанноварӣ дар авлавият қарор гирифта, кори бовармандӣ, имон, диндорӣ кори фардӣ буда бошад. Ба чунин вазъу ҳолат танҳо низоми дунявии идоракунии иҷтимоӣ метавонад шароит муҳаё созад, ки ҳам муқаддасоти динии афрод дар сатҳи фардӣ ҳифз шаванд ва ҳам илму донишу фанноварӣ рушд намуда, боиси пешрафт ва саодати иҷтимоӣ дар рӯзгори башар гарданд.

Исомиддин ШАРИФЗОДА

номзади илмҳои фалсафа 

Хондан 610 маротиба