Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 27 Майи 2021 04:21

Буҳрони ҳувийятӣ ва омилҳои зуҳури он

Муаллиф: Назрӣ Асадзода

   Ҳеҷ ҷои инкор нест, ки тағйири шуури ҷамъиятӣ ва дар зимн ҳувийяту менталитети миллии  мо дар паи адаптатсияву мутобиқшавии равон (психика)-и миллӣ ба таъсиргузориҳои носолими муҳити иҷтимоиву сиёсӣ ва таърихии пур аз мушкилоту фоҷеаи миллатамон ба вуҷуд омадааст. 

   Ҳувийяти миллӣ падидаи равониву иҷтимоиест, ки дар тӯли таърих шакл мегирад ва унсурҳои таркибии он бо мурури замон ба қолабҳои фарогири фикрӣ ва меъёрҳои устувори рафторе табдил меёбанд, ки омма ба таври ғайрииродӣ онҳоро риоят  мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба таърифҳои мутааддиди мафҳуми “ҳувийяти миллӣ”, ки дар ҳавзаҳои илмии Ғарбу Шарқ мавриди пазириш қарор гирифтаанд, онҳоро метавон ба таври фишурда мазмунан дарду шакл ва қолаби зерин баён дошт:

1)  Ҳувийяти миллӣ эҳсоси мансубияти фард ба миллат ва  пазириши масъулият дар назди он аст. 

Ин таъриф комилан бо муҳтавои мафҳумҳои инглисии “national identity”ва русии“национальная идентичность” айният дорад.

2) Ҳувийяти миллӣ маҷмӯи хусусиятҳои равонии ба ҳам монанди намояндагони миллат ва ё гурӯҳи этникиест, ки дар робита ба шакли ҷаҳонбинӣ, муҳити иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсиву ҷуғрофӣ ба таври устувор ҳамчун қолаб ва меъёрҳои рафтор дар шуур ва зершуури ҳомили худ шакл гирифта, андеша ва амали ӯро танзим мекунад.

  Дар  робита  ба моҳияти таърифи мазкур мафҳуми “ҳувийяти миллӣ”-ро метавон бо мафҳуми “металитети миллӣ (англ. national mentalityрус. “национальний менталитет”)  муродиф донист.

  Бо таваҷҷуҳ ба ҷавҳари маънии ҳарду таъриф метавон пай бурд, ки бо вуҷуди ҳама тафовутҳо дар ҳарду маврид ҳам мафҳуми “ҳувийяти миллӣ” фарогири хусусиятҳои равониву иҷтимоиест, ки иртиботи намояндагони миллатро ба миллат ифода ва инъикос мекунад.

  Дар воқеъ ҳувийяти миллӣ падидаи равониву иҷтимоиест, ки аз дидгоҳ ва фаъолияти амалии намояндаи миллат ошкор мешавад. Ин мафҳум бо мафҳуми “худшиносии миллӣ” иртиботи мустақим дорад.

  Заиф ва ё қавӣ будани ҳувийяти миллии намояндагони миллат маҳаки асосии ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳост. 

  Омилҳое, ки боиси заиф шудани ҳувийяти миллӣ ва монеаи ташаккули он мешаванд, мутааддид аст. Истилои аҷнабиён ва қатлу тороҷгариҳои бардавоми онҳо, вазъи истеъмории беш аз ҳазорсола, таҳмили муқаддасоту арзишҳои бегона ва тарҷеҳ додани онҳо бар арзишҳои миллӣ, маҳалгароӣ ва ғ. аз қабили чунин омилҳост.

  Яке аз муассиртарин омилҳои заъфи ҳувийяти миллии мо он буд, ки рӯҳониён тӯли асрҳои миёна ҳастии мардуми моро ба воситаи ислом табартақсим мекарданд ва исломро ба табари тезе табдил дода буданд, ки шоху навдаи дарахти барӯманди ҳастии миллати моро аз решаи таърихии даврони бостонии пурифтихори он ҷудо мекард.  Мутаассифона, дар тӯли таърихи беш аз 1400-солаи ҳамзистии арзишҳои исломӣ ва миллӣ ҳамеша вазъият чунин буду феълан низ чунин аст. Пешвоёни дин хоса дар қаламрави зисти мардумони форсзабон чӣ дар замони гузашта ва чӣ ҳозира ба шеваҳои мухталиф ҳамеша паи тардиди арзишҳои миллӣ талошҳои шадид доштанду доранд ва мутаассифона, аз эҳёи арзишҳои миллӣ ва таърихии бостонии тоисломии форсу тоҷикон меҳаросанд.  Масалан, аз таҷлили рӯзи Куруш дар Посоргод ва ҳузури ҳаводорон дар оромгоҳи ӯ ҷилавгирӣ кардани ҶИЭ ҳатто бо корбурди нерӯи низомӣ ва артиш, ба вижа дар таърихи 28/29.10.2017 далели рӯшани ин иддаост. Ташвиқоти шадиди домуллоҳои шинохтаву ношинохтаи қаламрави Тоҷикистону Афғонистон дарбораи "савоб"-и гузоштани номҳои ба таъбире "исломӣ" (аслан арабиву ибрӣ) ва "гуноҳ"-и гузоштани номҳои "маҷусӣ",  яъне миллӣ далели дигари ин гуфтаҳост. 

  Бидуни шак  ҳувийяти омиёнаи тоҷикӣ (на миллӣ), яъне ҳувийяти воқеии кунунии аксарияти афроди тоҷик ва ҳатто зиёиёни тоҷик низ аслан аз унсурҳои хурофотии ғайримиллӣ таркиб ёфтааст. Феълан ба хотири ташхиси ин масъала ҳувийяти воқеии мардуми тоҷикро бо маҳаки ҳувийяти миллӣ ва ҳувийяти динӣ "бармекашем”. Барои дарки дурусти масъала дар таснифоти зерин таркиби якчанд ҳувийятҳои иҷтимоии маълум, аз ҷумла ҳувийятимиллӣ, ҳувийяти динӣ (исломӣ), ҳувийяти маҳаллӣ ва ҳувийяти маргиналиро “мекушоем” ва онро бо ҳувийяти маъмулии воқеан вуҷуддоштаи аксарияти мардуми кишвар, ки тоҷиканд, қиёс менамоем.

 

  1. Нишонаҳои ҳувийяти миллӣ:

(манзур ҳувийяти ормонӣ, идеалӣ ва боистаи миллӣ аст)

 1)   эҳсоси мансубият ба миллат ва пазириши масъулият дар назди он;

2)   дар авлавият гузоштани манфиатҳо, муқаддасот, арзишҳои миллӣ ва саъй барои ҳифзи онҳо; (аз ҷумла барои ҳифзи Ватан, давлат, забон, ҷойгоҳи маънавии қаҳрамонҳо ва улгуҳои миллӣ ... )

3) доштани нангу номуси миллӣ, эҳсосу ифтихори миллӣ, ватанпарастиву миллатдӯстӣ, худшиносии миллӣ; худбаҳодии мусбат;

4)    вокуниш дар баробари мавзеъгириҳое, ки манофеи миллиро ба хатар меандозанд ва арзишҳои миллиро хор мекунанд;

5)       ҳифзи арзишҳои ҷомеаи дунявӣ, гуманизм, қонунсолорӣ, хирадгароӣ,

6)  эҳтиром ба фарҳанг, анъанаву маросимҳо (ҷашнҳо)  ва қолабҳои одобу ахлоқи миллӣ;

 

  1. Нишонаҳои ҳувийяти динӣ:

 

1)   эҳсоси мансубият ба миллати ислом ва гурӯҳи мазҳабии муайян (масалан, ҳанафӣ ё исмоилия)  ва пазириши масъулият дар ин росто;

2)   дар авлавият гузоштани манфиатҳо, муқаддасот ва  арзишҳои диниву мазҳабӣ,  саъй барои риоя ва ҳифзи онҳо, аз ҷумла саъй барои иҷрои муқаррароти диниву мазҳабӣ (намоз, рӯза, ҳаҷ...), арҷгузорӣ ба маросимҳои исломӣ (иди фитр, қурбон, мавлуди паёмбар ...) ва ҷойгоҳҳои муқаддаси динӣ (Байтуллоҳ, Байтулмуқаддас, масҷидҳо, мазорҳову мақбараҳо ...), ҳифзи мақоми маънавии ашхоси муътабари динӣ (ба вижа анбиё, чорёр, саҳобаҳо, авлиё, шайхону орифон, эшонҳову эмомҳо, пешвоёни тариқат, рӯҳониён, муллоҳо ва ғ.) 

3)  ифтихор аз дину мазҳаби худ доштан;

4) Вокуниш дар баробари мавқеъгириҳое, ки бо муқаддасоту муқаррарот ва арзишҳои диниву мазҳабӣ дар таноқуз қарор доранд;

5)   пойбандӣ ба қолабҳои одобу ахлоқи диниву мазҳабӣ;

6)  ихтилофи назар доштан ва ё бетафовут будан нисбат ба арзишҳои миллӣ, ҷомеаи дунявӣ ва қонунҳову муқаррароти он, доштани ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи диниву мазҳабӣ (ортодоксалӣ) ва хурофотӣ; муқаррароти шаръиро бар муқаррароти қонунгузорӣ тарҷеҳ додан; тақдиргароӣ (фатализм);

 

III.  Нишонаҳои ҳувийяти маҳаллӣ:

 

1)   эҳсоси мансубият ба маҳал ва ҳаммаҳалҳои худ ва пазириши масъулият дар назди онҳо;

2)     дар авлавият гузоштани манфиатҳои маҳаллӣ ва саъй барои ҳифзи онҳо;

3)   доштани дидгоҳи маҳалпарастона ва ифтихори худпарастонаи маҳаллӣ,  ҳисси маҳалгароӣ;

4)    вокуниш дар баробари ҳамагуна мавзеъгириҳое, ки бо манофеи маҳаллӣ ва маҳалгароёна созгор нест;

5)   пайравӣ ба “анъанаҳо ва роҳкорҳо”-и маҳалпарастона ва эҳтиром ба саркардаҳои сулола(клан)-ҳои маҳалпараст;

6)  ихтилофи назар доштан ва ё бетафовут будан нисбат ба манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, инчунин қонунҳову муқаррароти давлатӣ.

 

  1. Нишонаҳои ҳувийяти маргиналӣ:

 

1)   адами  эҳсоси мансубият ба миллат ва худро дар назди чунин гурӯҳи иҷтимоӣ масъулиятпазир надонистан;

2)    дар авлавият гузоштани манфиатҳои шахсӣ ва талош барои дастёбӣ ба ин манофеъ;

3)    худхоҳиву худпарастӣ ва худкомагӣ;

4)    бетафовутӣ нисбат ба манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ;

5)   аҳёнан хислату фитрати бегонагароӣ ва аҷнабипарастона доштан.

 

  Новобаста ба он ки то ҳанӯз дар ростои шинохти ҳувийяти миллии тоҷикон ба таври ҳирфаӣ, мутаассифона, таҳқиқот ва пажуҳиши ҷиддие бо корбурди роҳкорҳои илмӣ сурат нагирифтааст, аммо дар истинод ба мушоҳидаҳои тӯлонии ҳамарӯзаи чандинсола, арзёбии сатҳи хештаншиносиву ҷаҳоншиносии  атрофиён ва кунишҳову вокунишҳои онҳо бо камоли итминон ва ҳамзамон бо камоли таассуф метавон гуфт, ки дар ҷомеаи мо афроде, ки ҳувийяти миллии ташаккулёфта надоранд, кам нестанд. Дар таркиби ҳувийяти баъзе шаҳрвандони мо унсурҳову арзишҳои ғайримиллӣ мавқеи меҳварӣ доранд. Ин вазъи зеҳнӣ худ як нишонаи деградатсия ва буҳрони ҳувийятӣ дар ҷомеаи мост, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад.

  Нишонаи дигари буҳрони ҳувийятӣ дар ҷомеаи мо он аст, ки компонентҳо ва аносири милливу динӣ дар таркиби ҳувийяти ҷамъиятии мо ҳамеша бо ҳам дар ҳолати таноқуз қарор доранд. Ин таноқуз на таноқузи зоҳирӣ, балки таноқузи моҳиятӣ аст.

  Маҳз ҳамин вазъ, яъне аз унсурҳои мутаноқиз иборат будани ҳувийяти миллии тоҷикону форсҳо ва иртиботи механикӣ (на органикӣ) доштани онҳо чолиши зеҳниеро ба вуҷуд овардааст, ки он буҳрони ҳувийятӣ ном дорад.

  Агар аз ин равзана ба таърихи гузаштаамон назар карда шавад, пас  заъфи ҳувийяти миллӣ ва ҳатто адами онро дар сатҳҳои дигар, аз ҷумла дар сатҳҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабиёт, фолклор, анъанаву маросимҳоимардумӣ, мавзеъҳои барои омма муқаддас (м:  мақбараҳову мазорҳо...),  хислати миллӣ, ва ғ.  мушоҳида хоҳем кард.  Дар зер ба таври мухтасар ба баъзе аз ин ҷанбаҳо ё падидаҳо ишора мекунем.

1) дар сиёсат: а) надоштани давлати миллӣ ва ҳатто набудани талошҳо ва муборизаҳои муташаккилона барои эҳёи давлати миллӣ тӯли қариб ҳазор сол;  б) надоштани чеҳраҳои бузурги сиёсии таърихӣ дар ин марҳила; в) надоштани мактаби сиёсӣ ва методологияи ҳифзи қудрати сиёсӣ;

2)   дар адабиёт:  кам  будани асарҳои ватанпарастонае чун  "Шоҳнома", ва хеле зиёд будани осоре чун “Искандарнома”, “Умарнома”, “Ҳамзанома”, “Маҳмуднома”, “Темурнома”, “Бобурнома”ва амсоли инҳо;

3)  дар фалсафа: дар  ростои  шинохти ҳақиқат ва дарки воқеият ба таври мутлақ афзалият доштани корбурди ”роҳкорҳо”-и эҳсосгароёнаи интуитивӣ(ирратсионалӣ) нисбат ба роҳкорҳои хирадгароёна(ратсионалӣ) (масалан, ривоҷи густараи фалсафаи ишроқ, интишори фарогири маслаки аҳли тасаввуф ...)

4)  дар илм: саъй барои бар мабнои ҳақиқати зеҳнии қаблан муайяншуда мутобиқ ва мустанад кардани натиҷаҳои таҳқиқот ва пажӯҳишҳои илмӣ;

5)   дар таърих: а) беэътиноӣ ва ҳатто тавҳин бар гузашта ва гузаштагони таърихи пешазисломии худ ва мероси адабиву фалсафӣ, фарҳангиву меъмориион;   б) бар мабнои ҷуғрофиёи сиёсии имрӯз ихтилоф гузоштан байни арзишҳо ва улгӯҳои миллӣ, масалан тавҳин бар Куруш, ки барои ваҳдати ориёиҳо талош меварзид ва тавсифи Томирис, ки ҷудоихоҳ ва ба таъбири имрӯза ҷонибдори сепаратизм буд;  в) ассимилятсияи этникӣ, хоса баъди ҳуҷум ва қатли оми муғул, ки ҷуғрофиёи зисти мардуми форстабор ба қаламрави бедарвозае табдил ёфт ва аз шимолу ҷануб қабилаҳову ақвоми аҷнабӣ бидуни ҳеҷ мамониат дар сарзаминҳои аҷдодии мо маскун шуда ватандоршуданд;

 6)   дар умури иҷтимоӣ: бар мабнои муқаррароти шаръӣ роҳандозӣ ва танзим кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ;

7) дар анъанаву маросимҳо: таҷлилу бузургдошти мунтазаму мутантани маросими мазҳабӣ, парастиши мазорҳову зиёратгоҳҳое, ки фақат василаи арҷгузории шахсиятҳои динӣ буданду ҳастанд.  Дар ин росто ҳатто як намунаеро наметавон мисол зад, ки марқади ватанпарасте ва ё қаҳрамони миллие ба мазору зиёратгоҳ табдил ёфта бошад.

