Нусхаи чопи
Чоршанбе, 09 Ноябри 2022 05:23

Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ, фарҳанги хитобаӣ ва ратсионализми интиқодӣ

Муаллиф: Меҳр Собириён

   Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ бардошти таҳрифшуда аз воқеиятҳо ва фарзияҳоест, ки зери таъсири пешдовариҳо, манфиатҳо, тарс ва тамаъ, дар бардошт, қазоват ва истидлоли одамон дохил шудаанд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ боиси таҳрифи идрок, қазовати нодуруст, тафсири ғайримантиқӣ ва бехирадона мешаванд. Каҷфаҳмиҳои шинохтӣ аз хурофотҳое бармеояд, ки дар ҳофизаи ҷамъиятӣ вуҷуд доранд ва ин ба дарки дурусти тасвири илмии олам ва паҳншавии он, ки аз қолабҳои ҷорӣ дар шуури тӯдаҳо фарқ мекунад,  монеъ мешавад. Одамон дар ҷустуҷӯ ва тафсири маълумот, маъмулан тамоил ба он доранд, ки хурофоту пешдоварии худро дуруст нишон дода, ҳар як маълумоте, ки дидгоҳҳояшонро рад мекунанд, беэътибор нишон диҳанд. Ба ҷаҳон аз даричаи таассуби худ нигариста, ҳар як маълумотро филтр мекунанд ва танҳо он назарҳоеро қабул мекунанд, ки тасдиқкунандаи бовару назари худашон буда, мақбули тӯдаҳо ҳастанд. Назари инсони маъмулӣ, аҳёнан аз худи ӯст, ки  дар натиҷаи санҷиши комил бо ҳама усулҳои имконпазир ба даст омада, асоснок ва аз тарозуи ақлу мантиқ гузаронида бошад. Дар бештар маврид, назарҳои мо намунае аз фарзияву истидлолҳои дигарон ҳастанд, ки ба воситаи падару модар, кӯча, мактаб, телевизиону радио ва китобу интернет ба даст омадаанд.

 Маълум аст, ки дар пешорӯйи мушкилоти рӯз, пеш аз ҳама, шинохти дурусти онҳо лозим аст. Ҳалли онҳо бе шинохти дурусташон имконнопазир аст ё дар ҳолати беҳтар ба ҳалли нодурусташон мерасонад, ки баъди муддате боз буруз мекунанд. Каҷфаҳмиҳо, дар шинохти мушкилот ва сабабҳои пайдоиши онҳо, монеи ҳалли саривақтии онҳо гашта, хароҷоти онҳоро зиёдтар мекунад. Бинобар ин, дар омӯзиш ва шинохти ҳар як мушкил, хоҳ шахсӣ аст, хоҳ ҷамъиятӣ, бояд аз хираду мантиқи солим кор гирифта, таассубу пешдовариҳо канор гузошта шаванд.  Ба каҷфаҳмиҳо дар шинохти масоили иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фалсафӣ роҳ дода нашавад.

  Шӯрбахтона, дар ҷомеаи мо низ  қаҷфаҳмиҳо дар шинохти мушкилоти мубрами рӯз дида мешаванд, ки боиси ҳал нагардидани мушкилоти ифротгароии мазҳабӣ, хурофазадагӣ, ришвахорӣ, сӯистифода аз мансаб, мардумфиребӣ, фақр ва бегонапарастӣ гардидаанд. Ин каҷфаҳмиҳо бештар дар ростои ҳувийяту худшиносӣ, огоҳӣ аз таърихи худ, масъулиятшиносӣ дар назди виҷдону ҷамъият, пайравӣ аз бузургон, нангу номус, накукорӣ, озодӣ ва илму олим дида мешаванд.

  Сӣ сол боз аз худшиносӣ сухан мегӯянд, аммо сатҳи худшиносии миллӣ ба ҷойи боло рафтан, пойинтар аз он шудааст, ки дар охирҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ буд. Мутаассифона, бештари мардум дар муҳосираи иттилоотии таърихӣ монда, таърихи зиёда аз 8500-солаи худро, ба 1100  оварда расониданд, ҳувийяти худро фақат дар мусалмон будан дониста, рӯй ба идеологияи таҷовузгарони ватан оварда, гузаштаи пешазисломии худро фаромӯш карданд. Гузаштаи пурифтихоре, ки ин миллат ҷаҳонгир буд. Ин бетаваҷҷуҳӣ ва ноогоҳӣ аз таърихи худ ва дар баробари ин, таблиғоти густардаи мазҳабӣ аз ҷониби гурӯҳҳо ва кишварҳои манфиатхоҳи хориҷӣ, ба воситаи муллоҳои маҳаллӣ, ва дар даҳ соли охир ба воситаи интернет, худшиносии мардуми тоҷикро пойин бурда, ба каҷфаҳмиҳо дар шинохти ҳувийяти миллӣ оварда расонд, ки дар натиҷа таассуби мазҳабӣ боло гирифт. Натиҷаи манфии ин каҷфаҳмиро дар чанд соли охир дар пайвастани ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои террористии ҳувийяти динидошта ва харҷи бамаротиб бештари давлат барои ҳимояи давлатдории миллӣ аз хавфи чунин равандҳо мушоҳида мекунем. Ҳатто кор ба ҷое расида буд, ки таҳти таъсири баъзе муллоҳои худбохтаву пушт бар меҳанкарда, шахсони номи миллидошта, номҳои худро ба номи шахсиятҳои таҷовузгари ватан иваз карданд. Хушбахтона, мақомот пеши роҳи ин бегонашавии расмиро гирифт. Аммо дар номгузории кӯдакон, ҳамоно ин худбохтагӣ ва бегонапарастӣ ифода мешавад ва идома дорад.

  Омилҳои ин каҷфаҳмиҳо дар ҳувийяту худшиносии миллии мо бисёранд, аммо аз ҳама асосии он бамаротиб кам будани маълумот дар бораи гузаштаи пурифтихори пешазисломии мост. Худшиносиро мо бояд аз тарғибу омӯзиши ҳадафмандонаи таърихи бостонӣ ва империяҳои ҷаҳонии миллиамон оғоз кунем. Имрӯз як тоҷик аз гаҳвора то гӯр, ҳамвора дар бораи дину мазҳаби бегона маълумот мегирад, аммо дар бораи таърихи пеш аз исломии худ хеле кам мешунаваду мехонад, он ҳам ба таври ғайрисистематик ва бидуни ҳадафи муайян. Аз ин ҷост, ки дар паҳнои интернет аксар даъво мекунанд, ки мо торихи 1400 -сола дорем ва пеш аз ин чизе надоштем. Ҳама дастоварду ифтихороти пешинаро нодида мегиранд, дар пайи ҳимояи ҳувийяти мазҳабии худ мераванд. Ин ҳама мушкилоти вобаста ба ифротгароиву бегонапарастиро тақвият бахшида, монеи шинохти дурусти ҳувийят ва худшиносии миллӣ мегардад.

  Каҷфаҳмиҳо дар шинохти ҳувийят, ки ба боло рафтани таассубу мазҳабгароӣ ва бегонапарастӣ расонидааст, боиси ба вуҷуд омадани каҷфаҳмиҳо дар шинохти таърих гардидааст. Чуноне ки зикр карда шуд, бештари мардуми тоҷик таърихи худро аз 1400 рақам мезанад ва гузаштаи пеш аз онро дуруст намеомӯзанд ва аз воқеъияти таърихии худ огоҳии дуруст пайдо намекунанд. Дар натиҷа, таҷовузи турку муғулро маҳкум мекунаду қотилони  падару модари худро дар замони ҳуҷуми онҳо нафрин мекунад. Аммо таҷовузи аъробро нодида мегираду аз қотилони падару модари худ ҳангоми таҷовузи арабҳо қаҳрамон тарошида, номи онҳоро ба фарзандонаш мегузорад. Ин каҷфаҳмиҳо дар шинохти таърих, боиси пайдо шудани шахсиятҳои хиёнаткор мегардад, ки ба хотири паҳнсозии идеологияи каҳрамонҳои сохтаи худ, даст ба озору куштори ҳамватанони хеш мезананд, ки фаъолияти ҳизбҳои террористии диние чун Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ ва ТТЭ ҲНИ далели ин шудааст. Ё дар ҳолати дигар бар зидди арзишҳои миллӣ ва суннатҳои воқеии мардум мубориза мебаранд.

  Албатта, 1400  соли охири таърих ҳам идомаи созандагиву эҷодкориҳои мардуми мост ва наметавон онро нодида гирифт. Ҳар бурду бохте, ки доштем, пештар аз ҳама, кори дасти худи мо буд. Дар илму фан ва ҳунару эҷодкорӣ ҳар ҳосиле, ки буд, аз меваи дарахти 8500 - солаи таърихи мавҷудияти миллати тоҷик буд. Аз биёбони араб ба мо чизе ҷуз қатлу хунрезӣ ва ғорату ғуломсозӣ  наомад. Фаргашти илм дар тамоми ҷаҳон давраҳои муайяни худро дошт, ки дар як давра ҳосилаш як чиз буд ва дар давраи дигар чизи нав ба бор меовард. Наметавон аз давраҳои нахуст талаби ҳосиле ба мисли давраҳои охир кард. Наметавон аз олимони даврони Ҳахоманишӣ талаби шеъри Бедил кард ва аз олимони даврони Сомониён талаби сохтани барномаҳои компютерӣ. Фарҳанги созандагиву эҷодкории ин миллат таърихи 8500 -сола дошта, бо омадани юнониҳо, мусалмонон, муғул ва рус аз байн нарафт ва ба рушду такомули худ идома дод. Аз ин сабаб, иддаои ин ки мо то таҷовузи аъроб чизе надоштем ва идеологияи душман бар сари мо чира ва боиси рушди илми мо шуд, шинохти нодуруст буда, ба каҷфаҳмиҳо дар шинохти таърих дохил мешавад.

  Ноогоҳӣ аз таърихи худ, боиси каҷфаҳмиҳо дар шинохти номус мегардад. Ҷавонмарди тоҷик барғалат номусро дар ҳимояи идеологияи бегона, идеологияи қотилони падарони худ мебинад. Ба ҷойи эҳёи суннатҳои худ ва ҳифзи боқимондаи он, аз идеологияи бегона ҳимоя мекунад. Ва ин амали худро номусдорӣ меномад, дар ҳоле ки ин хилофи ақлу мантиқ аст. Агар ба кишварҳои пешрафтаи муосир назар кунем, миллатеро дида наметавонем, ки аз душманони худ қаҳрамон тарошида, муҳофизони ватанашонро маҳкум кунанду душман шиносанд. Аммо дар мо ин каҷфаҳмӣ вуҷуд дорад ва оилаҳои тоҷик ба ҷойи Муқаннаъу Бобак Умару Алиро қаҳрамон шинохта, фарзандонашонро ба шарафи онҳо номгузорӣ мекунанд. Агар ҳамаи инро холисона ташхис кунем, пайдост, ки онро наметавон номусдорӣ номид. Ин дар беҳтарин ҳолат ноогоҳӣ аст ва дар бадтарин ҳолат беномусиву меҳанфурӯшӣ, ки ба гурӯҳи якум мардуми оддӣ ва ба гурӯҳи дуюм онҳое дохил мешаванд, ки аз воқеият бохабаранду ба хотири манфиатҳои шахсӣ аз идеологияи бегона пуштибонӣ мекунанд.

  Дар шинохти виҷдон ҳам дар фарҳанги имрӯзаи мо каҷфаҳмиҳо вуҷуд доранд. Мутаассифона баъзе кормандони масъули давлатӣ ришва мегиранд, пули буҷаро медузданд ва барои ором кардани виҷдонашон ба мулло пул дода, дуо мегиранд ё масҷид мезосанд, ё як маблағи ночизеро хайр карда, ба ин васила гуноҳи худро “мешӯянд”. Як қисми  савдогарон ҳам чунинанд, ҳатто дар арафаи идҳо нархро боло мебаранд ва барои пӯшиши ин беинсофӣ ё ҳаҷ мераванд, ё ба мулло пул медиҳанд, ё масҷид сохта, «гунаҳсӯзӣ» мекунанд. Маълум аст, ки ин ҳама бевиҷдонӣ буда, ба ҳеҷ роҳе шуста намегардад. Инсони бовиҷдон ҳаргиз ришва намегирад, пули мардумро намедуздад, нархҳоро беасос боло намебарад ва виҷдони чунин одам соф асту виҷдондориро дуруст дарк кардааст.

  Ҳамин тариқ, қаҷфаҳмиҳои зиёде дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ки мушкилоти мавҷударо печида карда, аз худ мушкили дигар эҷод мекунанд. Яке аз омилҳои асосии пайдо шудани ин каҷфаҳмиҳо фарҳанги шунавандагии мо мебошад. Яъне мардум бештар тамоил ба шунидану бовар кардан доранд, то ба дидану санҷидану андеша кардан. Ба чолиш ва муҳокима кашидани назарҳои бузургони оила, рӯҳониён ва амалдорон роиҷ нест. Нақд кардани суханҳои онҳо гуноҳ ё ҳадди ақал амале номатлуб маҳсуб мешавад. Шунидану ба хотир гирифтан ва амал аз рӯйи онҳо кори аксарият шудааст. Бо дигар назарҳо муқоиса кардан, беҳтарашро интихоб кардан ва андешаву тафаккур кардан хеле кам ба назар мерасад. Чунин фарҳангро донишманди эронӣ Алӣ Худомуродӣ фарҳанги хитобаӣ номидааст. Фарҳанге, ки дар миёни як қишри ҷомеа як кас хатиб (соҳибназар) асту дигарон мухотабу шунавандаи ӯ ва дар бисёр маврид шунавандаҳо батадриҷ шуниданро ҷойгузини тафаккур месозанд ва ба бутсозии хатиби худ мепардозанд. Ба ҳамин далел аст, ки мухотабон, маъмулан ба роҳи хатибон мераванд, ба ҷойи он ки роҳи хатибонро идома диҳанд ва аз худ як навоварие ба вуҷуд биёранд. Ба роҳи хатиб рафтан, яъне дар чорчӯби афкори ӯ мондан, аммо роҳи хатибро идома додан, яъне равиши мантиқии хуруҷ аз чорчӯби афкори ӯро ёфтан аст.

  Фарҳанги хитобаӣ бештар дар ҷомеаҳое  пайдо мешавад, ки нақдпазир (танқидпазир) нестанд ва нақди афкори шахсиятҳои мавриди назар (мулло, волидайн, амалдор, пайғомбар, имом) мамнӯъ буда, иҳонат ба онҳо шумурда мешавад.  Дар чунин ҷомеаҳо каҷфаҳмиҳои шинохтӣ решаи амиқ доранд. Чунки дурустии фарзияҳо ё нуқтаи назари шахсоне, ки дар бораи ҳақиқат ҳукм меронанд, мавриди нақду баррасӣ қарор намегирад, дар ҳоле ки  танҳо нақду баррасии амиқ дурустии ҳар нуқтаи назарро собит мекунад. Ҳақиқат ҳам барои равшан шудану ҷило додан ниёз ба нақд дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки назари бисёре аз чунин одамони хатиб  ғайриилмӣ ва идеологӣ ҳаст ва барои онҳо нақду инкор кардани ақидаашон маънои инкор кардани мақоми иҷтимоии онҳоро дорад. Пайванд будани хатибон ба як идеология ё ҷаҳонбинии хос, онҳоро маҷбур мекунад то ба ҳар роҳе далелҳои тасдиқкунанда ба даст биёранд ва нуқтаи назари худро дуруст нишон диҳанд. Маълум аст, ки онҳо дучори пешдоварӣ мегарданд ва аз қабл медоданд, ки чиро исбот мекунанд. Бо пайдо шудани интернет ин кор осон шуд, дигар метавонанд танҳо аз сомонаҳое истифода баранд, ки бо онҳо ҳамфикранд. Дар ҳолати пайдо шудани далелҳои қавии радкунанда ҳам, омода намешаванд мавқеъҳои худро бознигарӣ кунанд.  Мардум ҳам тамоили бештари бовар кардани суханҳои хатибони худро доранд, то нақди мантиқии онро кардану сари дурустии суханҳои ӯ андеша кардан. Одаме, ки таҷрибаи кофии истифода аз ақлу мантиқро надорад ва ҳақиқатро танҳо аз шунидаҳояш мешиносад, тавоноии ташхиси ҳақ аз ботилро надорад ва ба каҷфаҳмиҳо дар шинохти бисёр масъалаҳо роҳ медиҳад. Хатибон ҳам ба дониши худ арзиши аз ҳад зиёд дода, мухотабони худро нотавон нишон медиҳанд ва мавқеи иҷтимоии худро аз онҳо болотар меҳисобанд.

  Бештари одамон худро соҳибхирад ҳисобида, бардоште аз воқеиятҳои моро иҳотакарда доранд. Аммо ин бардошт ва шинохт он вақт манфиатовар мегардад, ки асоснок ва воқеӣ бошад. Воқеият новобаста ба хоҳишҳову боварҳои мо вуҷуд дорад. Онро метавон бо муқоисаи фарзияву боварҳои гуногун ва нақди хирадмандонаи онҳо муайян кард. Барои ин, андешаи озод ва огоҳӣ доштан даркор аст. Набояд ақидаҳоеро, ки бовари моро рад мекунанд, сарфи назар кард. Онҳоро санҷида нақд кардан лозим аст, то ҳақ ё ботил буданашон маълум шавад. Ҳақиқат бо нақд кардан ботил намешавад, танҳо каҷфаҳмиҳои мо ошкор шуда, имконияти дуруст шинохтани воқеият пайдо гашта, роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда ёфт мешавад. 

  Ратсионализми интиқодӣ ё худ нақди хирадмандонаву мантиқӣ кардани ҳар фарзияву гипотеза ва назари пешниҳодкардаи дигарон ва қабул ё радди онҳо баъди санҷиши мунтақидона, роҳи асосии ислоҳ кардани фарҳанги хитобаии имрӯза ва бартараф кардани қаҷфаҳмиҳои шинохтӣ мебошад. Албатта, рад кардан ё тасдиқ кардани назарияву гипотезаҳои пешниҳодшуда,  эҷодкорӣ нест ва худ ба худ чизи наве  намеофарад, аммо ин ҳақро аз ботил ҷудо карда, имкони шинохти дурусти  масъалаҳоро фароҳам оварда, каҷфаҳмиҳоро аз миён мебарад. Ин дар навбати худ заминае мешавад барои эҷодкориву навоварӣ ва ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда.

  Дар ҳама давру замон гурӯҳе  иборат аз баъзе олимон, рӯҳониёни динӣ ва амалдорон, ки дар бораи ҳақиқат ҳукм меронданд ва аз фарҳанги хитобаиву шунавандагони худ манфиат мебурданд, аз ҷорӣ шудани фарҳанги интиқодӣ ва нақди мантиқии ҷаҳонбинии хоси худашон нигарон буданд ва зидди мунаққидон мубориза мебурданд. Ин гурӯҳ имрӯз ҳам намехоҳад ратсионализми интиқодӣ ҷойгузини фарҳанги хитобаӣ гашта, шунавандаҳояшон ба марҳилаи чуну чароҳои мантиқӣ гузаранд. Ин гурӯҳ барои тасдиқи нуқтаи назари худ тафсирҳои бисёр навишта, мавқеи иҷтимоии худро ҳифз кардан мехоҳанд. Бо вуҷуди  ин, ратсионализми интиқодӣ ё худ фарҳанги нақдии хирадмандона бояд дар ҷомеа ҷойгоҳ пайдо кунад ва дар ташхиси масъалаҳову ошкор кардани фарзияҳои ба ҳақиқат наздик кумак расонад. Ин имкон медиҳад, ки фарзияву назарияҳои ботил сари вақт ошкор шуда,  бартараф  гарданд ва кору омӯзиш танҳо сари фарзияву назарияҳое қарор гирад, ки ба ҳақиқат наздиканд.

 Барои густариш  пайдо кардани мантиқи нақдӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд, агар дар синфҳои болоии макотиби миёна омӯзиши кӯтоҳи ратсионализми интиқодии Карл Попер ба роҳ монда шавад. Ин алтернативае хоҳад буд дар баробари фарҳанги хитобаие, ки ҷорӣ аст. Ҷавоне, ки тафаккури нақдӣ дорад, туъмаи гурӯҳҳои террористӣ нахоҳад шуд. Шахсе, ки чуну чаро мекунад ва аз чорчӯби афкори асримиёнагӣ фаротар меравад, ба оила ва ҷомеа манфиати бамаротиб бештар оварда метавонад ва ҳаргиз худро дар миёни одамони бегуноҳ наметарконад. Чунин ашхос ба эҳтимоли зиёд давомдиҳандаи роҳи бузургон мешаванд ва ба ҷаҳон як зарра навоварӣ меоранд. Дар фарқият аз шунавандае, ки дар чорчӯби афкори асримиёнагӣ дармонда, зоҳирпарастона бо роҳи онҳо  меравад ва ба ҷомеа зарар мерасонад, шунавандаи закӣ, ҳушёр, навовар ва мунтақид масири зиндагии созанда ва арзандаро тай мекунад. Одатан, шахсони каҷфаҳму беҳувийятро гурӯҳҳои ифротӣ ба осонӣ аз ҳудуди ришу салла то сарҳади террору мардумкушӣ мебаранд. Ин ҳам як каҷфаҳмӣ аст, ки назарияҳои ботил ва ифротӣ(террористӣ)-ро ҳақ мепиндоранд.  Тафаккури мантиқӣ метавонад ин каҷфаҳмиҳоро ислоҳ кунад.

 

Собириён Меҳр 

Бознашр аз китоби "Ду роҳкори рушди миллӣ". Душанбе: “Дониш”,  2022,  294 саҳифа.

Сарчашмаҳо

  1. Турчин Алексей Валерьевич., Батин Михаил Александрович, Футурология. XXI век: бессмертие или глобальная катастрофа?, Москва 2012;
  1. Сугирии шинохтӣ, https://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%B3%D9%88%DA%AF%DB%8C%D8%B1%DB%8C_%D8%B4%D9%86%D8%A7%D8%AE%D8%AA%DB%8C ;
  2. Когнитивные искажения, https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9A%D0%BE%D0%B3%D0%BD%D0%B8%D1%82%D0%B8%D0%B2%D0%BD%D0%BE%D0%B5_%D0%B8%D1%81%D0%BA%D0%B0%D0%B6%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B5 ;
  3. Ақлонияти интиқодии Попер , Алӣ Худомуродӣ, http://diplomatt.mihanblog.com/post/718 ;
  4. Критический рационализм Карла Поппера. https://allendy.ru/fil-nauki/473-karl-popper.html ;
  5. Алтернативаҳо ва моделҳои рушди ҷомеаи инсонӣ дар ойинаи футурология (оянданигарии илмӣ), Ҳафиз Холиқзода, маҷалаи «Илм ва Ҷомеа», №1-2. 2015-2016.
Хондан 537 маротиба