Нусхаи чопи
Ҷумъа, 14 Августи 2020 11:20

Дар Ғарб фанноварӣ месозанд, дар Шарқ чӣ?!

Муаллиф: Исомиддин ШАРИФЗОДА

  Дар сад соли охир ҷиҳати тавсеаи манофеи сиёсиву иқтисодии хеш иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои мусалмоннишини шарқӣ бозии бовару эътиқодро ба роҳ монда, онҳоро дар ҳолати бархӯрд, нодонӣ ва хурофазадагиву вопасгароӣ нигоҳ медоранд. Ин кишварҳо бо сенария ва намоишномаҳои сиёсиашон исбот кардаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ ҳолат, ба манфиати давлатҳои миллӣ ва низомҳои дунявии Шарқ мутамоил нестанд ва барои шикастан ва дақиқтараш, решакан кардани рӯҳияи миллӣ, илмоният ва дунёмадорӣ аз ҳар василае, махсусан, омили дин ва мазҳаб корбаст менамоянд. 

  Агар кишварҳои мусулмониро дар назар бигирем, бозиҳои геополитикӣ бештар дар доираи диёнати исломӣ чарх задаанд ва чуноне ки мушоҳида мекунем, имрӯз низ дар тахтаи бузурги бозиҳои ҷаҳонӣ исломи сиёсӣ чун муҳраи асосӣ мавриди истифода қарор мегирад. Бар ин асос, аз нимаи дуюми асри нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ истифода ва суиистифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии қудратҳои ҷаҳонӣ буда, бо андӯхтани таҷрибаю собиқа минбаъд истифодаи дин ва мазҳаб дар баҳам задани бофтҳои иҷтимоӣ, варшикаста кардани низомҳои давлатдории дунявӣ ба амри зарурӣ ва стратегӣ табдил ёфтааст. Ин раванд дар ибтидои садаи бист ба стратегияи сиёсати хориҷии қудратҳои ғарбӣ табдил ёфта, таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз ҳисоби ифротгароёни исломӣ ва созмон додани равияву фирқаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳои вопасгарои шарқи мусулмонӣ ва таҳти контроли ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромад. 
  Созмондиҳӣ ва барномарезии пружаҳои динӣ-мазҳабӣ, ки одатан ба хотири ба вуҷуд овардани фазои ноорому бесубот дар ҷомеа ва бебандуборӣ дар минтақаҳо роҳандозӣ мешаванд, сухани нав нест. Бахусус, аз ибтидои асри бист сарпарастони пружаи исломи сиёсӣ бар асоси консепсияи динӣ - мазҳабӣ ва истифода аз нуфузи лидерони маҳаллии мазҳабӣ тарҳҳоеро таҳия ва амалӣ намуданд. Ин гуна, албатта, таҳти сарпарастии молиявию иқтисодии созмонҳои пасипардагии ғарбӣ дар байни кишварҳои исломӣ аз ҷониби исломиёни салтанатталаб ва худбохта ҳамсадоӣ пайдо кард. 
  Муҳаққиқоне, ки дар заминаи исломи сиёсӣ ва равандҳои муосири сиёсии мазҳабӣ таҳқиқ кардаанд, тамоми созмонҳои сиёсии исломиеро, ки ибтидои садаи бист ба баъд рӯйи кор омадаанд, маҳсули сарпарастии бевоситаи хадамоти иттилоотию истихборотии кишварҳои қудратманд медонанд. Аз маъруфтарин ҳаракатҳои сиёсии исломӣ дар давраи нави таърихӣ «Ихвон-ул-муслимин» мебошад. Ба таври куллӣ, мароми сиёсӣ ё идеологияи ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ҳамчун падарсолори блоки террористӣ ва фарзандонаш - «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Толибон», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», «Ҳаракати Исломии Узбекистон», ТТЭ ҲНИ, ДИИШ, инчунин, соири созмонҳои террористии исломӣ, ки таҳти сарпарастии қудратҳои ҷаҳонӣ ба қатлу куштори мардуми бегуноҳи минтақаҳои даргир сари кор доранд, барқарории хилофати исломӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст. 
Поёни «ҷанги сард», ки ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мунҷар шуд, мувозинати қудратро дар ҷаҳон барҳам зад ва онро аз ҷаҳони бисёрқутба ба як қутби мутлақи қудрат табдил дод. Кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ - мазҳабӣ сурат мегирад. Ин падида солҳои охир, бахусус дар ҷаҳони ислом дар шаклҳои тезу тунд воқеъ гардида, на танҳо боиси вайрон шудани амну субот ва бавуҷудоии буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳони сеюм шудааст, ҳамчунин, ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии, умуман, ҷаҳони муосир таъсири бад мерасонад. Дар ин раванд, имрӯз, бахусус омили исломгароии сиёсӣ нақши бориз мебозад. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ (геополитикӣ) - и худ дар ҷаҳони ислом кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқоди динии мардум аз он тафовутҳое, ки миёни фирқаву мазҳабҳои исломӣ вуҷуд дорад, суиистифода намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динии ғайрисуннатидоштаро таъсис дода, байни мусулмонони кишварҳои исломӣ аз тариқи роҳҳои мухталиф интишор медиҳанд ва барои чунин амал маблағҳои пулии ҳангуфт сарф месозанд. 
  Аз замони оғози даврони навин дар Аврупо, ки бунёди онро ҷомеаи сармоядорӣ ташкил медиҳад, ба хотири даст ёфтан ба захираҳои муҳими ашёи хом ва истифода аз қувваҳои арзони корӣ сармоядорони Ғарб ба мустамликакунонӣ ва тақсими ҷаҳон шурӯъ намуданд. Қабл аз он, ки минтақа ё давлате аз ҷониби онон ғасб шавад, сараввал гумоштаҳои хешро ба ин давлатҳо мефиристанд ва муҳимияти тарзи зиндагӣ, арзишҳои фарҳангӣ, бовару эътиқод, муқаддасот ва нуқтаҳои заъфи мардуми онро меомӯзанд. Ин қудратҳо дар минтақаҳои мусалмоннишин, ки таърихан масоили зидду нақиз ва бархӯрдҳои мазҳабию фирқавӣ мавҷуд буд, кӯшиш намудаанд, то ҳамин ихтилофро пайгирона барои тавсияи манофеи худ истифода намоянд. Дар кишварҳои мустамликашуда ҳамеша аз омили динӣ кор гирифта ба хотири тасаллут кардан ва дар як сатҳи бунбастӣ қарор додани мардумони ин кишварҳо арзишҳои диниро тарвиҷ кардаанд. Ҳадафи асосии чунин амал барои истеъморгарон чанд афзалият дошт. Якум, дар ҷомеаи суннатии дингаро арзишҳо ва чорчӯбаҳои  тарзи зиндагӣ муайянанд ва тағйироту дигаргунӣ дар онҳо ба душворӣ ба амал меояд, зеро  ҷомеаи динсолор навгароӣ ва дигарандеширо қабул надорад. Чун баёни чизи нав ё андешаи озоду илмӣ метавонад меъёрҳои муқаррарнамудаи шаръиро шиканад, аз ин хотир, дигарандеш дар ҷомеи динсолор ҳамеша бо хатари вуҷудӣ мувоҷеҳ аст ва душмани низоми мавҷуда ба ҳисоб меравад. Дувум, барои истеъморгарон ҷомеаи динсолор аз он ҷиҳат қобили аҳамият аст, ки дар он метавон ба осонӣ унсурҳои тафриқаандоз ва низоъбарангезро  ба вуҷуд овард ва бо тақсими ҷомеаи мустамликашуда ба гурӯҳҳои зид, онҳоро байни ҳам тарс дода, манфиат ва ҳокимиятро тасаллут бахшид. Сеюм, ҷиҳати бартарияти ҷомеаи динмеҳвар барои истеъморгарон он будааст, ки чунин навъи ҷомеа хусусияти авторитарӣ дорад ва гурӯҳу тӯдаҳои мардуме, ки бо имону ихлоси зиёд ба як шахсияти рӯҳонӣ такя мекунанд. Авторитетҳоро (рӯҳониёнро) ба худ тобеъ намуда, тавассути онон манофеъ ва қудрати худро тасаллут мебахшанд, ки хеле камхарҷ мебошад. Чорум, бартарияти ҷомеаи динмеҳвар барои мустамликадорон он аст, ки дар чунин навъи ҷомеа ҳувияти динӣ  аз ҳувияти миллӣ болотар қарор мегирад ва доиман ҳувияти динӣ ҳувияти миллиро саркӯб намуда, идеяҳои космополитизмро тарҷеҳ медиҳад. Чунин вазъ ба он хотир назди мустамликадорон соҳиби эътибор аст, ки муқовиматҳои миллию озодихоҳиро саркӯб мекунад ва манфиатҳои мустамликадоронро ҳимоят менамояд. Ҳамчунин, авторитетҳои кишварҳои мустамликашудаи динмеҳварро тобеи худ мегардонанд ва аз ин роҳ ба қудрати ҳокимияти худ таҳким мебахшанд. Чунин тарзи тафаккур дар дусад соли охир дар кишварҳои мусалмоннишин амал дорад. Ҳамин аст, ки барои истеъморгарон ба вуҷуд омадани низомҳои ғайридинӣ ва тавсеаи донишҳои илмӣ дар кишварҳои дасти савум манфиатбахш нест. Онҳо ҳамеша бовару эътиқоди ин мардумро ривоҷ медиҳанд ва бештар масрафу сармоягузориро низ дар корҳое равона месозанд, то минбаъд ҳокимияти рӯҳониён истеҳком пайдо намояд ва манфиатҳои онҳоро дар оянда низ ҳимоят кунанд. Қудратҳои ҷаҳонӣ агарчи имрӯз даъво пеш меоранд, ки замони мустамликадорӣ ба поён расидааст ва имрӯз ҳама давлатҳо баробаранд, вале дар асл ҳеҷ гоҳ чунин нест, фақат равиши мустамликадорӣ ва истеъморгарӣ шаклҳо ва қолабҳои навтару беҳтарро бо назардошти рушди сареи технологияи муосир ва ҷаҳони иттилоотӣ дигар кардааст. Бозиҳое, ки имрӯз дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ва дар маҷмӯъ, кишварҳои мусалмоннишин сурат мегиранд, давоми ҳамон бозиҳои бузург ба ҳисоб мераванд. Мардумони ғафлатзадаю нодонро, ки донишу ҷаҳонбинии саҳеҳ надоранд, бо пулу сармоя, яроқу техникаи ҷангӣ муҷаҳҳаз мекунанд ва  онҳоро гӯё ба хотири дифои дину мазҳаб  ва муқаддасот сафарбар мекунанд, то дар роҳи «ҳақ» ғазоват намоянд. 
  Ҳарчанд кишварҳои абарқудрат бо истифода аз таҷрибаи дунявият, ақлгароӣ, озодандешӣ ба муваффақиятҳои беназир даст ёфта бошанд ҳам, дар кишварҳои мусалмонӣ аз рушди таассуби динии мусалмонон ва тундгаросозии онон кор мегиранд, ки амалияи ин ҳадаф ба вуҷуд овардани инқилобҳои исломӣ ва аз байн бурдани озодандешиву дунявият аст. 

  
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
устоди ДТТ, номзади илмҳои фалсафа

https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=41644&fbclid=IwAR0N9h4r74nzKWBeXOz6otWP4Ohr55f2rj2K4nD4G2I4sdZEyl7VJeLOwZY 

Хондан 928 маротиба