Ниҳоят заиф будани ҳувийяти миллии моро аз худ баҳодии манфии мо низ метавон ҳама рӯза дар ҳама сатҳҳо ва қишрҳои ҷомеа мушоҳида кард. Худбаҳодӣ қисмати таркибии худшиносӣ аст, ки усулан се навъ дорад:  худбаҳодии манфӣ, худбаҳодии муътадил ва худбаҳодии ифротӣ ё худписандӣ. Бомушоҳидаи рафтор, вазъи равонӣ ва кунишҳову вокунишҳои шаҳрвандоне, ки ҳамарӯза дармаъразидидимост, метавон ҳатто бидуни тест ва корбурди пурсишномаҳои тадқиқотӣ ошкор кард, ки худбаҳодиҳии миллӣ (анг. national self-assessments; рус. национальная самоотценка)-и мо  дар маҷмуъманфӣаст. Ин ҳолати психикаи миллии мо ҳамарӯза дар сатҳи ҷомеа дар шаклҳои зерин ифода ва зоҳир мешавад:

худкамбинӣ(масалан, худро қодир ба анҷом додани кори арзишманду муҳиме надонистан ва ба худ нисбат додани корҳои бесифат ва рафторҳои нохушояндКорбурди васеъ ва ҳамагонӣ доштани таъбирҳое чун“тоҷикиш кун, мешава” , “тоҷикиш кардем” ва амсолиинҳо далели рӯшани худкамбинона будани худбаҳодиҳии миллии мост.)

-  бечоранолӣ (бахши аъзами адабиёти шифоҳӣ ва хаттии момоломолазбечоранолист; жанри“фалак”, киазномионҳампайдост, авҷи бечоранолиҳои мост; қисме аз гуфтугузорҳои ҳамарӯзаи аҳли ҷомеаиморо низ бечоранолӣ “ташкил”медиҳад; ...)

таҳаммул дар баробари таҳқир, яъне адами номус, ба вижа номуси миллӣ(масалан, таҳаммули ҷамъӣ дар баробари таҳқирҳои расонаӣ ва телевизионие чун мазҳакаҳои “Равшану Ҷамшуд”фурӯши фиттаҳои он дар бозорҳои мо, помол шудани ҳуқуқи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар, ба вижа муҳоҷирони меҳнатӣ ва амсоли инҳо)

ҳақталошӣ накардан (аз ҳаққи худ ва дигарон дифоъ накарданбинобар тарс ва иқрор будан бар заъфи худ;

бетафовутӣ ва бетарафӣ нисбат ба мушкилоти ҷомеа, ки он низ дар заминаи эътирофи нотавонии худ ба вуҷудмеояд;

худсафедкунӣ (мушкилоти худро ба омилҳои берунӣ иртибот додан);

худситезӣ;

яъсу ноумедӣ, тарс, писсимизм, фатализм.

  Худбаҳодиҳии манфӣ монеаи устувори зеҳниест, ки роҳи ташаббускориву сахткӯширо барои фард ва ҷомеа масдуд мекунад. Худбаҳодиҳии манфии иҷтимоӣ ва зуҳуроти он, аз ҷумла худкамбинӣ,  беэътимодӣ ба худ, иқрор бар заъфу нотавонии хеш, таҳаммул дар баробари таҳқир, тарсӯӣ ва дигар сифатҳои равонии нохушоянди дар боло зикршудадар заминаи  дискриминатсия (табъиз), таҳаммули фишор ва ҷабру зулми тӯлонӣ ба вуҷуд меояд ва ба тадриҷ боиси ҳамагонӣ шудани хулқу хӯи бардагӣ мешавад. Муаррихи муосири рус профессор Андрей Зубов паёмадҳои бо ин тарз дегредатсия шудан ва таназзул ёфтани вазъи равонии миллатро чунин баён доштааст: “Рӯҳияи бардагӣ ин қабл аз ҳама рӯҳияи бемасъулиятист, ки дигар барои ту фарқ надорад, ки сарнавиштат дар дасти кист. Дувум, ин рӯҳияи ба қадри кори худ нарасидан аст, барои он ки натиҷа ва ҳосили он корҳо бату тааллуқ надорад. Сеюм, ин набудани ҳисси шаҳрвандист, ҳиссе, ки ман шаҳрвандам ва аз ман тақдири деҳаи ман, шаҳри ман ва ниҳоят кишвари ман вобастааст”.

Ҷойгоҳи меҳварӣ надоштани арзишҳои миллӣ дар фазои ақидативу идеологӣ ва ҷаҳонбинии мардуми мо яке аз омилҳои асоситарини заъфи рӯҳияи миллӣ ва худбохтагиву бегонагароӣ дар ҷомеаи мост, ки бояд ҳар чӣ зудтар паи ислоҳи он иқдом кардашавад.    

Назрӣ Асадзода

Хондан 991 маротиба