Нусхаи чопи
Ҷумъа, 13 Январи 2023 04:54

Халқро тақлидашон барбод дод

Муаллиф:

  Яке аз заъфҳои тафаккури мардумони таассубзадаву хурофотӣ дар он аст, ки онҳо ҳеҷ гоҳ далелҳои ақлию мантиқиро қабул надоранд ва агар тамоми он ҳаводису воқеаҳоеро, ки аз назари мантиқӣ ба омилу сабабҳои муайян ба вуҷуд меоянд ё дорои қонунмандии муайянанд барояшон пешниҳод ҳам намоем, онро қабул надоранд. Ҳатто агарчи бебунёд будани ақидаашонро собит ҳам намоӣ, ҳеҷ гоҳ худро шикастхурда ва мағлуб эҳсос намекунанд, зеро барои ин гуруҳҳо як ҳақиқат мавҷуд аст, ки он ҳам бошад ҳақиқати динию бовармандӣ аст.

  Аксар аз фарҳангҳои шарқӣ ақлро саркуб мекунанд ва ҷойгоҳи имону боварро болотар мегузоранд. Ҳамин аст, ки дар аксар маврид мо ба чунин тафсирҳое дучор мешавем, ки “офаридгорро ба ақл шинохтан ғайриимкон аст ва онро бо ишқу имон дарк кардан ва эҳсос намудан имкон дорад”. Ҳоло он ки шууру ақлу хирад асоситарин ҷавҳарест, ки инсонро бар тамоми намудҳои дигари зинда мутамоиз мегардонад. Ақлро пуштипо задану нодида гирифтани он, ин хилоф бар табиати инсонист. Ҳатто агар аз мантиқи бовармандӣ ҳам таҳлил намоем, ақл ҷавҳар ва ганҷинаест, ки офаридгори ҷаҳониён онро танҳо ба инсон махсус гардонидааст, то тавассути андешаву хирад зиндагии хешро созад ва саодатманд созад.

  Ҳамин гуна ақлситезӣ аз як тараф ва аз ҷониби дигар тафаккури тақдирзадаи хурофотӣ дар тули қарнҳо боиси он гардидааст, ки бештари мардумони сарзамини мо на аз роҳи ақлу мантиқ тадбирандешӣ мекунанд, балки аз роҳи бовар ва ба сарнавишт ҳавола кардан, таваккул кардан мехоҳанд мушкили пешомадаро ҳал намоянд. Ин тарзи тафаккур боиси он гардидааст, ки руҳияи бетарафӣ, бебарномагӣ, беҳадафӣ дар ҷомеа роиҷ гардида, инсонҳо ба ҷои ин ки аз неруи ақлу хиради худ истифода намоянд ва бо шинохти дурусту илмӣ аз табиат онро ба воситаи беҳсозии зиндагии худ истифода намояд, баръакс аз роҳи ниёиш, бечоранолӣ, муъҷизасозӣ ба ҳодисаю падидаҳо таваҷҷуҳ намудаанд, ки ин боиси вопасгароӣ ва рушд накардани ҷомеаашон гардидааст.

  Тақдиргароӣ навъе аз хурофот аст, ки он бештар ба бовармандӣ ҳамбастагӣ дорад. Фатализм ё тақдиргароӣ махсусан дар асри миёна ривоҷ пайдо карда, он ба як ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагӣ табдил меёбад. Махсусан гоҳе ки инсонҳо сабабу омили ҳаводиси табииро намедонанд ва дар баробари ин ҳаводис тадбир анҷом дода наметавонанд, онро ҳавола ба сарнавишт мекунад ва аз тадбирҷӯӣ дар баробари он даст мебардоранд. Ҳамчунин, ҳолатҳои зиёдеро дар дарози асрҳои миёна метавон мушоҳида намуд, ки бархурдҳои сиёсӣ ва ҳуҷумҳои пайдарпайи бегонагон ба минтақа сурат гирифта ва яке аз амилии асосии шикаст ва бемуқовиматӣ дар баробари ин ҳамлаҳо тафсирҳое аз ҷониби дукондорони бовармандӣ сурат гирифта, ки онро ба ҳайси як ғазаби илоҳӣ муаррифӣ намуда, худро дар баробари ин хатар таслим менамоянд. Чунин вазъиятро мо ҳангоми ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна мушоҳида менамоем, ки яке аз омилҳои шикасти давлати хоразмшоҳиён дар баробари ҳуҷуми муғулҳо маҳз таассубзадагию хурофот ва тақдиргароии пешвоёни динӣ будаст.

