Нусхаи чопи
Ҷумъа, 01 Октябри 2021 11:32

Дар қутби илму фарҳанги миллӣ

Муаллиф:

   (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи табиатшинос, кайҳоншинос, файласуф, муаррих, фарҳангшинос, андешаманд ва равшанфикри  миллӣ устод Акбар Турсон)

Аз солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, илм ва фарҳанги миллӣ дар симои устод Акбар Турсон такягоҳ ва пуштибони воқеии худро дарёфт. Воқеан, бо вуруди устод ба муҳит ва фазои илмию фаннӣ ва эҷодию мадании миллӣ тағйироти куллие дар арсаҳои кайҳоншиносӣ, тоҷикшиносӣ, ватаншиносӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ, қаламрави аҷдодӣ, ҳофизаи миллӣ, хештаншиносӣ, фарҳангу тамаддуни бумӣ ва дар маҷмӯъ, ҳувиятмадории тоҷикӣ ба вуҷуд омад.

  Академик Акбар Турсон як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи кайҳонӣ, фалсафӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда,  то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз овони наврасӣ устод Акбари Турсон бо ташвиқи падари бузургвор ва муаллимони сахтгири рӯзгор ба омӯзиши кайҳони беохир, фазои ҷирмонӣ, ҳисобу китоби масофаву ҳаҷми аносири улвию суфлӣ (самовию заминӣ) ва ҷузъиёту куллиёти олами ҳастӣ камари ҳиммат барбаста, дар ин замина такмили дониш кард. Баъди хатми факултаи физикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (соли 1961) умри хешро ба илм пайванд медиҳад ва дар бонуфузтарин марказҳои илми вақти шӯравӣ такмили донишу маърифат  мекунад.

    Ошноӣ бо симоҳои матраҳи илму адаб ва фалсафаи шӯравӣ ва таҳқиқу пажӯҳиш дар марокизи илми ҷаҳонӣ боиси тадриҷан боло рафтани  мақому мартабаи устод Акбари Турсон миёни доираҳои илмӣ ва ҳавзаҳои сиёсию адабии вақт мегардад. Аз ҷониби дигар, сабки нигориш, равиши гӯйиш, масъалагузорӣ ва тарзи ҳалли масоили умдаи илмию мадании мунҳасир ба фарди устод Акбар Турсон барои доираҳои васеи фарҳангиёну зиёиёни чи даврони шӯравӣ ва чи замони имрӯзӣ омӯзанда буда ва ҳаст. Махсусан, таълифоту пажӯҳишҳои ҷиддӣ ва ҷолиби устод дар замони шӯравӣ (бо шумули осори зер: Инсон, Атом, кайҳон [Матн]: лавҳаҳои публисистӣ / муҳаррир Х. Усмонов. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 108 с.; Марди некфарҷом [Матн]: ҳаёти одамони машҳур /муҳаррири илмӣ Муҳаммади Осимӣ) – Душанбе: Ирфон, 1967. – 68 с.; Коинот ва ҷараёни дониши инсон [Матн] / муҳаррири масъул Н. Одилов. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 117 с.; Андешаи рӯзгор [Матн] / муҳаррир Ӯ. Холиқов. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 140 с.; Кайҳоншиноси ва эътиқоди динӣ [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 37 с.; Банди фалак [Матн]: ҷиҳатҳои физикию фалсафии кайҳоншиносӣ. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 144 с.; Турфа кайҳоне [Матн]: лавҳаҳои илмию фалсафӣ: барои бачаҳои синни калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1984. – 168 с.; Эҳёи Аҷам [Матн]: руҷӯи таърихию публисистӣ. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 208 с.; Қирони саъд [Матн]: се очерк / муҳаррир А. Султонова. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 208 с.; От мифа к науке [Текст]: эволюция космологической картины. – М., Политиздат, 1973. – 152 с.; Философия и современная космология [Текст]. – М., Политиздат, 1977. – 191 с.; Основания космологии (Философско-критический анализ) – М.: Мысль, 1979. –238 с.; Познание эволюционных процессов во Вселенной: на материалах космологии. – М.: Знание, 1983. – 64 с.; Беседы о Вселенной [Текст]. – М.: Политиздат, 1984. – 111 с.; Человек  и мироздание [Текст]: взгляд науки и религии. – М.: Сов. Россия, 1986. – 208 с.; Весна Хорасана [Текст]. – Душанбе: Ирфон. – 1988. – 240 с. (ба забони дарӣ)), ки бо забони зебои илмӣ-адабии русӣ ва шеваи ноби тоҷикӣ нигошта шуда буданд, нуфузу эътибори илмӣ ва иҷтимоии Акбар Турсонро дар муҳитҳои миллию байналмилалӣ боло бурданд. То ба ҳадде, ки доираҳои илмию фаннӣ ва адабии замон аз таълифоти устод Акбари Турсон забон, баён ва тарзи ифодаи фикрро меомӯхтанд. Наслҳои миёнсол ва солманди ҷомеаи тоҷик хуб дар ёд доранд, ки замони ба табъ расидани китоби арзишманди “Эҳёи Аҷам” (1984) табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ чӣ сон бо шӯру шавқ ба муруру мутолеаи он пардохтанд ва дар ҳар муҳити адабию илмӣ ва фарҳангӣ сухан аз мазмуну муҳтавои он мерафт. Навиштаи мазкур то ба ҳадде маъруфият пайдо кард, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба китоби маҳбубу рӯйимизии ҳар хонандаи тоҷик табдил ёфт. Бо як сухан: ҳама мафтуни суханофаринӣ ва таҳлилу баррасиҳои устод Акбари Турсон шуда буданд. Ҳангоми даргириҳои солҳои навадуми садаи бист, ки мунҷар ба ҷанги шаҳрвандӣ шуданд, устод Акбар Турсон озими Амрико гардид ва зиёда аз ёздаҳ сол (1994-2011) дар Ғарб ба сар бурд.  Дар ин муддат бо муҳити илмию фаннӣ ва ихтисосии ғарбӣ аз наздик шинос шуда, ҳамзамон аз осори бузургтарин намояндагони фарҳанги амрикоӣ (дар симои донишмандони амрикоӣ ва пажӯҳишгарони иронитабори ғарбӣ) мутталеъ гардид ва бар мабнои методология ва равиши қиёсӣ матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таълиф намуд. Дар бозгашт ба ватан устод як зумра матолиби ҷиддии илмӣ ба нашр расонд, ки ҳосилу натиҷаи омӯзишот, мутолеот, мулоқот, мушоҳидот ва таҷриботи тӯлонӣ мебошанд. Аз ҷумла, дар матолиби зайл (ниг.: Наврўз - оинаи тамаддуни аҷам [Матн] // Суханшиносӣ. – 2012. – № 2. – С. 4-27; Эскиз сравнительно-культуроведческой модели праздника Навруз. //Центральная Азия: традиция в условиях перемен, СПб.: МАЭ РАН, 2013;  К становлению глобального мышления. //Chyngyz Aitmatov and his Issyk-Kul Forum: The dialogue of cultures and rapprochement of civilizations. International Forum Proceedings, Bishkek, 2013; Самандар и Зулкарнайн. К историософии таджиков. Таджики. История. Культура. Общество, СПб, СПб.: МАЭ РАН, 2014; Мисли ойина машав маҳви ҷамоли дигарон... (Андар суду зиёни ҷаҳонисозӣ) [Матн]: ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир // Илм ва Ҷомеа. – 2015-2016. – №1-2. – С. 34-44; Культура как экзистенциально-исторический фактор [Текст]  // Иран-Наме. – Алматы, 2016. – № 7; Ахмад -Махдум Дониш: историческая пора свершений и надежд [Текст]  // Иран-Наме. – сентябрь 2017; Андар иваз шудани давраҳои фарҳангӣ дар Осиёи Миёна (ба забони русӣ) [Матн] // Дар маҷмӯаи «Очеркҳои таърих ва назарияи санъати халқи тоҷик». – Душанбе: Дониш, 2018; Пояҳои наврӯзшиносӣ (ба забони русӣ) [Матн] // Дар маҷмӯаи мақолаҳои наврӯзшинохтии «Магия Навруза». – Алмаато: Издательский дом «Библиотека Олжаса». – 2018; Ҷашни Наврӯз аз дидгоҳи фарҳангшиносӣ ва фалсафаи таърих [Матн] // Маҷаллаи байналмилалии «Эроннома». –  2018. –  № 3; Адабиёти бадеӣ ҳамчун Ҷоми Ҷамшед  (Андешаҳо дар ҳошияи ҷусторҳои фалсафию бадеии Чингиз Айтматов) [Матн] // Маҷаллаи байналмилалии «Эроннома». –   2018. –  № 4; Ақл ҷӯяндаву ёбанда аст... (Аз таърихи муқобилати нависандагони шӯравӣ ба фишори сонсури идеологӣ.) [Матн] // Central Asia Analytical Network, ноябри соли 2018; Наврӯз - ҷашни бузургдошти Офтоб [Матн]  // Дин ва ҷомеа. –  2018. – № 3; Ҳакимони ҷаҳонро мижа хунполост [Матн]: вуруде ба китоби Нозир Арабзода “ Ҷаҳони андешаи Носири Хусрав // Фараж. – 2018. – 11 апрел; 18 апрел; 25 апрел; Бонии виҷдони бедори ҷаҳоншумул (Ба муносибати 90-солагии классики адабиёти ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов) [Матн] // Ҳафтаномаи электронии фарҳангиёни Қирғизистон РухЭш (Интеллектуалдар альянсы), 30 майи соли 2018; Ёддоште чанд дар бораи Чингиз Айтматов (қиссаи вохӯрӣ ва дӯстӣ) [Матн]  // Сомонаи  радиои «Озодӣ» ба қирғизӣ: www.azattyk.org.;) сатҳи баланди тафаккури илмӣ ва равиши фикрии устод чун рӯзи равшан намоён мегардад.

  Устодро элитаи илмию фарҳангӣ ҳанӯз аз замони шӯравӣ ба унвони кайҳоншиносу табиатшинос, муарриху фарҳангшинос, адибу нависанда, олими энсиклопедист ва муҳимтар аз ҳама, файласуфи озодаву фарзонаи миллӣ мешиносанд. Дар сатҳи илмӣ ва академӣ донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва бо ин се забон дар сатҳи баланди ихтисосӣ муколимаю гуфтугӯ ва таълиф кардан аз мушаххаса ва вежагиҳои инфиродӣ, шахсӣ ва илмию эҷодии устод Акбари Турсон маҳсуб мешавад. Устод ба унвони як соҳибназар ва равшанфикри миллӣ ҳамеша сари мушкилот, уҳда ва печидагиҳои равонӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик меандешад ва маҳсули андешиданҳояшро дар мусоҳибаҳои матбуотӣ, матбуоти даврӣ, расонаҳои дохилию хориҷӣ ва фазои маҷозӣ пахшу нашр менамояд. Дар “Ютуб” ва соири шабакаҳои иҷтимоӣ муҳтавои гузоришу суҳбатҳои вежаи устод Акбари Турсон роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои фарҳангӣ, фалсафӣ, таърихӣ, адабӣ, кайҳоншиносӣ, мафкуравӣ, динӣ. сиёсӣ ва маданӣ пахшу нашр гардидаанд ки ҳар нафар метавонад аз фарохии дидгоҳ ва салиқаи илмии ӯ баҳраҳо бардорад.

   Дарвоқеъ, устод Акбари Турсон ифтихори мо ва мунтаҳо, чеҳраи истисноӣ ва фавқулодаи илму фарҳанги миллӣ мебошад ва миллати тоҷик ва тоҷикистониён аз ҳузуру нуфузи чунин инсони фарогиру ҳамадон ҳамеша ифтихор мекунад. Аз фурсати шодбошӣ истифода карда, ба устод дарозӣ ва саодати умр, сињатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудратмандӣ, ҷуръату ҷасорати мудавоми илмию эҷодиро таманно мекунем.

     Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, устоди гиромӣ!

 

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 1 октябри соли 2021

Хондан 973 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр