Нусхаи чопи
Душанбе, 01 Июни 2020 17:55

Эй табиби ҳозиқи ман! Дар набарди зиндагию марг ҳастӣ посбони зиндагӣ (Барои қаҳрамонони ҳақиқии Ватан-пизишкон)

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Пешаи пизишкӣ ҳамеша яке аз муҳимтарин пешаҳо барои ҷомеаи инсонӣ  будааст. Аз замоне ки инсоният ба ҳайси як мавҷуди соҳибдарку соҳибшуур дар олами ҳастӣ зуҳур намуд, дар баробари ҳазорон хатару осебпазирӣ қарор дошт. Дарки ин  хатароти заминиву кайҳонӣ ӯро маҷбур месохт то ба хотири зинда мондани хеш чораандешӣ намояд. Яке аз куҳантарин чораандешии инсонӣ солим нигоҳ доштани ҷисми хеш дар баробари таҳдидҳои руёрӯи табиӣ буддааст, ки муҷиби ба миён омадани пешаи пизишкӣ гардидааст. Яъне ин пеша яке аз қадимитарин пешаҳои инсонӣ аст, ки ҳануз дар бомдоди рӯзгори башар шакл гирифта, бо болоравии тафаккури фарҳанги инсонӣ он низ рушд намудааст  ва аз дараҷаҳои аввалину соддатарин то ба сатҳи имрӯзии мутамадин омада расидааст. Инсон низ ба ҳайси мавҷуди пӯё ва кушо ҳамеша неруҳои хешро ҷиҳати донистани ҳаводис ва ашёи атроф ба он хотир равона сохтааст, то тавонад мушкилоти зистии хешро саҳлу содда намояд ва худро дар баробари равишу ҷараёноти онҳо ҳифз намояд. Ҳамин будааст, ки ҳамеша наботиву ҳайвониро аз лиҳози заруру фоида ба ҷисми биологии хеш мавриди таҷрибаву баррасӣ қарор дода онҳоро мушикофона омӯхтааст.

  Доруҳҳои соддаро, ки аз як ҷавҳари наботӣ ё ҳайвониву ҷимодӣ будаанд, офаридааст. Бо боло рафтани дониш ва таҷрибаву огоҳияш аз сохтани доруҳҳои сода ба сохтани доруҳои мураккабу таркибӣ пардохтааст ва шояд яке аз зпминаҳое барои шаклгирии илми кимиё низ гардида бошад. Аз ҷиҳати дигар табиати ҷустуҷӯгари инсон муҷиб шудааст, то инсон колбадкушоии ҳайвоноту инсонро ба роҳ монад онҳоро дар муқоиса биёмузад ва умумияту тафовути онро матраҳ созад ва шояд сарчашмаҳои илми биологияву антропология ҳам аз ҳамин масъалаи солимуву беҳдоштии инсон ва хатарпазирии он  маншаъ бигиранд. Дар умум, дар дунёи қадим ва асри миёна ин пеша ҳамчун як ҷузъи ҳикмату фалсафа арзёбӣ гардида, аксар аз табибон унвони ҳакимиро низ доштанд, ки он ҳам аз истифодаи усули мантиқӣ дар табобату дорусозӣ ва ҳамбастагии инсону олами занда ва табиат маншаъ мегирифт. Танҳо дар дунёи нав пизишкӣ ба ҳайси илми мустақил рушд намуда, Имрӯз садҳо шохаи илмро дар бар мегирад. Пизишкӣ ҳамеша пешаи ниёзмандтарини ҷомеа будааст. Зеро инсон ҳамчун навъи зинда ҳамеша дар лобалои хатар қарор дошта, солимии ӯ осебпазир будааст. Аз ин ҷиҳат ҷойгоҳи пизишкӣ ҳамеша дар ҷомеа вижа маҳсуб меёфт ва соҳибони ин касб аз обрӯ ва эҳтироми хосаи аҳли ҷомеа бархурдор буданд ва бархурдор ҳастанд. Табибон дар ҳамаи давру замон новобаста аз навъи ҷомеа ва сохтори сиёсии мавҷудаи он дархӯри ниёзи баланди иҷтимоӣ будаанд ва ҳатто саркубгартарин шахсиятҳои сиёсӣ ба онҳо эҳтиёҷ дошта, назди эшон рӯи ниёз бурдаанд.

  Дар баробари муҳимияти касби пизишкӣ ҳануз аз дунёи куҳан шахсияти табиб ва ахлоқи он низ мавридди баррасӣ будааст. Ҳанӯз аз замони қабл аз солшумории мо дар даврони Гипократ (460 -370т м  ) яке поягузорони илми тиб, табибу ҳакими юнонӣ масъалаи ахлоқ ва шахсияти табиб мавриди баррасӣ гардида ӯ вижагиҳои касби пизишкиро дар шакли Савганди Гипократ ба низом даровард ва тамоми шогирдони хешро даъват дошта буд то ба ин қасам  содиқ бимонанд.Чунин ба назар мерасад. Ки дар шаклгирии ахлоқи касбӣ ҳам пешаи пизишкӣ дар саргаҳи ин раванд қарор мегирад. Муҳтавои ин савгандро чунин вижагиҳо, ки  табиб ба касби худ содиқ монда, тамоми донишу истеъдодашро ҷиҳати табобати беморон сарф мекунад. Ба бемор ба назари бад наменигарад ва онро мавриди ғаразу хоҳишҳо ва васила даромад қарор намедиҳад. Ин савгандро ба тарзи умумӣ метавон ба нуҳ меъёри ахлоқиву вазифавӣ тақсим намуд:

  • вазифадор будани табиб назди устодон ва шогирдон, ки аз устодон донишу сабақ мегирад ва таҷриботу усули онҳоро дуруст ва самаранок истифода менамояд ва бо шогирдон донишу таҷриботи дурустро ироа медиҳад.
  • принсипи зарар новардан ва бадӣ накардан ба бемор; (Набояд ҳеҷ гоҳ пизишк дар сар ҳавои зарар овардан ва ё бадӣ карданро дар баробари бемор бияедешад.)
  • вазифадор будан дар назди бемор, ки тамоми донишу маҳорати хешро дар ин роҳ истифода менамояд ва ин принсипи раҳмдилӣ, гуманизим ва ахлоқи баланди инсониро риоя менамояд;
  • принсипи хайрхоҳ будан дар нисбати бемор ва бештар дар назар доштани манфиати бемор нисбат ба манфиати хеш;
  • Принсипи эҳтиром ва садоқат ба зиндагии фард ва худорӣ намудан аз муносибати инкори ҳаёт ё аз он маҳрум намудан;
  • Принсипи эҳтиром ба зиндагӣ ва худдорӣ намудан аз исқоти ҳамл;
  • Вазифадор будан дар назди бемор, ки аз ҳамагуна ҳисси шаҳвонӣ мепарҳезад ва аз ин гуна муносибат худдорӣ меварзад;
  • Вазифадор будан дар такомули хеш, ки пайваста донишу таҷрибаи хешро такмил медиҳад;
  • Нигоҳдошти асрори тиббӣ (принсипи конфденсиалӣ)Ин маънии онро дорад, ки бемор ба табиб ба шахсе, ки онро намешиносад бовар менамояд ва ҷони худро ба ӯ  амонат мегузорад меандешад, пизишк  аз назари ахлоқӣ фарди пешрафта ва инсони комил аст ва ҳамаи сирри ӯро нигоҳ медорад ва ба ӯ хиёнат намекунад.

  Яъне муҳтавои ин савганд бозгӯкунандаи он аст, ки ҳануз ҳазорон сол қабл ахлоқи пизишк ва шахсияти он ҳамчун як инсони комил ва зарурӣ, ки мардумон ба он бовар мекунанд ва ӯро ҳамчун нафари инсондӯст ҳаётбахш ва мушкилосонкун эътибору эҳтиром бахшидаанд. Ҳамин аст, ки пизишкон ҳамеша дар ҳолати маризиву аз даст додани солимӣ барои ҳар фард умедгоҳ ва шифобахшу мушкилосонкун ба ҳисоб мераванд. Онҳо ҳамеша ҳампаҳлуву ҳамроҳи мардумон дар ҳама ҳолати душворианд, ки ғаму ғусса ва шодиву нишоти онҳоро бо ҳам қисмат месозанд. Ба ибораи дигар, пизишк ба маънои том, ки хусусиёти касбӣ ва савгади пизишкиро риоя менамояд ӯ инсони комили ҳар ҷомеа маҳсуб аст. Имрӯз ҳам  дар саросари ҷаҳон барои рафъ намудани мушкили ҳамагири башарии COVID 19 ин пизишкону олимони соҳаи тибанд, шабонарӯз заҳмат мекашанд ва ҳамчун фаришта наҷот ҷони хешро дар хатар мегузоранду ҷони беморонро наҷот медиҳанд.Дар кишвари мо низ аз замони пайдоиши ин бемории ҳамагмр пизишкон чун қаҳрамонони ҳақиқии инсоният тамому кушишу имконияти хешро ба харҷ дода баҳри ҷони ҳар нафр мубориза мебаранд, кумаки амалӣ менамоянд ва тавсияву роҳнамоӣ менамоянд. Дар муқобила ба ин маризӣ ҳатто ҳолатҳое ҳам шудааст, ки пизишкон ба хотири наҷоти ҳаммеҳанони хеш худро олуда намудаву қаҳрамонона ҷони хешро аз даст додаанд. Ин ҳолат бозгӯкунандаи он аст, ки аксари пизишкони мо чӣ аз назар касбӣ ҳирфавианд ва чӣ аз назари ахлоқӣ дорои ахлоқи баланди касбиву инсонианд. Онҳо манфиати мардум, яъне солимии беморро аз ҳама чизи боарзиш меҳисобанд. Бо дасту дилу нияти пок бо беморону дармондагон  муносибату муомила менамоянд ва кумак кардану дастгирӣ намудани мизоҷони хешро ва ононро то ба тандурустӣ расониданро шарафи инсонии хеш медонанд. Чунин биниш аз ҷойгоҳи арзиши баланд доштани пизишкӣ дар фарҳанги миллии мо будааст, ки дар осори мутафаккиронамон ҳамеша аз онҳо ба ҳайси раҳбону раҳнаварди зиндагӣ ва рамзи ҷовидонагиву ҳаёт, рамзи пирӯзии марг бар зиндагӣ ситоиш намудаанд. Устод Лоиқ бузургии ин пешаро ва хусусияту вижагии онро мушикофона ва воқебинона чунин ситоиш намудааст:

Эй табиби ҳозиқи ман!

Дар набарди зиндагию марг ҳастӣ посбони зиндагӣ.

Дар ҷидоли умрҳо ҳастӣ ту ҷони зиндагӣ.

Ҳам зи модар, ҳам зи ту бошад давоми наслҳо,

Ҳам зи модар, ҳам зи ту поянда номи наслҳо...

Бо ду дасти ҳозиқи ҷонофарин

Рӯзи тавлидам маро бардоштӣ.

Хостӣ аз баҳри ман роҳи сафед,

Хилъати испед дар бар доштӣ.

Кардӣ истиқбол тақдири маро,

Пешкаш кардӣ бароям ин ҷаҳон.

Пешкаш кардӣ бароям корзор –

Корзори рӯзгори зиндагон.

Лек рӯзе чун зи дунё бигзарам,

Боз оӣ бар сари болини ман.

Бишмарӣ набзи моро дар назъи ҷон,

Бо забони хуш диҳӣ таскини ман.

Бо ҳамон хилъат, ки дар бар доштӣ

Рӯзи бар дунё қадам бинҳоданам.

Бар сарам оӣ чу ногаҳ бигзарам,

Рӯзи баҳри зиндагӣ ҷон доданам.

Дида будӣ гиряҳои аввалинам,

Боз бинӣ охирин пайғоми умрам.

Ибтидоям дида будӣ,

Бинӣ ҳам фарҷоми умрам.

Ҳам гирифтӣ пешвозам,

Ҳам шудӣ ту бонии умри дарозам,

Ҳар гаҳе, ки медиҳад дунё ба бодам,

Боз гӯӣ хайрбодам...

Эй табиби ҳозиқи ман!

Бе ту душвор аст аз модар ба дунё по ниҳодан,

Бе ту душвор аст дар паҳнои дунё пар кушодан.

Бе ту душвор аст осон ҷон супурдан,

Бе ту душвор аст мурдан!..

[1995]

   Имрӯз низ дар чунин як шароити мураккабу печида, ки ҳамагири COVID 19 бедод мекунад, ягона додрас ва муниси мардум ҳамин табибонанд, ҳамин қаҳрамонон воқеии Ватан. Ҳарчанд барояшон сахт мушкил аст ва ин дарк шуданист, ки бо имконияти камтарин ва дармонии сад камбӯд  ҷони хешро гарави беҳбуди дигарон мегузоранд. Барояшон аҳсан мехонем ва сипосу дуруд мегуем. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд, яқин аст, ки башар дар баробари ин вирус бо кӯшишу ҷонисории табибону донишмандон пирӯз хоҳад шуд, вале он ҷонбозиву қаҳрамонии табибони  ҳозиқи Ватан аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд ва Воқеан хидмати қаҳрамононаи онҳоро дар чунин рӯзҳои мушкил мардуми кишвар фаромӯш нахоҳанд кард ҳамеша онро арҷ хоҳан гузошт ва аз онон ба некӣ ёд хоҳанд кард. Умед меравад, ки ҷиҳати ҷовидонана намудани ном ва қадр намудани амали ононе, ки дар ин роҳ ҷонисорӣ намудаанд, масъулин низ корҳоеро анҷом хоҳанд дод.  

Исомиддин Шарифзода 

Хондан 1207 маротиба