Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 15 Сентябри 2022 08:45

Искандаркӯл ба Искандари Мақдунӣ рабте надорад

Муаллиф: Хубон НАЗИРӢ

  Чанде қабл монографияи олими ҷавони тоҷик, номзади илмҳои техникӣ Н.Б. Қурбонов ва олими рус, доктори улуми кимиё, профессор Г.Т. Фрумин таҳти унвони «Влияние изменения климата на условия формирования и химического состава водных ресурсов бассейна реки Зерафшан», ки тавассути нашриёти байналмилалии LAP LAMBERT Academic Publishing дар ҳаҷми 145 саҳифа ба нашр расидааст, дастрас гардид. Монография дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти муштараки чандинсолаи олимон таълиф ёфта, аз ҷониби академики Академияи миллии илмҳои Украина Гончарук В.В., профессори Донишгоҳи давлатии Ереван Варданян Т.Г., профессори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Ҳикматов Ф.Ҳ. ва профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Раҳимов А.И. баҳои сазовор гирифтааст. Зеро он фарогири мавзуъҳои ба ҳам алоқаманди соҳаҳои география, метеорология, гидрология, экология ва ҳолатҳои фавқулола буда, дар маҷмӯъ, тадқиқоти комилан ҷадиди маҷмӯиро оид ба ҳавзаи дарёи Зарафшон дар бар мегирад. Ҳарчанд, муаллифон андешаву навиштаҳои хешро дар асоси далелҳои таҷрибавӣ ва маълумотҳои мушоҳидавӣ асоснок намуда, монографияро барои олимону мутахассисони соҳаҳои болозикр пешниҳод кардаанд, аз нигоҳи ин ҷониб он барои дӯстдорони табиату сарватҳои табиии Тоҷикистон, хосатан водии Зарафшон, ҳаводорони илмҳои заминшиносӣ ва инчунин, доираи васеи хонандагон хеле муфид мебошад.

  Бо вуҷуди маълумоту далелҳои дақиқи илмӣ, аз ин монография он чӣ таваҷҷуҳи моро бештар ҷалб намуд, гидроними (номвожаи мансуб ба об) «Искандаркӯл» буд. Яъне, тавъам ба он, ки маҳз дар ин монография бори нахустин маълумотҳои тақиқоти гидрохимиявии оби Искандаркӯл ва дарёҳои ба он воридшаванда (Саратоғ, Ҳазормеш, Саридевор, Сарема, Парешон, Дукдон, Соминг ва ғайра) ба таври маҷмӯӣ нишон дода шудаанд, боз навишта шудааст, ки номи дурусти кӯл «Искандакӯл» буда, бо замони муосири тоҷикӣ «Баландкӯл» ё «Кӯл дар баландӣ» мебошад. Воқеан ҳам ин андешаи олимони табиатшинос мо, муаллифонро водор намуд, ки доир ба этимологияи «Искандаркӯл» чанде мулоҳизаронӣ намоем.

  Иттилооти географӣ нишон медиҳанд, ки сарзамини офтобрӯяву кӯҳсори Тоҷикистон аз кӯлҳо хеле ғанӣ буда, онҳои дар марзи кишвар ниҳоят нобаробар тақсим шудаанд. Агар дар сарзамини Осиёи Марказӣ қисми бештари кӯлҳо ва бузургтарини онҳо дар ҳамвориҳо воқеъ гашта бошанд, пас дар Тоҷикистон онҳо асосан дар кӯҳҳо, дар навбати аввал, дар баландкӯҳҳо воқеъ гаштаанд. Қисми бештари кӯлҳои ҷумҳурӣ дар Помир, пасон дар Зарафшону Олой ва ниҳоят дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ҷойгир шудаанд. Доир ба миқдори кӯлҳои Тоҷикистон андешҳо гуногун буда, тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон (Захираи обҳои сатҳии СССР, 1976) дар кишвар 1449 кӯл вуҷуд дорад ва бино ба навиштаи Никитин А.М. (Кӯлҳои Осиёи Миёна. - Ленинград, 1987) Тоҷикистон дорои 1300 кӯл мебошад.

  Аз ҷиҳати пайдоиш ва сохт бошад, кӯлҳои Тоҷикистонро ба 4 гурӯҳ ҷудо менамоянд: тектоникӣ (Қарокӯл, Зоркӯл, Рангкӯл, Шӯркӯл, Сасиқкӯл, Шива ва ғайра), пиряхӣ (баъзе кӯлҳои дараҳои Шинг, Киштӯд ва Пастрӯд), сарбандӣ ё фурӯғалтӣ (Сарез, Яшилкӯл, Турумтойкӯл, Друмкӯл, Риваккӯл ва ғайра) ва гидрогенӣ ё  обаслӣ (ин навъ кӯлҳо дар доманаи кӯҳҳову пуштаҳои Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, пуштакӯҳи Хоҷасартезу Хоҷамуъмин дучор мешаванд). Баъзе гурӯҳҳо дар навбати худ ба хелҳо низ тақсим мешаванд. Инчунин, дар Тоҷикистон кӯлҳое мавҷуданд, ки дар пайдоишу таҳаввулашон якбора омилҳои зиёде таъсир расонидаанд, аз ин ваҷҳ пайдоиши онҳоро омехта номидан дуруст аст. Яке аз ин гуна кӯлҳо Искандаркӯл мебошад, ки дар пайдоишу таҳаввули он омилҳои тектоникӣ, пиряхӣ ва бандшавӣ нақши хосе доранд.

  Искандаркӯл калонтарин ва зеботарин кӯл ҳам дар водии Зарафшон ва ҳам дар вилояти Суғд буда, дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон – кӯҳсори Фон, дар баландии 2195 м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Кӯл шакли секунҷаро доро буда, 71,7 м чуқурӣ, 3,5 км2 масоҳат, 3,26 км дарозӣ, 1,5-2,9 км паҳноӣ, 172 млн м3 захираи об дошта, дарозии умумии гирдогирдаш ба 14275 м баробар аст. Вобаста ба фаслҳои сол ин ҳаҷм тағйир меёбад. Ҳамчунин, пажӯҳишгарон Баратов Р.Б. ва Новиков В.П. бар он ақидаанд, ки дар ибтидо сатҳи оби кӯл беш аз 120 метр буда, нишонаҳои он то имрӯз дар кӯҳҳои атрофи кӯл нақш бастаанд (Каменное чудо Таджикистана. – Душанбе, 1984). Изҳои сатҳи қадимаи кӯлро нисбат ба сатҳи хозираи он дар баландиҳои 17, 35, 90 ва 117 метр мушоҳида кардан мумкин аст. Ин изҳо ба он далолат мекунанд, ки сатҳи қадимаи оби кӯл чаҳор маротиба паст фаромада, ба сатҳи ҳозира омада расидааст.

  Тибқи навиштаи гурӯҳе аз олимони тоҷик (Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов А.С., Аброров Ҳ. Об, илм ва рушди устувор. Душанбе, 2018), атрофи Искандаркӯлро бештар оҳаксангҳои тира, регсанг, варақсангҳо, конгломератҳо ва оҳаксангҳои равшани булӯрӣ фаро гирифтаанд, ки асосан ба давраи палеозой мансубанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пайдоиши кӯл ҳам ба амалиёти пиряхҳои замони қадим, ҳам ба лағжиши кӯҳпора ва ҳам ба амалиёти тектоникӣ вобаста аст. Асоси сарбанди аввалини Искандаркӯлро моренаҳои пиряхӣ гузоштаанд. Баъдан аз соҳили чапи Искандардарё кӯҳпораи азим фурӯ ғалтида, болои моренаҳоро пӯшонид, сатҳи оби кӯл нисбат ба сатҳи ҳозирааш 150 метр баланд шуд. Ҳоло маълум карда шудааст, ки Искандаркӯл дар минтақаи харакатноки тектоникавӣ воқеъ буда, тарафи шимолиаш оҳиста баланд шуда, тарафи ҷанубиаш баръакс фурӯ рафта истодааст.

  Искандаркӯлро аз самти ҷануб шохаҳои қаторкӯҳи Ҳисоp ва аз самти шимол шохаҳои қаторкӯҳи Зарафшон печонида гирифтаанд. Ин кӯҳҳоро руду дарёҳои Ҳазормеш, Саридевор, Париён, Саратоғ, Замбар, Apғ, Сарема ва ғайраҳо бурида, дараю водиҳои ҳайратангезро пайдо кардаанд. Кӯҳҳое, ки гирду атрофи Искандаркӯлро иҳота намудаанд, 4-5 000 метр баландӣ доранд. Ба назар чунин менамояд, ки Искандаркӯл чун косаи пуроб дар кафи даст истодааст, зеро қуллаҳои Боронсанҷ – 3354 м, Шафақҳои гулгун – 4315 м, Энергия – 5120 м, Ғазна – 5300 м ва Чимтарғa – 5489 м баландӣ дорад, чун кӯҳҳо сарбафалаккашида гирду атрофи кӯлро иҳота кардаанд. Аз ин рӯ, аксар вақт кӯҳҳо ва қуллаҳои баланди атрофи кӯлро чодири сафеди барфҳои доимӣ ва пиряхҳо пӯшидаанд, ки рӯду дарёҳоро ғизо мебахшанд.

  Хусусиятҳои обу ҳаво ва иқлим ба гидрография ва гидрологияи Искандаркӯлу ҳавзаи он таъсири равшан гузоштаанд ва инчунин, оби кӯл низ то андозае ба шароитҳои иқлимии наздисоҳил таъсир мерасонад. Аз ин ҷост, ки зимистони мавзеи Искандаркӯл мулоим буда, тобистонаш салқину форам аст. Ҳарорати миёнаи моҳи январ - 5°С (минимум – 19°С) буда, баҳор аз даҳаи аввали апрел сap мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +18°С (максимум +34°С) ва ҳарорати миёнаи солона ба +6,4°С баробар аст. Соле дар Искандаркӯл 280 мм боришот мешавад, ғафсии барфи зимистона ба 20 см мерасад. Обу ҳавои байни моҳҳои июн-октябр барои сайру гашту истироҳат мусоид буда, аз ин ҷост, ки Инскандаркӯл ба яке аз маконҳои беҳтарини сайёҳӣ табдил ёфтааст ва шуҳрат баровардааст. Дар кӯҳҳои атрофи Искандаркӯл соле 400-600 мм ва дар нишебиҳои ба ҷанубу ғарб нигаронбудаи кӯҳсорон то 800-1300 мм бориш мешавад. Яъне, ноҳияи Искандаркӯл нисбат ба дигар минтақаҳои водии Зарафшон намнокии бештар ва шароити обу ҳавои муосид дорад.

  Бо вуҷуди ин, на чунин далелҳои дақиқу мушаххас ва ҷолиби илмӣ, балки қиссаву ривоёт ва мансуб донистани номи Искандаркӯл ба подшоҳ ва сарлашкар Искандар Мақдунӣ (356-323), ки соли 329 то милод ба Осиёи Миёна – Бохтару Суғд ҳамла кард, бештар мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа мебошад. Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки исми хоси гидронимҳо ҳанӯз аз аҳди бостон диққати олимонро ҷалб намудааст. Зимни номи шарҳи ин ё он макон (деҳа, шаҳр, ноҳия, вилоят ё давлат) ҳатман дар соҳил ё байни кадом дарё ё баҳр ҷойгир будани он зикр карда мешавад. Дар бисёр мавридҳо ба деҳаву шаҳрҳои соҳили дарёву кӯлҳо номи ҳамон дарё ё кӯл дода шудааст. Масалан, байни дарёҳои Ҷайҳуну Сайҳун – Мовароуннаҳр, байни дарёҳои Даҷлаву Фурот – Байнаннаҳрайн, кӯли Чад – Ҷумҳурии Чад, дарёи Оттава – шаҳри Оттава, дарёи Майн – шаҳри Франкфурти лаби Майн, дарёи Миссури – иёлати Миссури, дарёи Дон – шаҳри Ростови лаби Дон, дарёи Амур – шаҳри Комсомоли лаби Амур, дарёи Волга – шаҳри Волгоград, дарёи Панҷ – ноҳияи Панҷ, дарёи Вахш – ноҳияи Вахш, дарёи Зарафшон – шаҳраки Зарафшон ва ғайра.

  Гидроними «Искандаркӯл» низ таърихи хеле куҳан дошта, то имрӯз дар бораи пайдоиш ва шарҳи луғавии он ин мафҳум фикру андешаҳои мухталиф ҷой доранд. Мутаассифона, қисми аъзами одамон унвони кӯли мазкурро баргирифта аз номи Искандар Мақдунӣ ва пайдоиши мансуб ба фаъолияти ин нафар медонанд. Роҷеъ ин мавзуъ низ чандин ривоятҳо миёни мардум маъмул аст. Ин ҷо набояд фаромӯш кард, ки дар фарҳанги миллии мо тоҷикон, ба номи одамон номгузорӣ шудани маконҳо ҷой надошт ва танҳо пас аз истилои арабҳо ба ҳукми анъана даромаду дар солҳои собиқ ИҶШС ба авҷи камолот расид. Вале, тадқиқоти геологӣ собит менамоняд, ки пайдоиш ва таҳаввули Искандаркӯл ба миллионҳо сол қабл аз истилои юнониҳо ва арабҳо рост меояд. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки гидроними «Искандаркӯл» ба номи подшоҳ ва сарлашкари мақдунӣ Искандар ҳеҷ рабте надорад. Маъхазҳои хаттии таърихӣ низ ин афсонаҳоро куллан рад мекунанд. Зеро тибқи нигоштаи Арриан, Квант Куртсий, Диодори Ситсилӣ ва дигарон Искандар ба ҳудуди Миёнкол (водии Зарафшон) танҳо то Самарқанд омадаасту халос (Ю.Ёқубов. Ёдгориҳои болооби Зарафшон. – Душанбе, 1977). Ҳамчунин, доир ба Искандари Мақдунӣ мансуб донистани нисбат ё надонистани Искандаркӯлро сайёҳ ва мутарҷим Абдураҳмони Мустаҷир дар асараш «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» дар асоси маводҳои экспедитсияи болооби дарёи Зарафшон (25.04-27.06.1870) эҷод шудааст, чунин баён менамояд: «Баъзе кӯли Искандар мегӯянд ва баъзе кӯли Искандар не мегӯянд».

  Бо вуҷуди ин, Искандаркӯл ҳанӯз аз асрҳои миёна ба доираи васеи пажӯҳишгарону сайёҳон маълум буда, дар манбаъҳои гуногуни таърихӣ бо номҳои мухталиф ёдрас шудааст. Фарзи мисол, агар ибни Ҳурдодбеҳ (асри IX) ин кӯлро Айн ва дарёе, ки аз он ҷорӣ мешавад, Ҷирк номида бошад, дар асари маъруфи географӣ – «Ҳудуд-ул-олам» (соли 983) роҷеъ мавқеи ҷойгиршавии Искандаркӯл чунин зикр шудааст: «дар Бутамони миёна ноҳияест машҳур бо номи Барғар (Фалғар, Айнии кунунӣ) ва Дарёҷой (Искандаркӯл) андар вай аст ва рӯди Бухоро (Зарафшон) аз ин Дарёҷой ҷорӣ мешавад». Сипас, дар осори хаттии асрҳои миёна номи кӯл ба унвони «Маштонзардарё» ёдовар мешавад. Вале, дар сарчашмаҳои нимаи дуюми асри XIX-и русӣ ҷойи «Маштонзардарё» «Искандаркӯл» пайдо мешавад. Дар миёнаҳои асри XVIII бошад, дар асарҳои «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) муҳандис-афсари рус К.Ф. Бутёнов Искандаркӯлро чун «Таран» (ҳолати муҳосира дар амалиёти ҳарбӣ) ном бурдааст. Дар умум, дар сарчашмаҳои таърихию географии асрҳои миёна кӯл бо номҳои Айн, Маҷмаъ, Дарёжа, Ҷан ва Таран ёд шудааст. Ба андешаи ховаршинос В.В. Бартолд (1869-1930) кӯл номи имрӯзааш, яъне Искандаркӯлро танҳо дар интиҳои асри XVII касб кардааст.

  Сабаби бо номҳои гуногун ёдовар шудани Искандаркӯл аз таърихи хеле куҳан доштани он дарак медиҳад. Ҳамзамон, дар марҳилаҳои дуру дарози таърихӣ забони суғдӣ зери таъсири забонҳои дигар дигар монд, ки ин боиси аз истеъмол баромадани сазбони суғдӣ ва тағйирёбии шаклу талаффузи калимаҳо гардид. Маҳз ҳамин табдили забони аҳолии маҳал ва душворфаҳм гардидани калимаҳо сабаб гардид, ки мардум доир ба шарҳи вожаи «Искандаркӯл» афсонаҳо офарад. Дар асоси ин ривоятҳо, бисёре одамон ҳангоми шарҳи гидроними «Искандаркӯл» ба таърихи пайдоиши вожа ва маънии асосии он аҳамият надода, танҳо роҳи осони шарҳро пеш мегиранд: исми хоси кӯлро аз ду ҷузъ – «Искандар» - исми шахс ва «кӯл» - манбаи об иборат медоданд.

  Аммо, чунин тарзи ташреҳ комилан ғалат ва ғайриилмӣ буда, онро маъхазҳои хаттии аз кӯҳи Муғ ёфтшуда ва дигар номвожаҳое, ки бо ин калима сохта шудаанд, ба куллӣ билкулл рад менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки ин исми хос аслан на аз ду, балки аз се ҷузъ иборат мебошад. Яъне, «Искандаркӯл» вожаи мураккаби суғдӣ буда, аз се қисм таркиб ёфтааст: «иски» ва ё «аски» маънои «боло», «баландӣ» ва «баланд»-ро дошта, ҷузъи дуюми калима «андар» шакли классикии пешоянди дар мебошад ва қисми сеюми ном дар асл «кӯл» набуда, балки «қул» аст. «Қул» дар забони суғдӣ (яғнобӣ) маънои чарогоҳро дорад, ки ба ҳақиқат рост меояд. Шояд ниёгони мо бо ҳамин маъно дараи сокин будаашонро «Искандарқул» – дараи баланди чарогоҳбоб номида бошанд. Минбаъд зери таъсири забони тоҷикӣ «қул»-и суғдӣ шакли «кӯл»-ро гирифта, маънояш ҳам дигар шуд, яъне номи Искандаркӯлро гирифт.

  Вожаи «иск» дар забони суғдӣ серистеъмол буда, то имрӯз дар манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин асос (калима) исмҳои хос вомехӯрад: деҳаҳои Искодар, Искондарак, Искурӯд, Исковат (ноҳияи Айнӣ), Искич (шаҳри Ҳисор), Вискроғ, Виҷиск, Искад (ноҳияи Ванҷ), Искадар (шаҳри Кӯлоб), Искиш, Исис (ноҳияи Кӯхистони Масчоҳ) ва ғайра. Ҳамчунин, дар баъзе деҳаҳои ноҳияи Айнӣ гузар, маҳалла ё собиқ деҳаҳои мавҷуданд, ки аз дигар гузару маҳаллаҳои деҳа нисбатан баланд ҷойгир шудаанд. Масалан, дар деҳаи Дарғ – Искидарғ, дар деҳаи Рарз – Искурӯд, дар деҳаи Сангистон – Искобод, дар деҳаи Урметан – Исковат ва амсоли инҳо. Аз номвожаҳои номбурда ойконим (исми хоси деҳаҳо)-и Искодар, ки дар сарчашмаҳои хаттии аз қалъаи Муғ пайдогаргида зикр шудааст, аз ҷониби забоншиносони варзида борҳо шарҳ ёфтааст, яъне маънои он «замини воқеъ дар баландӣ» мебошад.

  Ҳамин тавр, мушоҳидаи номвожаҳои болозикр ин фикрро пурра ва амалан исбот менамояд, ки калимаи суғдӣ – ягнобии иск – боло, баландӣ ё баландро ифода менамояд. Ва ё, гарчанде вожаҳои «искодар» ва «искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми мухталиф дошта бошад ҳам, вале мавқеъ ва маҳаллаи баландро медиҳанд. Аз ин ҷо дида мешавад, ки вожаҳои «искодар» ва «искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, маънои дурусти Искандаркӯл – «кӯл дар баландӣ» буда, мавқеи географии ҷойгиршавии кӯл инро собит менамояд. Бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топоним шакли содатари ба талаффуз мувофиқи Искандаркӯлро гирифта бошад ҳам, вале дар он қолаби калимасозии суғдӣ боқӣ мондааст.

Хубон НАЗИРӢ,

рӯзноманигор

Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам», №26 (610), 14.10.2022. - саҳ.5

Хондан 843 маротиба