Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 10 Ноябри 2022 12:21

«ДОВ»: муҳорибаи нафс бо виҷдон (чанд мулоҳиза перомуни филми  нави истеҳсоли "Суғдсинамо" ва "Тоҷикфилм", коргардон ва таҳиягар М.Муҳиддин)

Муаллиф: Аслиддин Низомӣ

  Муҳтавои филми нави Муҳиддин Музаффарро метавон чунин номгузорӣ кард, зеро тайи наздик ба ду соат аз экран миёни қаҳрамонони он баҳси тан ба тан вобаста ба моҳияти арзишҳои асили аҳлоқиву маънавӣ, иҷтимоиву инсонгароӣ сурат гирифтааст. Қабл аз он ки доир ба вижагиҳои бадеӣ ва ҳунарии ин асари тозаи синамои тоҷик сухан ронем, бояд ёдовар гардид, ки муаллифи он дар фазои фарҳангии имрӯз, хусусан дар ҷодаи филмофарӣ шахсияти нав нест. Муҳиддин Музаффар дар ду даҳсолаи охир бо офаридани силсилаи аҷоиби филмҳои кӯтоҳмуддат ва иштирок дар фестивалу намоишҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ худро ба тамошобинону мутахассисони соҳа ба хубӣ муаррифӣ намуда буд.

  Маълум буд, ки ӯ зина ба зина, қадам ба қадам ба сӯйи қуллаи баланд, яъне офаридани асари мукаммали экрани синамо раҳсипор буд. Ҳамаи асарҳои то ин замон эҷод намудаи ӯ аз ғайрати беандоза фаол ва ҷустуҷӯи риштаҳои нозуки олами синамо дарак медоданд. Ин ҷавони серғайрат ҳанӯз аз овони донишҷуӣ худро ҳамчун ҷонибдори равияи нави саҳнаи ҳунар нишон дода тавониста буд. Яъне метавон гуфт. ки филми нави ин коргардони боистеъдод маҳсули заҳматҳо ва машаққатҳои чандинсола ба шумор меравад.

  "Дов" - яъне омад, фортуна, ба сари китф фуруд омадани мурғи бахт, хандидани қисмат, субҳи шодии умедҳову орзуҳои поки инсонӣ... Ин мазмун қиссаҳову бахтномаҳоро садҳо карат дар саҳифаҳои адабиёти классикии тоҷик дучор омадан мумкин. Инсони ғариб ҳамеша дар орзӯи он буд, ки рӯзе ногаҳон барояш мурғи бахт  табассум мекунаду орзуҳояш амалӣ мегарданд.

  Ана ҳамин олами орзӯҳо дар филми мазкур инъикоси бадеии хешро пайдо намудааст. Тамошои ин асари аҷоибро ба ҳамаи шаҳрвандон тавсия медиҳам, зеро итминони комил дорам, ки зери таъсири омилҳои ҳунарӣ, бозии актерони бомаҳорат, режиссураи оқилонаи филм ҳар як тамошобин барои худашу атрофиёнаш падидаи тозаеро аз олами маърифат дастрас хоҳад намуд.

  Маълум аст, ки маҳз ҳамкории «Суғдсинамо» ва «Тоҷикфилм» имкони эҷоди чунин бозёфти ҳунариро ба миён овардаанд. Ин асар аллакай дар фазои фарҳангии берун аз кишвар обрӯи хуб ба даст овардааст. Чанде қабл дар Хонаи кинои Маскав нахустнамоиши он баргузор гардид ва мухлисону мутахассисони соҳа ба он баҳои баланд доданд. Муҳиддин Музаффар чанд соли охир дар ВГИК (Институти киноематографияи Россия) дарси маҳорат меомухт ва имруз хеле хуб аст, ки маҳораташро ифшо намуд.

   Мазмуну муҳтавои филмро қаблан ошкор намудан хуб нест, вале чанд мулоҳиза ва пешниҳоди худро барои амиқтар дарк намудани ин асар иброз медорам. Дафъатан мегӯям, ки ин филмро бояд ҳама тамошо кунанд, зеро дар замони имрӯза сарҳади таносуб миёни нафспарастӣ ва маърифат анча хароб гардидааст ва зимнан ислоҳ мехоҳад.

   Инак орзӯҳо ва умедҳо. Ҳар яке аз персонажҳои экран ин ҷо умедворӣ доранд: Қаҳҳор умедвор аст, ки писараш пас аз таҳсили консерваторитя дар озмунҳои байналмилалӣ ғолиб шуда бармегардад, Манон мехоҳад бо кадом роҳе ки набошад маблағ пайдо намуда духтари беморашро табобат мекунад. Ҳамин тавр рӯзе мешавад, ки барои онҳо бозии лотерея сабаби пайдо шудани орзӯҳои хаёлӣ мегардад. Ҳама акнун интизори «дов» - яъне омад мешаванд, вале ҳайҳот, омади бурд ба ноомадиҳои хеле зиёд мерасонад.

  Аҷиб аст, ки дар тӯли ҷараёни тамошои филм якчанд маротиба симои маҷозии қаҳрамони "ниҳонии" филм - яъне писари Қаҳҳор, ки гӯё дар консерваторияи Маскав таҳсил мекунад ва ба озмунҳои байналмилалӣ омодагӣ мегирад, пеши назар меояд. Риштаи драматургияи филм гӯё маҳз ба ҷониби тақдири ҳамин ҷавони соҳибистеъдод равон карда шудааст. Қаҳҳор тамоми буду шудашро сарфи ӯ намуда дар орзӯи он аст, ки рӯзе писараш соҳиби ҷоизаҳои бузурги ҳунарӣ мегардад, вале коргардон бо истифода аз маҳорати хеле баланди ҳунарманди маъруф тоҷик Абдумумин Шарифов ин риштаи драмаро бо шикасти умедҳои падар дар интиҳои филм ҷамъбаст намудааст.

  Маълум мешавад, ки писари ӯ дар Маскав ба хондан не, балки ба аробакашӣ машғул аст. Ин ҳолатро дар қонунияти филмсозӣ "развязка" (фарҷоми амал, гиреҳкушоӣ) меноманд, зеро акнун тамошобин баробари Қаҳҳор аз ҳақиқати ҳол бохабар шуда зимнан вориди фазои ботинии пур аз ғуссаҳо, пур аз умедҳои барбод рафта мегардад. Аммо ин танҳо фарҷоми як гиреҳи сюжет аст, зеро муаллифон ин дафъа чандин гиреҳҳои дигарро низ тавъам пешниҳоди тамошобин кардаанд.

  Қаҳрамонони асосии филм Қаҳҳор ва Манон, ки аслан коргарони заводи таъмири нақлиёт мебошанд, ҳарду андаке  ҳунари сарояндагӣ низ доранд ва дар тӯйҳои мардум хизмат мекунанд. Коргардон гӯё қасдан бошад онҳоро ҳамчун ҳаваскорони ҳунари мусиқӣ тасвир намуда бо ҳамин таъкид карданӣ мешавад, ки ҳоло ҳама интизори аз Маскав баргаштани сарояндаи соҳибистеъдоди ҳирфаӣ, яъне писари Қаҳҳор мебошанд.

  Ин замон риштаи нави сюжет - умеди бурд кардан аз бозии лотерея ривоҷи худро пайдо мекунад. Бояд қоил гардид, ки Музаффар ин хатти сюжетро (умедвории бурди мошинро) бо умедвории ғолиби озмун шудани писари Қаҳҳор пайванд карда тавонистааст. Ин ҷо низ фарҷоми кор - барбоди умедҳо шудааст, зеро баробари бурди автомобил миёни дӯстони ҷонӣ низоъ пайдо мегардад. Акнун дӯстони деринаро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст.

  Образи локомотив (рамзи ҳаракат - пешбарандаи орзуҳо)  низ дар филм нақши хоса дорад. Ҳар боре ки қатораи бузург бо ғулғулаи пурқудрат аз экран мегузарад, муаллиф гӯё гуфтанӣ мешавад, ки  қудрати ҳаракат, ҳар як эҳсосот рӯзе дучори бероҳагӣ мегардад. Ин рамзро Муҳиддин аснои сактаи дил шуда дар роҳи пешбастаи релсҳо аз ҳуш рафтани Қаҳҳор нишон додааст. Сактаи дил, умедҳои барбод рафта, ҷанҷоли беҳуда бо дӯсташ (ин ҷо нақши занҳо низ бузург буд), азоби виҷдон - ҳамаи ин омилҳо дар якҷоягӣ барои хулосабарории драмаи ботинии қаҳрамонҳо сафарбар шудаанд.

  Манон дар аснои бозпурсии муфаттиш ҳодисаи дуздии бо Қаҳҳор кардаашонро танҳо ба гардани худ мегирад. Қаҳҳор низ аз кардааш пушаймон ва дар бистари беморӣ андаке ба ҳуш омада фақат номи дӯсташро ба забон  мегирад. Ин ҷо муаллиф ва коргардон дар баробари тасвири умедҳои барбодрафта нақши набераи Қаҳҳор - Хушнудро ҳамчун рамзи ояндаи дурахшони оила пешниҳод намудааст. Ин набераашро Қаҳҳор ҳамеша "шоҳи ман" гӯён навозиш мекард, ин эпизод чандин карат дар филм такроран омадааст, шояд тибқи риояи мантиқ хубтар мебуд, ки дар ҳамон лаҳзаи пеш аз вафот ба ҳуш омаданаш Қаҳҳор номи Хушнудро ба забон мегирифт.

  Ҳамин тавр дар тӯли тамошои филм эҳсос карда мешавад, ки коргардон моҳирона ва бо дониши комили услубҳои мухталифи кинематография тавонистааст муборизаи нафсро бо виҷдон, нақдгузории арзишҳои волои маънавиро бо эҳсосоти рӯзмарра аз қабили майл бо молу мулк таҳлил ва хулосабарорӣ намояд.

  Яке аз дастовардҳои эҷодӣ дар ин филм бешубҳа он аст, ки бозии актерон, рушди хатти сюжет, лаҳзаҳои марказӣ ва ғ. ба тамошобин таъсири амиқ ворид мекунанд. Воқеан, ин яке аз талаботи асосии ҳар як асари бадеӣ мебошад.

  Шояд гуфтан зарур аст, ки азбаски дар маркази баҳсу талошҳои драматургии филм бештар мавзӯи мусиқӣ (таҳсил дар консерватория, ҳофизии Қаҳҳор (А.Шарифов), дойразании Манон (С.Шукурзода), садои арияҳо аз операҳои ҷаҳонӣ ва ғ.) қарор гирифтааст, ба назар чунин мерасад, ки ороиши мусиқии филм нисбат ба ҷанбаҳои дигари эҷодии он сусттар аст. Дар ибтидои филм суруди "Ман рӯйи туро дидаму дилдода шудам" (оҳ.З.Шаҳидӣ) дар иҷрои якҷои Қаҳҳор ва Манон маънӣ надорад, зеро ин суруди ишқӣ-лирикӣ мебошад.

  Дар ҷойи дигар низ порчае аз таронаҳои Акашариф Ҷӯраев бемавқеъ истифода шудааст, яъне ин оҳангҳо танҳо характери ороишӣ доранд ва бевосита ба мушкилкушоии мазмун иртибот пайдо накардаанд. Ин ҷо бояд хотиррасон намуд, ки кинои тоҷик кайҳост, ки суннатҳои хеле волои истифодаи мусиқиро соҳиб шудааст, з-ин сабаб дар ин ҷода низ бояд хеле эҳтиёткорона амал намуд. Дар сурати зарурати аз услуби "ретро" истифода бурдан дурусттар мебуд, ки рамзи дӯстии қаҳрамононро масалан бо оҳанги машҳур аз филми "Дӯсти ман Наврӯзов" ифода мекарданд. Аслан филми «Дов» бештар характери драмаи психологӣ дорад, пас дурусттар мебуд, ки мусиқӣ низ ороишӣ не (дар кадр), балки мусиқии паси кадр (тавъам бо сюжет) сурат мегирифт.

  Маълум аст, ки филмсозӣ ин танҳо аз режиссура вобаста нест. Муҳиддин Музаффар хеле эҳтиёткорона ва нуктасанҷии том бозигарони нақшҳоро интихоб намудааст ва дақиқан аён мегардад, ки маҳорати волои иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ барои кушодани мақсаду мароми коргардон ва бунёди фазои пуртаъсири драмавӣ саҳми бузург гузоштаанд. Дар экран чандид карат чеҳраи Қаҳҳор бидуни матн пайдо мегардад, ки дар он табассум ва ғусса тавъам нишон дода шудаанд ва ин кашфи бузурги режиссер ва актёр ба шумор меравад, зеро шодиву ғамро дар як нигоҳ тасвир намудан кори осон нест.

Дар фазои фарҳангии имрӯзи кишвар асари нави бадеӣ ба вуҷуд омад, филми нав эҷод гардид. Кунун вазифаи аҳли фарҳангу ҳунар, идораҳои марбут ба рушди тарбияи ҷавонон дар он аст, ки ҳарчи бештар нафарон ин филмро тамошо кунанд.

Аслиддин Низомӣ

доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи

санъатишиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хондан 523 маротиба