Нусхаи чопи
Сешанбе, 03 Ноябри 2020 11:33

Давлати дунявӣ ва фарҳанги миллӣ

Муаллиф: Нозим НУРЗОДА

  Башар ҳанӯз аз бомдоди зиндагӣ дар орзуи сохтмони як давлат ва низоми сиёсие будааст, ки ниёзҳои озодихоҳию рифоҳталабӣ ва адолатписандию хирадварзии инсонҳо бароварда шаванд. Табиист, ки башар, чи дар гузашта ва чи имрӯз ба донишу хирад ва рифоҳу озодӣ ниёз дошту дорад ва маҳз сиришти ҷустуҷӯгар ва пурсишгари инсон ӯро ба офаридан вомедорад. Офаридани неъматҳои моддию маънавӣ, дар маҷмӯъ, дар қолиби фарҳанг инсиҷом меёбанд. Аз ҷониби дигар, орзу ва ормони сохтусози давлати намунавӣ (образцовое государство) аз дер боз зеҳни инсонро ором нагузоштааст ва барои амалӣ кардани ин навъ ормон саъю талоши фаровон варзидааст. Талошҳои пайвастаи инсонҳои ҷӯёву пӯё ва ба истилоҳ, қишри равшанфикрӣ дар имтидоди тӯлонии замонӣ ормонҳоро ба ҳақиқат бадал кард ва намуна-моделҳои муосири давлатдории дунявие, ки дар Ғарбу Шарқи сайёраи Замин арзи ҳастӣ мекунанд, натиҷаи ташаббусоту ибтикороти насли саршиноси инсонианд.

  Мусаллам аст, ки дар бовару асотир, бовару эътиқод, дину мазҳаб, сиёсату иҷтимоъ, адабиёту фалсафа ва фарҳангу маънавиёт инъикос ёфта, боиси ба вуҷуд омадани тарҳҳои ормонӣ гардидааст. Ба ин минвол дар қолаби фикрию маънавии ҷомеаҳо модели давлат ва ҷомеаи ормонӣ тарҳрезӣ гардид ва дар соири илму адаб ва ҳунарҳо таҷассум ёфтааст. Ғараз ва ҳадаф аз ба вуҷуд овардани тарҳҳои фикрии ҷомеаи ормонӣ ҳамзистӣ ва иттиҳоди мардумӣ будааст. Мардум дар ҳамаи давру замон ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ, рифоҳи молию маънавӣ, ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ ниёз дошта ва дорад. Ин гуна ниёзҳо, ки аз вуҷуди маънавӣ ва иҷтимоии инсон буруз мекунанд, асли зиндагӣ маҳсуб меёбанд ва мушаххас кардану ба тартиби муайян даровардани силсилаи ниёзҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ тарҳу қолабҳои нави фикриро ба вуҷуд овард. Аз ҳама муҳим, инсон аз бомдоди зиндагӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба ҳамбастагию ҳамзистӣ ниёз доштааст ва ин навъ биниш раванди ормонгаройиро дар таърихи тафаккури инсонӣ ташаккул додааст.

  Барои он ки ба таври бояду шояд барномаҳои вежаи сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ, ки бар мабнои хираду дониши инсонӣ таҳия ва роҳандозӣ бигарданд, вуҷуди давлат зарурат дорад. Дар зимн, на ҳар гуна давлат метавонад барномаҳои вежаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва миллиро ба таври шоистаю боиста дар амал татбиқ намояд, балки давлати дунявӣ ниёзу хостаҳои инсониро бароварда месозад. Албатта, бароварда сохтани хостаю ниёзҳои ҷамъӣ (на фардию гурӯҳӣ), новобаста аз тааллуқоти нажодӣ, миллӣ, этникӣ, сиёсӣ, идеологӣ, динӣ ва мазҳабӣ дар доираи модели давлатдориҳои дунявӣ имконпазир аст. Ин аст, ки тамоми дастгоҳи расмию давлатии низоми секулорӣ (дунявӣ) дар хидмати мардум қарор мегирад ва ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва дар айни замон, барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаю шоистаи зиндагӣ ҳамеша барнома ва стратегияҳо таҳия ва дар амал татбиқ менамояд.

  Дар доираи фарҳанги миллӣ (манзур фарҳанги тоҷик аст) ҷустани тарҳ ва ё модели сохтусози давлати дунявӣ, ки дар он арзишҳои инсонӣ ва хираду дониш аслу асос маҳсуб меёбанд, аз аҳамият холӣ нест. Дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ, ки дар қолабҳои устурӣ ва мифологӣ рехта шудаанд, масъалаи сохтусози давлати дунявӣ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Ба ин тариқ, дар асотири бостонии миллӣ, аз ҷумла устураҳои Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кайхусрав масоили марбут ба давлатдории дунявӣ инъикос ёфтаанд. Барои намуна, дар устураҳои Симурғӣ, Ҷамшедӣ ва Фаридунӣ модел ва тарҳҳои давлат ва ҷомеаи дунявӣ рехта шудаанд. Сарчашма ва маншаи барномарезиҳое, ки дар заминаи сохтусози давлати дунявӣ дар қолиби устурӣ ба назар мерасанд, воқеияти сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию мадании замон будааст. Аз ин ҷост, ки воқеияти зиндагӣ асли фаҳмиши масъалаи дунёмадорӣ дар қолибҳои устурии миллист.

  Дар асотири бостонии миллӣ таърихи зиндагии инсонӣ ба ҳазораҳо тақсим шудааст. Ба ин маъно, дар фарҳанги бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муқаррар шудааст (ниг.: Ниберг С. Динҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1359. -С.388), ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва  бо ҳазораи Ҷамшед оғоз меёбад (ниг.: Ҷомӣ Муҳаммад Маҳдӣ. Адаби паҳлавонӣ. Теҳрон, 1379. –С.18.). Ин аст, ки ҳазораи Ҷамшед ба унвони ҳазораи сиёсат, давлатмадорӣ, хирад, дод ва фарҳанги миллӣ шинохта мешавад. Дар ин ҳазора модели давлат ва ҷомеаи дунявӣ аз тарафи Ҷамшеди Пешдодӣ бунёд мешавад ва элитаи  давлатӣ бар мабнои хирад ва дод ҳукуматдорӣ мекунанд. Мувофиқи устураи Ҷамшед, дар имтидоди давлатдории ӯ (ҳазораи Ҷамшед) мусибату бадбахтӣ, ки дар маргу нестӣ ва дарду ранҷурӣ таҳаққуқ меёбанд, аз байн мераванд ва сиҳатию тандурустӣ ва хушнудию рифоҳ мавқеъ ва мақом пайдо мекунанд. Даврони хушҳолию рифоҳ ва бедардию бемаргии Ҷамшедиро Ҳаким Фирдавсӣ сесад сол мушаххас карда, он муддатзамонро хеле зебо ба риштаи тасвир баркашидааст:

 Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.

 

  Ба ин тартиб, Ҷамшед ба бунёди ҷомеаи озоди мардумсолорӣ (демократӣ) ва дунявӣ (секулорӣ) камар барбаста, асос ва хишти нахустини чунин давлатро дар таърихи фарҳанги миллӣ гузошт. Ӯ бо воқеъбинӣ, андешамандӣ ва дунёпарастии худ, ки ҳамагӣ ба биниши илмӣ гироиш доранд, дар олами андешаи миллӣ соҳибмақом гардидааст.

  Ҷамшед, ки бемуҳобо, метавон аз ӯ ба унвони поягузори давлати дунявии миллӣ дар қолиби устурӣ-мифологӣ ёд ва тамҷид кард, бо такя ба ақлу хирад ва иродаю қудрат тавонист, як давлат ва ҷомеаи намунавии секулорӣ бунёд намояд. Файласуфи муосири тоҷик устод Комил Бекзода, ки дар атрофи ин шахсияти нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ пажӯҳишу ковишҳои зиёде анҷом додааст, мавзӯи мазкурро пайгирӣ намуда, ба ин натиҷа расидааст: “Ҷамшед ҳамчун як шахси таърихӣ, дар маснади фарҳанги эронӣ ва ҳиндӣ қарор дорад. Дар ҳарду фарҳанг ба ҷиҳатҳои дунявӣ, воқеъбинӣ ва ғайридинии Ҷамшед таъкид шудааст. Дар ҳамин асос метавон ба ин натиҷа расид, ки асосгузори назари миллӣ ва озодандешии мардумони форсу тоҷик маҳз ҳамин Ҷам писари Вивангаҳон будааст” (ниг.: Комил Бекзода. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ.-Душанбе: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоуддинов, 2012. –С.50-51).

  Дар модели сохтаи Ҷамшед инсонҳо бо дарназардошти донишу биниш ва ҳунару маҳорат ҷойгоҳи иҷтимоӣ касб мекунанд. Ба ин тартиб, Ҷамшед ба унвони нахустин бунёдгузори давлат ва фарҳанги дунявӣ сохтори табақотӣ (синфӣ)-ро ба вуҷуд меоварад, ки тибқи он ҳар кас, мувофиқи донишу биниш ва ҳунару фаросаташ ба коре ҷалб карда мешавад ва бо ин тарзи мудирияту фаъолият таносуби неруҳои корӣ ва фикриро танзим мекунад. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо назардошти воқеият ва бар мабнои истеъдод ва маҳорату малака инсонҳоро ба фаъолият ҷалб месозад. Ин нуктаро Фирдавсӣ ба забони назм ин тавр баён сохтааст:

Ки то ҳар кас андозаи хешро

Бубинад,  бидонад каму бешро.

   Минбаъд дар устураи Фаридун, ки баъди шикасти Заҳҳок барномарезиҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию рифоҳии Ҷамшедро идома медиҳад, мудирияти давлатӣ бар асоси хирад эҳё мегардад. Ҳаким Фирдавсӣ даврони салтанати Фаридунро, ки бар пояи мудирияти ақлонӣ ва адолати иҷтимоӣ устувор, ҳамзамон бо рифоҳу хушҳолии оммавӣ тавъам будааст, ситоиш карда, мегӯяд:

 

Фаридуни фаррух бинвохташон,

Зи роҳи хирад пойгаҳ сохташон.

   Қолиб ва моделҳои устурӣ ва мифологии моро имрӯз метавон дар шаклу сохтори давлатдориҳои урупоӣ мушоҳида кард. Ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки урупоиён мероси сиёсӣ, фикрӣ, илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва мадании моро ба худ ихтисос додаанд. Ин маънои онро дорад, ки урупоиён бо такя ба донишу мантиқу маърифати зинда (на дониши хурофотию карахту мурда) моделҳои нави давлатдорӣ ва ҷомеасолориро сохта, мавриди истифода қарор додаанд. Дар ин миён моделҳои давлатдорӣ, дунёмадорӣ, ҷомеасозӣ ва фарҳанггустарии мо ҳам мавриди омӯзиш, пажӯҳиш, корбурд ва истифода қарор гирифтааст. Гап сари ин аст, ки мо, мутаассифона, аз он мероси бузурги бостонӣ, ки дархӯри ҷаҳониён шудааст, хуб истифода накардаем ва имрӯз ҳам дар ин замина саҳлангорӣ ва бетафовутӣ мекунем. Агар мо, воқеан, ба фарҳанги сиёсӣ, ҷомеасозӣ, мардумсолорӣ ва додпарварии миллӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ мекардем, ниёз ба омӯзишу истифодаи дигар фарҳангҳо хеле кам медоштем. Вале тайи таърихи тӯлонӣ зеҳни хурофӣ ва тафаккури баста моро ҳамеша дунболагирӣ карда, аз масири дурусти ҳаракати фикрӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ боздоштааст.

  Хушбахтона, миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ тайи 29 соли ахир дар масири сохтмони давлатдории миллӣ ва татбиқи низоми дунёмадорӣ гом бармедорад ва аз ин интихоб зарар надида, балки бурд кардааст. Бурд он аст, ки низоми давлатдории миллӣ ва ҷомеаи дунёмадорӣ имкониятҳои баробарро барои афроди миллат фароҳам меоварад ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилотро тақозо мекунад. Қатъи назар аз он ки дар самти таҳкиму тақвият додани раванди сохтмони давлатдории миллӣ мушкил дорем, вале интихоби низоми дурусту мантиқиии дунявӣ имкнияти мусоид фароҳам меоварад, ки дар ҳамбастагии иҷтимоию сиёсӣ ва эҷодию маданӣ камбуду мушкилот ҳаллу фасл шаванд.

  Бояд ёдовар шуд, ки мушкилот дар тамоми давлат ва ҷомеаҳо вуҷуд доранд. Аммо дар кишвар ва мамлакатҳое, ки низоми давлатдории дунявиро интихоб карда, дар ин росто муваффақона ҳаракат мекунанд, ҳалли мушкилот ба таври дастаҷамъӣ (коллективӣ) сурат мегирад. Яъне, мардум ва табақоти иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилот ва муаммоҳо дар канори давлат вомеистанд. Бо давлат ва ниҳодҳои давлатӣ ҳамкорӣ кардан, ҷараёни ҳамшарикию ҳамбастагии сиёсию иҷтимоиро таҳким бахшидан ва билохира дар ҳалли мушкилот ва рафъи навоқис фаъол будан асоси низоми давлатдории дунявиро ташкил медиҳад.

Нозим НУРЗОДА

пажӯҳишгар

Хондан 997 маротиба