  Дар аксар аз китобҳои таърихӣ ба чунин ҳолате дучор меоем, ки вақте мардум аз саркардаҳои динӣ ки онҳо худро пайвандгари замину осмон муаррифӣ мекунанд, суол мешавад, дар баробари ин қавмҳо чӣ амале бояд анҷом дод, ҷавоби онҳо чунин аст, ки хомуш бояд буд, зеро мо амале анҷом додаем, ки ба ғазаби офаридгор дучор омадем ва дар ин ҳол моро ба ҷуз аз таслим шудан чорае нест. Чунин ба назар мерасад, ки вақте таассуби хурофот ба навъи зиндагӣ ва ҷаҳонбинӣ табдил меёбанд, муқовимат аз инсонҳо рахт мебандад. Онҳо дигар наметавонанд, дар баробари ҳаводиси ба вуқуъпайваста тариқи ақлу хирад тасмим бигиранд. Пуёиву ҷуёӣ аз онҳо гирифта мешавад.

  Махсусан, дар дарозои таърихи асри миёна, руҳониён ба ҳайси пешвоёни зеҳнии ҷомеа аз ду навъи таассубу хурофот кор мегирифтанд. Онҳо шеваи муъҷизагуна нишон додани худро ба тафсиргароии вазъиятҳое, ки ба вуқуъ меомад амалӣ месохтанд. Зимни бавуқуъпайвастани ягон хушксолӣ, ҷангҳо, шикасти шоҳон ва амсоли ҳаводисро вобаста аз манофеашон чунин тафсир мекарданд, ки онҳо дар ҳамин рухдод таъсиргузоранд. Агар ба таҳқиқи амалкардҳояшон нигарем, гоҳо худро айни худо ва донандаи рамзу рози коинот муаррифӣ намуда, вуқуи ҳаводисро аз дуову баракати худ медонистанд. Онҳо бо калимоти зебое ва ҷумлаҳои дарҳам барҳам мардумонро ба доми худ гирифтор намуда, дороии онҳоро аз худ менамуданд ва кушиш ба харҷ медоданд, ки бо роҳи талқин кардани ин таълимот, суистифода аз неруи имону бовар гуруҳҳои зиёди мардумро ба худ ҷалб созанд. Инҳо иддае аз амалҳое низ анҷом медоданд, ки гуё зердастонашон аз худ бехуд шуда, ба онҳо маҷзуб шуда бошанд. Ҳатто даъвоҳо пеш меоваранд, ки онҳо дараҷаҳои малакут, ҷабарут ва лоҳутро гузаштаанд. Ба тарзи дигар даъвояшон он буд, ки ба моваротабиа роҳ ёфтаанд. Ҳатто дар навиштаҳои асри миёна ба чунин ривоёте дучор меоем,  ки гӯё аз дуои ин ё он шайх як сол ҳосил фаровон мешавад ва агар ӯ ранҷиш кунад соли баъдӣ шукуфаи дарахтон кам гашта, ҳосил аз байн рафта сабаби бадбахтии мардумон гардида бошад.

  Ҳамчунин, дар мавриди боронгарӣ, тӯфонҳо, хушксолӣ ва амсоли ин чунин тавсирҳое аз ҷониби руҳониён сурат мегирифт, ки гӯё ин ҳама ба каромот, муъҷиза ва дуову иродаи онҳо вобастагӣ дорад. Масалан, дар ривоёте аз китобҳои асримиёнагӣ омада, ки айёме хушксолӣ мешавад ва ҳосили ғалла кам мегардад. Дар ин ҳол ба шайхи маҳал муроҷиат мекунанд ва маҳз бо дуои шайх соли баъдӣ бо боришот зиёд шуда, ҳосили ғалла фаровон мегардад. Чунин навъи тафсир ҳеҷ як далели илмӣ надорад, зеро хушксолӣ ва ё боришот аз назари илмӣ дорои омилу сабабҳои худанд ва онҳо ҳеҷ робитае ба иродаи инсонҳо надоранд. Аммо гуруҳҳои муайян ба хотири шуҳрату нуфузи худ ва зери таъсир нигоҳ доштани мардумон ин вазъиятҳоро истифода намуда, ба хотири манофеъашон аз ин шеваҳои тафсиргароӣ кор мегирифтанд. Ҳар гоҳе агар нафаре аз найранги онҳо огоҳ мегашт, онро дар баробари авом шарманда намуда, даъво пеш меоварданд, ки бо ранҷишашон дуои бад мекунанд ва ин метавонад сабаби бадбахтии мардум гардад.

  Агар ба таърихи фарҳангҳои башарӣ назар афканем, чунин ҳолатро дар аксари онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Чунин хислат пеш аз ҳама аз табиати худи инсонҳо пеш меояд. Инсонҳо ҳамеша дар хаёли худ ба он боваранд, ки бояд роҳи аз ҳама осон, беранҷ ва соддаи ҳалли масоилро пайдо намоянд. Ин хоҳиш онҳоро ба самти муъҷизагароӣ ва муъҷизабоварӣ савқ медиҳад. Онҳо ҳамеша бар ин боваранд, ки муъҷизае ба миён ояд ва дар як они воҳид маҷмуи мушкилоти ҷойдошта роҳи ҳал пайдо намояд. Табии аст, ки вақте чунин тамоюл дар зеҳни инсонҳо вуҷуд дорад, иддае аз афроди зиранг ва ҳушёр ин вазъиятро ба манфиати хеш суистифода менамоянд. Масалан, дар Аврупо асрҳои 17 ва 18 ки кайҳо улуми табиатшиносӣ рушд намуда, химия, физика, биология ба ҳайси илми алоҳида ҷудо шуда, фаъолият менамуданд, дар чунин вазъ низ гуруҳҳои ба миён омада буданд, ки аз дастовардҳои ин фанҳо истифода карда, худро ҳамчун нафаре, ки аз илми ғайб хабар дорад муаррифӣ менамуданд. Махсусан, тавассути омехта кардани унсурҳои кимиёвӣ ва зимни онҳо ҳосил кардани маводи нав онро ба гуруҳҳои мардум ҳамчун муъҷиза нишон медоданд ва дар байни мардум ба ин восита шуҳрату маҳбубият пайдо менамуданд.

  Ҳоло агарчӣ башар дар қарни 21 зиндагӣ дорад ва аз фанновариҳое ба мисли тафаккури сунъӣ ва технологияи наноӣ истифода мекунад, вале мутаассифона, ҳанӯз дар таркиби ҷомеаи мо сафи нафарони хурофабовару тақдирзада ниҳоят зиёд аст. Чунин ба назар мерасад, ки дар дарозои таърих тақдирзадагӣ ва хурофоту таассуб ба шаклу шеваи зиндагии маъмулии мардуми мо таблил ёфта, меҳвари онро тақлид ташкил медиҳад ва аксаран аз мардумони сарзамини мо ин ё он амалро бидуни ин ки мавриди баррасию арзёбӣ қарор диҳанд, онро ба тарзи тақлид аз дигарон қабул менамоянд. Қобили қайд аст, ки чунин ҳолат дар мардумони Аврупо низ ҷой дошт.

  Бо зуҳури Бекон файласуфи Англис ӯ аввалин масилеро, ки мавриди интиқод қарор дод, ин ба тарзи тақлид қабул кардани андеша ва рафтори  дигарон бидуни таҳлили ақлию мантиқӣ буд. Ӯ пешниҳод мекард, ки аз итоат ба асҳоби тақлид даст бардоред ва ба олами беруна он тавре ки воқеъ гардидааст, назар афканед. Файласуфи франсуз Декарт низ чунин ақида дошт, ки бояд барои дарёфти ҳақиқат ба ҳамаи он афкори гузаштае, ки то ҳол мавҷуданд, якбор шубҳа кард ва онҳоро бояд мавриди интиқод қарор дод. Бекон сабаби ҷаҳлу нодониро дар чаҳор омил медонист:Тақлиди кӯркӯрона ба дигарон,одат,алоқамандӣ ба оммаи ҷоҳил ва аз онро пайравӣ кардан, қабули фармони табъи саркаш.

  Бекон муътақид буд, ки агар фард ба ин чаҳор омил ғолиб ояд, оламе аз қудрат дар пеши ӯ сари таслим фуруд меоварад. Ӯ шоистагиро дар худ хоҳад дид, ки тавассути такя ба ақлу хирад, созандагиҳои бузургеро ба вуҷуд оварда, худро шуҳраи олам созад. Ӯ дар ҳамон замон пешбинӣ намуд, ки инсонҳо тавассути ақлу хирад метавонанд мисли мурғони ҳаво мурғҳои сунъии парвозкунанда низ созанд, то онҳоро аз ҷое ба ҷое бибарад. Ин пешниҳодҳои Бекон пас аз 600 сол амалӣ гардид ва он ҳам тавассути такяи инсонҳо ба ақлу хирад ҳосил шуд. Яъне ба тарзи дигар афкори файласуфонаи Бекону Декарт ва дигар донишмандони марифпарвар зимни аввалишавиаш тавонист аврупоиёнро аз таассубу хурофот наҷот диҳад. Онҳо бо даст кашидан аз ин гуна тақлидҳо ва омӯзиши дақиқи табиат воқеан тавонистаанд ба нерӯи бузурге табдил ёбанд, ки имрӯз тамоми фанновариву сохтаҳзи дасти башар ниҳоят нерӯманд ва боварнакарданианд. Аз тарафи дигар, такя кардан ба ақлу хирад тавонист ин кишварҳоро ба кишварҳои пешрафта, шукуфо ва дорои зиндагии шоиста табдил диҳад. Ин ҷо як нуқта қобили зикр аст, ки Ҷалолиддини Балхӣ низ қаблтар аз Бекон зиёни ҳамин тақлиди куркуронаро дарк намуда гуфта буд:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат ба ин тақлид дод!

  Шояд дар зеҳни муддаӣ як саволе ба миён ояд, ки урфу одат, ки яке аз унсурҳо нигоҳдорандаи фарҳанги башарианд ва махсусан тавассути онҳо интиқоли донишу таҷриба сурат мегирад,чаро мавриди интиқоди Бекон қарор гирифтаанд. Ин ҷо бояд қайд кард, ки урфу одат ҳам ду тараф дорад. Яъне аз як тараф агарчи таъминкунандаи донишу таҷрибаи наслҳост, вале баъзе аз он падидаҳои хусусияти манфӣ доштаамали ғайримантиқӣ ва монеи рушди миллатҳоянд боиси такрору интиқолашон шуданаш ба наслҳои баъдӣ мегардад. Ин ҷо пеш аз ҳама одатҳои ғайримантиқиву хурофотие дарназаранд, ки афрод онҳоро бидуни андеша қабул менамоянд. Ҳамчунин, қайд кардан ҷоиз аст, ки О.Конт ва Руссо низ одатро мавриди маззамат қарор дода, муътақиданд, ки аз эҷоди одат бояд мутлақан ҷилавгирӣ намуд. Зеро одат душмани андешаю ирода буда, инсонро бандаи худ мегардонад.

  Моро ҳам зарур аст, ҷиҳати аз зеҳнияти мардумонамон берун овардан он афкору андеша ва он урфу одате, ки монеъи рушданд ва ҷӯёиву пӯёиро аз инсонҳо салб менамоянд, мавриди бознигарӣ ва интиқод қарор диҳем, то неруи ақлу хиради инсониамонро дар маҷмуъ сарфи рушду пешрафти ҷомеа намоем.

Исомиддин ШАРИФЗОДА

номзади илмҳои фалсафа

Бознашр: https://farazh.tj/sahifai-asosy/jahon/halqro-taqlidashon-barbod-dod/ 

Хондан 721 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр