Нусхаи чопи
Чоршанбе, 11 Марти 2020 06:07

Ифротгароӣ ва мубориза муқобили заминаҳои пайдоиши он

Муаллиф:
Ифротгароӣ ва мубориза муқобили заминаҳои пайдоиши он http://www.tsu.ru/upload/medialibrary/9a4/10.jpg

  Таърихи ҷомеаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз дар давраи гузариш аз як тарз ба тарзи дигари муносибатҳои истеҳсолӣ, ки он дар заминаи куллан тағйир ёфтани шакли моликият сурат мегирад, зуҳуроти номатлуб, аз қабили тундгароӣ,  ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар рӯйи кор меоянд. 
Далели ин гуфтаҳо даргириҳои сиёсӣ ва ҳарбии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бар асари гусастани ҳамгироии иқтисодии дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар як қатор кишварҳо, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода, мебошанд.

  Зуҳуротҳои номатлуб, махсусан дар сароғоз ва марҳалаи ибтидоии гузариши ҷомеаи Тоҷикистони навин бештар зуҳур карданд. Чаро? Ба андешаи мо, иқтисоди бар асари азбайнравии ҳамгироии иқтисодӣ варшикаставу заифгардидаи ҷумҳурӣ бо садҳо корхонаву муассисаҳои бекорхобидаи худ тавлидкунандаи ҳазорон – ҳазор нафар  бекорони соҳибихтисос дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ гардид ва ин ҳолат дар навбати худ сатҳи зиндагии аксари табақаҳои ҷомеаро ба таври назаррас коҳиш дод. Эътимоду боварӣ ба ашхосе, ки гузаришро тарғибу талқину ҳамду ситоиш мекарданд ва воқеан ҳам неруи гузаронандаи он маҳсуб меёфтанд, намонд. Шаҳрвандон дар аксари маврид онҳоро сабабгори сар задани чунин ҳолат дар ҷомеа меҳисобиданд. Хуллас, умеду боварӣ ба ояндаи неку осуда қариб ки аз байн рафта буд. 
  Табиист, ки коҳишёбии сатҳи зиндагӣ ва муҳтоҷии сартосарӣ аз як тараф ва дилмондагии қишри осебпазири ҷомеа аз равшанфикрону зиёиён аз тарафи дигар, барои фаъолияти ифротгароёну даҳшатафканон имкони мусоид фароҳам овард ва онҳо барои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии шахсии худ фазои холимондаи ғоявӣ ва фарҳангиро бо мафкураи бинишҳои хурофотӣ ва таассубӣ пур карданӣ шуданд. 
  Ҳамзамон, дар масири мазкур омили асосии дигар - авзои муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои манофеи давлатҳои абарқудрат тақвиятбахши зуҳуроти номатлуб гардид. Зеро давлатҳои абарқудрат барои ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои худ ҷомеаҳои аз нигоҳи иқтисодӣ заифу дастнигар ва дар гирдоби хурофоту таассубмондаро интихоб менамоянд. Аҷибаш он ҳаст, ки абарқудратон ҳамаи инро зери пардаи «кумакҳои холисона» анҷом медиҳанд.
  Аз ин лиҳоз, роҳи самарабахши кӯтаҳ кардани дасти неруҳо ва ашхоси ифротгаро аз диди иқтисодӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дастгирии табақаи осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин самт иҷрои вазифаҳои зерин: 
- фаъол гардондани омили инсонӣ; 
- рушди инноватсионии неруи кадрии низоми иҷтимоию иқтисодӣ;
- ташаккул додани бозори сармояи инсонӣ;
- танзими бозори меҳнати ҷумҳурӣ;
- таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ;
- муассир гардондани нақши мушоракати иҷтимоӣ дар танзими муносибатҳои меҳнатии байни корфармо ва корманд;
- дастгирии шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ;
- такмил додани низоми идоракунии меҳнат зарур мебошад.      
  Мутаассифона, дар он айёми нобасомон ва пурихтилоф, ки ба дӯши давлат вазифаи мубрами рӯз – тинҷу ором кардани авзои ҷомеа ва таъмини сулҳу салоҳ меистод, имкони амалӣ намудани тадбирҳои зикргардида набуд. 
  Марҳалаи дигари таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сарфи раванди баргардондани беш аз як миллион нафар гуреза ва барқарор намудани рукнҳои иқтисоди бар асари ҷанги таҳмилӣ харобгардидаву ба маблағи беш аз 10 миллиард зарардида гардид. Тавре  ки маълуми ҳамагон аст, ҷанги шаҳрвандии ба сари хурду бузурги ҷумҳуриовардаи ифротгароёну даҳшатафканон 150 ҳазор шаҳрванди кушташуда, 55 ҳазор нафар кӯдаки ятим ва 25 ҳазор зани бешавҳармондаро бар ҷой гузошта буд.
  Бо расидан ба марҳалаи сулҳу субот яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ - иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ки он замон 81 дарсадро ташкил медод ва дар ин раванд дастгирии ҳамҷонибаи табақаи осебпазири ҷомеа, махсусан бекорон гардид. Татбиқи маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати ба шуғли сермаҳсул фаро гирифтани шаҳрвандон, махсусан ҷавонони соҳибкасб, вале бекор вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҳсуб дониста шуд.  
  Таҳти мафҳуми “шуғли сермаҳсул” шуғле фаҳмида мешавад, ки натиҷаи он сатҳи қонеъкунандаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисод ва саривақту пурра пардохт гардидани он фаҳмида мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли 2019 андозаи музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба 1323,9 сомонӣ баробар гардид. Дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар истихроҷи канданиҳои фоиданок 2576,8 сомонӣ, сохтмон 2395,0 сомонӣ ва  неруи барқ, газ ва таъминоти об 2002,0 сомонӣ мебошад.
  Теъдоди аҳолии дар иқтисоди мамлакат фаъол аз рӯи арзёбиҳои  пешакӣ, дар моҳи октябри соли 2019 - ум 2 миллиону 379,5 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки аз ин 2 миллиону 329 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисод машғули фаъолияти меҳнатӣ буда, 50,5 ҳазор нафари дигар расман мақоми бекорӣ дорад. Яъне, сатҳи расмии бекорӣ  2,1 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад.
Дар раванди бо шуғли сермаҳсул фаро гирифтани аҳолии бекор теъдоди шуғлдоштагон батадриҷ меафзуд.  Масалан, дар як  соли 2019 дар доираи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 76374 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 5511 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 17900 нафар тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар марказҳои таълимии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуда, 33295 нафар аз хизматрасониҳои касбӣ бархӯрдор шудаанд. Тавассути доир намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар соли сипаригардида 10952 корҷӯй роҳхат ба ҷойи кор ва 6549 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ гирифта, 1489 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. 
  Дар маҷмӯъ, тавассути ташкил ва гузарондани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар соли гузашта 15884 нафар ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардид.
 Яке аз роҳҳои бо шуғли сермаҳсул таъмин намудани шаҳрвандон ва дар ин замина таъмини манбаи даромади онҳо ва аҳли хонадонашон, ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад соли 2019 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3981 корҷӯ 12 миллиону 260,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки аз  ин маблағ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1648 нафар дар ҳаҷми 5 миллиону 946,5 ҳазор сомонӣ, барои ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ  ба 1250 нафар 3 миллиону 849,9 ҳазор сомонӣ ва барои роҳандозии фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ 1083 нафар ба маблағи 2 миллиону 464,4 ҳазор сомонӣ пешниҳод карда шудааст. Ҷиҳати дастгирии бекорон бошад, ба 11229 нафар 5 миллиону 881,7 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъйин ва пардохт гардидааст.
  Тавре аз тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, алалхусус то сатҳи 27,5 дарсад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ бармеояд,  айни замон таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба раванди гароиши аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, ба ифротгароиву даҳшатафканӣ бамаротиб кам гардидааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки омилҳои хатарзои ин раванд батамом аз байн бардошта шудаанд.
Имрӯз ифротгароёну даҳшатафканони шикастхӯрдаву ниқорталаб бо истифода аз имконоти технологияи муосири иттилоотӣ минбарҳои фатвоҳои интернетии фитнаангези худро бунёд намудаанд.
Дар ин маврид рисолати ҳар як фарди огоҳ ва ватандӯсту ободгари Ватан додани посухи сазовор ба чунин роҳгумзадагон мебошад.
    


Савлатшоҳи ХОВАРӢ, 
мудири шуъбаи Муассисаи 
давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, 
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»

Бознашр: http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=40008

Хондан 1168 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр