Нусхаи чопи
Ҷумъа, 17 Майи 2019 10:41

Файласуфи Амрикоӣ Нoам Чомский: таркибе аз забоншиносӣ ва сиёсат

Муаллиф:

 Ҳадафи ин мақола ошноии хонанда бо файласуф ва назарияпардози амрикоӣ Нoам Чомский аст. Ибтидо хулосае аз зиндагӣ -макону замони таваллуд, таҳсил ва пешинаи хонаводагии вай ироа шудааст. Сипас ба муаррифии назарияи забоншиносии вай, таҳлили решаҳои эҷоди ин назария ва шабоҳату тафоввути он бо назариёти ёдгирӣ,  хусусан рӯйкарди Бандуро ва Пиоже мепардозад. Дар поён дидгоҳҳои сиёсии Чомский дар мавриди сиёсати хориҷии давлати Амрико муаррифӣ шудааст.

 Урам Нoам Чомский 7-уми декабри соли 1928 дар Филоделфияи Амрико ба дунё омадааст. Падараш Вилям Чомский руси яҳудитабор мебошад, ки аз Русия ба Амрико муҳоҷират карда буд. Чомский забоншинос, файласуф ва назарияпардози амрикоист, ки ӯро бо унвони «падари забоншиносии модерн» мешиносанд [10]. Чомский дар тӯли таҳсил дар Донишгоҳи Пансилвания китоби равишҳо дар забоншиносии сохторӣ асари устодаш Зелиг Ҳарисро бознависӣ кард ва ҳамзамон ба дидгоҳхои сиёсии Ҳарис гироиш пайдо намуд. Гироиши Чомский ба дидгоҳҳои сиёсии Ҳарис ангезае шуд, ки ӯ риштаи забоншиносиро барои идомаи таҳсилоти худ интихоб намояд. Аз соли 1955 дар муассисаи технологии Массачусетс (МIT) дар риштаи забоншиносӣ машғул ба тадрис шуд ва дар соли 1976 дар он муассиса ба мақоми устодӣ расид [11].

Назарияи маъруфи вай дастури зоишӣ -гашторӣ аст, ки дар даҳаи 60-и мелодӣ инқилобе дар забоншиносии муосир эҷод кард. Мақолоту китобҳои Чомский оғозгари пажуҳишҳои навине дар арсаи равоншиносии забон шуд. Ӯ ҳамчунин мақолоти мутаадиди дар нақди сиёсатҳои хориҷии давлати ИМА дорад. Инак вай устоди бознишастаи департаменти забоншиносӣ ва фалсафаи муассисаи технологии Массачусетси Амрико аст.

Забоншиносӣ. Назарияи маъруфи вай дастури зоишӣ аст, ки дар даҳаи 60-и мелодӣ матраҳ шуд. Ҳамчунин вай китобҳои мухталифе дар бораи зеҳн-забон ва мағз-забон навиштааст. Дарвоқеъ Чомский дар баррасиҳои худ нишон додаст, ки бо баррасии низоми забонии афрод метавон натиҷаҳои равоншинохти ба даст овард. Вай навиштаҳои мутаадиде низ дар заминаи улуми компютерӣ дорад, ки дар заминаи кампайлерҳо назариёти ӯ мавриди таваҷҷуҳ аст. Назариёти Чомский инқилобе дар риштаи забоншиносӣ ба вуҷуд оварданд. Ӯ мутақид аст, ки усул ва хусусиёти забон дар инсон зотист ва ба таври ирсӣ барномарезӣ шудааст ва муҳити пиромуни кӯдак танҳо нақши муҳаррикро барои ёдгирии забони модар ифо мекунад. Кӯдак маҷмӯаи маҳдуде аз иттилоотро аз муҳити забонии хеш мегирад ва худ қодир аст таркиботи ҷадиде бисозад.

Назарияпардозони пештар мутақид буданд, забони модарӣ танҳо аз роҳи шунидани гуфтори атрофиён ва ба сурати иктисобӣ вориди мағзи кӯдак мешавад. Аммо ин идеяи Чамский, ки «замон оинаи тафаккур аст» дар асл бозтобдиҳандаи тамомнамое аз шахсият ва ҳолоти дарунии шахс мебошад.

Чамский нишон дод, ки мо танҳо ба соддагӣ теъдоди ҷумларо ёд намегирем, балки ба таври маъмул ҷумлаҳоеро ба вуҷуд меоварем. Ҳамаи мо ҳангоми навиштан ё сухан гуфтан кори муайяне анҷом медиҳем. Ин тавоноӣ аз он ҷо нашъа мегирад, ки мо муҷаҳҳаз ба қавоиди даруние ҳастем, ки моро қодир месозанд, ки тасмим бигирем кадом ҷумлаҳо ҷамъбаи дастури забонӣ доранд ва метавонанд маънои мавриди назари моро интиқол диҳанд. Вале аз он ҷо, ки мо низоме аз қавоидро доро ҳастем (дастури забон) метавонем ҷумлаҳоеро ибдоъ ё дарк кунем, ки қаблан ҳаргиз онҳоро нашунидаем [7]. Чомский нишон додааст, ки қавоиди тағири ҷумлаҳо бисёр печида ҳастанд, бинобар ин тасаллут ёфтани орому тадриҷии кӯдакон бар ин замина бисёр қобили таваҷҷуҳ аст. Чомский худ кӯдаконро танҳо ба таври ғайрирасмӣ мавриди мушоҳида қарор додаст. Вале метавонем, қобилиятҳои забоншиносии кӯдаконро бо бархе аз ёфтаҳои Роҷер Браун, ки Чомский илҳомбахши ӯ будааст, нишон диҳем. Браун бидуни эҷоди музоҳимат барои кӯдакон, суханони худ ба худи теъдоди кӯдакро муддати чанд сол сабт кард ва зимни касби иттилооти мухталиф дарёфт, ки чи гуна кӯдакон бо саволҳои таъкидӣ ҷумла месозанд. Ба саволҳои таъкидӣ,  ки дар поёни ҷумла меояд, таг мегӯянд. Монанди: «ӯ нимидуна чӣ коре анҷом биде, мидуне?».

Рушди каломи кӯдак барои сохти суолҳои кӯтоҳи таъкидӣ нишондиҳандаи дидгоҳи Чамскийст. Кӯдакон қавоиди печидаи забоншиносӣ ва шеваҳои онро дар замони бисёр кӯтоҳ фаро мегиранд. Ба назар мерасад, ки онҳо аксар қавоиди дастури забонро дар ҳудуди шашсолагӣ ва бақияи онро то булуғ ёд мегиранд. Онҳо дар пояи дарки шуҳудӣ,  навъи дониши корбурдӣ барои истифода аз қавоид ба даст меоваранд. Онҳо бо суръат қавоиди забони хеш ва дар сурати ниёз забони дуввумро низ ёд мегиранд.

Фарзияи дарунзод будан. Чомский мегӯяд, тасаллуди забоншинохтии кӯдак устувортар аз он аст, ки онро ношӣ аз иттилооти муҳитӣ бидонем. Кӯдакон фақат суханони маҳдудеро дар муҳит мешунаванд, ки аксари онҳо низ сохтори заифе дорад, аммо онҳо бо суръат ва ба сурати ҳамоҳанг, низоми печида аз қавоидро барои эҷоди теъдоди номаҳдуде аз ҷумлаҳо дар худ ба вуҷуд меоваранд. Бинобар ин метавон натиҷа гирифт, ки кӯдакон қавоиди дастури забонро усулан бо таваҷҷуҳ ба тарҳи дарунзод, яъне як барномаи генетикӣ дар худ ба вуҷуд меоваранд. Муҳит омили ҳаётист, вале ин омил, дарвоқеъ, танҳо метавонад улгуҳои таъиншудаи зотиро ҳимоят кунад ва фаъол созад.

Низоми Чомский ин аст, ки кӯдакон дар ҳангоми фарогирӣ ва тасаллут бар як дастури забон, ба василаи навъи дониши фитрӣ аз дастури забони ҷаҳонӣ ҳидоят мешаванд. Яъне онҳо ба таври худкор, шакли куллии ҳар забонеро, ки бояд ёд бигиранд, медонанд. Аммо дастури забони ҷаҳонӣ (UG) дорои равзанаҳоест, ки бархе аз параметрҳоро озод мегузорад. Масалан яке аз усули дастури забони ҷаҳонӣ ин аст, ки ҳамаи ҷумлаҳо бояд дорои фоил (иҷрокунанда) бошанд, вале бархе аз забонҳо ба гӯяндагони худ иҷоза медиҳанд, ки дар ҳолати маъмулӣ,  фоилро талвиҳӣ (ғайриошкор) дар назар бигиранд ва дар сухан ҳасб кунанд. Аз ин рӯ дигар лозим нест, ки онро ба забон биоваранд. Бинобар ин кӯдакон ба иттилооте, ки аз муҳити худ ниёз доранд, то ин параметрро танзим кунанд ва барои худ маълум созанд, ки забони хоси онҳо тобеи чи қавоиде ҳаст [8]. Чомский ҳамчунин бар ин андеша аст, ки кобилияти кӯдак дар ёдгирии забон, вобаста ба гунаи инсон аст ва ба қувваи бисёр хосе дар зеҳни инсон мутакист, ки комилан аз қувваи ёдгирии улум, мусиқӣ ва ғайра мутафовит аст.

Маҳдудиятҳои дарунзод. Чомский бар ин бовар аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эҳтимолан ночорем забонро дар қолаби бархе аҷзое хос назири исм ва феъл бисозем. Бо вуҷуди ин Чомский мегӯяд, зеҳни мо дорои маҳдудиятҳои дарунист, ки қавоидеро, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳем, маҳдуд месозад. Кӯдакон аз қабл медонанд, ки дастури забони онҳо бояд навъи хосе бошад.

Вобастагӣ ба як сохтор, як вижагии дарунзод аст, ки навъи кавонини табдили ҷумлаҳои мусбат ба ҷумлаҳои суолӣ ё манфиро, ки кӯдакон бояд фаро бигиранд, маҳдуд мекунанд. Кӯдаконе, ки дар фарҳангҳои мухталиф рушд мекунанд, қавоиди табдили мутафовидеро фаро мегиранд, вале онҳо ба таври худкор медонанд, ки ҳамаи қавонин бояд вобаста ба сохтор бошад.

Сохторҳои сатҳӣ ва умқӣ. Чомский барои кӯмак ба дарки ин, ки мо чӣ гуна ҷумлаҳои мусбатро ба суолӣ ва манфӣ табдил мекунем, мафоиҳими сохторҳои сатҳӣ ва умқиро муаррифӣ кард. Сохтори умқӣ -навъи сохтори асосист, ки дар он анвои амалиётро барои ҷумлаҳои ҷадид анҷом медиҳем. Вожаи умқ, тасаввуротеро дар мавриди навъи граматикии (дастури забон) ҷаҳониро дар зеҳн бармеангезад, аммо сохтори умқӣ,  ҷаҳонӣ нест, зеро забонҳо бар асоси тартиби вожаҳо дар ҷумлаҳои асосӣ бо якдигар мутафовитанд. Чомский сайл кард, ки барои парҳез аз мубҳам будан, ин мавзӯъро бо истифода аз вожаҳои мухталиф тавзеҳ диҳад. Ба таври куллӣ ва чунин матраҳ кард, мо фарз мекунем, ки рушд «лаҳзаӣ» аст, яъне кӯдакон ба таври ногаҳонӣ бар сохторҳои гиромерии бузургсолон мусаллат мешаванд. Ҳамчунин вай ташхис медиҳад, ки қобилиятҳои забонӣ монанди ҳар низоми зистии дигаре рушд меёбад ва аз мароҳили кайфии мутафовуте мегузарад.

Чамский ва назарияи ёдгирӣ. Чомский муттақид аст, ки забон ба василаи худи кӯдакон поярезӣ ва сохта мешавад. Кӯдакон бо шунидани теъдоди ҳарф ва сухани ҷудо аз ҳам ва бо ҳидояти навъи эҳсоси дарунӣ дар мавриди қавоиди онҳо дастури забонро кашф мекунанд. Дар муқобил назарияпардозони ёдгирӣ бар ин боваранд, ки мо бояд барои манобеъи улгуи забоншиносӣ,  ба муҳити иҷтимоӣ таваҷҷуҳ кунем. Ба назари онҳо забон асосан ба василаи дигарон ва аз тариқи шартӣ шудани кунишгар ё аз тариқи таъсири сармашқгириҳо ва тақлидҳо сурат мегирад [13].

Шартишудани кунишгар. Дидгоҳи Искинерӣ дар мавриди ёдгирии аввалияи забонро гоҳе назарияи «ғанго-ғунги шансӣ» номидаанд. Кӯдакон ғанго-ғунге мекунанд ва ба таври шансӣ садоеро эҷод мекунанд, ки ба вожа шабеҳ аст ва мавриди тақвият қарор мегиранд.

Пажуҳишҳои анҷомшуда нишон медиҳад, ки кӯдакони оддӣ дар ёдгирии нутқ бар асоси шартӣ кардани волидайн душвориҳои зиёде доранд, зеро волидайн муаллимони заифе дар омӯзиши нутқ муҳсуб мешаванд. Вале пажуҳишгарон бо шигифтӣ фаҳмидаанд, ки волидайн хеле кам суханони ғайриграматикии кӯдакони худро ислоҳ мекунанд ва дар иваз бар дуруст ё нодуруст будани мафҳуми каломи кӯдаконашон таъкид мекунанд. Шояд бозхурди дигаре ба ғайр аз таъиди волидайн вуҷуд дошта бошад, ки муҷиби тақвияти асарбахш мешавад. Шояд кӯдакон ёд мегиранд, ки ба таври фазоянда аз дастури забони саҳеҳ истифода кунанд, зеро волидайн метавонанд бо шакли саҳеҳ онро бифаҳманд ва посух диҳанд.

Бандуро ва улгубардорӣ. Бандуро бар таъсири улгуҳо ва сармашқҳо таъкид мекунад. Ӯ дарёфтааст, ки улгубардорӣ ҳамвора аз тариқи фароянди тақлиди маҳз асар намекунад, зеро кӯдакон суханони ҷадидеро баён мекунанд, ки ҳаргиз нашунидаанд. Масалан,  истифодаи ифроти аз қавоид наметавонад, тақлиди маҳз бошад, зеро волидайн ингуна суҳбат намекунанд. Бо вуҷуди ин, Бандуро ба ин ақида аст, ки улгубардорӣ боз ҳам муассир аст. Ин фароянд як улгубардории интизоӣ аст. Кӯдакон қавоидеро тақлид мекунанд, ки шуниданд ва ба хубӣ аз он сармашқ мегиранд.

Чамский ва Пиоже. Агарчи Чомский асосан назарияи худро бар алайҳи муҳидгароён матраҳ кард, вале ӯ тафовутҳои назарии худ ва Пиожеро низ мавриди баҳс қарор додааст. Назарияҳои Пиоже ва Чомский мавориди муштараки бисёре доранд. Онҳо ба ин боваранд, ки кӯдакон бо василаи муҳити берунӣ парвариш намеёбанд, балки худ ба худ сохторҳои зеҳниро ба вуҷуд меоваранд. Бо ин ҳама, Чомский нисбат ба Пиоже фитратгиротар аст. Чомский бар ин бовар аст, ки забон усулан дар генҳо табия шудааст. Кӯдакон бар асоси дарёфти муҳаррикҳои муносиб ба таври худкор, шакли гиромериро бар асоси ин пешзаминаи генетикӣ эҷод мекунанд. Дар ҳоле, ки Пиоже ба рушде, ки ба восилаи генҳо назорат мешавад, таъкиди камтаре мекунад. Бар асоси назари ӯ сохторҳои шинохтӣ аз талошҳои худи кӯдак дар бархурд бо муҳит ва дарки он падид меояд [4].

Тафовути дигари онҳо дар мавриди муътакиби худ будани рушди забон аст. Аз назари Чомский забон органи зеҳнии фавқулода печидаест, ки нисбатан ба сурати мустақил аз соири шаклҳои шинохт, рушд меёбад. Дар ҳоле, ки Пиоже ва пайравонаш рушди забонро бештар ба рушди шинохтии умумии фард вобаста медонанд.

Пиоже ҳамчунин матраҳ мекунад, ки забон бе шинохт дар соири давраҳо низ марбут аст. Ӯ муттақид аст, ки кӯдакон истифода аз намодҳои забоншиносӣ (вожжаҳо)-ро дар ҳамон замоне оғоз мекунанд, ки намодҳои ғайризабонӣ назири нишон додани набуди ашё аз тариқи ҳаракатро ба кор мегиранд. Бинобар ин ба назар мерасад, ки дар кӯдакон забон ба унвони бахше аз фароянди куллитари нимодсозӣ падид меояд.

Пайравони Пиоже чунин матраҳ кардаанд, ки тавоноии анҷоми табдилҳои забоншинохтӣ мустаъзими рушди амалиёти айнӣ аст. То он ҳангом кӯдакон қодир ба дарки комили табдилҳои маҷҳул нестанд, зеро чунин коре ниёзманди амалиёти баргаштпазирӣ аст. Бинобар ин тибқи назари тарафдорони Пиоже қабл аз анҷоми табдилҳои асосии забоншинохтӣ,  расидан ба марҳилаи амалиёти айнӣ зарурӣ аст.

Тарафдорони Пиоже муътақиданд, ки забон ба рушди куллии шинохтӣ ва ҳатто ба пешрафтҳои шинохтии қаблӣ вобаста аст. Ин дидгоҳ ба назариёти Чомский ва пайравони ӯ чандон созгор нест. Чомский агарчи таъкид мекунад, ки забон то ҳадде ба соири шаклҳои шинохт иртибот дорад, вале намепазирад, ки дастури забони печида ва зарифе, ки кӯдакон ба ҳамроҳи қобилиятҳое монанди вобастагӣ ба сохтор дар худ рушд медиҳанд, тибқи усули шинохтии куллитар қобили дарктар бошад. Ин эҳтимол баид аст, ки пажуҳишҳо дар ниҳоят битавонанд нишон диҳанд, ки забон он тавр, ки Чомский мегӯяд, аз соири фаъолиятҳои шинохтӣ ҷудо бошад.

Идеяҳои сиёсӣ. Чомский рӯшанфикри шинохташуда ва мунтақиди сиёсатҳои хориҷии ИМА ва дигар давлатҳост. Ӯ худро социолисти озодихоҳ медонад.

Чамский моҳи октябри соли 2012 барои ширкат дар конфронси байналмилалии забоншиносӣ ба Қазве (Фаластин) сафар кард, ки доктории ифтихорӣ Донишгоҳи Ал-исломии Қазва, ба манзури қадршиносӣ аз мавозеи инсонии Нoам Чомский дар пуштибонӣ аз мардуми Фаластин ва эъломи ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо ба ӯ эҳдо шуд [5].

 Чомский гарчи аз барчидани девори Берлин (девори ҳоили байни Олмони Шарқӣ ва Ғарбӣ ) истиқбол кард, аммо тарси ӯ аз ин ки бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ маҷмӯаи дарҳампечидаи низомӣ -санъатии Амрико ба думболи душманони ҷадид хоҳад гашт, то худро муваҷҷаҳ ҷилва диҳад бо иттифоқоте, ки баъдан дар ҷаҳон рух дод, таъид шуд. Ба назари Чомский иҷрои муваффақиятомези ин барнома, мадюни «иттиҳоди номуқаддаси давлати Амрико ва ширкатҳои расонаӣ» аст.

Чамский дар замони ҷанги Ветнам ба унвони мунтақиди иҷтимоии сиёсатҳои хориҷии Амрико ба шуҳрат расид. Нахустинасари сиёсии муҳимми ӯ китоби «Қудрати Амрико ва мондариянҳои навин» (1969) буд, ки дар интиқод ба табақаи рӯшанфикри либерал навишта шуда буд. Дарки Чомский аз системаи империалистии Амрико ва тавоноии ҳамешагии ӯ барои фаҳми дурнамои куллии сиёсатҳои Амрико, ба мухолифати ӯ бо дахолати низомии Амрико дар Косова, Афғонистон, Ироқ ва ҳамчунин ҷанги давлати Ҷ. Буш бар зидди терорризм мунҷар шуд.

Ӯ дар соли 1980 бар китоби Робер Фуресон, ки дар ҳақиқат доштани ҳулукост тардид карда буд, муқаддимае навишт ва гарчи ин муқаддима ба дифоъ аз озодии баён мепардохт бо вокунишҳои сахте мувоҷҷеҳ шуд. Вай баъдҳо ошкор кард, ки аз ӯ матлаби дар дифоъ аз озодии баён хоста шуда буд ва ӯ аз истифода аз он матлаб ба унвони муқаддимаи китоби ҳулукост иттилоъ надошт.

Дар даҳаҳои 70 ва 80-и мелодӣ,  Чомский бо ҳамроҳии Ҷон Пилгер аз маъдуд касоне буданд, ки аз наслкушии пинҳон дар Тимори Шарқӣ сухан гуфтанд. Вай ба тамоми раисони Ҷумҳури Амрико, ҳатто Ҷон Ф.Кенеди, ки маҳбубияти бовар накарданӣ дорад, бо диди интиқодӣ менигарад. Ӯ дар ин боб китоби «Тафаккури дубора ба Комлут: Ҷон Ф.Кенедӣ,  ҷанги Ветнам ва фарҳанги сиёсии Амрико»-ро [9] навиштааст. Чомский дар Баёнияи муштарак бо бархе андешамандони амрикоӣ,  англисӣ ва канадавӣ дар бораи нақши расонаҳо дар набарди Исроил ва Қазва (2012)  аз расонаҳои ғарбӣ ба хотири пӯшиши якҷонибаи ҷанг интиқод кард ва ин масъаларо ғайри қобили қабул ва золимона хонд ва аз хабарнигорон хост дар эътироз ба истифодаи абзорие хабаргузориҳои ғарбӣ аз онҳо итисоб карда ва аз ҳамкорӣ бо ин хабаргузориҳо худдорӣ кунанд. Вай ҳамчунин дар ин Баёния аз мардуми Фаластин дархост кард бо истифода аз имконоти мавҷуд бо ҳамаи марказҳои хабарӣ тамос бигиранд ва воқеиятҳоро ба таври мунсифона инъикос намоянд [3]. Вай муътақид аст: -«Дар паси зоҳири бетарафонаи шарҳи масоили иҷтимоӣ аз тариқи гузоришҳои телевизионӣ,  таҳлилҳои сиёсӣ ё ахбори радио, пешфарзҳо ва усули идеологикие нухуфтааст, ки агар онҳоро ифшо кунем, ҳама чиз фурӯ мерезад» [2].

Эрон. Чомский дар мусоҳибае, ки бо Пол Ҷей дар таърихи 19 ноябри соли 2007 дошт, аз сиёсатҳои ҳастаии Эрон дифоъ ва аксуламали он дар баробари адами пойбандии кишварҳои ғарбӣ бе тааҳудодашонро табиӣ талаққӣ кард. Вай аз таҳаззуроти муътаризин ба интихоботи 22-и хурдод истиқбол кард, аммо гуфт, ки истифода аз зӯр ботил аст [6].

Ҳамчунин дар мусоҳибае, ки бо рӯзномаи «Tehran Times» дар таърихи 15 апрели 2009 дошт, бо сароҳат сиёсатҳои дурӯёнаи Иёлоти Муттаҳида дар мавриди ҳаққи Эрон барои истифодаи сулҳомез аз энержии атомиро нақд кард. Ӯ дар ин мусоҳиба бо истинод ба яке аз мусоҳибаҳои Бержинский ин гуна натиҷагирӣ кард, ки мушикили аслии Амрико бо Эрон, барномаи атомии сулҳомези Теҳрон нест, балки он аст, ки Эрон дигар дар радифи кишварҳои тобеи сиёсатҳои Амрико ба шумор намеравад [12].

Дар мусоҳибаи дигаре бо шабакаи хабарии «Euronews» бо сароҳат гуфтааст, ки мушкили терорризм дар минтақаи Ховари Миёна ношеъ аз Эрон нест, балки Амрико ва Исроил решаи ин мушкил ҳастанд [1].

Дар маҷмӯъ Чомский на танҳо назарияпардози пештоз дар заминаҳои илми забоншиносист, балки дар баробари ранҷҳои миллатҳо низ худро аз ҷомеаи инсонӣ муҷаззо намепиндорад. Лизо метавон ӯро дар зумраи файласуфони инсонгарое ба шумор овард, ки ҳамвора мухолифи сиёсатҳои ҷангталабона будааст.

ФАРАДЖЗАДЕ Б.З.

   РЕЗАИ ВАҲИД

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №1 (241).

Адабиёт:

 

  1. Гуфтугӯи ҷанҷолии Чомский дар бораи Эрон. http://hamandishi. net/new/index. php.
  2. Денис Роберт. Вероника Заракоиз. Нигоҳи интиқодӣ ба сиёсати Амрико (гуфтугӯ бо Н.Чамский). Тарҷумаи Ҳуҷастаи Кайҳон. – Теҳрон Нашри Уфуқ, чопи аввал, 2000. С. 8.
  3. Интиқоди Чомский аз цензураи хабарии расонаҳои Ғарбӣ дар бораи ҳамлаҳо ба Қазва: Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон. http://www.yjc.ir/fa/news
  4. Муҳсиниёни Род, Маҳдӣ. Эртибодшиносӣ. – Теҳрон: Нашри Суруш, 1991. С.174-177.
  5. Нoам Чомский вориди Қазва шуд. http://www.farsnews.com / 91/07/27
  6. Ҳимояти чеҳраҳои байналмилалӣ аз ҷунбиши мардуми Эрон. Видо Сомеӣ. 27.06.2009.
  7. Чамский Н. Дониш ва забон: моҳият, маншаъ ва корбурди он. Тарҷумаи Алии Дарзӣ. – Теҳрон: Нашри Най, 2002. С. 38.
  8. Чамский Н. Забон ва масоили дониш. Тарҷумаи Алии Дарзӣ. - Теҳрон: Нашри Огаҳ, 2000. С.81.
  9. CamelotJFK, the Vietnam War, and U.S. Political Culture
  10. Clark, Neil (2003–07–14) »Great thinkers of our time – Noam Chomsky». New Statesman. Retrieved 2008–08–02. Regarded as the father of modern linguistics, founder of the field of transformational-generative grammar, which relies heavily on logic and philosophy.
  11. Fox, Margalit (1998–12–05) «A Changed Noam Chomsky Simplifies». New York Times. Retrieved 2008–08–02. ... Noam Chomsky, father of modern linguistics and the field's most influential practitioner
  12. Iran is pressured because of its independent stance: Noam Chomsky interviewed by Kourosh Ziabari, Tehran Times, April 15, 2009. https://chomsky.info.
  13. Thomas Tymoczko, Jim Henle, James M. Henle, Sweet Reason: A Field Guide to Modern Logic, Birkhäuser, 2000, p. 101
  14. http://www.rfi.fr/actufa
Хондан 1126 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр