Нусхаи чопи
Чоршанбе, 24 Феврали 2021 05:46

Дунявият ва воқеият

Муаллиф: Н. Нуров
Дунявият ва воқеият https://thebottomline.as.ucsb.edu

   Инсоният аз қадимулайём дар орзуи як давлат ва ҷомеаи ормонӣ будааст, ки дар он озодона, бидуни зулму истисмор ва орӣ аз такаллуфу таоруф зиндагӣ кунад. Маҳз ҳамин орзу ва омоли инсонӣ дар бовару асотир, эътиқоду бовардошт, дину мазҳаб, сиёсату иҷтимоъ, адабиёту фалсафа ва фарҳангу маънавиёт инъикос ёфта, боиси ба вуҷуд омадани тарҳҳои ормонӣ гардидааст. Ба ин минвол дар қолаби фикрию маънавии ҷомеаҳо модели давлат ва ҷомеаи ормонӣ тарҳрезӣ гардид ва дар соири илму адаб ва ҳунарҳо таҷассум ёфт. Ғараз ва ҳадаф аз ба вуҷуд овардани тарҳҳои фикрии ҷомеаи ормонӣ ҳамзистӣ ва иттиҳоди мардумӣ будааст. Мардум дар ҳамаи давру замон ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ, рифоҳи молию маънавӣ, ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ ниёз дошта ва дорад. Ин гуна ниёзҳо, ки аз вуҷуди маънавӣ ва иҷтимоии инсон буруз мекунанд, асли зиндагӣ маҳсуб меёбанд ва мушаххас кардану ба тартиби муайян даровардани силсилаи ниёзҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ тарҳу қолабҳои нави фикриро ба вуҷуд овард. Аз ҳама муҳим, инсон аз бомдоди зиндагӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба ҳамбастагию ҳамзистӣ ниёз доштааст ва ин навъ биниш раванди ормонгаройиро дар таърихи тафаккури инсонӣ ташаккул додааст.

  Он чи ки ба унвони арзишҳои инсонӣ (аз ҷумла меҳру муҳаббат, отифату шафқат, маърифату шарофат, дӯстию рафоқат, адлу адолат, донишу фазилат, иродаву қудрат ва амсоли инҳо, ки категорияҳои ахлоқиро ташкил медиҳанд) талаққӣ мешаванд, дар ҷомеаҳое нуфуз дошта метавонанд, ки хирадмеҳвар ва адолатпарвар бошанд. Гузашта аз ин, барои роҳандозӣ намудани барномаҳои вежаи сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ, ки бар мабнои хираду дониши инсонӣ мураттаб гардидаанд,  вуҷуди давлат зарурат дорад. Иттифоқан, на ҳар гуна давлат, балки давлати дунявӣ, ки ниёзу хостаҳои инсониро бароварда месозад. Албатта, бароварда сохтани хостаю ниёзҳои ҷамъӣ (на фардию гурӯҳӣ) дар доираи модели давлатдориҳои дунявӣ ғунҷоиш дорад.

   Таърихи инсонӣ собит сохтааст, ки давлатҳои теократӣ ва худкома натавонистаанд ниёзҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангии ҷомеаҳоро бароварда созанд ва ҳамагӣ ноком будаанд. Ҳатто имрӯз ҳам давлатҳое, ки махсусият ва вежагии теократӣ доранд, наметавонанд дар хидмати мардум қарор дошта бошанд, баръакс, мардум ва ҷомеаҳоро дар хидмати худ қарор дода, зулму истибдодро ривоҷ медиҳанд. Мунтаҳо, ин гуна давлатҳо аз номи Худо барномаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию маданиашонро пиёда месозанд. Бинобар ин, вуҷуду ҳузури давлатҳои дунявӣ, ки аз ормонҳои пешини инсонӣ сарчашма мегиранд, эҳтиёҷоти инсонҳоро новобаста аз тааллуқоти сиёсӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ, имонӣ, виҷдонӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, этникӣ ва миллӣ бароварда месозанд.

  Агар ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ кунем, чунин тарҳ ва ё модели сохтусози давлат ва ҷомеаи ормонӣ, ки дар он арзишҳои инсонӣ ва хираду дониш авлавият доштаанд, собиқа дорад. Дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ, ки дар қолабҳои устурӣ ва мифологӣ рехта шудаанд, масъалаи сохтусози давлат ва ҷомеаи ормонӣ муҳим будааст.  Дар асотири бостонии миллӣ, минҷумла устураҳои Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кайхусрав ва амсоли инҳо ормонгаройии миллӣ хеле хуб инъикос ёфтааст. Қабл аз он ки дар адабиёти юнонию римӣ ва исломӣ (аз ҷумла Искандарномаҳои адабиёти давраи исломӣ) ормонгаройӣ реша бигирад, дар фарҳанги форсии тоҷикӣ нуфуз доштааст. Масалан, дар устураҳои Симурғӣ, Ҷамшедӣ ва Фаридунӣ модел ва тарҳҳои давлат ва ҷомеаи дунявӣ рехта шудаанд. Сарчашма ва маншаи барномарезиҳое, ки дар заминаи сохтусози ҷомеаи дунявӣ дар доираи осори устурии миллӣ иттифоқ афтодаанд, воқеият аст. Аз ин ҷост, ки воқеияти зиндагӣ асли фаҳмиши масъалаи дунёмадорӣ дар қолибҳои устурии миллист.

  Боризтарин намунаи давлат ва ҷомеаи дунявӣ дар устураи Ҷамшед зуҳур кардааст. Ниёкони мо ҳазорсолаҳо пеш дар дил орзуи як ҷомеаи солиму бутунро парваридаанд, ки бар асоси меҳру хирад бунёд меёбад. Зуҳур ва ҳузури Ҷамшед дар асотири бостонӣ ба маънои вуҷуду ҳузури давлат ва ҷомеаи дунявӣ будааст.

  Дар асотири бостонии миллӣ даврони фаъолияти инсонӣ ба ҳазораҳо мунқасим шудааст. Зимнан, дар фарҳанги бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муқаррар шудааст (ниг.: Ниберг С. Динҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1359. -С.388), ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва  бо ҳазораи Ҷамшед оѓоз меёбад (ниг.: Ҷомӣ Муҳаммад Маҳдӣ. Адаби паҳлавонӣ. Теҳрон, 1379. –С.18.). Ин аст, ки ҳазораи Ҷамшед ба унвони ҳазораи сиёсат, давлатмадорӣ, хирад. дод ва фарҳанг шинохта мешавад. Дар ин ҳазора модели давлат ва ҷомеаи дунявӣ аз тарафи Ҷамшеди Пешдодӣ бунёд мешавад ва мудирияти давлатӣ бар мабнои хирад ва дод сурат мегирад. Муҳимтар аз ҳама, дар даврони давлатдории Ҷамшедӣ маргу нестӣ ва дарду ранҷурӣ инсонҳоро тарк мекунанд ва мақомро ба буду ҳаст, тандурустию солимӣ ва хушнудию рифоҳ вогузор менамоянд. Даврони хушҳолию рифоҳ ва бедардию бемаргии Ҷамшедиро Ҳаким Фирдавсӣ сесад сол мушаххас карда, он муддатзамонро хеле зебо ба риштаи тасвир баркашидааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

      Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.55-56)

  Шаҳриёри нимаустурӣ ва ниматаърихии мо Ҷамшеди Пешдодӣ бо замин ва зиндагии воқеӣ пайвастагӣ дошта, дар ин ҷаҳон комравоӣ ва инсонвор зистанро асл ба шумор овардааст. Андешаи давлати дунявӣ ва тарзи биниши дунёмадорӣ (секулярӣ), ки давлат ва ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ бар ин аслҳо сахт боварманданд, ҳазорсолаҳо пеш дар қолаби асотири Ҷамшедӣ матраҳ гардидаанд. Ин Ҷамшед буд, ки ба бунёди ҷомеаи озоди мардумсолорӣ (демократӣ) ва дунявӣ (секулярӣ) камар баста, асос ва хишти нахустини чунин ҷомеаро дар таърихи фарҳанги миллӣ гузошт. Ӯ бо воқеъбинӣ, андешамандӣ ва дунёпарастии худ, ки ҳамагӣ ба биниши илмӣ гироиш доранд, дар олами андешаи миллӣ соҳибмақом гардидааст.

  Мусаллам аст, ки озодиҳои фардӣ ва ҷамъӣ дар ҷомеаи секулярӣ ва низоми давлатдории дунявӣ риоят мешаванд ва Ҷамшед тавонистааст, ки бо такя ба ақлу хирад ва иродаю қудрат як давлат ва ҷомеаи намунавии секулорӣ бунёд намояд. Файласуфи муосири тоҷик устод Комил Бекзода, ки дар атрофи ин шахсияти нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ пажӯҳишу ковишҳои зиёде анҷом додааст, мавзӯи мазкурро пайгирӣ намуда, ба ин натиҷа расидааст: “Ҷамшед ҳамчун як шахси таърихӣ, дар маснади фарҳанги эронӣ ва ҳиндӣ қарор дорад. Дар ҳарду фарҳанг ба ҷиҳатҳои дунявӣ, воқеъбинӣ ва ѓайридинии Ҷамшед таъкид шудааст. Дар ҳамин асос метавон ба ин натиҷа расид, ки асосгузори назари миллӣ ва озодандешии мардумони форсу тоҷик маҳз ҳамин Ҷам писари Вивангаҳон будааст” (ниг.: Комил Бекзода. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. Душанбе: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоуддинов, 2012. –С.50-51).

  Дар модели сохтаи Ҷамшед инсонҳо бо дарназардошти донишу биниш ва ҳунару маҳорат ҷойгоҳи иҷтимоӣ касб мекунанд. Ба ин тартиб, Ҷамшед ба унвони нахустин бунёдгузори давлат ва фарҳанги дунявӣ сохтори табақотӣ (синфӣ)-ро ба вуҷуд меоварад, ки тибқи он ҳар кас, мувофиқи донишу биниш ва ҳунару фаросаташ ба коре ҷалб карда мешавад ва бо ин тарзи мудирияту фаъолият таносуби неруҳои корӣ ва фикриро танзим мекунад. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо назардошти воқеият ва бар мабнои истеъдод ва маҳорату малака инсонҳоро ба фаъолият ҷалб месозад. Ин нуктаро Фирдавсӣ ба забони назм ин тавр баён сохтааст:

Ки то ҳар кас андозаи хешро

Бубинад,  бидонад каму бешро.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.55)

  Хуб, бо иқтизои мавзӯъ аз қолаби асотир хориҷ мешавем ва ба воқеият мепайвандем. Қолиб ва моделҳои устурӣ ва мифологии моро имрӯз метавон дар шаклу сохтори давлатдориҳои урупоӣ мушоҳида кард. Ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки урупоиён мероси сиёсӣ, фикрӣ, илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва мадании моро ба худ ихтисос додаанд. Ин маънои онро дорад, ки урупоиён бо такя ба донишу мантиқу маърифати зинда (на дониши хурофотию карахту мурда) моделҳои нави давлатдорӣ ва ҷомеасолориро сохта, мавриди истифода қарор додаанд. Дар ин миён моделҳои давлатдорӣ, дунёмадорӣ, ҷомеасозӣ ва фарҳанггустарии мо ҳам мавриди омӯзиш, пажӯҳиш, корбурд ва истифода қарор гирифтааст. Гап сари ин аст, ки мо худамон аз он мероси бузурги бостонӣ, ки дархӯри ҷаҳониён шудааст, хуб истифода накардаем ва имрӯз ҳам дар ин замина саҳлангорӣ ва бетафовутӣ мекунем. Агар мо, воқеан, ба фарҳанги сиёсӣ, ҷомеасозӣ мардумсолорӣ ва додпарварии миллӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ мекардем, ниёз ба омӯзишу истифодаи дигар фарҳангҳо хеле кам медоштем. Вале, мутаассифона, тайи таърихи тӯлонӣ зеҳни хурофӣ ва тафаккури баста моро ҳамеша дунболагирӣ карда, аз масири дурусти ҳаракати фикрӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ боздоштааст. Хушбахтона, миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ тӯли зиёда аз 28 соли ахир дар масири дунёмадорӣ ва секуляризм ҳаракат мекунад ва аз ин интихоб зарар надида, бурд кардааст. Бурд он аст, ки низоми давлатдории дунявӣ ва ҷомеаи дунёмадорӣ имкониятҳои баробарро барои афроди миллат фароҳам меоварад ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилотро тақозо мекунад. Дар ин самт низ зиёд мушкил дорем, вале самти дурусти рушду тараққӣ имкнияти мусоид фароҳам меоварад, ки дар ҳамбастагии иҷтимоию сиёсӣ ва эҷодию маданӣ камбуду мушкилот ҳаллу фасл шаванд.

  Бояд ёдовар шуд, ки мушкилот дар тамоми давлат ва ҷомеаҳо вуҷуд доранд. Аммо дар кишвар ва мамлакатҳое, ки низоми давлатдории дунявиро интихоб карда, дар ин росто муваффақона ҳаракат мекунанд. ҳалли мушкилот ба таври дастаҷамъӣ (коллективӣ) сурат мегирад. Яъне, мардум ва табақоти иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилот ва муаммоҳо дар канори давлат вомеистанд. По ба по бо давлат ва ниҳодҳои давлатӣ истодан ва дар ҳалли мушкилот ва рафъи навоқис фаъол будан асоси низоми давлатдории дунявиро ташкил мекунад. Мутаассифона, бештари кишвар ва давлатҳои ҷаҳон феълан бо хатари навини асрӣ (коронавирус) дасту панҷа нарм мекунанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам зиёда аз як моҳи ахир даргири мушкилоти вирусӣ аст. 

  Ҳарчанд ки миллат ва мардуми Тоҷикистон имрӯз бо вабои асрӣ --  коронавирус даргир аст ва дар ин замина мушкилот зиёд ба назар мерасад,  шеваи иттиҳоду ҳамбастагии иҷтимоӣ, ки аз тарзи мудирияти  дунявӣ маншаъ мегирад, имкони коҳиш додан ва билохира маҳор кардани коронавирусро фароҳам овардааст. Махсусан, пизишкону табибони ватанпарасти маҳаллию ватанӣ дар самти мубориза алайҳи вирус пешсафанд. Новобаста ба мушкилоти ҷойдоштаи беҳдоштӣ ва тиббӣ онҳо ҳамвора қаҳрамонӣ нишон дода, дар канори мардум қарор гирифтаанд. Мутмаинем, ки миллати тоҷик бо таҷриба ва собиқаи бузурги маънавӣ, ки дар осори бостонии таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ, фалсафӣ, ҳунарӣ ва эҷодӣ таҷассум ёфтааст, коронавирусро ҳам беосеб канор мезанад ва роҳро барои вусъат додан ва тавсеа бахшидани давлат ва ҷомеаи секулорӣ ва дунявӣ ҳамвор месозад.

                   Н. Нуров

Хондан 1402 маротиба