Нусхаи чопи
Ҷумъа, 18 Марти 2022 05:29

Фазои иттилоотӣ ва амнияти миллӣ (чанд андешаи муқаддимотӣ)

Муаллиф: Нусратуллои НАЗАРИЁН

     Дар замони муосир технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба авҷи тараққиёти худ расид, интернет ба ҳама қишрҳои ҷомеа дастрас гашта, сомонаҳои интернетӣ ба фазои озоди муоширату мубоҳиса табдил ёфтааст. Акнун муайян сохтани мавқеи ин падидаҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа басо мушкил гаштааст.  Ин аст, ки дар чанд даҳсолаи ахир соҳаи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ аҳмияти сиёсӣ пайдо намуда, дар соҳаи илм ба сифати як функсияи давлатӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доранд. Дар заминаи инкишофи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар олами сиёсии Ғарб мавзӯъи ниҳоят муҳим ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин мавзӯъ идоракунӣ бо ёрии иттилоот мебошад. Зеро имрӯз фазои иттилоотӣ на танҳо қурбони ҷангҳои иттилоотӣ гаштааст, балки бо вуҷуд надоштани назорат дар он фазо ҳамарӯза иттилоотҳои гуногуни муғризона ворид мегарданд, ки таъсири манфии худро ба афкор ва ҳаёти ҷомеа хоҳанд расонд. Моҳияти мафкурасозӣ тавассути унсурҳои иттилоотӣ ин, пеш аз ҳама, идоракунии ҷомеа бо мақсадҳои гуногун ба ҳисоб меравад.

       Идоракунӣ бо ёрии иттилоот, яке аз масоили муҳим ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар замони муосир мебошад. Бо истифода аз дастовардҳои технологӣ на танҳо шароити кору зиндагии инсонҳо осон гашт, балки дар ин замина воситаҳои наве ҷиҳати осону дуруст ба роҳ мондан ва ташаккул додани низоми идоракунии давлатӣ ба вуҷуд омад. Моҳияти идоракунӣ бо ёрии иттилоот, пеш аз ҳама, танзими афкори ҷомеа мебошад. Агар пеш аз ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ба танзими рафтори инсонҳо авлавият бахшида мешуд, имрӯз бошад дар баробари танзими рафтор, бо ёрии иттилоот афкори ҷомеа низ танзим мегардад. Аҳмияти ин падида дар он аст, ки ҳар чӣ дар рафтори инсонҳо зоҳир мегардад, аз афкори онҳо сарчашма мегирад ва агар афкори ҷомеа бо назардошти арзишҳои махсус шакл дода ва бо ёрии иттилоот танзим карда шаванд, пас на танҳо ҷомеа ташаккул меёбад, балки аз зуҳури ҳар гуна падидаҳои манфӣ дар ҷомеа пешгирӣ карда мешавад.

        Бо тараққиёти илму технология ҳудуди истифодаи технологияи иттилоотӣ васеъ гашта, дар ҳаёту фаъолияти инсонҳо истифода мешавад. Технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба сифати ҷузъи таркибӣ ва лозимии ҳаёти рӯзмарраи одамон табдил ёфта, тараққиёти ҷаҳонро бидуни он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Нақши технологияи иттилоотӣ дар ҳаётӣ сиёсии ҷомеа мустаҳкам гашта, дар заминаи инкишофи он рақамикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёти одамон ҷараён дорад. Дар баробари ин, муносибатҳо дар шакли нисбатан нав ба роҳ монда мешаванд. Қисме аз фаъолиятҳои на танҳо иҷтимоӣ, балки муносибатҳои сиёсӣ ба фазои маҷозӣ интиқол меёбанд. Дар чанд даҳсолаи ахир соҳаи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ аҳамияти сиёсӣ пайдо намуда, дар соҳаи илм ба сифати як функсияи давлатӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доранд. Бо мурури замон ва таҳаввулот дар системаи сиёсии ҷаҳон имкониятҳои ҷадид ҷиҳати амалӣ намудани функсия ва ҳадафҳои сиёсӣ пайдо гаштаанд. Имрӯз давлатҳо ҷиҳати амалӣ намудани андешаҳои сиёсӣ воситаҳои иттилоотиро ба таври васеъ истифода менамоянд. Нақши институтҳои давлатӣ дар фазои иттилоотӣ хеле муҳим мебошад. Зеро бо истифода аз технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди идоракунии давлатӣ самаранокии кори онҳо бештар гашта, тараққиёти мунтазамро дар тамоми соҳаҳо таъмин месозад. Ба ҳамин хотир татбиқи сиёсати иттилоотӣ ба рушд бахшидани ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд. Дар баробари оне ки ҷомеа аз технологияи иттилоотӣ ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти худ ба таври васеъ истифода менамоянд, давлат низ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои рушдманд сиёсати иттилоотиро ба роҳ мемонад. Зарурати таҳкими сиёсати иттилоотӣ ва мутобиқ сохтани қонунгузорӣ ба вазъи бамиёномада муҳим мебошад. Чунин равандҳо ҷомеаи кунуниро водор месозад, то падидаҳое, ки зери таъсири иттилоот ба вуҷуд меоянд, ба манфиатҳои худ мутобиқ сохта таввасути роҳандозии сиёсати иттилоотӣ ҳадафҳои сиёсии худро пиёда созанд. Маъмулан, ин ҷараён дар замони муосир бо роҳи мафкурасозии ҷомеа таввасути унсурҳои иттилоотӣ сурат мегирад. Вале асос дар сиёсати иттилоотӣ, пеш аз ҳама, расонаидани иттилооти зарурӣ ба ҷомеа ба шумор меравад. Ҳоло бошад, ин ҷараён аҳамияти бештарро ба худ касб намуда, ба сифати абзори мафкурасозӣ истифода мешавад. Дар ҳоли ҳозир бо пешрафти замон шеваи мубориза миёни қудратҳо тағйир ёфта, ҷиҳати нуфуз пайдо намудан воситаҳои иттилоотро истифода менамоянд. Ҳадафи аслии гуруҳҳои манфиатхоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ин таввасути пахши иттилоот тағийри афкори омма мебошад. Беҳуда нест, ки иттилоотро воситаи идораи мардум низ меноманд, зеро аз ин роҳ нуқтаи назари омма ва мафкураи онҳоро ба ҳадафу манфиатҳои хеш мутобиқ месозанд.

       Таъсири иттилоот ба раванди ҷаҳонишавӣ зиёд буда, ҷангҳои иттилоотӣ ва чолишҳои сиёсӣ ин таъсиррасониро ба раванди ҷаҳонишавӣ меафзояд, ки ин ҷараён фазои иттилоотиро ба саҳнаи муборизаҳои сиёсӣ табдил додааст. Дар ин масир ду масъала, ки аз як ҷанба ба вуҷуд меоянд, муҳим арзёбӣ мегарданд, ки ин мафкурасозӣ ва ҳифзи амнияти иттилоти ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар ин раванд рушди босуръати техналогияи иттилоотӣ нақши муасир дорад. Имрӯз инсонҳо, ба вижа ҷавонон аз телефонҳои мобилӣ, компютер, шабакаҳои интернетӣ ва дигар технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ба таври васеъ истифода менамоянд. Чунин  воситаҳо дар ҳаёту фаъолияти ҷомеа мавқеъ пайдо намудаанд ва ҷиҳати шаклгирии мафкураи онҳо таъсири бештар доранд. Имрӯз бо роҳи  рушд бахшидани сиёсати иттилоотӣ давлат метавонад ҷиҳати ташаккули мафкураи миллӣ ва таъмини амният дар ҷомеа кафолатҳоро фароҳам бисозад. Мушкилоте, ки дар ҷомеаи иттилоотӣ ба миён меояд, ин мафкурасозӣ мебошад. Зеро ҳар кӣ абзори мафкурасозиро ба даст дорад, ҷомеа, алалхусус ҷавононро ба сӯи манфиатҳои худ равона месозанд.  Ин аст, ки ташаккули мафкураи миллӣ дар замони муосир аҳмияти махсусро касб намудааст. Оид ба махсусиятҳо ва шаклгирии мафкура ва ё идеология дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ мушкилотҳои зиёдеро дар пай дорад. Зеро мафкура дар асоси шуури ҷамъият ба вуҷуд меояд ва шуури ҷомеа бошад на танҳо тавассути институтҳои давлатӣ, балки ба воситаи технологияи иттилоотӣ, ки аҳли ҷомеа онро ба таври васеъ истифода менамоянд, шакл мегирад. Яъне таъсири иттилоот ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа муҳим арзёбӣ гардида, мумкин аст ҳамчун воситаи ба вуҷуд овардани муносибатҳои ҷадид ва шаклгирии мафкура дар ҷомеа бадал гардад. Дар баробари оне, ки истифодаи иттилоот  фарогир аст ва ҳар фард ва ё гӯруҳ метавонад онро ба сифати абзори мафкурасозӣ истифода намояд, ба як мушкилоти асосӣ дар замони муосир табдил гаштааст.  Зеро ворид гаштани иттилоот ба фазои сиёсии ҷомеа ҳаммоно таҳаввулотеро дар пай хоҳад дошт. Масъалаи муҳим ин муайян сохтани оқибатҳои таъсири иттилоот ба мафкураи ҷомеа ва бартараф сохтани таъсирҳои манфӣ, ки дар ин ҷараён ба миён меоянд, мебошад. Лозим аст то давлат дар фазои иттилоотӣ мавқеи худро дошта, ба ин васила ҷараёни мафкурасозиро роҳандозӣ намояд. Мафкураи миллӣ дар ташаккули халқиятҳо нақши барҷаста дорад. Он аз маҷмӯи ғоя, арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ иборат буда, баҳри таъмини амният ва пешрафту тараққиёт хизмат менамояд. Аммо имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо мафкураи миллӣ аҳмияти сиёсиро касб намудааст.

    Дар баробари иттилооткунонии ҷомеа, таъмини дастрасии онҳо ба иттилооти зарурӣ ва шабакаҳои интернетӣ талаботи замон буда, дар ин миён масъалаи ҳифзи амнияти миллӣ бояд матраҳ карда шаванд. Дар ин раванд таҳдид ба  амният, пеш аз ҳама, бо роҳи мағзшӯӣ ва таъсир ба мафкураи ҷомеа сурат мегирад. Аз ин рӯ, ҳангоми комёб гаштан баҳри таъсир ба мафкураи ҷомеа тақдири амният ба он вобаста мегардад. Ин аст, ки масъалаи мафкурасозӣ дар замони муосир муҳим арзёбӣ гашта, дар раванди истифодаи ҷомеа аз воситаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ мегардад. Шакл гирифтани воситаҳои иттилоот ба сифати абзори мафкурасозии вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳониро бакуллӣ тағийр дода, таваҷҷуҳи давлатҳоро ба сиёсати иттилоотӣ бештар намудааст.

      Бо назардошти оне, ки раванди ҷаҳонишавӣ зери таъсири иттилоот ҷараён дорад, коркарди иттилоот, истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн намудан, инчунин, ҷой доштани механизмҳои муҳофизати баҳри ҳимоя аз манфиатҳои миллию давлати  дар фазои иттилоотӣ аҳмияти муҳим дорад.  Яъне бо истифода аз мавқеӣ худ дар фазои иттилоотӣ  қобилияти ҳифзи манфиатҳои давлатиро касб намуда, ҷиҳати маҳдуд намудани таъсирҳои манфӣ аз ин фазо ба мафкӯраи ҷомеа кафолатҳо муҳайё сохтан зарур аст. Аҳмияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои иттилоотиро метавон ба омилҳое, ки вақтҳои ахир аз сӯи баъзе қувваҳои манфиатхоҳ ба вуҷуд омадаанд рабт дод. Зеро дар замони муосир ҷиҳати амали намудани барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто ҳарбӣ аз  воситаҳои иттилоотӣ  истифода мешаванд. Аз ҷумла иттилоот ҳамчун абзори таъсиррасон ба мафкӯраи инсонҳо арзёби гардида, оқибатҳои манфии он ба манфиатҳои миллӣ аз ҷумла амнияти давлатӣ  равона шуда аст. Махсусан истифодаи он ҷиҳати ноустувор намудани амнияти миллӣ баҳри як қатор давлатҳо ҳамоно нигаронкунанда боқи мемонад. Аз ин рӯ ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ имрӯз давлатҳоро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда мавқеи худро дар фазои иттилоотӣ ва раванди иттилоърасони майяну мустаҳкам намуда бадин васила тахъсири хатароти онро коҳиш бидиҳанд.

      Масъалаи таъмини амният   хусусияти соҳавӣ надошта, он  ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти паҳн мегардад. Муқаррар сохтани асосҳои ҳифз ва таъмини амнияти миллӣ масъалаи мураккаб буда,  фаъолияти пурсамари тамоми иниститутҳои давлати ва пеш аз ҳама худи ҷомеаро талаб менамояд.  Бо назардошти вазъи сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза ва пайгирии таҳавулотҳои сиёсӣ дар он муайян ва бартараф сохтани роҳҳое, ки таввасути он ба амнияти миллӣ хатар эҷод  мешавад, зарур мебошад. Имрӯз бо пешрафти технология роҳҳои ворид гаштани чунин хатарот зиёд гаштаанд ва ба ҳар роҳу восита барои авҷ гирифтан  имкониятҳои таъсиррасонии худро афзоиш медиҳанд. Аз масоиле, ки зарурати омӯзиши он ҷиҳати ҳифзи амният ба миён омадааст ин техналогияҳои иттилоотӣ маҳсуб мегарданд. Зеро шабакаҳои интернетӣ ва дигар техналогияи иттилоотӣ имрӯз ба минбари муборизаҳои сиёсӣ мубадал гашта, бо ин роҳ давлатҳоро ба гирдоби ҷаҳонишавӣ ворид месозанд.

        Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ҷойгоҳи махсусро касб намуда ҷиҳати ба роҳ мондани рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аҳмияти муҳим дорад. Муҳимияти амнияти иттилоотӣ барои як давлат дар заминаи ташаккули техналогияи иттилоотӣ пайдо шуда он аҳмияти умумимиллиро ба худ ксб намудаст. Зеро дарёфти роҳҳое, ки аз он хатар ба амнияти миллӣ ворид мегардад маҳз аз воситаҳои иттилоотӣ сарчашма мегиранд. Ин аст, ки таъмини амнияти иттилоотӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ нақши калиди дорад. Дигар ҷиҳате, ки нишон медиҳад, таъмини амнияти иттилоотӣ аҳмияти умумимилли дорад ин масъалаи мафкурасозӣ, ки дар боло зикр намудем мебошад. Чун тавассути роҳ ёфтани воситаҳои иттилоотӣ ба мафкураи ҷомеа манбаи хатарот падид омада, аз ин мафкураи бунёдсӯз хатар ба амнияти миллӣ сарозер мегардад. Аз ин рӯ, моҳияти аслии амнияти иттилоотӣ маҳдуд сохтани манбаи ин таъсироти манфӣ ба мафкураи ҷомеа буда, дар баробари ин ҳифз аз манфиатҳои миллию давлатӣ дар фазои иттилоотӣ мебошад. Дар натиҷаи корбурди ин услубҳо амнияти иттилоотӣ ва амнияти миллӣ низ таъмин мегардад.

        Ташаккули технологияи иттилоотӣ баҳри таъмини амнияти иқтисодӣ низ муҳим мебошад ва дар баробари ин амнияти миллиро таъмин месозад. Аз ин рӯ, лозим аст бо роҳи рақамикунонӣ ва таъмину истифодаи технологияи иттилоотӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои рушдро фароҳам месозад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давлатҳо мушкилоти дар самти иттилоот бавуҷудомадаро бо роҳи омода сохтани мутахассисони соҳаи технологияи итттилоотӣ бартараф намуда, рӯз то рӯз теъдоди онҳоро афзоиш медиҳанд. Ин иқдом ҷиҳати амалӣ сохтани барномарезиҳои мафкуравӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муҳим мебошад. Аз ин хотир, баланд бардоштани сатҳи дониши технологии ҷомеа баҳри рушди ҷомеаи иттилоотӣ муҳим мебошад. Имрӯз лозим аст бо тайёр намудани мутахассисон дар ин соҳа аз имкониятҳои рушди технология истифода намоем ва дар ин замина хатароти аз фазои иттилоотӣт бавуҷудомадаро баратараф намоем.

Нусратуллои НАЗАРИЁН

Хондан 1233 маротиба