Нусхаи чопи
Чоршанбе, 17 Ноябри 2021 05:02

Хатари ҳаракати “Толибон” ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ дар халалдор намудани амният ва афзоиши ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Муаллиф: Сайдалӣ Судуров

  Баъди хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба сари қудрат омадани  “Таҳрики Исломии Толибон” (дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) вазъи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон мубрамтару муташанниҷтар гардидааст. Аз “фатҳи”  Кобул қариб дуву ним  моҳ сипарӣ шуд. Оё таҳдиду хатарҳои террористӣ аз ин мамлакат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёфтааст ва ё баракс афзудааст? Кушиш менамоем то андозае ба саволи матраҳгардида посух диҳем.

  Тавре ки медонем то хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва суқути давлати лухтакии Ашраф Ғанӣ сарҳадоти байни Афғонистону давлатҳои Осиёи Марказӣ то андозае аз тарафи нерӯҳои амниятии ин кишвар назорат мешуд. Ҳамзамон фаолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгарои муқими ин давлат таҳти назорати хадамоти махсуси амниятӣ қарор дошт. Муассирии иқдомоти сохторҳои муваззафи Ҳукумати қаблӣ алайҳи гурӯҳҳои террористиву ифротгарову ҷангҷӯ  мавзӯи баҳси дигар мебошад ва  ба он дахолат намекунем.

  “Таҳрики ҳаросатгарои Толибон”баъди тасаллут бар Кобул ба кишварҳои ҳамсоя ваъда дод, ки марзро убур намекунад ва ба амнияти ягон ҳамсоякишвар хатар ба бор намеоварад, вале метавон ба ваъдаҳои онҳо бовар кард? Таҷруба нишон медиҳад, ки ба ваъдаҳои ин гурӯҳи террористу ифротгаро ва фошисту қотил, ки дастонашон то оринҷ оғуштаи хуни мардуми бегуноҳ аст эътимояд набояд кард. Дар даврони қаблии ҳокимияти худ(1996-2001) “Толибон”хотираҳое аз худ боқӣ монданд, ки ба гузашти 20-сол  мардуми ин кишвар бо даҳшату ваҳшат онро ба ёд меоранд. Возеҳ аст, ки мафкураву идеологияи “толибӣ” ин мафкураи зиддибашарӣ ва зиддиинсонӣ мебошад. Ин гурӯҳи ифротгарову террористу қотилу золим Афғонистонро ба лонаи террористони байналмиллалӣ табдил дода буд. Дар бораи куштору ҷиноятҳои зиддибашарии ин гурӯҳи террористӣ садҳову ҳазорҳо далелҳои шайъӣ мавҷуданд ва беҳуда нест, ки аксари роҳбарони  ин гурӯҳ  дар рӯйхати сиёҳи Созмони Миллалӣ Муттаҳид ҳамчун террорист шомил мебошанд ва гузашта аз ин бо қарорӣ Шурои Амнияти СММ “Таҳрики Исломии Толлибон” ҳамчун созмони террористӣ шинохта шуда фаолияти он дар аксари мамолики мутамаддин мамнӯъ мебошад.

  Имрӯз, мутаассифона ин гурӯҳи тундраву ифротгаро дар Афғонистон сари қудрат мебошад ва бо тамоми воситаҳои мавҷуда ва бо роҳи дурӯғу фиреб мехоҳад ҷомеаи ҷаҳонро мутмаин бисозад, ки онҳо дигар шудаанд ва онҳо”толибон”-и қаблӣ нестанд. Худи ҷараёни ба сари қудрат омадану суқути давлати пешин дар Афғонистон як муамоест сарбаста ва кудетоеро мемонад.  Эҳтимол меравад, ки ин ҷо як тавтиа ва бозии бузурге ниҳон асту бозигарони аслии он паси парда мебошанд ва рӯзе хоҳад расид пардаҳо бозу чеҳраҳои сиёҳи онҳо ба ҳамагон рушан хоҳад шуд.  Новобаста ба ин эҳтимолу тахминҳо “Толибон” имрӯз дар ҳаёти сиёсии Афғонистон воқеият мебошанд ва бо ин воқеият бояд сару кор дошт. Талошу кӯшиши бесобиқаи онҳо ва пуштибонҳои хориҷиашон  ба он нигаронида шудааст, ки “ҳукумати толибшумулу паштуншумул”-и онҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Бо гузашти дувуним  моҳ талошҳои онҳо дар ин самт  натиҷаи дилхоҳ надодааст ва то имрӯз ягон кишвари дунё онҳоро ба расмият нашинохтааст, ҳатто наздиктарин ҳомиёну пуштибононашон. Ҳукумати қаблии онҳо аз тарафи ҳамагӣ се давлат ба расмият шинохта шуда буд: Покистон, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб. Ҳоло бошад ҳатто ҳамин давлатҳо ҳам онҳоро ба расмият нашинохтаанд. Дар чунин ҳолати номуайяну норушан ва мушкилоти азими иқтисодӣ, ки дар натиҷаи таҳримҳои иқтисодиву молии кишварҳои Ғарб, пеш омадааст Ҳукумати “Толибон” барои рафъи он чӣ хоҳад кард? Оё онҳо метавонанд ва ё мехоҳанд аз идеологияи асримиёнагии худ даст бикашанд ва ба ваъдаҳои худ оиди ташкили ҳукумати фарогир, риояи оддитарин ҳуқуқҳои инсон аз қабили  ҳуқуқи баён, ҳуқуқи зан, ҳуқуқи аққаллиятҳои милливу мазҳабӣ ва амсоли он хилоф накунанд? То ҳол ин саволҳо беҷавобанд.

 Возеҳ аст, ки “Толибон” имрӯз вазъияти Афғонистонро ба пуррагӣ назорат карда наметавонанд. “Ҷабҳаи муқовимати миллӣ” феълан на танҳо дар Панҷшеру вилоёти ҳамсоя, балки дар тамоми манотиқи кишвар тарафдорони худро дорад ва “Толибон” наметавонанд инро нодида бигиранд. Гузашта аз ин садои “Ҷабҳаи муқовимат” ба гуши ҷомеаи башар расидааст ва вокунишҳои дигареро сари онҳо ба бор овардааст. Инфиҷору куштори рӯзҳои ахир дар масоҷиди Кобулу Кундуз ва Кандаҳор далели он аст, ки “Толибон” назорати кулли кишварро дар даст надоранд ва гурӯҳҳои террористии дигар аз қабили “Давлати Исломии Ироқу Шом” (ДИИШ), “Ал-Қоида” ва амсоли он дар Афғонистон озодона амал мекунанд. Гузашта аз ин мувофиқи маълумотҳои хадамотҳои истихборотӣ дар Афғонистон ба ғайр аз “Толибон” зиёда аз 20 адад гурӯҳҳои террористӣ паноҳ бурдаанд ва фаолият менамоянд.   Ҳамчунин тибқи маълумотҳои СММ теъдоди умумии ҷангиёни хориҷӣ дар  Афғонистон аз 8 то 10 ҳазор нафарро ташкил менамояд. ки аксари онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.  Мавҷудияти теъдоди зиёди ин ҷангиён ва гурӯҳҳои террористӣ ба амнияту суботи  кишварҳои ОМ хатари ҷиддӣ доранд,

 Ба касе пӯшида нест, ки зери ниқоби “Толибон” ба сарҳадоти давлатҳои Осиёи Марказӣ дигар гурӯҳҳои ҷангҷуву террористӣ, ки ба амнияти ин кишварҳо хатар доранд , интиқол дода мешаванд, ки боиси нигаронии амиқи онҳо гаштааст. Тафовути имрӯз аз салтанати пешини Толибон (1996-2001) дар он аст, ки он вақт миёни “Толибон”-у давлатҳои Осиёи Марказӣ  неруи муқовимати бузурге алайҳи “Толибон” бо номи “Эътилофи Шимол” вуҷуд дошт, ки аз мардуми  бумии ғайрипаштуни ин минтақа иборат буда сарҳадот таҳти назорати онҳо буд.  Қудрати низомии  онҳо нагузошт,ки “Толибон” он давра то ба сарҳади ОМ бирасанд.Ин неру аслан нақши буфериро байни “Толибон”-у кишварҳои ОМ мебозид ва бархӯрди бевоситаи онҳоро хунсо менамуд.Ҳозир бошад чизе байни онҳо нест ва онҳо дар ҳоли бархӯрди бевосита қарор доранд.

 Давлатҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд ба хатари воқеъие, ки аз тарафи “Толибон”-у дигар гурӯҳҳои террористиву тундрав ба онҳо таҳдид мекунад бетараф бошанд. То ба ҳол кишварҳои минтақа мавқеъгирии ягонаву собити хешро нисбати “Толибон” мушаххасу муайян накардаанд, ки боиси таассуф мебошад. Ҳатто дар саммити якҷояи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ), ки 16-17 сентябри соли равон  дар Душанбе доир гашта буд аъзоёни он ба ҷуз аз қабули изҳороти умумии “нигаронкунанда” оиди қазияи Афғонистон ба ягон мувофиқаи мушаххас наомаданд.  Кишварҳои минтақаро мебояд дарк намоянд, ки қазияи Афғонистон мушкилоти танҳо давлтҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон набуда ин мушкилоти умумии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказист ва танҳо дар сурати аксуламали якҷоя  метавон аз ин таҳдиду хатарҳо эмин шуд. Нодида гирифтани ин чолишҳову танишҳо  барои амнияту суботи ин кишварҳо оқибатҳои ногуфтание дорад.

  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш баъди хуруҷ аз Афғонистон ба “Толибон” тӯҳфаи гароне аз аслиҳаву муҳимот боқӣ монданд, ки қиммати онҳоро ҳудуди беш аз 85 миллиард доллар медонанд.  Шумораи ҷангҷӯёни  “Толибон” мувофиқи маълумотҳои Созмони Миллал аз 58 то 100 ҳазор  ва мувофиқи  маълумоти бархе аз коршиносони амрикоӣ то 200 ҳазор мерасад, ки таҷрӯбаи бисёрсолаи ҷанги чирикӣ ва ҷанг бо Амрикоро доранд. Барои аксари онҳо ҷанг ин касбу ҳунари  ягона ва дилхоҳи онҳо мебошад. Ин тоифа дар ҷанг ба дунё омадаанд, бо ҷанг бузург шудаанд ва ҳаётро бе ҷанг тасаввур карда наметавонанд. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки бидонем душмани мо кист ва мо бо ки дар набард хоҳем шуд.

  ИМА ва НАТО баъди хуруҷи нирӯҳояш анборҳои бузурги на танҳо аслиҳаи оташфишон(600 ҳазор мил), балки миқдори азими аслиҳаи замонавии хатарнокро  партофта рафтанд. Урдуи “торуморгаштаи” режими қаблӣ соҳиби беш аз 200 адад тайёраҳои низомӣ, ба шумули тайёраҳои ҳамлавари амрикоии А-29 ва чархболҳои навтарини низомии Black Hawk буд, ки ба толибон мерос монд ва ин гурӯҳи террорист бо кумаки зархаридони хориҷӣ онҳоро мавриди истифода қарор додаанд. Инчунин Толибон соҳиби 50 адад системаи “Град”, миқдори зиёди гаубитсияҳои 122 мм-и Д-30, тонкҳои Т-55 ва Т-62 ва 75 ҳазор автомобилҳо ба шумули 1100 адад мошинҳои “Ҳаммер” гаштаанд. Бо ҳамин тариқ ин Гурӯҳи террористии қаблӣ бо теъдоди ҳайъати шахсӣ ва сифати техникаву аслиҳаи низомӣ аз Қувваҳои мусаллаҳи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ дар пеш мебошад.

 Бо дарки ин хатару таҳдидҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбуранд, ки барои ҳимоят ба дигар давлатҳои абарқудрат муроҷиат намоянд, дар ҳоле ки ин қудратҳо ба бозиҳои пасипардагӣ бо “Толибон” шурӯъ намудаанд ва дар навбати аввал аз манофеи худ ҳимоят менамоянд. Халои ба вуҷуд омадаро баъди хуруҷи Амрико мехоҳанд Русияву Чин соҳиб шаванд ва ошкору пинҳон дар ин самт фаолият доранд. Федератсияи Русия вазъияти ба вуҷуд омадаро мехоҳад ба манфиати худ истифода намояд ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро (СПАД), ки фишанги низомиаш дар манотиқи пасошӯравии  ОМ  мебошад пешбарӣ (пропиарить) кунад ва бо тарсонидани ҳама аз хатару таҳдиди “Толибон” кишварҳоеро, ки ҳануз узви ин паймон нестанд ба узвияти он бикашад. Дар се моҳи ахир се марҳалаи размоишҳои муштараки СПАД бо иштироки ҳамаи киишварҳои ин созмон дар марзҳои Афғонистону Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз омодабошии ин паймон аз таҳдиду хатарҳои террористӣ дарак медиҳад. Ҳамзамон Русия тарафдори муомила бо “Толибон” мебошад ва ҳатто онҳоро ба Маскав даъват намуд ва мизбони нишасти  “Формати Маскав” шуд, ки мақсади ба расмият шинохтани “Толибон”-ро думбол мекард.

 Коршиносон ба ин ақидаанд, ки Сиёсати духӯра ва норавшани Маскав нисбати “Толибон” кишварҳои Осиёи Марказиро водор менамояд, ки  муттаҳид шаванд, бештар ба қувваҳои худӣ такя намоянд ва паймони низомии минтақавии худро таъсис диҳанд. Мо набояд комилан ба ин паймон, ба хориҷиён  умед бандем ва таҷрубаи Афғонистон, ки дар 20 сол хориҷиён ба онҳо Урдуи воқеӣ насохтанд, дарси ибрат бошад. Кумаки хориҷӣ ин тазмингари комили амнияти кишвар набуда, танҳо мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳи касбии муҷаҳҳазу замонавии худӣ метавонад амнияту суботи кишварро кафолат дода тавонад.  Русия ва Чин абарқудратҳои геополитикии глобалӣ мебошанд ва онҳо ба бозиҳои глобалӣ машғуланд, кишварҳои ОМ бошад бояд худашон ба таъмини амнияти минтақавӣ машғул шаванд.

 Аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ сетоаш: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои Созмони  Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД)  мебошанд ва амнияти онҳо то ҷое аз тарафи ин созмон тазмин мегардад, лекин ин маънои онро надорад, ки амнияти онҳо сад дар сад таъмин бошад. Туркманистону Узбекистон узви ин созмон нестанд ва сиёсати мудофиавиву дипломосии онҳо нисбати “Толибон”-у  қазияи Афғонистон аз кишварҳои узви СПАД то андозае тафовут дорад.

 Дар бораи таҳдиду хатарҳои эҳтимоливу интизорие, ки метавонанд вазъияти сиёсиву амниятии кишварҳои минтақаро халалдор намоянд мухтасар  истода мегузарем.

Хатар ба  Қазоқистон

Ҷумҳурии Қазоқистон бо Афғонистон ҳаммарз нест, вале ин маънои онро надорад, ки ин кишвар аз ҳаводиси ахири дар Афғонистон ба вуқӯъ омада бетафовут бошад.  Қазоқистон  аз  эҳтимолияти  рахна гаштани сарҳадоти Афғонистону Туркманистон  дар хавотир мебошад, чунки коршиносон онро  минтақаи аз ҳама заиф медонанд.  Ин хатар танҳо барои Туркманистон нест, чунки дар чунин ҳолат  “Толибон” мустақиман ба  минтақаи баҳри Хазар мебароянд, ки  ин аллакай хатари бевосита ба Қазоқистону ҳатто Озарбойҷон мебошад.  

Досым Сатпаев-сиёсатшиноси  қазоқ, директори “Гурӯҳи арзёбии хатар”  дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ дар бораи таъсири ҳаводиси Афғонистон ба Қазоқистон ва дигар кишварҳои ОМ посух додоа изҳор намуд: “Ӯзбекистону Қазоқистон бояд як паймони хуберо оиди қазияи Афғонистон эҷод намоянд ва атрофи он кишварҳои дигари ОМ муттаҳид шаванд дар ҳолате ки аллакай байни Туркманистону Узбекистон дар бораи ҳамкориҳои низомӣ паймоне вуҷуд дорад.Ин муҳим аст, чунки дар ҳоли ҳозир сарҳади туркмену афғон осебпазир нуқтаи сарҳадот ба шумор меравад. Узбекистон бо Туркменистон   ҳамкорӣ дорад, Қазоқистон низ дар соҳаи амниятӣ бо Туркменистон бояд ҳамкорӣ намояд, чунки худо нохоста минтақаи турмении сарҳад рахна гардад, ин барои Қазоқистон хатари ҷиддӣ мебошад”.

Тибқи хабарҳои Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳамчун узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) дар размоишҳои мухталифи доирнамудаи ин паймон ширкат меварзад. Дар размоишҳои 18-23 октябри соли равон, ки дар наздикии сарҳади Афғонистону Тоҷикистон бо номҳои рамзии “Ҷустуҷӯ-2021”, “Ҳамкорӣ-2021”, “Эшелон-2021” ва “Кобалт-2021”  доир гашт низомиёни Қазоқистон ширкат варзиданд. Дар мусоҳиба муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Дарын Туяков изҳор намуд, ки “ Қазоқистон аз вазъи сиёсӣ ва низомии Афғонистон нигарон мебошад, чунки он ба амнияту суботи тамоми минтақа хатар дорад. Бо дар назардошти ин Қазоқистон ҳамкории худро бо шарикони минтақавиаш ҷиҳати ҷилавгирӣ аз сели идеологияи харобиовар, маводи мухаддир ва муҳоҷирати назоратнашаванда вусъат медиҳад. Ҳамкорӣ дар чаҳорчубаи СПАД барои пешгирии таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ  густариш меёбад”.

Бо дар назардошти вазъияти ба амал омада  дар Афғонистон ҳукуматдорони Қазоқистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро ба ҳолати омодабош қарор додаанд. Барои баргардонидани ҳуҷуми эҳтимолии “Толибон” Қувваҳои амалиётҳои махсус ва дигар ҷузъутомҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳоли омодабош мебошанд. Ҳамзамон Сафорати Қазоқистон дар Кобул фаъол  буда музокироти ошкорову пинҳонӣ бо “Толибон” идома дорад. Ҷумҳурии Қазоқистон тарафдори барқарор намудани таомулу ҳамкорӣ  бо Ҳукумати Иморати Исломии “Толибон” мебошад.

Хатар ба Қирғизистон

Ҷумҳурии Қирғизистон низ бо Афғонистон  марзи муштарак надорад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки Афғонистон як кишвари ниҳоят дурест аз Қирғизистон ва ҳодисаву таҳаввулотҳои он ҷо рух дода ба ин кишвар дахлу муносибат ва таъсире надорад. Дар асл бошад “самти афғонии” амнияти миллии Қирғизистон дар чунин шакл мебошад.

Қабл аз ҳама Афғонистон барои Қирғизистон кишвари дурдаст набуда масофаи мустақими байни онҳо ҳамагӣ 180 километр мебошад. Ин роҳи тахминан 3-5 соата дар автмобил ё тахминан як ҳафтаина роҳи пиёдагард мебошад. Ин дур аст ё наздик худ қазоват бикунед. Як чиз мусаллам аст, ки ин масофа барои террористону экстримистҳои дар Афғонистон буда роҳи дур нест, дастрас мебошад.  Гузашта аз ин аз нигоҳи ҷуғрофӣ он минтақаи Бадахшони Тоҷикистон, ки  Қирғизистонро аз Бадахшони Афғонистон ҷудо менамояд, минтақаи баландкӯҳу камаҳолӣ ва душворназоратшаванда мебошад. Ба ҳамагон маълум мебошад, ки “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои террористии дар Афғонистон амалкунанда таҷрубаи бои пешбурди ҷангҳои чирикиро дар баландкӯҳҳо доранд ва мавҷудияти омилҳои дар боло зикршуда бар манфиати онҳо мебошад. Ва дар ниҳоят минтақаи мазкур аз лиҳози қавмизабонӣ(этнолингвистический) ва қавмимазҳабӣ (этнорелигиозный)  хусусиятҳои хос дорад, ки ба роҳ ёфтани террористҳо ба Қирғизистон мусоидат менамояд. Омили қирғизҳои бумии долони Вахонро низ набояд нодида гирифт. Қирғизистон  ворид шудни ҷангҷӯёни Таҳрики исломии Узбекистонро аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ҳангоми  ҳодисаҳои Бодканд(1999-2000) дар хотир дорад ва эҳтимолияти такрори онро истисно намекунад.

Ҷумҳурии Қирғизистон хатари асосиро на аз тарафи Толибон, балки аз тарафи дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки дар онҳо шаҳрвандонаш шомил мебошад, интизор аст.  “Давлати Исломии Ироқу Шом”(ДИИШ), “Давлати Исломӣ – Вилояти Хуросон”,  “Давлати Исломӣ – Вилояти Мовароуннаҳр”, “Таҳрики Исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ал-Қоида” ва амсоли онҳо дар рӯйхати сиёҳи ин  кишвар мебошад. Дар ҳолати ворид гаштани аъзои ин гурӯҳҳои террористии зикр гашта аз ҳисоби шаҳрвандони Қирғизистон ба кишвар метавонанд вазъияти сиёсиву амниятии мамлакатро зери хатар гузоранд. Бо дар назардошти сиёсати нисбатан хайрхоҳонаи ин кишвар нисбати диннуташкилотҳои диннӣ метавонанд ячейкаҳои нуҳуфтаи созмонҳои террористиву экстремистӣ дубора фаол гарданд ва даст ба аъмоли зиддидавлатӣ зананд.

Ягона роҳи наҷоти Ҷумҳурии Қирғизистон аз таҳдиду хатарҳои мавҷуда ва меомада узвияти он дар Созмони  Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) мебошад ва ин воқеиятро ҳамсояи шимолии мо ба хубӣ дарк намудааст.

Хатар ба Туркманистон

Сарҳади байни Афғонистону Туркманистонро  коршиносон пайванди аз ҳама заифи самти Осиёи Марказӣ аз нигоҳи таҳдиди террористӣ медонанд. Сарҳади ин ду давлат аз биёбон мегузарад ва тули  он зиёда аз 800 километрро ташкил медиҳад. Ягон монеаи табии дар сарҳад аз қабили дарё ва ё қаторкӯҳҳои баланд мавҷуд нест ва ин омил ҳимояти онро ниҳоят душвор мегардонад.  Мақоми  “бетарафӣ” метавониста бошад онро аз таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон бармеомада наҷот диҳад? Ба гумон аст, чунки нияту мақсадҳои аслии Толибону дигар гурӯҳҳои террористӣ ба касе маълум нест. Дар заминаи фаол гаштани кишварҳои узви СПАД бо гузаронидани силсилатамринҳои дастаҷамъи дар сарҳад бо Афғонистон хомушиву бетафовутии Туркманистон муамост. Тавре ки медонем дар ин размоишҳо Узбекистон, ки узви ин паймон нест иштирок менамояд, аммо Туркманистон аз ин тамринҳо канорагирӣ менамояд.

Кушиши ноором кардани вазъияти амниятӣ-сиёсии Туркманистонро амалан метавонанд созмонҳои террористие, ки тули солҳои зиёд мақсади ташкили Халифатро дар ҳудуди тамоми Осиёи Марказӣ дар нақша доранд, ба роҳ андозанд. Инҳо “Таҳрики Исломии Узбекистон”, “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ” ва”Таҳрики Исломии  Туркистони Шарқӣ” мебошанд. Онҳо ба воситаи фаолини худ, ки аз ҳолати хомӯшӣ баромадаанд бо роҳи таблиғу ташвиқ ҷавоноро ба сафи худ ҷалб менамоянд. Мувофиқи маълумотҳои ғайрирасмӣ дар суфуфи ДИИШ беш аз 200 нафар ҷангиёни туркмантабор меҷангиданд ва тақдири минбаъдаи онҳо баъди тағири авзоъ  дар Афғонистон номаълум аст. Мавҷудияти миқдори начандон зиёди туркманҳои бумӣ(тақр.1%) дар Афғонистон низ яке аз омилҳои муҳим мебошад, ки онро нодида гирифтан нашояд.  Эҳтимолияти пайдо шудани теъдоди зиёди гурезагон низ яке аз нигарониҳои на танҳо Туркманистон, балки Қазоқистону Русия мебошад. Аз ин лиҳоз мустаҳкам намудани сарҳади Афғонистону Туркманистон ба манфиати Қазоқистону Русия мебошад. Мантиқан кишварҳои номбурда барои муҳофизати сарҳади зикргашта чораҳои зарурӣ меандешанд. Давлати дигаре, ки дар устувории ин сарҳад манфиатдор мебошад Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, ки бо Туркманистон наздики 1150 килметр марзи умумӣ дорад ва дар ҳолати тахриби ин сарҳад аз тарафи террористон боз як мушкилоти дигаре дар сарҳади шимолиаш пайдо хоҳад кард. Новобаста ба мақоми “бетарафӣ” бо дар назар дошти мавқеи геополитикиаш касе Туркманистонро дар муқобили ин таҳдиду хатарщо танҳо наҳоҳад гузошт.

Хатар ба Ӯзбекистон

Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари аз лиҳози низомӣ ва иқтисодӣ қудратмандтарин ҳамсоякишвари Афғонистон дар марзи шимолиаш мебошад. Гарчанде сарҳадоти байни ин ду кишвар чандон тулонӣ нест ва ҳамагӣ 144 километрро ташкил медиҳад аҳамияти он барои Аморати Исломии Афғонистон ниҳоят муҳим мебошад. Пули Тирмиз имрӯзҳо барои Афғонистон ин пули наҷот ва пули пайвасткунандаи он бо олами беруна дар шимоли кишвар мебошад ва қариб тамоми доду гирифти он бо кишварҳои дигар (ба хусус воридоти маводи ғизоӣ) тавассути ин пулу ҳудуди ин кишвар анҷом мепазирад. Роҳбарияти низомиву сиёсии Ӯзбекистон эҳтимолияти  таҷовузу таҳоҷуми “Толибон”  ва дигар гурӯҳҳои террористиро аз марзи Афғонистон истисно наменамяд ва ҷиҳати таҳкими марзаш бо ин кишвар чораҳои ҷиддӣ андешидааст. Коршиносон ин қитъаи марзро боэътимодтарин қисмати марззҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон медонанд. Гарчанде  Ӯзбекистон узви Созмони Паймони Амниятии Дастаҷамъӣ(СПАД) набошад ҳам дар размоишҳои муштараки ин Паймон дар сарҳад ширкат меварзад ва амалан шарики стратегии он мебошад.

Аслан барои Ӯзбекистон на чандон “Таҳрики исломииТолибон”, балки дигар аҳзоби террористиву ифротгарои тундрав дар навбати аввал “Таҳрики Исломии Ӯзбекистон”, ки тағири ном кардааст ва номи “Таҳрики исломии Туркистон”- ро гирифтааст,  “Ал-Қоида”, “ДИИШ “,  “Ҳизб-ут-таҳрир” ва амсоли он боиси нигаронӣ гаштааст. Баъди шикасти “ДИИШ” дар Ироқу Сурия аксари ҷангиёни ӯзбектабори он  аз баталёни  “Имом Ал-Бухорӣ”  ба Афғонистон омадаанд то ҷиҳоди худро барои таъсиси “Хилофати умумиҷаҳонӣ” дар “Давлати исломии-Вилояти Хуросон” , ки  шохаи “ДИИШ” дар Афғонистон аст, идома бидиҳанд.

Мувофиқи маълумоти “рӯйхати террористон”-и  Устод Ато Муҳаммади Нур “Масъули умумии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон шахсе ба номи “Қорӣ Алӣ”, шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Саргуруҳҳои ин созмони террористӣ “Қорӣ Зоҳир”, “Ҷундуллоҳ”, “Садоқат”, “Сулаймон”, “Умар”, “Ҳабибуллоҳ”, “Мустафо Чақмоқ”, “Юнус”, “Ахтар” “Комрон”, “Яъқуб”, “Абӯзар”, “Абдуллоҳ” дар дараи Хустак, “Юнус” ва “Шайх Талҳа” (ҳарду минасоз) дар Роғистон мустақар шудаанд. Аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳама шаҳрванди Ӯзбекистон буда, раҳбарии ин созмон пас аз кушта шудани Азиз Юлдош, писари Тоҳир Юлдош, асосгузори ин созмон, дар як соли қабл аз сӯи урдуи миллии Афғонистон, бино ба иттилои дарёфтӣ, ба Мустафо Юлдош, писари дигари Тоҳир Юлдош гузаштааст. Феълан ӯ дар Покистон ба сар мебарад. Ҳамзамон Бибӣ Мукаррама, духтари Юлдош, низ соли гузашта аз Покистон вориди Бадахшони Афғонистон шуда, бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло дар вилояти Форёб қарор дорад. Қаблан аз ҳамсари Азиз Юлдош, низ табааи Ӯзбекистон, гузоришҳо пахш шуда буд, ки дар миёни ӯзбекҳои вилоятҳои Сапирул ва Форёб ба нафъи “Толибон” таблиғот мекард”.  

Гузашта аз ин теъдоди муайяни толибони ӯзбектабор низ арзи  вуҷуд доранд ва дар якҷоягӣ бо омили мавҷудияти узбекони бумии Афғонистон дарди сари иловагии Ӯзбекистон мебошад. Хавфи Ӯзбекистон аз ворид шудани ин гурӯҳҳо зери ниқоби паноҳандаву гуреза бе асос нест ва мақомоти ин кишвар тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии ин амал иттихоз намудааст. Ӯзбекистон бархилофи Тоҷикистон аз қабули паноҳандагони афғон қатъиян даст кашидааст ва танҳо барои интиқоли минбаъда ба Аврупову Амрико ба онҳо (гурезагон) иҷозаи убури сарҳадро медиҳанд.

Новобаста ба талошҳову хушомадгӯиҳо байни Ӯзбекистону “Толибон”  хушунатҳое мавҷуд мебошад, ки боиси ташвишу нигаронии Тошканд мебошад.  Тавре ки медонем ба ҳудуди Ӯзбекистон теъдоди зиёди техникаи низомии мутааллиқ ба Урдуи собиқ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  интиқол дода шуда буд ва тибқи маълумотҳои тасдиқнагардида ин аслиҳаву муҳимот ба Ҷабҳаи муқовимат ба Панҷшер фиристода мешавад, ки боиси ғазаби “Толибон” гаштааст. Инчунин дар ҳудуди Ӯзбекистон тахминан 50 адад тайёраву чархболҳои Қувваҳои Ҳарбӣ-Ҳавоии Урдуи собиқ низ мавҷуд мебошад ва талаби баргардонидани онҳо аз тарафи  Ӯзбекистон нодида гирифта мешавад, ки ин боиси таҳдиду ахторҳои иловагии “Толибон” нисбати ин кишвар гаштааст. Сарфи назар аз ин мушкилотҳову нофаҳмиҳо Ӯзбекистону “Толибон”  кӯшиш доранд бо роҳҳои дипломосиву ҳамкориҳои иқтисодӣ  ҳусни тафоҳум ба даст биёранд, ки ин мавзӯъи дигар аст.

Хатар ба Тоҷикистон

Сарҳади байни АфғонистонуТоҷикистон тӯлонитарин сарҳади давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон буда зиёда аз 1344 километрро ташкил менамояд. Таҳдиду хатари террористӣ ва  халалдор гаштани сарҳади давлатӣ  дар ин қисмати сарҳадот мутаносибан назар ба дигар кишварҳои минтақа зиёдтар мебошад.  Бо дар назардошти вазъияти хатарноки дар Афғонистон ба амал омада вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки марзбонон ва хидматчиёни низомии Вазорати дифоъ, ки дар хатти дуввуми посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон хидмат мекунанд, ба реҷаи вижаи хидмат гузаронида шудаанд.  Рӯзи 5-уми июл  Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти кишварро баргузор кард ва ба вазири дифоъ дастур дод, ки барои ҳимояти марз ва амнияти давлат 20 ҳазор нерӯи эҳтиётиро сафарбар кунад. Ҳамчунин дастур дод, ки дар минтақаҳое, ки неруи иловагӣ зарур аст, неру бифиристанд. Ин тадбирҳо далели ташвишу нигарониҳои ҷиддии  Тоҷикистонро нишон медиҳад, ки беасос нестанд.

Ҳамзамон Пешвои миллат аз тамоми манотиқи наздисарҳадии кишвар  дидан намуд ва мардумро ба ҳушёриву омодагӣ аз таҷовузу таҳоҷуми берунӣ даъват намуд. Дар ҳошияи ин сафари Пешвои миллат дар гарнизонҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Дарвоз ва Хоруғ гузаштҳои низомӣ баргузор гардид. Ҳамчунин дар  гузаштҳои низомии, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон зиёда аз 53 ҳазор афсару  сарбоз  ширкат варзиданд,  ки  иродаву омодагии Тоҷикистонро алайҳи хатари он сӯи руди Панҷ  нишон дод.

Нигарониҳои шадиди Тоҷикистон ҳам дар сатҳи ниҳодҳои низомиву дифоӣ ва ҳам дар сатҳи раҳбарии олии сиёсӣ, баёнгари он аст, ки “Толибон”  хатари ҷиддие барои Тоҷикистон ба бор меоранд. Эҳтимоли интиқоли ҷангҷӯёни зодаи Тоҷикистон, ки дар сафи “Толибон”ва дигар гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд  аз хатарҳои асосие мебошанд, ки ба амнияти кишвар таҳдид менамлояд. Хусусан дар шароите, ки дар сафи “Толибон”- у дигар гурӯҳҳои ифротгарову тундрав  аз вуҷуди садҳову ҳазорҳо ҷангҷӯйи зодаи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ  сухан меравад. 

Расонаҳои хабарии Русия ва Радиои Озодӣ бо иттико ба манбаъҳои худ хабар медиҳанд, ки “Толибон” эълон кардаанд, ки барои ҳуҷум ба Тоҷикистон омодаанд. Маҳди Арсалон, раҳбари гурӯҳи тундгарои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” (дар Тоҷикистон мамнӯъ аст), ки бо номи “Толибони тоҷик” ёд мешаванд изҳор доштаст, ки барои ҳуҷум ба Тоҷикистон омодаанд. Ин дастаи ҷинояткори террорист дар солҳои гуногун дар Афғонистон ва Покистон бо Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Ҷунбиши Исломии Туркистон, "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ", "Ҷундулхалифа", Ал-Қоида ва “Толибон” ҳамкорӣ кардааст. Идораи панҷ вулусволии марзиро -Куф, Шикай, Нусай, Моҳимай ва Хоҳонро “Толибон”  ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ”  супурдаанд. Ин минтақаҳоро аз ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон  ва Дарвози ВМКБ танҳо рӯди Панҷ ҷудо мекунад.

Дар рӯйхати Устод Ато Муҳаммади Нур сухан дар бораи – “муовини “Ҳоҷӣ Фурқон” шахсе ба номи “Салмон”, узви “Ансоруллоҳ” ёд мешавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар рустои Мағзори Хули дараи Хустак зиндагӣ мекунад. “Салмон”, ҳамзамон масъули асосии “Ансоруллоҳ” мебошад, ки аз атбоъи Тоҷикистон таркиб ёфтааст. Саргурӯҳҳои ин созмони террористӣ, назири “Умар”, “Абумузифа”, “Абдусалом”, “Қосим Ака”, “Ланги Фатҳуллоҳ” (масъули минасозӣ) дар дараи Хустак, “Абуҷаъфар” (масъули низомӣ), “Абубакр” (масъули иршоду даъват), “Бахтиёр Ака” (масъули техникӣ), “Самир”, “Форуқ”, “Маҳдӣ”, “Алӣ”, “Умед”, “Сайфиддин”, “Шайх Абдусалом” (масъули низомӣ), ки бархе ҳам шаҳрванди Ӯзбекистон ном бурда мешаванд, дар Роғистон фаъолият мекунанд”. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ҳудуди 50 ҷангии “Ансоруллоҳ” дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, низ ҳузур доранд ва кори аслиашон минасозӣ барои ҳаракати “Толибон” будааст. Инчунин сардори як гуруҳи ҷангиёни “Ал – қоида” шахсе ба номи мустаори “Муътасим Биллоҳ”, маъруф ба “Мавлавӣ Иброҳим” низ шаҳрванди Тоҷикистон буда, қароргоҳаш дар рустои Даҳани Шолаи вулусволии Роғистон ҷойгир аст.

Ҳамзамон расонаи  Sputnik Тоҷикистон  хабар медиҳад, ки “Лашкари Мансурӣ” ё  “баталёни истишҳодии “Иморати исломӣ” дар вилоятҳои ҳамарз бо Тоҷикистон – Бадахшон, Кундуз ва Тахор мустақар шудааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” дар ҳисоби твитериаш  25 сентябр аз истиқрори “даҳҳо ҳазор” нерӯи ин баталён дар вилояти Тахор “ба хотири таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз хатарҳои билқувва ва ғайра” хабар додааст. Муҳаммад Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон” дар Қатар зимни як нишасти матбуотӣ эълон доштааст, ки агар кишварҳои хориҷӣ  дахолат накунанд, “Толибон” дар давоми  24 соат Тоҷикистонро ишғол мекунанд. Ҳанӯз садои ин таҳдидҳо аз гӯшҳо нарафта  муовинони сарвазири Ҳукумати “Толибон”  Мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ  бешармона аз дахолати Тоҷикистон ба корҳои“Иморати Исломӣ”   ва эҳтимоли аксуламал изҳори ақида намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону муттаҳидонаш алайҳи ин таҳдиду  чолишҳо як силсила тамринҳои низомиро дар сарҳад анҷом доданд.  Аз 18 то 23 октябр дар ду размоишгоҳ  дар наздикии марз бо Афғонистон якбора се размоиши кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) бо номҳои “Ҷустуҷӯ-2021”, “Ҳамкорӣ-2021” ва “Эшелон-2021” баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 4 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ҳамчунин  зиёда аз 500 адад техникаи ҳарбӣ дар размоиш  ба кор бурда шуданд. Дар ин размоишҳо эҳтимоли убури сарҳад аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ ва тадбирҳои хунсо намудани онҳо тамрин гашт. Албатта ин размоишҳо бенатиҷа набуданд ва ба гурӯҳҳои ифротгаро нишон доданд, ки кадом қувва онҳоро дар Тоҷикистон интизор аст.

Коршиносон муътақиданд, ки хатари дигар ” интиқоли мафкура ва ҷаҳонбинии “толибонӣ” тавассути таблиғоти расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоиву марказҳои коршиносиву таҳлилилӣ аст. Мафкурае, ки дунё бо он созиш надорад ва Тоҷикистон ҳам онро хилофи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорияш медонад”.  Гузашта аз ин  “Толибон” хатари ҷиддие барои ҳадафҳои милливу фарҳангӣ ва тамаддуниву арзишии Тоҷикистон дар Афғонистон мебошанд. Сарфи назар аз ҳама нуқтаназарҳои дипломативу ҳуқуқибашарӣ, “Толибон” як ҳаркати паштунмеҳвар дар Афғонистон мебошанд, ки дар мухолифати ҷиддӣ бо қавмҳои дигари Афғонистон, хусусан тоҷикҳо қарор доранд”.

Иброҳим Усмонов сиёсатмадори тоҷик дар мусоҳиба бо Телеграмм-канали Halva.tj  оиди хушунати Толибон нисбати тоҷикон изҳор намудааст, ки «Тамоми олимони дунё муътақиданд, ки аҳолии азалї, таърихї, қадимї ва бумии Афғонистон тоҷикон мебошанд. Балх макони мардуми тоҷик буд. Ҳамин мардум якҷо бо суғдиҳо адабиёти форсиро ба вуҷуд оварданд. Аввалин шоири дарбори Сомониён – Дақиқии Балхӣ буд. Аввалин шоираи адабиёти классикӣ - Робияи Балхӣ низ аз ин ҷо буд. Яъне, инҳо ҳама тоҷикон буданд. Аввалин сафири Англия дар Афғонистон менависад, ки аҳолии Кобул ҳамааш тоҷик аст. Ва имрӯз забони аслии мардуми аслии Афғонистон – дариро аз расмият дур карда истодаанд. Магар фашизм аз ин зиёдтар мешавад?! Магар генодсит аз ин зиёдтар мешавад?! Ин забон дар Афғонистон на танҳо забони халқи тоҷик аст, балки бо ин забон ҳамаи халқҳои Афғонистон гап мезаданд. Барои ќавми ҳазора забони дарӣ забони расмии модарӣ ба ҳисоб меравад. Дар паҳлӯи ин забони халқҳои дигари ғайрипаштун, аз ҷумла, забони ӯзбекҳо ва туркманҳоро маҳдуд карданӣ ҳастанд ва мавқеи ин халқҳоро ҳам маҳдуд кардан мехоҳанд. Агар имрӯз дар муқобили ӯзбеку туркман муносибати рӯирости душманонаи Толиб камтар эҳсос шавад, ин нишони он аст, ки Толиб нахуст дар сар фикри калонтари онҳо, яъне тоҷиконро аз байн бурдан доранд, баъдан аз байн бурдани дигар қавмҳо барояшон мушкилот надорад».

“Толибон” дар сухан ваъда медиҳанд, ки дар Афғонистон ақаллиятҳои милливу мазҳаби таъқиб намешаванд ва ҳуқуқҳои онҳоро кафолат хоҳанд дод, вале дар амал мо баракси ин гуфтаҳоро мебинем. Ҳамчунин савганд меҳуранд, ки аз Афғонистон ягон хатаре ба ҳамсоякишварҳо мавҷуд нест ва онҳо намегузоранд, ки Афғонистон  ба лонаи гурӯҳҳои террористӣ табдил гардад. Оё  мешавад ба ҳаракати “Толибон” бовар кард?  “Ба гуруҳе, ки навзодҳоро дар зоишгоҳҳо, мактабхонҳоро дар мадраса, донишҷӯёнро дар донишгоҳҳо, муллоҳову намозгузоронро дар меҳробу масҷид ва дигар мардуми одиву бегуноҳро дар хиёбону бозорҳо ба таври ваҳшиёнае инфиҷор медиҳаду пора-пора месозад, мешавад бовар кард? Албатта ҳеч гоҳе на.  Онҳо ба ҳеч қонуне на исломӣ ва дунявӣ пойбанд нестанд”.  

“Толибон” имрӯз дар дуроҳае қарор доранд, ки интихоби роҳи дуруст барои онҳо сарнавиштсоз хоҳад буд. Онҳо метавонанд ё  бо роҳи ДИИШ дар Сурия бираванд, ки ин роҳ ба хушунат бо ҳамсоякишварҳо анҷом хоҳад ёфт ва ё ба эъмори давлати диннии шакли Арабистони Саудӣ даст бизанад, ки дар ин ҳолат бояд тамоми муносиботро бо ҳамкорони собиқи ҳаросатгарову ифротии худ биканад ва муносиботи ҳасанаро бо кишварҳои ҳамсоя роҳ биандозад. Оянда нишон хоҳад дод, ки “Толибон” аз ин ду роҳ кадомеро тарҷеҳ хоҳанд дод. Тоҷикистон бошад бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, ба доми фиреби душманонаш наафтад ва ҳамеша дар ҳолати омодабоши ҷангӣ бо ин гурӯҳу ин давлати ҳаросатгаро  қарор дошта бошад.

 

Сайдалӣ Судуров 

 ходими хурди илмии Шуъбаи Шарқи

Миёна ва Наздики ИОМДОА АМИТ

Хондан 933 маротиба