Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 29 Октябри 2020 09:19

Марҳалаҳои асосии таърихӣ ва самтҳои инкишофи илми ахлоқ дар Юнони Қадим ва Ғарб

Муаллиф: Зебуннисо Зиёева

  Ахлоқи антиқа. Зери мафҳуми “антиқа” дар таърих марҳалаи аз асри VII – VI то м. то асри IV – V то м. (қариб 10 аср) фаҳмида мешавад. Марҳалаи аввали инкишофи афкори ахлоқӣ бо заволёбии сохти қабилавӣ-авлодӣ ва худро ҳамчун шахсият дарк кардани инсон, ҳамчун “Ман”-и аз дигарон (кул) ҷудошуда алоқаманд мебошад. Тасаввурот дар бораи ногустанӣ будани “Мо” ва “Ман” дар асарҳои Гомер тавсиф ёфтааст.

  Сараввал андешаҳои ахлоқӣ дар ҷараёнҳои фалсафӣ ташаккул ёфта, низоми асотирӣ ва динӣ дар бораи макони инсон дар олам ва робитаҳои тарафайн бо дигарон ҳамчун заминаи он хизмат кардаанд, ташаккул ёфтаанд. Дар ин марҳала афкори ахлоқӣ дар шакли ҳиссӣ-образӣ баён мегардиданд, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи ташаккули рафтори амалӣ дода мешуд.

  Марҳалаи классикии инкишофи ахлоқи антиқа.Марҳалаи классикии инкишофи ахлоқи антиқа аз фаъолияти Демокрит (5-4 то м.), ки аввалин бор ғояҳои ахлоқӣ ва фалсафии худро дар мафҳумҳои махсус баён намудааст, оғоз ёфтааст. Хидмати асосии ӯ кӯшиши таҳия намудани меъёрҳоест, ки аз рӯи он метавон хайр ва шарро ҷудо кард. Ба сифати чунин меъёр ӯ қаноатмандиро на ба маънои рӯзмарраи он, балки қаноатмандӣ ҳамчун истилоҳи фалсафӣ, ҷудо намудааст. Зери маънои қаноатмандӣ, Демокрит, ҳолати оромии нафсро баъди анҷом додани амал, мефаҳмидааст.“Агар баъд аз чанд вақте ноқаноатмандӣ боз гардад, пас, кори нахустин кори хайр набудааст”.

  Эҳтиёҷмандӣ, ба андешаи ӯ, инсонро ба меҳнат кардан маҷбур намуда, ӯро аз ҳолати ваҳшигӣ берун мебарад: “Меҳнат одамро ба вуҷуд овардааст”.

  Демокрит ба раванди тарбия таваҷҷуҳи махсус намуда, тарбияро бе маҷбуркунӣ номумкин меҳисобидааст. Ҳисоб ва навиштанро бе аз худ кардани хатнависӣ ва арифметика, ёд гирифтан номумкин аст. Маҷбуркунӣ метавонад зоҳирӣ (ҷисмонӣ ва ахлоқӣ) ва ё ботинӣ бошад.

  Симои дигари давраи классикии инкишофи ахлоқ Арасту мебошад. Дар тафоввут аз Демокрит, Арасту бештар ба масъалаи худтарбиякунӣ таваҷҷуҳ кардааст. Ӯ аз ҷумла таъкид намудааст, ки дар рафти худтарбиякунӣ инсон мутлақан озод аст, зеро интихоби рафтор - ин натиҷаи андешаҳои инфиродӣ мебошад.

  Мактаби “софистон” (софия – ҳикмат). Баъди Демокрит онҳо коркарди проблемаҳои ахлоқиро идома дода, ду нуқтаи асосиро ба мерос мондаанд.

  1. Ғояи низоми тарбияи сезинагӣ (оила, мактаб ва тарбия тавассути ҳуқуқ).
  2. Ягонагии тарбияи ахлоқӣ ва бадеӣ. Ғояи ба ҳам омезиш додаи тарбияи ахлоқӣ ва бадеӣ қабл аз ҳама дар коркарди арзишҳои маънавии давлат, дар рамзиёт, дар тасаввурот оид ба рафтори дилхоҳ ва ғайра истифода мешуд.

  Марҳалаи охирин – марҳалаи рӯ ба завол овардани давлатҳои антиқа мебошад. Дар ин марҳала ахлоқ аз як тухм ба якчанд ҷараёнҳо: гедонизм, шаккокия, равоқия ва ғайра ҷудо мешавад.

  Эпикур – вассофи ҳаловат, таълимоти лаззату ҳаловатбарӣ мебошад. Ӯ бори аввал нуқтаро дар бораи хирадмандӣ, оқилона будани эҳтиёҷоти инсониро шакл додааст. Тамоми эҳтиёҷотро ӯ ба се гурӯҳ ҷудо кардааст:

1.Эҳтиёҷоти табиӣ ва зарурӣ (хоб, ғизо ва ғ.);

2.Табиӣ аммо нозарур (бо завқ хӯрдан, хоби ширин, зебо пӯшидан);

3.Ғайритабиӣ ва нозарур (ҳирси бойшавӣ, муҳаббат ба шараф, саъю талош барои гузоштани ёдгориҳо ҳанӯз дар давраи зинда будан).

  Дар раванди тарбия ҳар як инсон, бояд аз низоми маҳдудиятҳои эҳтиёҷот бигузарад, он гоҳ ӯ хоҳад фаҳмид, ки барои зиндагии пурра бисёр чизи кам лозим аст ва онро метавон бо воситаи меҳнати худ ба даст овард. Замоне, ки инсон аз лаззати ин ду чизи охир маҳрум мегардад - ин барояш фоҷиа нахоҳад буд. 

  Ахлоқ дар Юнони қадим ва Рими қадим. Таъсири фалсафаи антиқаро дар инкишофи шуури фалсафии инсон баҳо додан душвор аст. Ватани маънавии антиқа Юнони қадим мебошад, ки бо сафарҳои ҳарбии Искандари Мақдунӣ дар асрҳои 3-4 то м. ҷаҳонбинии Юнони қадим дар қисмати шарқии Миёназамин (Осиёи Хурд ва Миср) ба таври васеъ интишор ёфта, дар асри 2 мелодӣ бошад ба маданияти Юнон маданияти Рими қадим низ илова гардид.

  Ҷаҳонбинии антиқа дорои хусусиятҳои хосаи худ мебошад:

  1. Афзалият доштани ангезаҳои эвдомонистӣ дар ҷустуҷӯҳои маънавии мутафаккирони юнонӣ (ба андешаи онҳо инсон бояд хушбахт бошад).
  2. Ғояи ҳамоҳангии маънавӣ ва ҷисмонӣ. Ахлоқ дар Юнони қадим кӯшиш накардааст, ки ба мисли Ҳинди қадим барои пайваст шудан бо Худо аз болопӯши моддӣ раҳо гардад. Баръакс антиқа парастиши ҷисмро, ки барои дигар маданиятҳо тамоман ношинос буд, оғоз мекунад.
  3. Самтнокии иҷтимоӣ доштани андешаи ахлоқӣ, робитаи ногустании ахлоқ бо сиёсат. Накӯкориҳои шаҳрвандӣ чӣ дар Юнон ва чӣ дар Рим қадрдонӣ мешаванд. Арзишҳои демократӣ низ нақши муайян бозиданд. Барои антиқа давлат ба мисли Чин ҳадаф набуд. Дар ибтидои антиқа тасаввурот дар бораи ваҳдати фард ва давлат интишор ёфта бошад, баъдан бо ҳам муқобилгузории олами ботинии инсон ва ҳаёти иҷтимоии ӯ пайдо шудааст.
  4. Тавсифи муҳими ҷаҳонбинии ахлоқии антиқа ақлгаро (ратсионалӣ) будани он аст. Барои бо ҳадафи ниҳоӣ иттиҳод ёфтани инсони антиқа бартараф намудани модда ва ё ташкил намудани ҷомеаи комил шарт набуд: вай инро тавассути ақл татбиқ намуд. Олами ғайб, барои антиқа тавассути ақл шинохташаванда аст ва он дорои номи макони “оқилона” буд. Инсон қодир буд, ки чунин маконро мустақилона шинохта гирад. Ин далели он аст, ки инсон дорои арзиши муайян ва худмухтор буд. Аз  ин ҷо, тасаввурот дар бораи инсон, ҳамчун инсони оқил ва рафтори маънавӣ ҳамчун рафтори оқилона бармеоянд. Илм дар бораи ахлоқ низ ба вуҷуд омадааст. Дар байни худшиносӣ ва камолот, саодат ва лаззати оқилона робитаи муайян вуҷуд дорад.
  5. Антиқа ба оламиён чунин шакли дониши ҷамъиятӣ - илмро додааст.

  Ахлоқи антиқаро метавон ба се марҳала ҷудо кард:  архаистӣ аз асри 7 то 5 то мелод, дар ин давра ташаккулёбии аҳкоми ахлоқӣ оғоз ёфтааст. Классикӣ аз асри 5 то 4 пеш аз мелод коркард ва ба низомдарории андешаҳои ахлоқӣ. Эллинӣ тахминан асри 3 то 6 м. Дар ин давра ахлоқи антиқа аз ҳудуди полисҳои (шаҳр-давлатҳои) юнонӣ берун мебарояд.

  Дар фалсафаи антиқа муҳимтарин проблемаҳои назариявии ахлоқ матраҳ ва роҳҳои гуногуни ҳаллу фасли онҳо пешниҳод шудааст. Идеали оқилона, саодатмандӣ, шахсияти баркамол тарҳрезӣ шуда, дар тасаввуротҳои гуногуни рафтор: гедонизм (киреикҳо), эвдемонизм (Арасту, Эпикур ва диг.), аскетизм ва ригоризм (равоқиён, киникҳо, шаккокон), ратсионализми ифротӣ (Суқрот, Афлотун) ва ғ. инъикос ёфтаанд.

  Андешаҳои ахлоқии Асрҳои миёна. Асрҳои миёна - марҳалаи махсуси таърихи инсоният мебошад. Муҳаққиқон ҳанӯз ҳам оид ба оғоз ва анҷоми ин марҳала баҳсу мунозира мекунанд. Ин баҳсу мунозираҳо асосноканд, зеро масалан, дар Чин ва Ҳинди асри 1 то мелод инкишофи ахлоқ бо роҳи эволютсионӣ пеш меравад. Дар Ҳинд марҳалаи браҳманӣ-буддоӣ идома дошта, дар Чин буддоия интишор ёфта бошад ҳам, конфусчигӣ нақши бузург мебозид. Дар олами юнонӣ-римӣ таҳаввулоти ҷиддии ҷаҳонбинӣ ба вуҷуд омад. Маҳз ҳамин сабаби пайдошавии истилоҳи “асрҳои миёна” гардидааст. Аксари муҳаққиқон ҷонибдори ин андешаанд, ки ахлоқи ин давра ахлоқи динӣ мебошад, аммо барои Ҳинд ва Чин пантеизм[1] хос буд.

  Даврабандии Асрҳои миёнаро шартан ба чунин давраҳо тақсим кардан мумкин аст:

Аз асри 1 то асри 5 то мелод - барқароршавии ахлоқи Асрҳои миёна (империяи Рим);

Аз асри 6 то 10 то мелод - инкишофи афкори ахлоқии асрҳои миёнадинӣ (Хилофати Араб, Византия, Аврупои Ғарбӣ);

Аз асри 11 то асри 14 то мелод - ахлоқи Асрҳои миёнаи мутааххир (Аврупои Ғарбӣ).

  Сарчашмаи асосии ҷаҳонбинии Асрҳои миёна мероси маънавии антиқа мебошад. Ғояҳои зиёди он (масалан, афкори равоқиён, навафлотуния) бо афкори шуури Асрҳои миёна ҳамроҳ шуданд.

  Сарчашмаи дигари ахлоқи Асрҳои миёна парастишҳои бисёрмиллати Империяи Рим ва кишварҳои ҳамсояи он мебошанд. Эътиқодҳои динии ин ва ё он халқ интишор ёфта, нишонаҳои миллии худро аз даст дода, дар заминаи мусоиди антиқа нишонаҳои умумӣ қабул менамуданд.

  Масеҳият. Масеҳият дар асри 1 мелод пайдо шуда, ҳамчун таълимоти ягонаи динӣ дар асри 4 мелод дар Шӯрои Умумиҷаҳонии Никей ташаккул ёфтааст. Тибқи ин таълимот Худо – Исои Масеҳ дар як вақт табиати ҳам инсонӣ ва ҳам илоҳиро дар худ ҷо мекунонад. Исои Масеҳ барои наҷот додани одамон ва ато кардани ҳаёти абадӣ, бар неруи маъсият тавассути қабул кардани азоби чормех ва марг ғолиб омад. Китоби муқаддаси масеҳиён Библия мебошад.

  Насрония баробарии тамоми инсонҳоро новобаста аз мансубияти миллӣ ва иҷтимоӣ назди Худо эътироф намуда, ақидаеро, ки тибқи он, яҳудиҳо миллати эътироф шуда ва ё баргузидаи Худо мебошанд, комилан инкор менамояд.

Дар асоси таълимоти китоби муқаддаси «Инҷил» насрония чунин таълим медиҳад:

1) ахлоқ табиати фавқуттабиӣ ва илоҳӣ дошта, онро Худо ба инсон эҳдо кардааст;

 2) инсон танҳо дар асоси имону боварӣ ба Худо метавонад, ки ахлоқӣ бошад, чунки ахлоқи инсонӣ бе эътиқод ба Худо имконнопазир аст;

3) ахлоқ системаи меъёрҳо, қоидаҳо ва принсипҳои рафторе мебошад, ки онҳоро Худо ба сифати қонуни ахлоқии азалии тағйирнаёбанда муайян кардааст; одамон вазифадоранд, ки онҳоро иҷро намоянд.

  Насрония ба пайравонаш тасалло ва умеди озодиро ба воситаи маърифати ҳақиқати илоҳӣ таълим медиҳад, ки онро Исои Масеҳ ба тамоми инсоният овардааст.

  Асоси насронияро муҳаббати Худо ба одамон ва муҳаббати инсон ба Худо ташкил медиҳад. Дар «Инҷил» гуфта шудааст, ки: «Худо муҳаббат аст» (I ин. 4,8). Тамоми муъминон ба воситаи муҳаббат ба Худо муҳаббати худро нисбати наздиконашон амалӣ менамоянд. Ин муҳаббат одамонро ба худию бегона, ба дўсту душман ва ба хубу бад ҷудо намекунад, ин муҳаббат муносибати байни одамонро ба мисли Исо ҳамчун муносибати бародар ва хоҳар баҳо медиҳад.

  Насрония ба сифати меъёрҳои ахлоқии умумиинсонӣ даҳ аҳкомро муайян мекунад, ки байни онҳо меъёрҳои ахлоқие аз қабили эҳтироми волидон, манъи қатли инсон, манъи зинокорӣ, дўздӣ ва дурўғ, шаҳодати бардурўғ додан ва ғайра дохил мешаванд.

  Насрония таълим медиҳад, ки инсон аз рўзи таваллуд гунаҳкор таваллуд шуда, роҳи халосии инсон аз гуноҳ ба воситаи тавба ва тағйир ёфтан аст, барои ин зарур аст, ки талаботҳои «Каломи муқаддас», маросимҳои динӣ, рўза ва ҷашнҳое, ки онҳоро калисо муайян кардааст, ҳатман риоя шаванд.

  Ғояи асоси насрония дар он зоҳир мешавад, ки неъмат ва некӣ ба инсон равона шуда, дар ин роҳ зарур аст, ки шарру бади ҷаҳон ва ҳамаи он чизе, ки ба зидди неъмати инсон равона шудаааст, мубориза бурда шавад.

  Насрония ғояеро пайгирӣ менамояд, ки мутобиқи он ҳар амале, ки мо дар ин дунё нишон додаем, подоши онро баъди марг дар охират хоҳем дид. Инсон бояд барои наҷоти ҷони худ ҳаракат кунад, то ки дар ҷаҳони «салтанати илоҳӣ» ба саодату хушбахтӣ табдил ёбад.

  Барои пайравони насрония риояи ҳатмии эътиқоди Исои Масеҳ қонуни асосӣ мебошад. Ҳар як пайрави Исо бояд кўшиш намояд, ки намунаи рафторҳои Исои Масеҳро дар худ амалӣ карда, худро дар асоси талаботҳои «Каломи Муқаддас» ба камолоти ахлоқӣ расонад. Тибқи таълимоти насрония, одамон бояд ба хотири зиндагии охират дар салтанати осмонӣ, ба хотири Исои Масеҳ азоб кашанд. Онҳо ҳамчунин бояд дар ин дунё душвориҳои зиндагиро ҳалимона паси сар намоянд. Мутобиқи таълимоти дини насрония бояд, ки писари Худо - Исои Масеҳ бори дуюм ба ҷаҳон зоҳир шавад, то ки нисбат ба мурдаю зиндаи насли инсонӣ ҳукми одилона барорад.

  Насрония таълим медиҳад, ки ҷони инсон нисбат ба ҷисмаш бартарӣ дорад. Барои ҳамин талаботи насрония ин аст, ки инсон бояд рўҳи худро, ки азалию ғайри моддист, наҷот диҳанд. Пайравони насрония гузаштагони худ ва аъмоли онҳоро бояд дар намозашон ёдовар шуда, ба онҳо тақлиду пайравӣ намоянд.

  Насрония фаҳмиши идеали ахлоқӣ ва маънои зиндагии хоси худро пешниҳод менамояд. Покӣ ва корнамоиҳои Исои Масеҳ ба хотири накўаҳволии дигарон барои насрониҳо намунаи ибрат мебошад. Исои Масеҳ дар хутбаи кўҳии худ нақшаи амали ахлоқиашро барои пайравонаш муайян мекунад (Матф. 5-7). Итоат ба қонунҳои илоҳӣ, риояи аҳкомҳои китоби «Инҷил», хизмат ба дини худ, бурдани салиби худ дар ин ҷаҳон барои соҳиб шудан ба хушбахтӣ дар олами дигари ҷовидонаву азалӣ дар салтанати илоҳӣ маънои зиндагии пайравони насронияро ташкил медиҳад.

Таълимоти ахлоқии Библия. Фаъолияти Исои Масеҳ ва талаботи ӯ аз мардум, ки ба аксиомаҳои ахлоқи масеҳӣ табдил ёфтаанд, дар матнҳои махсуси Инҷил ва Аҳди ҷадид инъикос ёфтаанд. Ғояҳои асосии ахлоқии он чунинанд:

  1. Ғояи Худо-шахсият ҳамчун офаридгори олам, пас, қонунгузори ахлоқӣ.
  2. Ғояи баробарии инсон дар назди Худо сарфи назар аз миллат, мақоми иҷтимоӣ ва ғайра. Дар парастишҳои миллӣ вай вуҷуд надорад (масалан, дар Аҳди қадим вай ба “халқи баргузида” дода шудааст). Маҳз тавассути масеҳият ин ғоя “Мунаввар карда шуда” барои оммаи васеъ дастрас гардидааст.
  3. Ғояи муҳаббат ва ғамхорӣ. Онҳо барои инсон маънои баромадан аз доираи худмухтории ахлоқиро доранд, ки барои антиқа хос буданд. Муҳаббат ба онҳое равона гардидааст, ки аз онҳо манфиате гирифта намешавад, яъне камбизоатон, пастзадаҳо ва ғайра.
  4. Ғояи азоб кашидан ҳамчун неъмат. Азоб кашидан дар ин ҷо ҳадаф набуда, танҳо барои наҷот ёфтан зарур аст.
  5. Барои масеҳияти ибтидоӣ муносибати инкоргароёна ба моликият низ хос аст. Чунин муносибат аслан аз сабаби қабул надоштани ҷисмоният бар омадааст. Дар тафоввут аз гноститсизм, масеҳият аз ҷисм рӯй намегардонад, аммо “покии” онро тавассути зоҳидӣ ва рӯза талаб мекунад.

  Марҳалаи таблиғоти Масеҳ то асри 5 мелодӣ (аз рӯи баъзе ҳисобҳо то асрҳои 9-11 мелодӣ.) марҳалаи патристика ба ҳисоб меравад. Дар ин давра мутафаккирони динӣ заминаи таълимоти масеҳиро омода намудаанд. Онҳо барои мутобиқ кунонидани масеҳияти ибтидоӣ ба талаботи маданияти юнонӣ-римӣ кори бузурге намуда, таълимоти масеҳиро асоснок кардаанд.

  Патристика[2] ба шарқӣ (забони юнонӣ) ва ғарбӣ (забони лотинӣ) ҷудо мешавад. Баъди ба православӣ ва католикӣ (асри 11 мелодӣ.) тақсимшавӣ муаллимони маънавӣ аз якдигар дур шуданд.

  1. Падарони шарқии серков- Ориген (асрҳои 2-3 мелодӣ.), ҳамчунин Ва­силий Великий, Григорий Назианин, Григорий Нисский (асри 4 мелодӣ), дар серкови православӣ муқаддас ҳисобида мешаванд.
  2. Падарони серкови  ғарбӣ -Тертуллиан (асри 3 мелодӣ), Иероними муқаддас, Августини муқаддас (асрҳои 4-5 мелодӣ) ва дигарон буда, фаъолияти онҳо барои анъанаи католикӣ дорои аҳамияти бузург мебошад.

  Таълимоти Августини муқаддас то асри XIX таълимоти расмии серкови католикӣ ба ҳисоб мерафт. Ба андешаи муҳаққиқон, таълимоти ӯ тасаввуроти динии асрҳои миёнаи мутақаддимро дар шакли намунавӣ ба низом даровардааст. Ин мутафаккир мақоми илоҳии ахлоқро барои асрҳои миёна ҷудо кардааст.

Августин чунин андеша дошт, ки ҳама офаридаҳои илоҳӣ хайр мебошанд. Бадӣ дар муқобили хайр, ҷавҳарӣ набуда, ин як нуқсони хоси хайр мебошад,  сабаби бадӣ иродаи озод аст, ки ба инсон иҷоза медиҳад, ки талаботи илоҳиро инкор кунад.

Марҳалаи Асрҳои миёнаро метавон шартан ба чунин марҳалаҳо ҷудо кард:

Аз асри I то V мелодӣ - ташаккулёбии ахлоқи асрҳои миёна (империяи Рим);

Аз асри VI то X мелодӣ - инкишофёбии ҷаҳонбиниҳои ахлоқӣ-динӣ (Хилофати араб, Византия, Аврупои Ғарбӣ);

Аз асри XI то XIV мелодӣ - ахлоқи Асрҳои миёнаи мутааххир (Аврупои Ғарбӣ).

Дар асри IV мелодӣ. Империяи Рим ба қисматҳои ғарбӣ ва шарқӣ тақсим карда шуд. Қисмати  ғарбӣ баъди чанде аз тарафи барбариҳо ва қисмати шарқӣ византиҳо истило карда шуд. Ҷаҳонбинии ҳокими византиҳо масеҳият буд. Таъсири Шарқи наздик боиси пайдошавии хоси он православие гардид. Дар Византия асарҳои падарони шарқӣ дорои ҳусну таваҷҷӯҳ гардида буд.

  Дар асрҳои X-XIV андешаҳои динӣ-ахлоқӣ ба сатҳи болотар  баромада, тарҷумаи осори мутафаккирони Юнони қадим, аз ҷумла навафлотуния[3] бо суръат идома меёбад.

  Дар фалсафаи динии Аврупои Ғарбӣ муайян кардани ҳудудҳои ақл ва имон сабаби пайдошавии назарияи ду ҳақиқат гардид. Ақл тобеи имон ва фалсафа хизматгори худошиносӣ мешавад. Чунин таълимотҳое, ки воситаи асосии маърифати худо ва ахлоқ ақл шинохта шаванд, бисёр камёбу нодир буданд. Аз ҷумлаи чунин таълимотҳо таълимоти П. Абеляр мебошад.

  Ҷаҳонбинии ахлоқии асрҳои миёнаи масеҳӣ ва исломӣ марҳалаи нави инкишофи ахлоқ ба ҳисоб мераванд. Дар заминаи парадигмаи тавҳидӣ, ғояи Худои Холиқ низоми нави координатаҳо тарҳрезӣ гаштанд. Дар маркази он ғояи Худои Холиқ, қарор дошт, ки ҳамчун хайри олитарин ҳисобида мешуд. Рафтор, эҷодиёт ва амрҳои Ӯ, аз омезиши хайр ва шар иборат буда, ба сӯи наҷот равона гаштаанд. Воқеияти ахлоқӣ аз ду шахсият - Худо ва инсон иборат буд, ки дар муқобили олами  сарбастаи антиқа қарор дошт. Нуқтаи такяи инсони антиқа худкифоятии ахлоқии ӯ буд. Аз ин ҷо атараксия (беизтиробӣ, оромӣ) ва апатия (бепарвоӣ) ба вуҷуд омадаанд. Инсони асрҳои миёна чунин такягоҳро гум ва мувозинаташро аз даст дода, онро дар Худо меҷӯяд. Барои имондор ин масъалаи марг ва зиндагӣ мебошад. Зарурати аз доираи олами ботинӣ баромадани инсон дар накӯкориҳои асосии он давр - имон, умед ва муҳаббат инъикос ёфтаанд.

  Сатҳи пасти ахлоқи инсони асрҳои миёна баъди шиносоӣ бо осори антиқаи давраи Эҳё баръало зоҳир мегардад.

  Ахлоқ дар Замони нав. Давраи Замони нав марҳалаи навбатии пешрафти инсоният ва муқаддимаи муносибатҳои нодири иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошанд, ки дар қаламрави Аврупои Ғарбӣ дар асрҳои XV-XVIII мелодӣ ташаккул меёфт. Сухан дар бораи барқароршавии муносибатҳои буржуазӣ меравад. То ин давра тамаддуни Аврупои Ғарбӣ аз дигар тамаддунҳо (Византия, олами ислом, Ҳинд, Чин ва ғайра) фарқ мекард. Дар Замони нав манзара куллан тағйир меёфт ва барои як қатор давлатҳо аз даст додани истиқлолият ва ба кишварҳои истеъмории Аврупоӣ табдил ёфтани як қатор давлатҳо таҳдид мекард. Пешвоии тамаддуни аврупоӣ дар соҳаи донишҳои гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи фалсафа зоҳир мегашт. Агар дар замони қадим ва ё Асрҳои миёна фалсафа дар як қатор марказҳои илмӣ инкишоф меёфт, пас дар Замони нав навгониҳои илмӣ асосан дар фалсафаи Аврупои Ғарбӣ инкишоф ёфта, дар дигар қисмати ҳаёти маънавӣ аз инкишоф боз мондани фалсафа эҳсос карда мешуд.

  Сабабҳои мадании ин тағйиротҳои воқеӣ аз оғози асри XV дар Аврупои Ғарбӣ мураккаб ва гуногун буданд. Дар ин давра нақши бузургро мероси антиқа мебозид ва таъсири он бо муҳоҷирати фаъоли ақлӣ оғоз меёбад. Дар рафти истилои Византия аз ҷониби туркҳо донишмандон, рассомон, илоҳиётшиносон ба Аврупо муҳоҷират мекунанд. Асосан онҳо дар Италия интишор ёфтанд. Дар натиҷаи фаъолияти тарҷумонии онҳо таваҷҷуҳи зиёде ба антиқа ва махсусан ба мероси гуманистии он зоҳир мегардад. Саъю талошҳо барои нусхабардорӣ кардани чизи асосии давраи Эҳё - оғози марҳалаи Замони нав гардид.

  Аммо мероси антиқа танҳо як шакли барангезандаи хосаи равандҳои  руйдода мебошад. Ҷаҳонбинии масеҳӣ, ки дар замон дар тӯли марҳалаи Асрҳои миёна ҳукмронӣ мекард, дар ташаккулёбии асосҳои Замони нав  низ нақши бузург бозид. Ғояҳои индивидуализатсия кардани рӯҳ, масъулияти шахсии инсон, баробарии одамон ва ғайра маҳз дар марҳалаи Асрҳои миёна интишор ёфтаанд. Сарфи назар аз ранги динӣ доштани онҳо (баробарии одамон, масъулияти одамон дар назди Худо ва ғайра) ин ғояҳо барои дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ табиӣ гардиданд. Маданияти ҳуқуқӣ ва сиёсии Замони нав бе онҳо тасаввурнашаванда аст.

  Ҳамин тавр, ҷаҳонбинии Замони нав дар асоси синтез шудани музаффариятҳои маънавии антиқа ва Асрҳои миёна ташаккул меёбад. Ин синтезро шароити нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба вуҷуд овард. Пешрафти капитализм боиси афзалият пайдо кардани чунин принсипҳои ахлоқие аз қабили индивидуализм, ратсионализм ва утилитаризм  гардид.

  Инкишофи ахлоқи Замони навро шартан метавон ба якчанд марҳалаҳо ҷудо намуд.

  1. Аз асри XV то XVI - ахлоқи давраи Эҳё ва ё Ренесанс (махсусан дар Италия).
  2. Аз асри XVII то XVIII - ахлоқи давраи Маорифпарварӣ (Голландия, Анг­лия ва Фарансо).
  3. Охири асри XVIII - ибтидои асри XIX - марҳалаи кӯтоҳи фалсафӣ-ахлоқии олмонӣ.

  Ҷаҳонбинии ахлоқӣ дар давраи Эҳё. Мутафаккирони ин давра фаъолияти худро танҳо бо доираи фалсафа маҳуд накарда, донишҳои энсиклопедии худро қариб дар тамоми соҳаҳои ҳаёт татбиқ мекунанд, барои ҳамин номҳои онҳо  машҳур мебошанд: Данте Алигери, Николай Кузанский, Николай Коперник, Томас Мор, Никколо Макиавелли, Мишел Монтен, Джордано Бруно, Якоб Бёме, Галилео Галилей ва дигарон.

  Фалсафаи ин мутафаккирон бар шаклҳои гуногуни ҷудокунии арастуия, афлотуния ва таълимоти Эпикур такя мекунад. Онҳо қариб ки манзараи пантеистии оламро эҷод мекунанд. Ҷиҳати хосаи дарки ҷаҳон дар айният додани Худо бо табиат ва чун натиҷаи таълиҳи[4] табиат мебошад. Худои давраи Эҳё бешахсият буда, талаботи ӯ бо талаботи қонунҳои табиӣ як мегарданд. Патеизм бо тадриҷ аз варианти мистикии худ (Н. Кузанский) ба натуралӣ (Д. Бруно) мегузарад. Дар охири Эҳё муносибатҳои натурфалсафӣ ба анъанаи муайянкунанда табдил меёбад.

  Дигар нишонаи муҳими ин давра антропосентризм (гуманизм) мебошад.

  Таълимотҳои ахлоқии Замони нав эволютсияи рӯҳии ҷомеаи асримиёнагӣ аз марҳалаи буржуазии давраи Эҳё то давраи капитализми баркамоли асри XIX-ро инъикос мекунад. Сарфи назар аз гуногунии консепсияҳо, асоси тасаввуротро дар бораи ахлоқ парадигмаи ягонаи ахлоқ ташкил менамуд. Эътирофи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон, зарурати ҳамоҳангии байни индивид ва ҷомеа чӣ барои амалӣ сохтани манфиати шахсӣ ва чӣ манфиатҳои ҷомеа муҳим буд.

  Ҳамоҳанг сохтани манфиатҳоро, ба андешаи донишмандони Замони нав, метавон тавассути ақл ба даст овард. Аз ин ҷо ратсионализми таълимотҳои ахлоқии Замони нав ва боварии онҳо аз пешрафти ахлоқ бармеояд. Аммо ҳанӯз дар доираи фалсафаи классикии олмонӣ унсурҳое ташаккул меёфтанд, ки барои пешрафти он монеъ мегардид.

   Ахлоқи асрҳои XIX – XX. Дар асоси ҷараёнҳои ахлоқии асрҳои XIX-XX файласуфон анъанаҳоеро ташкил медоданд, ки дар муқобили ахлоқи давраи классикӣ қарор доштанд. Асосгузорони ин ҷараёнҳо насли ҷавони баъди Фихте, Шеллинг ва Гегел ба ҳисоб мерафтанд, ки таълимоти худро дар асоси танқид ва шарҳи яктарафаи фалсафаи классикии олмонӣ бунёд гузоштаанд.

  Наметавон аҳамияти ин ҳама тағйиротҳои ҷаҳонбиниро дар ибтидои асри XIX яктарафа қадршиносӣ кард. Масъалаи асосии фалсафа ҳастӣ - маншаи тамоми мавҷудот ва аз ҷумла ахлоқ буд. Тибқи анъана дар фалсафаи Замони нав ҳастиро ҳамчун маънавӣ (идеализм) дохил менамоянд, ки онро бо ақли одамӣ дорои табиати ягона муайян мекарданд. Аз ин рӯ, ақл ба шинохти (ратсионализм) моҳияти ягона (монизм) сару кор мегирифт.

  Аз асри XIX сар карда, ин сифатҳои ҳастӣ (ба мисли мавзӯи фалсафа) бо тадриҷ мавриди шакку шубҳа қарор мегирад. Ҳамин тавр, таълимотҳои фалсафии тавлидшаванда ин ва ё он принсипҳои барои фалсафаи классикӣ хос - идеализм, рационализм, монизм ва онтологизм мавриди тафтиш ва танқид қарор мегиранд. Таҳаввули мавзӯи фалсафа дар таълимотҳои фалсафии баъди классикӣ таъсири бузург мерасонад, ки асоситарини онҳо дар асри XIX-XX чунинанд:

1) Фалсафаи ҳаёт;

2) Материализми таърихӣ (марксизм);

3) Позитивизм;

4) Фалсафаи вуҷуд (экзистенсиализм).

  Асрҳои XIX-XX манзараи динамикӣ ва рангаи ташаккулёбии дониши ахлоқиро пешниҳод мекунанд. Ба ғайр аз таълимотҳои зикршуда, дигар ҷараёнҳое аз қабили феноме­нология, прагматизм ва ғ. ва назарияҳои махлутшуда (масалан, фрейдомарксизм, неомарксизми экзистенциалӣ ва ғайра) вуҷуд доранд. Аммо ба гуногунии ин ҷараёнҳо нигоҳ накарда, самти асосии ахлоқи баъдиклассикӣ, антропологизми он, ба инсони алоҳида мутаваҷҷеҳ шудани он мебошад. Дар ин самт эволютсяи фалсафаи ҳаёт, қисман ба антропологияи фалсафӣ гузаштани он (М. Шеллер, Э. Ротхаккер ва дигарон) оғоз меёбад. Чунин тағйиротҳо дар материализми таърихӣ (неомарксизми аврупоӣ солҳои 40—60 ва  фалсафаи шӯравӣ охири солҳои 80-ум) инъикос гардиданд. Ба авлавияти индивид экзистенциализм мутаваҷҷеҳ буд. Хусусияти таҳқиқоти фалсафии индивиди ягона методологияи навро тақозо мекард ва ирратсионализм, пюрализм, материализми диалектикӣ ва дигар шаклҳои тафсири ҳастӣ маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.

Анъанаҳои мазкур дорои на танҳо характери фалсафӣ-ахлоқӣ, балки дорои характери умумимаданӣ мебошанд.

Зебуннисо Зиёева

ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

[1] Пантеизм  (аз юн. пан –ҳама ва теос- Худо) таълимоти фалсафие, ки тибқи он Худо мабдаи бешахс буда, на берун аз табиат, балки баръакс, худи табиатро ташкил медиҳад.

[2] Патристика (аз кал. лот. Патер - падар) илоҳиёти масеҳии асрҳои 2-8, ки таълимоти “падарони серков”-и масеҳиро асоснок мекарданд.

[3] Навафлотуния – фалсафаи ирфонии давраи заволёбии империяи Рим (асрҳои 3-6). Назарияи мусули Афлотун дар навафлотуния шакли таълимотро дар бораи назарияи судури (содир шудан, баромадан) олами моддӣ  аз нахустмабдаъ - ақли ҷаҳонӣ  гирифтааст.

[4] Таълиҳи табиат  то дараҷаи Худо боло бурдани табиат.

Хондан 9302 маротиба