Нусхаи чопи
Ҷумъа, 09 Августи 2019 08:53

Идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ

Муаллиф:

  Мақолаи мазкур моҳияти ду мафҳумро, ки воқеан, дар мустаҳкам шудани истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозанд, тавзеҳ дода, мубрамияти дарки амиқи онҳоро дар шароити кунунии рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ баррасӣ менамояд. Яке аз ин мафҳумҳо «идеяи миллӣ» ва дигаре «ҳувияти миллӣ» мебошад.

  Мо бояд аз он огоҳ бошем, ки дар таркиби мафҳуми «ҳувияти миллӣ», ки  муталлиқ будани шахсро бар гурӯҳи муайяни иҷтимоии миллат - ҳамчун шакли олии ҷомеаи қавмии умумияти сиёсӣ, забонӣ, иқтисоду фарҳангидошта ва мардуми дорои хусусияти ягонаи равонӣ бударо ифода мекунад, инчунин, ҳисси сипосгузорию ҳимоят аз давлату Ватан, вафодорӣ ва садоқат нисбат ба давлат -  ҳамчун макони рушди миллӣ ва воҳиди сиёсии нигоҳдорандаи миллат маҳфуз мебошад.

  Ҳувияти миллӣ - яке аз ҷузъҳои ҳувияти фард аст, ки он марбут ба эҳсоси мансубият доштани вай на фақат бар миллату фазои муайяни фарҳангию иқтисодӣ, балки бар кишвару давлати муайян низ мебошад. Ҳувият - хусусияти равонии инсон аст, ки он тасаввуроти мутамаркази шахсро оиди мутааллиқ будани вай ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ нишон дода, дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ доштан, он, инчунин, ташаккули умумияти этникии худогоҳеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ, якпарчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар азму субот доранд,  зоҳир месозанд.

  Фаҳмиши «идеяи миллӣ» ҳамчун категорияи махсуси иҷтимоиву фалсафӣ дар нимаи дуюми асри XVIII пайдо мешавад. Дар ин даврон симои ҳар як миллати Аврупо  тавассути давлати бузургу вижа алоҳида зоҳир шуда, ҷунбишу тамоюлҳои давлатгароӣ бо манфиатҳои сиёсию иҷтимоии халқҳо  ҳамоҳанг шуда, майли мардум ва аҳли ҷомеаро ба ташкили  давлатҳои миллӣ возеҳтару бошуурона мегардонид.

  Яке аз намояндагони фалсафаи немис, ки аввалин шуда диққати аҳли ҷомеаро ба қудрату тавоноии фикру андешаи иҷтимоӣ ва, бахусус, идеи миллӣ - ифодагари  “Ман”-и ҷамъиятӣ ҷалб намудааст,  И.Г. Фихте буд. Фихте дар асари ҷовидонааш оид ба илмомӯзӣ “Наукоучение” ҷанбаҳо ва ҳадафҳои идеяи тозабунёди иҷтимоии миллиро қайд карда, таъкид мекунад, ки «ҳар як «Ман»-и ҷамъиятии  батаҷрибарасида қонуни ахлоқиро бояд танҳо бо роҳи наҷиби ба худ хос амалӣ созад»[1]. Вай қонуни ахлоқии худро бо  ишора ба он воқеияти равонӣ, ки худшиносии шахсро танҳо чун маҳсули иҷтимоӣ имконпазир медонад, тақвият мебахшад:  “Яке аз он ангезаҳои асосии инсон ин фарзи  мавҷуд будани мавҷудоти бошуур монанди худ дар хориҷ аст. Сарнавишти  инсон, аслан, дар ҷомеа якҷоя зистан аст ва  дар акси ҳол вай бархилофи хеш, яъне «худ бар зидди худ» баромад мекунад. Яъне, агар инсон дур аз ҷомеа зиндагӣ кунад, вай инсони комил нест, чунки ин ба табиати ӯ мухолиф аст”.[2]

  Муносибати байни ду шахс ва муносибатҳои байниҳамдигарии шахсон бо маҷмӯи ҳамаи шахсони воқеӣ, ки аъзои як иттиҳодияи давлатӣ ё ҷомеаи миллӣ мебошанд, танҳо бо қонуни ахлоқӣ идора карда мешаванд. Ба ақидаи Фихте, агар ҳама гуна сохтори давлатӣ ошкоро бархилофи мақсаду манфиати олии хеш фаъолият барад, пас мардум ҳатман бояд ин низоми сиёсии давлати худро тағйир диҳанд: “Ҳама дастгоҳи давлатие, ки мақсади ниҳоии он - озодии як шахс ва тобеъ намудани ҳамаи дигарон, нигоҳ доштани фарҳанге ва аз барои он нобуд кардани ҳар навъ фарҳанги дигар бошад, пас он метавонад аксариятро  чунон ба озодӣ расонад, ки онҳо, воқеан, тағйир гарданд. Зеро ҳеҷ сохтори давлатие нест, ки куллан бетағйир мемонда бошад. Ҳар як давлат дар раванди ташаккули худшиносии миллии мардумаш ҳатман ба тағйирот дучор мешавад. Хусусан, агар он сохтор хуб асту ба ҳамон  ҳадафи  хеш мусоидат  намояд,  давлат худ ба худ тағйир меёбад”. [3]

  Аз ин ақида чунин бармеояд, ки мувофиқи қонуни зиндагӣ,  ҳар ҷомеа дорои ахлоқи ҷамъиятии ба худ хос буда, ҳама гуна муносибатҳои иҷтимоии он дар асоси ин қонун рушду инкишоф меёбанд. Бинобар ин ҳар сохтори давлатие, ки зидди ҳадафҳои ниҳоии хеш амал намуда, бархилофи манфиатҳои ҷомеа фаъолият мебарад, дер ё зуд бояд ба тағйироти фавқуллода дучор мегардад. Чунин шарту шароит  ба он далолат мекунад, ки  ҳар давлате, ки дорои ҳадафи бар зидди манфиатҳои миллии мардум ва аъзоёни  ҳамон як ҷомеа равона шуда бошад, он дер ё зуд,  худ ба худ ё ки аз дасти мардум  оқибат ба  ҳалокат мерасад.

  Мутафаккирони Замони Нав  оиди муносибати фард ва ҷомеа низ ақидаҳои  пурарзиш изҳор намудаанд. Онҳо таъкид мекарданд,ки дар ҷомеа бояд баробарии ҳамагон риоя карда шавад, зеро ҳар як шахс барои худ ҳадаф асту ҳадафи ӯ худшиносист ва худинкишофдиҳӣ аст. Ин нуктаро Томас Джефферсон - яке аз муаллифони аввалин Эъломияи  Истиқлоли ИМА низ дар ҳамин ҳуҷҷат (4 июли соли 1776) дарҷ намудааст, ки он чунин баён ёфтааст: «Тамоми одамон озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози манзалат ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд»; «Ҳар фард ба зиндагӣ, ба озодӣ ва ба дахолатнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад».[4]

  Равшанфикрони Замони Нав зарурияти ташкил намудани давлатҳои миллии хешро  тавассути ташаккул додани сатҳи баланди шуури миллӣ ва худшиносии миллӣ дар асоси риояи ҳуқуқи табиии  ҳар як инсон хуб дарк намуда,   барои кушодани мазмуну моҳияти «идеяи миллӣ», ки ҳувияти миллӣ ва ҳифзи давлати миллиро таъмин менамоянд,  пардохтанд. Аз ин азму талоши мутафаккирон чунин бармеояд:

  Идеяи миллӣ - баёнгари ҳадафу маънии зиндагӣ ва асолату рисолати ҳастии гурӯҳи  қавмии  мардуми кишвар дар замони ҳозира ва  оянда бо назардошти гузаштаи онҳо, дар пояи таҷрибаи таърихии халқу миллати хеш ва таҷрибаи дигарон ташаккулёфта мебошад, ки  ғояи бунёдии он ватандорию ватандӯстӣ - изҳори меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инчунин, меҳанпарастӣ - сипосгузорӣ ба фарҳанги аҷдодии худ буда, дар ҳар як фарди бошуури миллат баҳри ҳифзи Ватан ҳисси ватандӯстиро бедор намуда, аз онҳо худогоҳӣ, вазифашиносӣ  ва садоқатмандиро нисбат ба халқу Ватан  талаб мекунад.   

  Ҳамин тариқ, мафҳумҳои тозабунёди «идеяи миллӣ»  ва «ҳувияти миллӣ», ки дар як пояи бунёдии ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулияти  давлатдорӣ дар робита ба ҳам ба вуҷуд омадаанд, дар шароити худмуайянкунии миллатҳо ва таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.

 Зоҳиршавии ин мафҳумҳо дар шароити кунунии амалишавии фикру андеша ва ормонҳои миллӣ дар симои давлати соҳибистиқлоли миллӣ равшан мушоҳида мешавад, ки ин падидаҳои иҷтимоӣ  дар ҳамбастагӣ  ба ҳам дар худмуайянкунии миллатҳои дунё - чун  ифодагари худшиносии  миллии мардум баромад карда, дар барпо шудани  истиқлолияти давлати миллӣ нақши калидӣ мебозанд.

  Маълум аст, ки худмуайянкунии миллатҳо дар шароити тезутунди бавуҷудоии муносибатҳои нави капиталистӣ мушоҳида мешуд. Аз ин рӯ, меъёрҳои низоми сармоядорӣ дар ҷанбаи ҷамъиятӣ мафҳумҳои «шахси хусусӣ», «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва «озодии фардӣ» -ро пеш гузоштанд.  Беҳуда нест, ки мутафаккири Fарб Макс Вебер дар натиҷаи тадқиқотҳои  сотсиологии худ ба хулосае омад, ки давлати миллӣ он давлатест, ки барои муносибатҳои бозаргонӣ роҳ кушода, ба рушди сармоядорӣ имконият медиҳад.[5]

  Таълимоти Макс Вебер дар бораи давлат бо назарияи  миллаташ  зич печида буд. Ба ақидаи ӯ, бе ваҳдати миллии ҷомеа на танҳо  ба эътирофи ҳокимияти арбобон,  балки  ба суботи ҷомеа ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ низ расидан ғайриимкон аст, зеро ин шароитҳоро  танҳо давлати қудрати молидошта  таъмин карда метавонад.

  Рушди сохторҳои иҷтимоии ҳар як миллат, шинохти ҳувияти миллӣ ва ташаккули ваҳдату ягонагии он дар асоси  муттаҳидшавӣ дар ҳудуди  арзи муайян, яъне давлат, тавассути  ташаккули идеяи миллӣ, ки  аз таҷрибаи таърихӣ ва манфиатҳои  иҷтимоии мардум  дар заминаи ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ ба вуҷуд меоянд, тавассути ташаккули ҳувияти миллӣ воқеӣ мегарданд.

  Идеяи миллӣ ниёзи иҷтимоӣ  ва кафолати нигоҳ доштани вижагиҳои куллии мардум, муайянкунандаи ҳадафҳо ва стратегияи  рушди ояндаи  миллат мебошад.

  Миллат мафҳумест, ки онро бо як таърифи  умумӣ ифода кардан ғайриимкон аст, чунки он чун умумияти этникии иҷтимоии олидараҷа дар асоси хусусиятҳои умумӣ ва мӯътамаде, ки ҳамаи вижагиҳои умумияти қавмиро дар бар мегирад, муайян карда мешавад.

  Миллат, маъмулан, ҳамбастагӣ, ҳамраъйӣ ва ҷонибдории одамонро нисбат ба якдигар  ва нисбати арзишҳои баргузида ифода мекунад. Пажӯҳишҳои мо дар ин соҳа нишон додаанд, ки ҳанӯз, мутаассифона,  ҳеҷ як роҳу усули барои ҳамаи миллатҳо ягонае оиди он рафтору амалҳои умумие,  ки  инчунину ончунон  ҳамбастагию дастаҷамъ будани мардуми гуногунмиллати як кишварро бо як равишу қоидаи муайян ташаккул ва инкишоф дода тавонад,  кашф нашудааст.

  Чуноне ки инсон, ҳамеша дар ҷустуҷӯи маънии ҳаёт ва худии хеш аст, ҳамин тавр  ҳар миллате, ки дорои фарҳангу маънавиёти зинда аст, дар раванди рушду камоли шуури таърихиаш ҷӯёи рисолати хеш буда, ҳамеша ба саволҳои «мо кистем?» ва «маънии вуҷуду марому мақсади мавҷудияти мо дар чист?» посух меҷӯяд. Дарки ин маънӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти он танҳо дар шароити мавҷудияти ҳудуди давлатӣ ва  фазои фарҳанги  миллӣ муяссар мегардад, чунки ин масъала ҷузъе аз кулли манфиатҳои миллии дохилии давлат аст, ки тамоми диққати аҳли ҷомеаи миллӣ ва фаъолияти иҷтимоию ҷамъиятии ниҳодҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба баррасӣ ёфтани  онҳо  равона шудааст.

  Идеяи миллӣ, ки асолати он ғояи даркшудаи ватандӯстӣ ва рисолати мардум аст, дар роҳи ба даст овардани манфиатҳои миллию хориҷӣ ба тавассути мақсадгузориҳо ва ҳадафҳои мушаххас  таҳким меёбад. Ҳар як идеяи миллӣ аз шарту шароити иҷтимоии зиндагӣ ва рӯзгори мардум баромада, чун ифодагари манфиатҳои миллӣ, дар асл ғояҳои арзишманд ва принсипҳои аслии таҳким ва рушди ҳаёти ҷомеаи миллиро ифода  мекунад.

  Идеяи миллӣ, ба маънои тангаш, системаи фикру андешаҳои ба ҳам марбут, ки ғояи асосии он ба василаи ҳадафҳои мушаххаси замон ва тамоюлҳои арзишнок дар соҳаи ҳувияти миллӣ бар ваҳдату ягонагии сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии миллӣ ба қудрати иқтисодӣ расидан бошад, ба маънои васеаш,  он чун «дурнамои био-иҷтимоӣ омили ҳаётӣ»[6]- нигоҳдорандаи симои миллӣ ва таъмингари ҳифзи давлату миллат нақши ҳидоятгаронаи созандаро мебозад. Дар ин ҷода идеяи миллӣ  баҳри амалӣ шудани фикру андеша ва ормонҳои арзишноки миллӣ мардумро бар ҳифзу дифои Ватан ва ватанпарварӣ, меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ тавассути дарки ҳувияти миллӣ  даъват менамояд. 

  Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки масъалаи ҳамгироӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамеша дар маркази диққати мутафаккирон - зиёиёну арбобони сиёсӣ, сарварони ҳар як давлати нави ба истиқлоли миллӣ расида бо фикру андешаҳои миллии мардум  пайваста зоҳир мешуданд, мавҷуд буд. Ин робита вобаста ба дигаргуниҳои ҷамъиятӣ ва ҳар муносибатҳои нави иҷтимоии ташаккулёфтаистода ҳамчун натиҷа ва маҳсули ин ё он ақидаву идеяи  миллии давру замони муайян – чун   инъикоскунандаи хираду тавоноии зеҳнӣ ва сатҳи шууру худшиносии мардум тазоҳур меёбад. Ҳар як мақсаду мароми мардум дар шакли ҳадафҳои мушаххаси созандаи миллат баҳри воқеӣ шудани идеяи миллии ваҳдат ва ягонагии миллӣ ва ба даст овардани иқтидори сиёсӣ-иқтисодии давлати соҳибистиқлоли миллӣ тавассути ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ муяссар мегардад.

  Ҳамин тариқ, идеяи миллии халқи тоҷик, аз нигоҳи таърих,  таъмини ваҳдат ва ягонагии миллии тоҷикон мебошад, ки он дар  дасти роҳбарону пешвоёни хирадманди миллат машъали нурафщони ақлу хирад ва ҳидоятгари фаъолияти маънавию  ахлоқии мардум мегардад. Он худнигаҳдорию ҳифзи генофонду фарҳанги маънавии қавми тоҷикро дар замонҳои пурихтилофи  тақдирсоз таъмин намуда, мардумони як кишварро баҳри расидан ба ҳадафҳои миллӣ ба якдилию дастҷамъӣ ва  ҳамбастагӣ даъват  менамуд.

  Маълум аст, ки ҳар андешаю фикре, ки дар шуури ҷамъиятии  мардум тавлид мегардад, аз дарки амиқи воқеият ва эҳсоси фароянди ҷамъият маъво гирифта, ҳадафҳои ақлонии миллатнигаҳдорандаро дар худ таҷассум месозад. Танҳо шахсиятҳои бузург метавонанд андешаҳои зиндагисози халқу миллати хешро хуб дарк намуда, ба амалӣ гардидани орзую омол ва ормонҳои чандинасраи ниёгон камари ҳиммат бибанданд. Агар Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар замони худ Давлати аввалини тоҷиконро дар асоси эҳёи фарҳанги маънавии ниёгон ва қудрати иқтисодӣ бахшидан ташкил намуда, ба ташаккули халқи тоҷик - чун умумияти таърихӣ-иҷтимоӣ поягузорӣ карда бошад, дар замони имрӯза Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаю сулҳдӯстонаи тоҷикӣ на танҳо ба татбиқи амалии идеяи миллӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ саҳми таърихӣ гузоштанд, балки барои истеҳком ёфтани истиқлолияти  миллӣ ва   тахассусёбии  миллат – чун  шакли олии умумияти таърихӣ-иҷтимоӣ имкониятҳо ба вуҷуд оварда истодаанд. Пешвои миллат дар доираи татбиқи амалии идеяи миллии ваҳдат ва ягонагии халқи тоҷик фаъолияти пурмаҳсули сиёсӣ-иҷтимоӣ бурда, дар шароитҳои гуногуни воқеияти имрӯза ва  чолишҳои ҷадиди ҷаҳонишавӣ дар назди аҳли ҷомеа ҳадафҳои созандаи миллӣ ва ҷамъиятиро пеш мегузоранд.

  Шароити кунуние, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои миллии дар фазои пасошӯравӣ таъсисёфта дар набарди ҳастӣ азму талоши соҳибистиқлолӣ ва миллият мекунанд,  раванди ҷаҳонишавӣ - чун як бархӯрди бузурги иҷтимоӣ мушкилоти хосаеро ба майдон меорад.

  Ҷаҳонишавӣ, бар асари ҳадафҳои умумибашарӣ, ки яке аз онҳо,  яксонкунонии фарҳангу иқтисодиёти мамлакатҳои дунё мебошад, дар фазои хориҷу бегона ва фавқуллода афтодани миллатҳоро тақозо намуда, боиси аз  байн рафтани рисолату асолати миллатҳо мегардад. Ин вазъи хеле муташанниҷу  ташвишовар мебошад, чунки, мувофиқи қонуниятҳои рушди иҷтимоӣ ва пешгӯиҳои илмии муосир, гӯё мавҷи пурталотуми ҷаҳонишавӣ на фақат наздикшавии иқтисодиёт ва ҳалли мушкилоти моддию молии умумибашариро дар назар дорад, балки он сабаби аз байн рафтани давлатҳои миллӣ ва дар баробари ин - барҳам хӯрдани истиқлолияти миллии мардумон мегардад.

  Пас саволҳое бар миён меоянд, ки “оқибати ҳувияти миллӣ чӣ гуна хоҳад буд?” Оё дар ин маҷрои ҷаҳонишавӣ, ки бар ҳастии давлатҳои миллӣ таҳдид мекунад, ҷустуҷӯи идеяи миллӣ ва умумимиллӣ, ташаккулу рушду нумӯъ ва арзёбии ҳувияти миллӣ зарур аст?

  Ин саволҳо дар сабки фалсафаи вуҷуди асри XX - экзистенсиализм гузошта шудаанд. Намояндагони фалсафаи вуҷуд қайд мекунанд, ки  ҳеҷ чиз абадӣ нест,  ҳама чиз харобу хомушу оқибат нобуд мешавад. Башарият низ, куллан, як фароянди ҳаётӣ аст.  Ончунон ки ҳама чиз рушду нумӯъ  намуда, бо мурури замон куҳнаю фарсуда шуда, сипас, нобуд мешавад, инсон ҳам боқӣ намемонад, мемирад.  Пас ҳадафи вуҷуду мавҷуд ва асли маънии ҳаёти инсон дар чист ва оқибати башарият чӣ хоҳад буд?

  Бешубҳа, таърихи ҳар халқу миллат ва ҳар як кишвар нотакрор, ягона ва беназир аст. Аммо ҳар  раванди ягона дар  вуҷуди худ як чизи муштарак ва нишонаҳои умумиеро дорост, ки вайро бо фарояндҳои дигар пайванду  муттаҳид месозад.  Агар ба ҷиҳати буду нобуди мавҷудот аз назари фалсафӣ нигарем, нисбати раванди ҷаҳонишавӣ ва оқибату фароянди ҳувияти миллӣ гуфтан ҷоиз аст, ки ҳеҷ як чиз бесабабе  ба вуҷуд намеояд  ва  он ҳаргиз беасар нобуд намешавад, балки вай  аз як шакл  ба шакли дигар гузашта, дар тағйири худ ҳамон ҷавҳари аслиашро нигоҳ медорад. Замон онро дар масири шароитҳои ҷадиди мухталиф сайқал дода, рушду инкишоф мебахшад.

  Қонунҳои диалектикӣ, ки алоқаҳои объективии умумию устувор, ниҳоят зарурӣ ва такроршавандаро инъикос мекунанд,  фарогири кулли муҳити воқеиянд ва ҳамеша дар  байни мавҷудот ва дохили ҳар як вуҷуду мавҷуд амал карда, омили  тағйирёбии ҳама чиз мегарданд. Қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо, ки  яке аз қонуни бунёдии диалектика  аст, муайян сохтааст, ки  ҳамаи мавҷудот аз мабдаҳои баҳамзид таркиб ёфтаанд, ки табиатан ягона бошанд ҳам, ҳамеша дар вазъи мубориза ва зиддияти шадиди байниҳамдигарӣ қарор доранд. 

  Тағйирёбӣ – худ  инкишофёбӣ ва ҳаракат аст. Фишанги дохилии ҳаракат ва инкишофи диалектикӣ, ки ҷавҳари он ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳост, дар манбаю моҳияти тамоми мавҷудоти олам  маҳфуз мебошад. Механизми ҳар инкишофу ҳаракат дар раванди  гузариш аз кӯҳна ба нав ба кор даромада, нигаҳдории асолати ҳар чиз  аз рӯйи қонуни гузариши тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ тавассути мавҷудияти робитаи байниҳамдигарии наву кӯҳна таъмин мегардад. Ҳувияти миллӣ низ чун падидаҳои дигари хусусии иҷтимоӣ ҷавҳари башарӣ,  асолату вижагиҳои  зиндагисози ҳар қавму миллатро  мувофиқи қонунҳои диалектикӣ тавсаа бахшида,  дар оянда бо тобишу шаклҳои фавқуллода рушду нумӯъ меёбад.

  Ба ақидаи мо, фишанги рушду нумӯи минбаъдаи ҳувияти миллӣ чун дигар падидаҳои хусусии иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аз рӯи қонунҳои диалектикӣ ба тавассути ангезаҳои ҷадиди пурмӯҳтаво доир  мегардад. Ба ҳамин минвол, ҳувияти миллӣ, ки он  шабоҳат, айнияту  тафовутҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллатҳоро оиди мутааллиқ буданашон ба як фарҳанги хос муайян мекунад, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳангоми наздикшавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо маҳз ҳамон фишанги амалиёти мутақобилае, ки дар вуҷуди ҳар падида,  мавҷудот ва ҳодисот маҳфуз аст, боиси ҳаракати онҳо ба сӯи мавҷудияту инкишофи ояндаашон  мегардад. Чунин шакл гирифтани вуҷуду мавҷуди тамоми ашёи олам, рушду нумуи диалектикии чизҳо ва падидаҳои иҷтимоиро ҳанӯз олимони немис Г. Гегел ва К. Маркс асоснок намудаанд.

  Қонуни инкори инкор алоқамандии узвии раванди олами моддӣ ва тафаккурро муайян намуда, роҳҳои ҳалли зиддияти ба онҳо хосро нишон медиҳад. Инкори инкор - қонуни инкишофи ҳодисаҳои олами моддӣ ва инъикоси онҳо дар шуур низ мебошад.  Инкори инкор тамоюл, самт, суръат, шакл ва натиҷаи инкишофи ҷомеаи ояндаро нишон медиҳад. Агарчанде ки инкишоф ҳам майл ба пойн ва ҳам ба болоро низ дорад, бо вуҷуди ин тамоюли ҳаракати созанда  ҳамеша ба сӯи боло равона аст. Ин хусусияти мураккаби қонуни инкори инкорро Ф. Энгелс чунин қайд кардааст:  “Қонуни  бағоят умумӣ ва маҳз ба ҳамин сабаб бағоят васеъ амалкунандаи табиат, таърих ва тафаккур мебошад; қонунест, ки он... дар олами ҳайвонот ва олами наботот, дар геология, математика, таърих ва фалсафа зоҳир мешавад”[7] .

  Мураккабию ногузирии қонуниятҳои умумии  амалкунанда ва имконпазирии ҳар гуна зуҳуротро мардум низ хуб дарк намудааст, ки   дар урфият мегӯянд:  “Себ то афтодан сад бор чарх мезанад”, “Ҳама чизро вақту замон таъйину тамрин месозад”. Аз ин рӯ, ба ақидаи мо, ҳувияти миллӣ чун дигар падидаҳои иҷтимоӣ, ба  тағйироте дучор мегардад, ки ҷавҳару нерӯи созандаи асолату рисолати миллиро  дар шакли  ҷадид сайқал мебахшад, чунки  ҳаракати он низ чун ҳама чизу ашё  аз паст ба боло, аз сода ба мураккаб, аз куҳна ба нав, аз абстрактӣ ба конкретӣ ҷараён дорад.  

  Бешубҳа, Замон бекарона аст ва чизеро, ки он ба вуҷуд меорад, ҳамеша фавқуллода аст. Ҳеҷ як чизи нав бесабаб ва беасос нест, он натиҷаи таҷрибаи гузаштаи фардию ҷамъии мардум ва зуҳуроти нотакрори ғайричашмдошти табиӣ  мебошад.

  Дар ҳоли ҳозир диққати ҷомеаи миллӣ пеш аз ҳама ба  рушду нумӯи ҳамаҷонибаи мамлакат равона карда шудааст, ки талаботи замон ва яке аз муҳимтарин самтҳои муосири сиёсати давлати миллӣ - ташаккули мафкураи миллии он мебошад. Аз ин ҷост, зиёиёну арбобони барӯманди миллат дар ташаккул додани идеяи  миллии баркамоле азму талош менамоянд, ки мазмуну моҳияти он ба сафарбаркунии ҷомеаи миллӣ ва кулли ҷомеаи умумимиллии тоҷикистонӣ  нигаронида шуда бошад.

  Таҳлили адабиёти илмӣ ва воқеияти имрӯза оиди ташаккули идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити сохторёбии муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар ҷумҳурии мо ба он ишора мекунанд, ки дарки ҳувияти миллӣ аз ҷониби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ хеле муҳиму масъалаи ҷиддӣ буда, дар таҳкими давлати соҳибистиқлоли миллӣ хеле пурмӯҳтаво аст. Он танҳо дар асоси шинохти амиқу тарҳрезии идеяи миллӣ муяссар мегардад.

  Мувофиқи дарёфти мо, идеяи миллии таърихию сарнавиштсози халқи тоҷик - идеяи ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар  марҳиллаҳои гуногуни таърихии худ ва тараққиёти иҷтимоии ҷомеа  бо ҳадафҳои мушаххаси худ дар раванди рушди  ҷомеаи миллӣ маҷрои муайян мебахшид. Зоҳиршавии идеяи миллии мазкур қариб ҳамеша дар давраҳои тақдирсозу пургирудори миллат, ки хусусияти умумимиллӣ доштанд,  ҳувайдо мегардид. Он ҳамеша барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии миллӣ ба майдон омада, вазифаҳо ва ҳадафҳои муҳими давлат ва ҷомеаро муайян менамояд.

  Ҳамин тариқ, идеяи миллии таърихии тоҷик, ки он - ягонагӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон мебошад, дар шароитҳои нави таърихии миллат дар назди аҳли ҷомеа ҳамеша ҳадафҳои созандаи ҷамъиятиро ба миён мегузорад. Дар фазои  пурталотуми пасошӯравӣ, масалан, он аввал дар созмони давлати миллӣ ва ба даст овардани  истиқлолияти миллӣ, пас, дарки ҳамватанӣ ва  барқарор намудани  сулҳу оштӣ миёни аҳли ҷомеа, инчунин дар шароити мухталиф, нигоҳдошти муносибатҳои легитимӣ- боварии комил ба ҳокимияти  давлатӣ,  ҳамфикрӣ ва ҳамрайъии мардум, бартараф намудани ихтилофоти сиёсӣ-иҷтимоии байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани якпарчагии давлати соҳибистиқлоли миллӣ зоҳир мегардад.

Дар радифи ин иқдомоти сиёсӣ ҳадафҳои кунунии идеяи миллии тоҷикон ҷанбаҳои нави сиёсӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва  иқтисодиро ба миён мегузорад, ки бархе аз онҳо чунинанд:

  • Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ тавассути сохтани пулу таъмири роҳҳо;
  • Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби неъматҳои табиии кишвар;
  • Ба даст овардани иқтидори молӣ аз ҳисоби рушди иқтисоди кишвар;
  • Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ;
  • Ташаккули шуури зеҳнии насли наврас ва ҷавони Тоҷикистон;

Ҳоло тафаккури пешқадами миллӣ ба ҳамбастагии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии бо ҷаҳониён рӯ оварда, фикру андешаи мардумро ба ҷустуҷӯи мафҳумҳои нав, мисли ҷомеаи тоҷикистонӣ ва “ташаккули идеяи  умумимиллӣ” моил месозад.

Идеяи  миллӣ ҳамон гоҳ умумимиллӣ мегардад, ки агар он ақлу шуури тамоми халқҳои ҳамватанро новобаста ба миллаташон аз рӯи манфиати умумимиллию давлатӣ  фаро гирифта, мардумони кишвар ва хусусан ҷавононро бо дарки ҳувияти шаҳрвандию  ҳамватанӣ доштан ва аҳли як фазою узви ҷомеаи сермиллати тоҷикистонӣ буданашон, онҳоро ба  ҳамраъйию  ҳамбастагӣ  ва  ягонагию ваҳдати умумимиллӣ расонад.

Назира Орифҷонова

 номзади илмҳои фалсафа

  Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (17), 2019

Адабиёт:

  1. Вебер М. Избранные произведения. М.: Прогресс, 1990. - 808 с.
  2. Зиновьев А.А. Запад. Избранные сочинения (сборник). Москва: ЛитРес [поставщик], 2013. - 450 c.
  3. Манфред Бур. Фихте. Москва,Издательство: Мысль - 166 c.
  4. Скидмор М. Дж., Трипп М.К. Американская система государственного управления. – М.: Квадрат, 1993. - 384 с. 
  5. Орлов И.Б. Механизм формирования национальной идеи. См. : Т. I.: Национальная идея России. В 6 т. М.: Научный эксперт, 2012. -752 c. 
  6. Эмомалӣ Рахмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Душанбе: Ирфон, 2009. — 704 сах.
  7. Энгельс Ф. Анти-Дюринг, М.: Политиздат, 1988.-. I—XII, 482 с.
  8. Эъломияи Истиқлоли ИМА (4 июли с.1776).

 

[1] Манфред Бур. Фихте. Москва, Издательство: Мысль 1965. c. 116.

[2] Манфред Бур. Фихте. Москва, Издательство: Мысль 1965. c. 122.

[3] Александр Александрович Зиновьев Запад. Избранные сочинения (сборник). Москва,2013. С. 35.

[4] Эъломияи  Истиқлоли ИМА (4 июли с.1776). - С. 331–334.

[5] М. Вебер. Избранные произведения. М.: Прогресс, 1990. - С.105.

[6] Орлов И.Б. Механизм формирования национальной идеи.— М.: Научный эксперт, 2012. С. 52.

[7] Ф. Энгельс. Анти-Дюринг.М.: Политиздат, 1988- С.144.

Хондан 4846 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр