Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 21 Апрели 2022 05:40

Дарки воқеияти илмӣ омили пешрафти башарият аст

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Вақте ба таърихи пушти сар намудаи ду ҳазор соли охири мардуми сарзаминамон менигарем, хоҳем дарёфт, ки дар ин дарозои замонӣ сарзамини мо борҳо мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифтааст. Аммо ҳамаи онҳое, ки ба ин сарзамин ҳуҷум овардаанд, дар баробари таъсиргузориҳои хеш, таъсирпазириҳои зиёдеро низ аз миллату аз ин мардум доштанд. Иддае аз пажӯҳишгарон бар онанд, ки ҳар гоҳ пас аз 50 соли ба ин сарзамин ҳамлавар шудани бегонагон ва нобудию аз байн бурдани авомили фарҳангӣ дубора мардумони ин сарзамин дар рушд ба пояи олӣ расидаанд. Зеро ки тамоми васоили рушд чи аз назари истеъдоди мардум ва обу хоки ин сарзамин бо хусусиятҳои хоси худ дубора ба рушду тараққӣ пардохтаанд. Вале чунин назар то куҷо метавонад дар баробари хатароти ҷаҳони имрӯз воқеан ин миллатҳоро ҳифз намоянд.

  Ҳарчанд аз назари табиӣ ва захоири дар ин кишварҳои ҳавзаи фарҳанги эронӣ буда, монеъияти табиие вуҷуд надорад, вале набуди донишҳои густурда, тассуби шадид, хурофазадагӣ, фасоди идорӣ ва мухолифатҳои хориҷӣ дар шакли тарвиҷи мазҳабзадагиву дингароӣ метавонанд, ҳамеша садде дар роҳи пешрафти ин кишварҳо бошанд.

  Қобили қайд аст, ки ҳамеша барои пешрафти ҳар кишвар ду омил зиёд таъсиргузор аст. Яке омили ҷуғрофиёӣ, ки ҳар кишвар вобаста ба захоири табиӣ ва сарватҳое, дорад бо дуруст истифода намудани онҳо метавонанд ба як кишвари пешрафта худро табдил диҳад.

  Омили дуюм бошад захираи инсонист. Ба захираи инсонӣ пеш аз ҳама истеъдод, мутахассисият, дониш, ҷаҳонбинӣ, маънавият ва тарзи андеша ташкил медиҳад. Ҳарчанд омили аввал бисёр муҳим барои сареъ рушд кардан аст, вале дар ҷаҳони муосир ба омили дуввум бартарият дода мешавад. Ҳоло дар ҷаҳон кишварҳое мавҷуданд, ки агар ҳам аз лиҳози захираҳои табиӣ сарватманд набошанд, вале бо такя ба захираҳои инсонӣ тавонистаанд хешро ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳанд. Онҳо аслан такя ба сармояи инсонӣ- донишу маънавиёт, махсусан илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ такя намуда, кишвари хешро аз лиҳози иқтисодӣ бартар гардонидаанд.

  Чунин ба назар мерасад, ки ангезаи асосии оқибмондагӣ ва бадбахтиҳо бадахлоқиҳо, хориҳо бештар бо таъсири ҳуҷуми қавмҳои бегона ва зери салтанати онон рафтану бо таъсири онон тағйир кардани тарзи тафаккуру андеша, аз даст додани андешаи созандаи худӣ ва ба нодониву бедонишӣ ва дурӯғу бадандешӣ гуморидани мардумони ин сарзаминҳо сурат гирифтааст. Ҳар кишваркушое шуруъ карда аз Искандар то дигар ақвоме ки ба ин минтақа омад, аз аввалин амали фоҷеаноке анҷом дод, он буд ки китобҳоро сӯзониданд ва донишмандонро куштанд, то мардумонро ба нодониву накбат ва бехудиву беҳувияти гирифтор намуда, ононро дар зери султаи худ нигоҳ доранд.

  Махсусан омадани арабҳо ба ин сарзамин ва тарвиҷи ислом боис гардидааст, то тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии ин мардум аз реша тағйир хӯрад ва онҳо дар банди дингароӣ, тақдирзадагӣ ва таассубу нигаронӣ қарор гирифтаанд.

  Бояд қайд кард, ки ҳамеша таассуботи динӣ ва мутаассибони тарвиҷкунандаи он ки донишҳои маҳдуди хешро ҳақиқати ҷаҳон меҳисобанд,  кушиш ба харҷ медиҳанд нишон диҳанд, ки шинохти болотаре аз қолаб ва тарзи андешаи онҳо нест, ин омил  сабаб мегардад то мардумони боварманд аз ҷусторгарии воқеияти ҳаводиси олам даст кашанд. Аз тарафи дигар ҳамагуна андешаи дигарро нораво ва ғайришаръиву гумроҳкунанда меҳисобанд. Ҷаҳонро бо ҳамон дидгоҳи ҳазорон сол пеш мехоҳанд арзёбӣ намоянд. Ҳамон ҷаҳони кучаки хурди тасвириву тахаюливу боаврмандона, ки ҳеҷ ба воқеияти кунунии ҷаҳон иртиботе надорад.  

  Дар ҳоле ки имрӯз илм ҳазорон каҳкашонҳоро кашф кардааст ва дарку фаҳми ҷаҳон берунтар аз ҳама он дидгоҳҳои бовармандона аст ва собит гардидааст, ки паҳнои ҷаҳон ҳудуди як миллиард соли рушноиро дар бар мегирад ва қутри ҷаҳони шинохти илмӣ 2 млрд ва даври доираи он беш аз 6 млрд соли рушноӣ аст ва нуре, ки аз он каҳкашонҳо ба мо омада мерасад, муддати 10 млн садсола пеш аз он ҷо ҳаракат карда ва дар тамоми ин муддат ки ба суръати мавҷаш 360 ҳазор киллометр дар сония аст, ҳанӯз ҳам роҳ паймуда, то ба мо омадан дорад. Имрӯз адади каҳкашонҳое, ки илм онҳоро кашф кардааст, ба 100 млн аст ва шаклҳояшон мухталиф яъне курашкл, гирд монанди саҳфаи соатҳои ҷайбӣ, куравӣ ва ғ, ки  ҳар кадоме дорои ҳаракатҳои махсусе ба худ ҳастанд ва дурии ҳар яке аз онҳо аз дигараш ҳадди ақал 2 млн соли рушноӣ аст. Вале дар аксар маврид таассуботи динӣ ин ҳама дастовардҳоро нодида мегиранд ва гоҳо чунин вонамуд месозанд, ки анвои афкори боварманд ҳеҷ касеро маҳдуд накардааст, то аз донишҳои илмӣ гирифтан орӣ бошад ва аксар ин даъворо пеш меоваранд, ки боварҳо ба зоти худ надоранд айбе, ҳар айб ки ҳаст дар навъи бовармандии мост. Шояд чунин ҳам бошад, аммо агар ба таҳқиқ бингарем, худи ҳамин тарзи андеша ҳам саҳеҳ нест, зеро кешу бовареро ки ду ҳазор ё ҳазору анде сол қабл ба миён омада, ифодагари тарзи зиндагӣ ва маҳсули таффаккури ҳамон замон аст, наметавонад дар баробари ниёзҳои имрӯзаи башар ва пешрафтҳои илмии он посухгӯ бошад. Аз шинохти имрӯзаи илмӣ дар ҳеҷ як аз мутуни динӣ, сарфи назар аз он ки матн мансуби кадом дин аст, хабаре нест. Ҷаҳони имрузаи шинохти илмӣ марбут ба асри имрӯз аст ва он ҳам бо назардошти дастовардҳои охирини фанниву фановарии илми физикаи кайҳон марбут аст. Ин навъи шинохти ҷаҳон хеле дақиқ ва аз тамоми он пиндорҳои руъёии даврони қадим фарқ дорад ва он ҳама ҳеҷ иртиботи мантиқӣ ба ин шинохт надоранд. Зеро танҳо каҳкашоне, ки мо дар он воқеъ ҳастем ва он дар назари сатҳӣ монанди нуре намоён аст, ки дар воқеъ он ба шакли гирд аст ва аз маҷмӯи ситорагони бешуморе ташкил гардидааст ва кулли ин ситорагон олами моро ташкил медиҳаду қутри он наздик ба 100 ҳазор соли суръати рушноӣ аст. Манзумаи шамсии мо дар канори он воқеъ гардида давру пеш аз маркази каҳкашон тақрибан 3 ҳазор соли рушноӣ аст. Ҳаҷми ин каҳкашон тахминан 145 млрд бор бузургтар аз ҳаҷми системаи саёроти офтобӣ аст, ки он 36 млрд офтоби дурахшонро дар худ ҷой додааст. Имрӯз илм аз рӯи ҳисобҳои дақиқ тавонистааст адади маҷмӯи инҳоро то 100 млрд тахмин занад. Қобили қайд аст, ки ин идда ғайр аз мавҷудоти торик ва хомӯше ҳастанд, ки дар фазои бе аввалу беохир дар ҳоли гардишанд. Абъоди ин каҳкашон ба қадри бузург ва шумораи он ба андозае зиёд аст, ки бе ҳеҷ ваҷҳ наметавон робитаи зарфу мазруфро дар ин бора дарк кард. Ба тавре ки ба ҷуръат наметавон гуфт ки ин фазои холӣ ва ин зарфияти ваҳшатовар холӣ аст. Дар канори ин каҳкашонҳо каҳкашони мо, ки ҷаҳони мо аст ва ба сони пусти гарди кучаке дар уқёнуси паҳновар саёраи мо шиновар аст.

  Вақте чунин додаҳои илмиро ба назариёти таассубомези бовармандӣ муқоиса менамоем, хоҳем дарёфт, ки он ҳақоиқеро, ки ба тарзи афсонавию тақлид, колофӯрушони бозори бовармандӣ барои мардумон арзонӣ медоранд, ҷуз асотиру афсона чизе беш нестанд. Қобили зикр аст, ки чунин вазъ хоси ҳамаи фарҳангҳои башарист ва дар бомдоди рӯзгор тавонистаанд ба падидаю ҳодисаҳои ҷаҳон тасвирҳои тахаюлии хешро иблоғ намоянд.

  Дар фарҳанги аврупоӣ низ то замони расидан ба даврони ренесанс чунин навъи андеша ва бархурд ба ҳаводису падидаҳо ҷой дошт. Бештар аз ин ҳазорон ҳазор донишмандони табиатгаро дар даврони ҳокимияти маънавии дину калисо мавриди инквизатсия ва маҳкум ба нобудӣ гардида буданд. Ҳатто донишмандоне ба мисли Галилео Галилей тавбанома навиштанд ва Рене Де Карт файласуфи маъруфи Фаронсаи асри 16 китоби илмии худро бо номи “ҷаҳон” (ин китоб диди нави илмиро дар бораи ҷаҳон дошт) аз нашр боздошт намуд. Дар он даврон буд, ки агар касе пай ба ҳақиқати табииёти олам мебуд, ҷуз пинҳонкорӣ кори дигре аз дасташ бар намеомад.

  Вале баъди он, ки нури дониш ҷаҳонро мунаввар сохт ором ором дар Аврупо хурофот ва мавҳумпарастиро аз бех барканданд ва дунёро аз тасаллути ҷобиронаи рӯҳониён раҳониданд ва дастгоҳи махуфи инквизатсияро барҳам заданд ва минбаъд олимону донишмандон бепарво ҳақиқатҳоро гуфтанду навиштанд. Вале мутаассифона дар Шарқи мусалмонӣ ҳеҷ гоҳ чунин вазъ сурат нагирифт. Ҳамин аст, ки аксаран дидгоҳи рӯҳониён мухолиф бо таърих, мухолиф бо илм, мухолиф бо ақл ва мухолиф ба мавозини ахлоқӣ аст. Зеро он чи дар дидгоҳи онҳо дар бораи таърих омада ҳеҷ сарчашмаи таърихӣ ба ҷуз аз асотир ва бофтаҳои бовармандӣ надорад. Чунин ба назар мерасад, ки аксари дидгоҳҳои онҳо дар мавриди илм низ ҳеҷ ба шинохти имрӯзии илм, ки як дониши ба исбот расида қонунманд, такроршаванда ва қобили мушоҳида таҷриба бошад, вуҷуд надорад. Онҳо илмро низ афсонагуна ва ҳаводисро хориқлоддаву иғроқангез тафсир медиҳанд. Ҳамин гуна шинохту баррасии масоил хос ба даврони кӯдакии башар аст, чун кӯдак ҳанӯз аз вазъу воқеъияти ҷаҳон огоҳии чандоне надорад, мехоҳад падидаҳои атроф ва ҳодисаю воқеаҳоро афсонавию асотиромез тавсир бахшад ва худро оромиш диҳад.

  Мусаллам аст, ки дар нимҷазираи араб замони зуҳури ислом сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинӣ ҳанӯз ба давраи бомдоди донишомӯзии ин ақвом маҳсуб меёфт. Ҳамин аст, ки он тафсирот ва ҷаҳоншиносе, ки рӯҳониён аз лиҳози динмадорӣ ба мардум мерасонанд, ҷузъе аз ҳамон тафаккури афсонагуни қавмҳои сомӣ будааст. Чун ин афсонаву асотир пур аз ривоёти бовар накарданист, ки барои инсони имрӯзаи  аз мантиқ огоҳ аст, ҳеҷ қонеъкунанда буда наметавонад. Ин ҳама иртибот ба тарзи зиндагӣ муҳити ҷуғрофиёӣ ва тарзи бароварда кардани ниёзҳои ақвоми мухталиф ҳамбастагӣ доранд.

  Дар дунёи имрӯз таърихи илм ниҳоят дақиқ ва хос шудааст. Махсусан, илми таърих ба василаи ҳафриётҳо ва кашфиётҳои археологӣ осор ва бозмондаҳои ҳаводису рӯзгори кӯҳани инсониро пайдо намуда дар натиҷаи муайян кардани сину соли онҳо марбут ба кадом даврони зиндагонии башар таалуқ доштанашон маълумот ба даст меоваранд. Ҳамчунин бо ба даст овардани осори хаттӣ ба навиштаҳои он давр, маданият, тарзи тафаккур, навъи хат ошноӣ пайдо карда, манзараи таърихии замони муайянро равшан месозад.

  Ҳамин аст, ки вақте ба таърихи Эрон назар меафканем он ҷо бозёфтҳои бостоншиносие, ки бо хаттти мехӣ навишта шуда, аз таърихи бостонии пурифтихори давраи Ҳахоманишиён сабт гардидаанд ва ҳамчунин Маншураи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ҳайси аввалин намунаи мутамаддини давлатдорӣ ва арҷ гузоштан ба инсоният сабт шудааст, ки онон ба маротиб болотар аз он афкори хушки биёбонианд. Ҳамчунин дар фарҳанги сомӣ таноқузоти зиёде дар афсонаву асотирашон ҳаст, ки аз назари илми имрӯз ҳеҷ кадоме тасдиқшаванда ва собитшаванда нестанд.

  Ҳамин тавр, таърихшиносии илмӣ нишон додааст, ки Миср 3064 сол пеш аз мелод мавҷуд буда, 31 силсилаи подшоҳони он кишвар то соли 332 пеш аз мелод яъне то ҳуҷуми Искандар ва баъдан салтанати Батола ба ҳукумати Рум сабт намуда, нигоштаанд ва ҷузъитарин ҳодисаро дар таърихи он кишвар дарҷ кардаанд. Аммо тамоми он асотиреро, ки рӯҳониён марбут ба Миср мекунанд, ҳеҷ ҳақиқате ба таърихи ин кишвар надоранд. Чунин ба назар мерасад, ки аксар аз донишҳо ва тафсироти динӣ танҳо барои мағзҳои соддаи заиф пешниҳод гардидаанд ва аз ин роҳ мехоҳанд мардумони зудбовар ва авомро зери таъсиру нуфузи хеш нигоҳ доранд.

  Масъалаи асосӣ ин аст, ки мардуми авом ҳамеша мехоҳанд мушкили хешро ба тарзи содда, афсонавӣ ва муъҷизаосо ҳал кунанд. Неруи зиёде сарф накунанд ва бо роҳи худро ба олами асотир ғарқа намудан мушкилро ҳал созанд. Онҳо майл ба хурофот ва мавҳумоту муъҷизот доранд. Агар як нафар дар бораи кадом як воқеае назариёти пиндорӣ ва тахаюлии хешро баён созад, нафароне, ки баъдан онро мепазиранд, ҳатман бар сари он чизеро меафзоянд ва ҳамин тавр як ҳодиса бо назардошти интиқол шудан аз насл ба насл ба як ҳодисаи ваҳмангез тахаюломез ва ҷолиб табдил меёбад. Он аз насл ба насл интиқол гардида аз падарон ба фарзандон ва ба як диди маъмулӣ табдил меёбад. Бинишҳои бовармандии динҳои гуногун аз ҷумла Яҳудият, Зардуштӣ ва Маеҳию, Ислом, Буддоию Браҳманӣ ва амсоли ин ҳама аз насл ба насл ва аз волидайн ба фарзандон интиқол гардида, ҳар насле, ки онро қабул кардааст, ҳеҷ гоҳ ин ақоидро бар доираи таҳқиқ ва воқеънигарӣ накашида ва дучори шакку таҳдид қарор нододааст.

  Ҳамин аст, ки як хатою дурӯғ ва хаёлу рӯъёе ҳазорон сол аз насл ба насл гузашта то ба имрӯз омада расидааст. Касе ҳам агар дар ин вазъ агар аз ҳақиқат огоҳ гардида, хостааст чизеро тафсир диҳад, ки он дар хури ақлу мантиқ бошад, аз таассубу ҷаҳолати ҳамзамонон, ки гӯё дар нисбати оини ниёкон шак оварда бошад, худдорӣ карда бо онҳо созиш намудааст ва шояд ҳам тасдиқи афкори онҳо намуда, хешро гул задааст.

  Донишмандон мегӯянд майли дарунӣ дар эҷоди ақоид бисёр муассир аст, то он ҷо ки гоҳе инсон кореро анҷом медиҳад, ки ба он моил аст. Мумкин мепиндорад ё бовар мекунад ва ҳамчунин олимони равоншиносӣ гуфтаанд, бештар масоиле, ки инсон мепазираду қоидаву қонуне, ки дар зиндагӣ риоят мекунад нуқтаҳое аст, ки  ҳаргиз дар бораи онҳо тафаккури амиқ накардааст ё дурустиву нодурустии онҳоро мавриди назар ва бозрасӣ қарор надодааст ва ин аст, ки аз ақида ва пиндоре ки дар натиҷаи талқин ҳосил кардааст, эъроз мекунад ва ҳамин сабаби бақо ва давом овардани тамоми афкори боварманд ва мазоҳиби мухталиф дар ҷаҳон гардидааст.

  Аммо як нуқтаи ҷолиб инҷост, ки агар тамоми инсонҳо чунин ҳолатро мепазируфтанд, шояд дар ҷаҳон ҳеҷ афкори наве ба вуҷуд намеомад ва ҳеҷ гоҳ хатоҳои қаблии инсонҳо дуруст намегашт. Пас, ҳама рушду тараққие, ки насиби башар гардидааст, натиҷаи ин аст, ки дар дурустии бисёре аз умур ва матолиб шак карда, бори дигар онҳоро ба диққат мавриди таҳқиқ қарор дода, хаторо аз дуруст бозшиносӣ намудааст. Яъне зеҳнҳое, ки ҳамеша кӯшидаанд арзишҳои гузаштаву куҳанро дубора бозшиносӣ намоянд, тавонистаанд аз ин тариқа барои тамаддуни башар роҳу шинохти наверо ба вуҷуд оваранд, ки зиндагии инсониятро саҳлу содда созад. 

 

Исомиддин Шарифзода

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 753 маротиба