Нусхаи чопи
Сешанбе, 25 Октябри 2022 04:49

Масоили амният ва мудирияти марзӣ дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ (Бардоштҳои иҷмолӣ дар ҳошияи Конфронси сатҳи байналмилалӣ)  

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Душанбе рӯзҳои 18-19 соли ҷорӣ мизбони Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти марзӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” буд. Дар ин Конфронси сатҳи баланд намояндагони 59 давлат, 30 созмони ғайридавлатӣ ва зиёда аз 700 вакил ширкат варзиданд. Ба ин тартиб, Душанбе бори сеюм аст, ки мизбони чунин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ мегардад ва шуруъ аз соли 2018 дар пойтахти кишвар чунин навъи нишастҳои сатҳи баланди ихтисосӣ бо ҳузури коршиносони байналмилалӣ, мудир-омилони пружаҳои таҳлилӣ ва умуман, раҳбарони ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, мудирияти ниҳодҳои қудратию амниятӣ, мақомоти умури хориҷӣ ва амсоли инҳо фаъолона ширкат варзиданд. Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ бо ташаббус ва сарпарастии UNOCT, OSCE, давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид. Дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ, ки ба мавзуи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти марзӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” ихтисос ёфта буд, чанд мулоҳизаи муқаддимотиро ироа медорем:

      Якум. Конфронси сатҳи баланди байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти марзӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” ду  рӯз -- 18-19 октябри соли ҷорӣ давом карда, силсилаи масоили мубрамеро бо шумули: амнияту мудирияти марзӣ; ташаннуҷи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дар фазои пасошуравӣ; ҳузуру нуфузи созмонҳои террористӣ дар манотиқи марзии Осиёи Марказӣ; ҳамгиройии кишвару давлатҳо ҷиҳати муқовимати муназзам алайҳи терроризми байналмилалӣ; табодули таҷрибаи ихтисосӣ дар ростои мушкилоти амнияту мудирияти марзӣ; роҳандозӣ намудани пружаҳои якҷояи сиёсию амниятӣ; мониторинги мудавоми вазъи сарҳадӣ; иттиҳоду ҳамбастагӣ дар заминаи муқовимати зиддитеррористӣ; вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони иҷборӣ; тадбиру чораҳои зиддибуҳронӣ, ташхиси ҳассосиятҳои сиёсию мафкуравӣ дар робита бо таҳарруки созмонҳои террористӣ; таҳлили авзои марзӣ бо таваҷҷуҳ ба воқеиёти имрӯзӣ; сармоягузориҳои созмону гурӯҳҳои террористӣ, сиёсати дустандарта ҳамчун омили асосии ҳузуру нуфузи терроризми байналмилалӣ; вазъи ҳуқуқии зан дар қаламрави марзӣ ва амсоли инҳо дар бар гирифт. Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ аз: Сессияи муқаддимотӣ-ифтитоҳӣ (шомили 15 гузориш); Сессия бо ширкати раҳбарияти вакилону намояндагон (шомили 18 гузориш); 4 Сессияи мавзуӣ – Сессияи мавзуии якум “Чолишҳои амнияти марзӣ: ташхиси таҳдидот, хатарот ва роҳҳои беҳтарсозӣ” (фарогири 14 гузориш), Сессияи мавзуии дувум “Падидаи Ҷангҷӯёни хориҷии террорист -- ИБТ ва паёмади он барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он” (шомили 19 гузориш), Сессияи мавзуии севум “Роҳ ба сӯйи стратегияҳои муассири мудирияти амнияти марзӣ бар мабнои волоияти қонун ва роҳҳалҳое, ки ба ҳамиштирокии ҷамъӣ асос ёфтаанд” (фарогири 13 гузориш), Сессияи мавзуии чаҳорум “Мудирияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати мудирият ва амнияти марзӣ дар матни муқовимат бо терроризм: фаъолияти минбаъда” (дарбаргирандаи 13 гузориш) ва Маросими ихтитомӣ ва ҷамъбастӣ (шомили 2 гузориш ва ироаи Эъломияи Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ) иборат буда, дар кори он шахсиятҳои матраҳи сиёсии минтақавию байналмилалӣ, минҷумла муовини Котиби генералии СММ Владимир Воронков, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш (муроҷиати видеоӣ ба таври бархаттӣ-онлайнӣ), Котиби генералии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Хелга Шмид (муроҷиати видеоӣ ба таври бархаттӣ-онлайнӣ), ноиб-раиси Комиссияи Аврупо  Жозеп Боррел (муроҷиати видеоӣ ба таври бархаттӣ-онлайнӣ) ва дигарон ширкат ва суханронӣ карданд, Ҳамчунин, дар кори Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, вазири умури дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Фармондеҳи неруҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хушвахт Кишваршо Султон ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.         

      Дувум. Ҳамин тариқ, нимаи аввали рӯзи 18 октябр Конфронси сатҳи баланди байналмилалиро бо сухани муқаддимотӣ муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Владимир Воронков ифтитоҳ намуда, бар он таъкид кард, ки шароити ҳассоси имрӯзӣ аз мо тақозо менамояд, ки фаъолияти давлатҳои узви СММ-ро дар заминаи муқовимат алайҳи терроризм тақвият бахшем. Баъдан, ҷаноби В. Воронков аввалсуханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор кард. Эмомалӣ Раҳмон сари масоили амнияти марзӣ ва ташаннуҷи тундрагуройии динӣ-мазҳабӣ дар минтақа таваққуф намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки ҳифзи  сарҳади давлатӣ аз таҳаррукоти неруҳои террористу тундрав ва дар ин замина мудирияти марзӣ ба воқеияти рӯз табдил ёфта, ҳамгиройӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии саросарии кишварҳои аъзои СММ-ро тақозо мекунад. Сарвари давлат масъалаи “камарбанди амниятӣ”-ро ба сифати роҳҳали ҷиддии мудирият ва амнияти марзӣ дар шароити ташаннуҷи авзои сиёсию мафкуравӣ манзури ҳозирини Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ кард. Ташкили “мамарбанди амниятӣ” ва аз ин тариқ мудирияти дурусти пружаҳои амнияти марзӣ имкон фароҳам меоварад, ки таҳдиду хатари терроризми минтақавӣ ва байналмилалӣ коҳиш ёбад ва роҳ барои расидан ба зиндагии озод ва бидуни хатар ҳамвор гардад. Соири гузоришгарон, ки аз ҷумлаи мудир-омилон ва коршиносони шинохтаи пружаҳои амниятию низомӣ ва марзӣ, маъмурони Созмонҳои зидддитеррористии ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ маҳсуб меёбанд, перомуни вазъи кулли сарҳадӣ, тавофуқоти байнидавлатӣ, чораҳои зиддитерористӣ, боло бурдани сатҳи муқовимат алайҳи терроризми байналмилалӣ изҳори назар карда, як навъ табодули таҷриба намуданд. Ҳамагӣ ба ин нукта тамаркуз карданд, ки бидуни огоҳӣ аз чораву иқдомоти муштарак наметавон ба аҳдофи асосӣ расид ва бар терроризмми байналмилалӣ, ки рӯз ба рӯз қуввату неру мегирад, пирӯз гардид.

     Севум. Кулли гуришоте, ки дар заминаи Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ ироа гардиданд, ҷолиб ва шуниданӣ буданд. Аммо барои намуна аз ду гузориши ихтисосӣ ёдовар мешавем, ки ба назари мо, ҷолиби таваҷҷуҳ буданд, яке, гузориши муовини Сардори Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-майор Павел Тихонов  ва дигаре, гузориши коршиноси Гурӯҳи таҳлилии Шурои амнияти СММ Талгат Ашетов. Ин ду гузоришгар аз тариқи презентатсия-муаррифинома вазъи мавҷудаи амниятӣ ва хатару таҳдидоти созмону гурӯҳҳои ифиротию террористиро бозгӯ карданд. Талкат Ашетов, бавежа доир ба реша ва бунёди ҳаракати Толибон ва созмону гурӯҳҳои террористии “Ал-Қоида”, шохаи Хуросонии ДОИШ,, “Ас-садиқ”, “Ансоруллоҳ” ва соири гурӯҳҳои террористӣ суҳбати ҷолиби ихтисосӣ анҷом дод. Аз ҷумла, гузоришгар бар мабнои таҳқиқоти бунёдӣ масоили решаҳои мафкуравии созмонҳои тундарви динӣ-мазҳабӣ, пуштибонии молиявӣ, омилони таҳаррукоти террористӣ, иллати зуҳури даъвиҳои динӣ-мазҳабӣ, воқеиёти ташкилотӣ, сармоягузории пружаҳои террористӣ ва амсоли инҳоро дар ҳудуди  6  дақиқа ихтисосмандона матраҳ кард. Ин буд, ки гузориши Талгат Ашетов ба лиҳози риояти вақти маъмулӣ (6 дақиқа), мушаххассозии мавзуӣ, гузориши кӯтоҳи ихтисосӣ, ташхиси мушкилоти амниятӣ, таҳлили вазъи куллии марзӣ, арзёбии авоқибу паёмадҳои таҳаррукоти террористӣ ва пешниҳоди роҳҳалҳои муассири низомию амниятию дастаҷамъӣ мақбули ҳозирон гардид.

     Чаҳорум. Ба ин тариқ, Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти марзӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” дар сатҳи зарурии ташкилӣ, баррасиҳои ихтисосӣ ва тафоҳумоти ҷамъӣ доир гардид. Муҳимтар аз ҳама, мизбонии чунин навъи чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар баробари ифтихору сарбаландӣ, масъулияти баланди миллиро низ дар пай дорад. Бинобар ин, мо минҳайси мизбони чунин навъи конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ муваззафем, ки дар ростои ҳифзи марзу буми давлатӣ, боло бурдани сатҳи огоҳиҳои сиёсию иҷтимоӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ пайваста талош намоем, аз ҷумла:

    а) сари масоили амният ва мудирияти марзи давлатӣ ҷиддӣ таваққуфу таваҷҷуҳ намоем;

    б) решаи мушкилот ва муаммоҳои рӯзро, ки бар мабнои таҳдиду чолишҳои замонӣ устуворанд, шиносему дарёбем ва дар ин замина иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст бигирем. Мунтаҳо, бархурди мантиқӣ ва ихтисосӣ бо ҳаводис ва чолишу таҳдидҳо зарурати имрӯзист;

     в) дар заминаи омӯзиш ва бозшиносии равандҳои муосири сиёсӣ ва геополитикӣ ҷаҳду талоши фаровон биварзем;

     г) ҷиҳати сарҷамъӣ ва тафоҳуми миллию мардумӣ саъю кӯшиш намоем;

     ғ) дар роҳи таҳкими ҳувияти миллӣ ва арзишҳои миллатсози бумӣ гомҳои устувор бардорем ва аз тариқи мутолеоту таблиғоти густурдаи саросарӣ сатҳи иммунитети фикрию мадании ҷомеаро боло бубарем;

     д) боло рафтани сатҳи иқтидори илмӣ ва тавонмандии миллии ҷомеа роҳи ҳузуру нуфузи ифротгаройӣ ва тундравиро дар ҳар шакле мебандад. Ба ин маънӣ, дар ин замина талош бояд кард;

    е) тамоюли неруҳои фикрӣ, қишрҳои иҷтимоӣ ва зиёиёну фарҳангиёни миллию ватанӣ ба марказшитобӣ (на марказгурезӣ) роҳро барои рафъи камбуду мушкилот ва расидан ба ҳадафҳои миллию мардумӣ ҳамвор месозад. Ба сухани равшантар, тавонмандӣ ва иқтидори миллат дар ҳамбастагию иттиҳоди ниҳодҳои иҷтимоӣ зоҳир мегардад;

    ё) ҷалби насли наврас ва ҷавони ҷомеа ба маҳфилу нишастҳои фалсафӣ ва барномаҳои эҷодӣ сатҳи ташаннуҷи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабиро коҳиш медиҳад ва таҳдиду чолишҳои ақидатиро, ки дар ҳоли афзоишёбианд, кам мекунад.

     ж) таъсису чархондани портал, сафҳа ва пойгоҳҳои вежаи иттилоотӣ, таҳлилӣ, ташхисӣ, эҷодӣ, илмӣ-фалсафӣ ва таъмини онҳо бо маводи чолибу муассир  ба унвони  алтернатива-гузинаи дархур дар баробари таҳоҷумоти мафкуравию ақидатӣ, ки аз тариқи сомона ва расонаҳои хориҷӣ пахшу нашр мегарданд, буда метавонад.

 

 Нозим Нурзода

 пажӯҳишгар

Хондан 511 маротиба